Открыть меню

Шуури сиёсї

image

— мохият ва хусусиятхои шуури сиёсї;
— идеологияи сиёсї;
— психологияи сиёсї;

1. Мохият ва хусусиятхои шуури сиёсї. Шуури сиёсї яке аз категорияњои марказии илмњои сиёсї буда, љињати субъективии њаёти сиёсии љомеаро таљассум менамояд. Шуури сиёсї падидаи мураккаб буда, сатњи тассувороти одамонро оиди сиёсат ва њаёти сиёсї таљассум менамояд. Шуури сиёсї метавонад аз амалияи љамъияти пеш гузарад ва дар пешбинии инкишофи он сањми назаррасро касб намояд. Аз ин хотир, шуури сиёсї метавонад ба муносибатњои љамъиятї таъсири назаррас расонад.
Фаъолияти љамъиятиву сиёсии инсон, муносибати вай бо режимњои сиёсии хукмрон, шакли идоранамої аз камолоти омилњои зиёде вобаста аст. Шуури сиёсї ва унсурњои асосии он идеологияи сиёсї ва психологияи сиёсї аз ќабили њамин омилњоянд. Таљрибаи таърихї нишон медињад, ки танњо сатњи баланди шуури сиёсї метавонад њамчун шароити муайянкунандаи мавќеи сиёсии инсон баромад намояд. Лекин ќайд намудан зарур аст, ки сатњи шуури сиёсии тамоми аъзоёни љомеа як хел набуда, дар сатњњои гуногун ќарор доранд.
Шуури сиёси шакли дарк намудани сиёсат аз чониби субъектхои хаёти чомеа: шахсони алохида, гуруххои ичтимои, синфхо ва умумиятхои дигари ичтимои мебошад. Шуури сиёси ба сифати яке аз шаклхои шуури чамъияти баромад намуда, ба шаклхои дигари он таъсир мерасонад ва тобиши сиёси медихад. Манфиатхои сиёси ва махсуси ахли чомеаро оид ба амалишавии хокимияти давлати инъикос намуда, дар таълимот ва назарияи муайян зухур мегардад. Агар дар хаёти вокеъи кушиши дарёфт намудани чавобхои тайёр ба масъалахои мураккаби хаёт вобаста ба назария ва таълимот муайян карда шавад, он гох тафаккур гирифтори догматизм мегардад. Чунин холат кобилияти шуури сиёсиро махдуд менамояд. Дар холати пойбанд будани одамон аз принсипхои назарявию идеологи шуури сиёсии «бардуруг» пайдо намешавад. Дар чунин холат шахс наметавонад ба ходисаву равандхои сиёси бахои саривакти ва объективи дихад.
Холо ба фахми махсуси ходисахои чомеа, аз чумла шуури сиёсии одамон фахми кули ходисахо мукобил гузошта мешавад. Он арзишхои умумибашари ва умумидемократиро бехтар дониста, манфиатхои синфию гурухиро тобеи худ мегардонад. Ин рохи дурусти инкишофи шуури сиёси дониста мешавад.
Дар ташаккул ва инкишофи шуури сиёси омилхои зерин таъсир мерсонад:
— фаъолияти сиёсии шахс. Иштироки бевоситаи одамон дар равандхои хаёти сиёси, сатхи огахии он аз фаъолияти макомоти муассисахои системаи сиёсии чомеа ва сатхи маданияти сиёсии одамон ба шуури сиёсии онхо таъсири бевосита мерасонанд;
— иштироки оммаи мардум дар тайёр намудан ва кабули карори сиёси. Одамон аз лахзахои аввал, ки бо чамъоварии ахборот сар мешавад, дар кабули карори сиёси иштирок менамоянд;
— системанокии ахборотгирии ахолии. Ошкорбаённи ва плюрализми сиёси дар фаъолияти хамаи унсурони системаи сиёсии чомеа;
— манфиатхои сиёсии шахс. Манфиатхо воситаи асосии бахаракатдарории фаъолияти шахс мебошад. Аммо манфиатхои шахси метавонанд мукаммал нагашта, зидди манфиатхои умумимилли баромад намоянд. Ин аз сатхи нокифояи шуури сиёси дарак медихад;
— хиссиёти сиёсии одамон, ки дар хаёти харруза зохир мегардад хам хосияти доими ва хам муваккати доранд. Шуури сиёсие, ки ба эхсосот асос ёфтааст тез тагйир меёбад ва максадхои тачрибави асоси онро ташкил медиханд;
— масъулияти сиёсии шахс. Инсон на танхо манфиатхои худ, балки манфиатхои шахсони дигар, манфиатхои чомеаро дарк менамояд. Шахс масъулиятро барои натичаю окибатхои фаъолияташ хис менамоянд;
— сатхи инкишофи маънавии чомеа;
Хамин тарик, заминахои асосии ташаккул ва инкишофи шуури сиёсиро ду чихат ташкил менамояд:
— фаъолияти харрузаи одамон дар таркиби раванду ходисахои хаёти сиёсии чомеа, ки онхоро ба хулосахои зарури меоранд;
— маърифати ходисаю падидихо ва равандхои мухталифи хаёти сиёси, ки боиси аз худ кардани мачмуи донишхо ва истифодаи онхо мегардад.
Шуури сиёси ба худ таркиби хоса дорад. Аз чихати субъективи се сатхи баамалоии шуури сиёсиро чудо менамоянд: 1. инфироди, ки системаи унсурхои маърифати ва арзиширо фаро мегирад ва онхо ба шахс дар дарк намудани сиёсат ва иштирок дар он кумак мерасонанд; 2. гурухи, ки аз шуури гуруххои мушаххаси хурду калони одамон, аз чумла синфхо, гуруххои ичтимои, элитаи сиёси, гуруххои фишоровар ва гайрахо иборат аст ва онхо одамонро ба сиёсат мепайванданд; 3. оммави. Он шуури сиёсии вокеъан мавчуд будаи умумиятхои одамонро дарбар мегирад, ки дар хаёти сиёси мустакиман иштирок доранд ва таъсир мерасонанд. Холати он афкори чамъиятиро тачассум менамояд, кайфияти чамъияти ва амали оммавиро аккоси мекунад.
Вобаста ба амикии инъикоси вокеъият бошад ду сатхи баамалоии шуури сиёси зухур мегардад: 1. Сатхи назариявии шуури сиёси, ки имконият медихад конуниятхои хаёти сиёсии чомеа дарк карда шаванд. Он ба ташаккули гояхо, консепсияхо ва мафхумхо пайваста буда, дар тадкикоти махсус, эъломияхо ва барномахо вокеъият меёбад. 2 Сатхи Амалии шуури сиёси, ки дар заминаи тачрибаи Амалии одамон ташаккул меёбад. Он вокеъияти хаёти сиёсиро дар шаклхои мушохида, тасаввурот, хиссиёт, хаячон ташкил медихад, ки асосан дар психологияи сиёси тачассум меёбад.
Шуури сиёси вазифахои мухимро ичро менамояд: Маърифатию иттилооти, Танзимнамои, Бахогузори, Муттахиднамои, Пешбиннамои.

2. Идеологияи сиёси. Яке аз шаклхои асоси ва мехвари шуури сиёси идеологияи сиёси ба хисоб меравад. Дар илми сиёси он хело муракаб ва пурасрортарин ба хисоб меравад. Идеологияи падидаест, ки зуд зуд маъно ва мазмуни худро тагйир медихад.
Мафхуми идеология якумин маротиба аз тарафи мухаккики франсуз Антуан Дестют де Траси дар асри 18 истифода намудааст. Дар он давра идеология маънои «илм дар бораи гояхоро» дошт. Албатта дар даврахои инкишофи таърихи мафхум ва мазсуни идеология тагйир ёфтааст. Мухаккиконе, ки идеологияро тадкик менамоянд, метавон ба ду гурух чудо намуд. 1. мухаккиконе, ки «фанои идеология»-ро эътироф ва тасдик иенамоянд. 2. донишмандоне, ки тагйири сифатан нави идеологияро вобаста ба хосиятхои макон ва замон меписанданд.
Дар нимаи дуюми асри 20 Д. Белл консепсияи «фанои идеология» ро пешниход намудааст. Чонибдорони деидеологизатсия бар андешаеанд, ки идеология ба сифати воситаи тачассум ва химояи манфиатхои гуруххои ичтимои ташаккул ва инкишоф ёфта буд. Чунин гуруххо барои хокимият мубориза мебурданд ва идеологияро воситаи мухими таъсиррасони ба шуури сиёсии одамон ва фиреби онхо истифода менамуданд. Холо бошад сатхи маълумотгири ва иттилооти одамон хеле баланд аст ва гуё зарурат ба идеология намондааст. (З. Бжезинский, Р. Бейли).
Аз тарафи дигар, бошад нафароне, ки ба мукобили деидеологизатсия баромад менамоянд, дар акидаеанд, ки идеология ба зинаи сифатан нав аорид гардидааст. (Ф.Фукуяма. Хотимаи таърих ва одами охирин). Ба акидаи Фукуяма баъд аз ба итмом расидани чанги сард олам ба нуктаи охирини инкишофи идеологии инсоният ва пахншавии васеи демократияи либералии Гарб хамчун шакли охирини идора расидааст. У демократияи либерали ва доктринаи озодии инфиродиро идеологияи муосири умуми медонад.
Дар охири солхои 80-ум ва авали солхои 90-уми асри 20 консепсияи деидологизатсия мавриди тадкики, мухокимахо ва хулосагирихои зиёде дар Иттиходи Шурави ва баъдтар дар кишвархои ИДМ гардида буд. Рад намудани Принсипи синфияти муносибат ба раванду ходисахои чомеа ё худ паст задани он дар мавриди мусоид ва ба чойи он пеш гузаштани Принсипи бартарии арзишхои умумибашари нисбати арзишхои махсус дар фахми нави муносибатхои идеологи сахм гирифтанд.
Аммо рад намудани идеология, ки чуноне, ки инкишофи модеонизатсионии чомеаи баъдишурави нишон дод, амали мусбат нест. Набудани принсипхо, коидахою меъёрхо ва руоварихои хоси идеологи ба элитаи сиёсии чомеа имконият намедихад, ки тамоми гуруххо ва табакахои чомеаро дар атрофии гояхои ислохотпарасти муттахид созанд. Чунин холат дер давом карда наметавонист. Аз ин хотир зарурати ташхиси сатхи давлатии ин масъала пеш омад.
Идеология ин мачмуи гояхо ва назарияи сиёси мебошад, ки онро хизбхои сиёси ва иттиходияхои гуногуни чамъияти дар фаъолияти худ ба сифати рохнамо барои мустахкам ё сарнагун кардани муносибатхои чамъияти истифода мебаранд. Аммао на хар як гояхо ва таълимот, ки ифодагари мкнфиатхои умумияти муайяни ичтимоианд ба таркиби идеология дохил намешаванд. Идеология ин мачмуи гояхо, назария ва таълимоти ба низоми зарури даровардашуда мебошад. Идеология дар ягон холат набояд хамчун воситаи химоя ва сафед намудани режими хукмрон истифода гардад. Идеология бо хар воситае набошад барои максадхои муайянро асоснок намудан вучуд надорад.
Идеология дар чомеа вазифахои муайянро ичро менамояд: руоварию рахнамои; сафарбарнамои; мутобикнамои ва муттахиднамои; танзими.
Идеология дар шаклхои мухталиф мавчуд аст:
— либерализм. Ба идеологияи либерали «таксимоти хокимият», ташаккули системаи бисёрхизби, федерализм, давлати хукуки, озодии иктисоди, гояи чомеаи шахрванди дохил мешаванд. Чихати асосии либерализм гояи мукаддаси хукуки табии ва озодихои шахс ва бартарихои онхо нисбати манфиатхои давлат ва чомеа ташкил менамояд.
— консерватизм. Хусусияти консерватизм ин руовари ба анъанахо ба хисоб меравад. Диккати асоси ба зарурати нигох доштани арзишхои ичтимои ва риояи анъанахои ахлоки замони сармоядори дода мешавад. Баъдтар консерватизм ба либерализм наздик гардида, гояхои канораи зиддидавлатиро чонибдори намуда, озодии номахдуди инфиродиро тараннум менамуд.
— коммунизм. Хосиятхои идеологияи коммунистиро чихатхои зерин ташкил медиханд: инкори озодии иктисоди, инфирод, ракобат, подоши мехнат хамчун заминаи рушди некуахволии моддии инсон ва чомеа, азнавтаксимкуниигайримехнатии даромад, танзими сиёсии раванди ичтимои ва иктисодии чомеа, мукаррар намудани коидахо ва принсипхои баробарии ичтимои аз чрниби давлат.
— фашизм. Фашизм асосан ба бартарии Милли ва нажоди ру оварда, ахолиро дар атрофи таълимот ва максадхои эхёи Милли гирд меорад. Хусусиятхои асоии фашизм: — бартарии манфиатхои Милли нисбати манфиатхои дигар; — инкори демократия хамчун шакли сохтори давлат; — баркарор намудани кодекси миллии ахлоки; — истифодаи зури; — парастиши шахсият, дохигари.

3. Психологияи сиёси. Психологияи сиёси хамчун шакли махсуси шуури сиёси баромад намуда, дорои сифатхои махсус мебошад. Он зинаи авали шуури сиёси ба хисоб меравад. ПС дар муносибати одамон ба раванду ходисахои гуногуни чамъияти, пеш аз хама, ба раванди бахамалокамандию бахамтаъсиррасонии одамон дар хаёти сиёси, фаъолияти сиёсии одамон ва дарки муносибатхои сиёси ва хокимияти сиёситачассум мегардад.
Психологияи сиёси хамчун инъикоси эхсосоти дар мукобили инъикоси ратсионали меистад. ПС сохаи мустакили шуури сиёси ва рафтори сиёсии одамон буда, асосан муносибати эхсосотии одамонро ба системаи сиёси, муносибатхои сиёси, пеш аз хама ба хокимияти сиёси,ба тамоми раванду ходисахои хаётисиёсии чомеа муайян месозад.
Дар шароити хозира мухаккикон мекушанд, ки накши омили психологиро барчаста нишон диханд. Камбудихо, хатою иштибоххо ва музаффариятхоро ба шахсияти сарварони сиёси ва ходимони чамъиятиву давлати мепайванданд.
Дар илми сиёсии муосир яке аз масъалахои бахсталабро доираи мавзуоти ПС ташкил менамояд. Шартан, сохаи донишхои психологияи сиёсиро аз масъалахои зерин иборатмедонанд:
— заминахои ичтимоию сиёсии фаъолияти психологии одамон. Ин чихат бештар дар талабот, манфиатхо, хохиш, тарзи руйоварихо, сабабхои ба фаъолияти сиёси машгул шудан тачассум меёбад.
— тартиби психологии бахамтаъсиррасонии бо мухити сиёси. Чихати мазкур аз нишондодхо, одатхо, хурофот ва гайрахо таркиб ёфтааст;
— авзои рухии одамон, ки асосан окибати вокеъияти хаёти сиёсии чомеа мебошад. Масалан, кайфияти одамон, хиссиёт ва эхсосоти одамон аз сиёсати кабир, аз авзои сиёсии рушди чомеа вобастаанд.
— шаклхои кавии сиёсию психологи ва натичаи фаъолияти одамон, ки бештар дар анъанахо ва одатхо тачассум меёбанд.
— равандхои психологии коммуникатсияи сиёси, ки бештар дар боварикунони, таклиднамои, мачбурнамои, пахн гаштани овозахо инъикос меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст