Открыть меню

HTML – Тэгҳо

image

html тегхоЗабони HTML (HyperText Murkup Language, язык гипертекстовой разметки, забони гиперматнии аломат) тахминан соли 1991-1992 аз тарафи олими франсузӣ Тимом Бернерсом-Ли дар шаҳри Женеваи Шведсария ихтироъ карда шудааст. Ин забон барои иваз кардани маводҳои илмию техникӣ ташкил карда шуда буд. Барои сохтани web – саҳифа тэгҳо истифода бурда мешавад.

Тэг – ин забони калимабандие мебошад, ки чигуна ҷойгир шудани объектро дар броузер нишон медиҳад. Тэгро бо аломати “<>” навишта мешавад. Тэгҳо мешавад: ҷуфт ва тоқ. Тэгҳои ҷуфт бо як тэг оғоз мешвад ва дар охир аломати “/” тақсим гузошта мешавад. Синтаксис: <тэг>объект</тэг>.

Тэгҳои тоқ дар дохили як аломати “<>” навишта мешавад. Синтаксис: <тэг атрибут>.

Тэгҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд

  • ташкилкунанда (форматирующий);
  • ёридиҳанда (вспомогательный).

Он тэгҳое, ки байни тэги <body> навишта мешавад тэгҳои ташкилкунанда меноманд. Ин намуд тэгҳо вазифаи барои истифодабаранда нишон додани объектро иҷро мекунад.

Он тэгҳое, ки байни тэги <head> навишта мешавад тэгҳои ёрирасон меноманд. Ин намуд тэгҳо барои муайян кардани кадировкаи саҳифа, пайваст кардани css, javascript ва дигар назоратҳоро иҷро мекунад.

Вазифаи  тегҳои ҷуфт:

  • title – барои нишон додани сарлавҳаи саҳифа;
  • head – сари саҳифа;
  • body – бадани саҳифа;
  • p – абзац;
  • h1, h2, h3, h4, h5, h6, – сарлавҳа
  • div – каркас то охири саҳифа;
  • span – каркас то охири матн;
  • textarea – мавқеи матнӣ;
  • a href – сcилка;
  • table – барои сохтани ҷадвал;
  • tr – барои сохтани сатри ҷадвал;
  • td – барои сохтани сутуни ҷадвал;
  • strong – барои васеъ кардани ҳуруф;
  • em, i – курсив
  • u – барои ба зери матн хат кашидан;
  • strike, s – матнро хат задан;
  • select – барои сохтани рӯйхатҳо (выпадающий меню) элементи option кор фармуда мешавад, барои зиёд намудани рӯйхати меню якчанд option кор фармуда мешавад.

 

Вазифаи  тегҳои тоқ:

  • br – гузаронидан сатри нав;
  • hr – хати рост;
  • img – барои дохил кардани расм;
  • input – барои сохтани элементи идоракунӣ бо ҳамроҳи атрибути “type” кор фармуда мешавад;
  • link – барои пайваст намудани css

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст