Ташкили матн дар HTML
28 09 2017 admin Пока нет комментариевКайд:
Минбаъд раками нишондоде, ки хатми нест (яъне онро ичро накардан хам мумкин), дар кафсхои квадрати [ ва ] навишта мешавад.
Сарлавхахои намудхои гуногун дар сахифа
Мумкин аст, ки дар сахифа якчанд намуди сарлавхахо истифода шаванд.
Масалан, номи ягон боб, параграф, пункт ва зерпункт ин сарлавхахои савияхои гуногуни Web-сахифа шуда метавонанд. |
HTML имконияти сохтани то 6 савияи (level) сарлавхахоро дорад.
Барои ташкили сарлавхаи дохили Web-сахифа нависед:
1. Дар кисми «тана», яъне байни тегхои BODY ва /BODY:
<Hn, ки дар ин чо n кимат мегирад аз 1 то 6, вобаста аз он ки кадом намуди сарлавхаро Шумо сохтаниед.
[2]. Барои муайян кардани мавкеи сарлавха дар сатр: тарафи чап, тарафи рост ё миёнаи он:
ALIGN=d, ки дар ин чо d=left, right ё center.
3. >.
4. Матни сарлавха.
5. </H>
Барои огози сархати нав нависед:
1. <P
[2]. Барои муайян кардани мавкеи сархат дар сахифа: тарафи чап, тарафи рост, миёнаи он ё аз хар ду пахлу рост будани матн:
ALIGN=d, ки дар ин чо d=left, right, center ё justify.
3. >.
4. Ягон матни Web-сахифа.
[5]. </P>
Тегхои сарлавха H ва хати горизонтали HR автоматики сархат мегузоранд, бинобар ин баъди ин тегхо навиштани теги P зарур нест. Лекин агар Шумо барои ороиши матн услубхоро истифода бурда истода бошед, тегро гузоштан лозим мешавад. Дар бораи технологияи услубхо (styles) баъдтар гап мезанем.
Вакте ки сархати навро бо теги P огоз мекунед, аксарияти броузерхо байни сархатхо фосилаи калон мегузоранд. Агар байни сатрхо фосилаи калон зарур набошад, аз теги BR истифода баред.
Теги BR барои шеърхо ё дигар намуд сатрхои кутох, ки бояд паси хам оянд кулай аст. |
Мисоли зеринро дар Web-сахифаи худ дохил карда, дар броузер санчида бинед:
<!DOCTYPE HTML PUBLIC «-//W3C//DTD HTML 4.0 Transitional//RU»> <HTML> <HEAD> <TITLE> Web-сахифаи ман!!! </TITLE> </HEAD> <BODY> <H1 ALIGN=»left»>Сарлавхаи савияи якум</H> <H2 ALIGN=»center»>Сарлавхаи савияи дуюм</H> <H4 ALIGN=»right»>Сарлавхаи савияи чорум</H> <P ALIGN=»left»>Сархати якум <P ALIGN=»center»>Сархати дуюм <P ALIGN=»right»>Сархати сеюм <BR>Сатри якум <BR>Сатри дуюм <BR>Сатри сеюм </BODY> </HTML> |
Фарки байни тегхои P ва BR-ро фахмидед?