Открыть меню

НАЗАРИЯИ СИЁСИИ МУНОСИБАТХОИ МИЛЛЇ

сисесат рефератМасъалаи муносибатхои милли ба яке аз проблемахои мураккабтарини олами муосир табдил ёфтааст. Хам дар муноси- батхои дохиликишвари ва хам дар муносибатхои байнидавлати муносибатхои милли макоми хоса пайдо намудаанд. Дар зери таъсири бевоситаи он СССР ва Югославия хамчун давлат аз байн рафтанд. Дар инкишофи сиёсии Англия масъалаи Ольстер, дар Бельгия мочарои Фламанди ва Валони, дар Испания масъалаи баскхо, дар Франсия масъалаи бретонхо ва корсиканхо, дар Канада мочарои англиси ва канади, Франсузи ва канади, дар ИМА мочарои мексикани, масъалаи сиёхпустон, масъалаи хиндухо таъсири барчаста доранд.

Олами муосир аз чихати миллию этники хеле гуногун мебошад. Дар чахон кариб 3 хазор халкхо зиндаги доранд. Онхо дар сатхи гуногуни инкишоф карор гирифтаанд. Кисме аз онхо комил гашта, ба умумиятхои бузургтар табдил ёфтаанд. Умумиятхое хастанд, ки дар макоми халкият ва зиёда аз он дар макоми умумиятхои хурдтари этники, аз чумла, кабила карор доранд.

Умумиятхои одамон аз чихати шумора басо гуногунанд. Гурухе аз онхо даххо ва садхо миллион нафар намоянда доранд, гуруххои дигар бошанд, садхо ва хатто даххо нафаранд. 280 халкхо, ки шумораашон аз як миллион нафари зиёд аст, аксарияти ахолии оламро (кариб 96 фоиз) ташкил медиханд.

Аксарияти мамлакатхои олам гуногунмиллатанд. Дар мам-лакатхои алохида намояндагони даххо ва хатто, садхо халкхо зиндаги менамоянд. Аз ин хотир, масъалаи муносибатхои байни умумиятхои миллию этники дар хар макону замон ахамияти мухим пайдо менамояд. Махсусан, дар шароити гуногунмиллатии мамлакатхо накши муносибатхои милли дар хаёти сиёсии чомеа басо меафзояд. Дар ин холат масъалае вонамехурад, ки бе бахисобгирии таркиби миллии ахоли ва манфиатхои онхо хал гардад. Миллат шакли олии таърихан ташаккулёфта умумияти ичтимоию этникии одамон буда, умумияти хаёти яктисоди, забони, худуди, худшиносии милли ва баъзе Хосиятхои муайяни маданият, урфу одат, маишат ва анъанахоро тачассум менамояд.

Дар шароити хозираи инкишофи муносибатхои милли, умумиятхои махсусе низ вучуд доранд, ки то андозае ба мохияту хусусиятхои муносибатхои ичтимоию этники тагйирот мебахшанд. Умумияи субэтники ва метаэтники аз хамин кабиланд.

Умумияти субэтники — кисми халк аст (этнос), ки сохиби хосиятхои махсус ва худшиноси мебошад, яъне гуруххои дохили- миллианд. Масалан, лагалсхо субэтноси латишхо, тептярхо ва лишархо субэтноси тоторхо мебашанд. Чунин гуруххои этники дар таркиби мукаммалтарин халкхо низ вучуд доранд.

Умумияти метаэтники гурухи миллатхо ва халкиятхоеро дарбар мегирад, ки хосиятхои умумии таърихию мадани ва хусусиятхои худшиносии умумиро сохибанд. Масалан, халки шурави, халки хинд ва гайрахо.

Олами муосир равандхо ва муносибатхои гуногуни ичтимоию этникиро ба гирдоби сиёсат мекашад. Байни сиёсат ва равандхои ичтимойю этники, махсусан муносибатхои милли хамбастагихои зиёде ба вукуъ мепайванданд, ки кас дар фахмиши амики онхо очиз мемонад. Мафхумхои зиёде истифода мегарданд, баъзан дар чойи худ намеоянд ва боиси нодуруст фахмидани мохияти ходиса мешаванд. Аз ин хотир, зарур аст, ки ба мухимтарин мафхумхо рушани андозем.

Мафхуми асоси ва марказии раванди муносибатхои милли «миллат» аст. Мафхуми мазкур пеш аз пайдоиши миллатхо ба вучуд омадаас. Дар аввал мафхуми «миллат» барои ишора намудан ба кабила ба халкияте, ки хусусиятхои умумии фарханги ва забони доштанд истифода бурда мешуд.

Xycyсиятхои этикии кабила, халкият ва миллатро ба хисоб гирифта, дар маънои махдуд онхоро умумиятхои милли номидан мумкин аст. Аммо дар холате, ки хамбастаги ва алокахои дохилии онхо хам ба сифати этники ва хам ба сифати ичтимоию иктисоди ба хисоб гирифта мешаванд мафхуми «миллат» маънии васеъро ба худ мегирад.

Мафхуми «миллат» (natio), ки хануз дар асрхои аввали солшумории мелоди истифода мегашт, аз забони лотини баромада маънохои «авлод» ё «ташаккулёби»-ро дошт.

Муддати зиёде «миллат» мансубияти авлоди, кабилави ва ба халке тааллук доштанро ифода менамуд. Мафхуми мазкур дар Асрхои миёна боз васеътар гардид. Он раванди хамшахригари дар университетхои Аврупо, гурухи намояндагии ин ё кишварро дар Соборхои Ватикан ва гайрахоро ифода мекард.

Мафхуми «миллат»-ро дар шакли «рухи милли», «иродаи милли» маорифпарварон ва ходимони инкилоби Бузурги франсуз ваееъ истифода намудаанд. Фаъолияти мухаккикию амалии онхо буд, ки мафхуми «миллат» ба сифати умумияти ичтимоию таърихии одамон дониста гардид.

Тадричан мафхуми «миллат» дар забонхои мухталиф маънохои гуногунро пайдо намудан гирифт. Дар бештари забонхои Аврупои Гарби он синоними «ахолии тамоми давлатро» ба худ гирифта аст. Мансубияти милли ба мансубияти шахрвандии одамон хаммаъно гардидааст.

Миллат ва муносибатхои миллиро мухаккикони зиёде мавриди омузиши хамачониба карор додаанд. Яке аз онхо О. Бауэр буд. У дар мавкеи назарияи идеалистию психологии миллат истода, онро умумияти маданию психологии одамон медонист. Ин умумияти одамонро умумияти такдир муттахид менамуд.

Р. Шпрингер низ ба мафхум ва раванди мазкур диккати махсус додааст. У миллатро умумияти мадани, иттифоки хаммаслакон ва хамзабонон медонист.

Н. А. Бердяев бошад накши забон, худуд, истиклолияти давлатиро дар таркиби миллат кам намедонист. Аммо ба андешаи у, онхо накши муайянкунандаги надоранд. Асоси миллатро дар ягонагии такдири таърихи мебинад. Яъне, ба андешаи Н. А. Бердяев миллат — ягонагии такдири таърихи ва дарки ин такдир аст, ки он худшиносии миллист.

К. Каутский низ оиди дарки масъалахои инкишофи муносибатхои милли тадкикот бурда, назари хешро иброз доштааст. Ба андешаи у омили мухимтарини иттиходи одамон дар миллат истехсолоти моли ва савдо ба шумор мерафт.

Яке аз таълимоти комилтари муносибатхои милли назарияи марксисти — ленинии миллат ва муносибатхои милли мебошад. Асосгузорони коммунизми илми назарияи миллатро эчод намуда, диккати бештар ба табиати синфию ичтимоии пайдоиши миллат, мохияти ичтимоию иктисоди ва накши он хамчун шакли инкишофи чомеа додаанд.

К. Маркс ва Ф. Энгельс он халкхоеро, ки худуди ягона на- доштанд ба миллати ягона тааллук намедонистанд. Онхо ба умумияти забон низ диккати бештар додаанд. Назарияи марксистии миллат таълимоти таърихию иктисоди буда, алокахои иктисодии байни гуруххои калони одамонро барои фаъолияти якчоя, умумияти худуд ва забон ягонаи адабиро хатми мехисобад.

В. И. Ленин мухимтарин хусусиятхои миллатро аз умумияти забон, худуди муайян, аломати иктисоди ва характери таърихи иборат медонист.

Таълимоти марксисти — ленинии миллатро И. В. Сталин дар асараш «Марксизм ва  масъалаи   милли»   инкишоф   додааст.    Аслан, аксарияти мухаккикони марксист хоху нохох андешахои уро тасдик менамоянд. Албатта, кушишхои зиёде ба харч дода шудаанд, то ки назарияи сталини ба кулли тагйир ёбад, аммо хама кушишхо то ба холо як кори бехудаанд. Мохиятан дар муносибатхои байнихамдигарии сиёсат, равандхои ичтимоию этники ва муносибатхои милли мафхуми «масъалаи милли» накши зарури дорад. Аксари энсиклопедияхо ва Дастурхо онро хамчун муносибатхои милли ба калам медиханд, ки нодуруст аст. «Масъалаи милли» мачмуи муносибатхои иктисоди, сиёси, идеологи ва фархангии байни миллату халкиятхо ва умумиятхои этники мебошад. «Масъалаи милли» на танхо ифодагари талаботу манфиатхои миллатхо, балки инъикоскунандаи манфиату хусусиятхои тамоми навъхо ва шаклхои умумиятхои миллию этники мебошад. Аз ин ру, тадкики «масъалаи милли» ба хамаи умумиятхои ичтимоию этники баробаркимат аст. «Масъалаи милли», хосияти махсуси муносибатхои милли буда, хамчун муносибатхои «хукмрони ва тобеъ»-и як миллат нисбати миллати дигар амал менамояд. Агар ин тавр намебуд хочат ба пайдоиш ва гузориши масъала ва кушишхо барои халли он намемонд.

Аз он замоне, ки намояндагони як умумияти миллию этники аз тарафи намояндагони умумияти миллию этникии дигар зулм карда мешуданд ва муносибатхои «хукмрони ва тобеъ» байни одамон амал менамоянд, масъалаи милли вучуд дорад. Он вобаста ба шароити мушаххасу таърихи хосиятхои нав ва хусусиятхои умумиятхои миллию этникиро дар худ тачассум менамояд. «Масъалаи милли», махсусан баробари ташаккул ва инкишофи умумияти олии этники-миллат ба таври барчаста ба миён омад.

Аз замоне, ки масъалаи милли, масъалаи муносибати ноодилонаи байни умумиятхои гуногуни этники ба амал омад, мутафаккирон аз пайи чустучуи роххои халли он гаштанд. Масъалаи милли, ки бештар дар замони муносибатхои сармоядори авч гирифта буд, такозо менамуд, ки хам аз чихати назарияви ва хам аз чихати амали он халли худро ёбад ва ё хеч набошад, шиддати он паст гардонида шавад. Аз ин чост, ки идеологхои харакатхои озодихохи дар асрхои XVI — XI асоси халли масъалаи миллиро дар вокеигардонии «принсипи  миллият»   медиданд.   Мувофики  он  бояд  хар як миллат сохиби давлати худ мегашт. Аз чихати назарияви асоснок намудани принсипи мазкур — «ба хар як миллат додани давлати алохида» ва ба рохбари гирифтани он хосияти мухим пайдо намуд. Муддати чанде, махсусан, дар замони инкилобхои буржуази ва ташаккули давлатхои нав   принсипи   мазкур   накши  пешкадам  бозид.   Дар  мубориза  бар зидди бокимондахои парокандагии асримиёнаги ва зулми миллии замони кухан ба муборизаи озодихохии халкхои гуногун, аз чумла халкхои Аврупо таъсири мусбат расонид. Аммо чунин холат дер давом намекард. Чунки аксари мамлакатхо аз халкияту миллатхои гуногун ташаккул ёфта буданд ва имконияти ба хар яки онхо додани давлати алохида вучуд дошта наметавонист. Зиёда аз ин капитализм ба имперализм табдил ёфта, буржуазияи мамлакатхои бузургтарин забти мустамликахо ва таксими чахонро ба мархилаи наву васеъ ворид сохтанд. Дар чунин холат риоя ва амали намудани «принсипи миллият» аз имкон берун буд ва «масъалаи милли» аз доираи як мамлакат берун гашта, хосияти умумичахони пайдо намуд.

Дар афкори чамъиятию сиёси таълимоти марксизм оид ба роххо ва воситахои халли масъалаи милли чолиби диккат мебошад. Маркс К. ва Энгельс Ф. имконияти халли масъалаи миллиро бо инкилоби сотсиалисти пайвастанд. Назари Маркс К. дар бораи он ки миллате, ки миллати дигарро зулм мекунад, худ озод буда наметавонад мохияти инкишофи муносибатхои миллиро нишон медоданд.

В.И. Ленин марксизмро инкишоф дода, принсипи «хукуки худмуайянкунии миллатхоро» пеш гузошт, ки дар инкишофи минбаъдаи муносибатхои милли накши мухим бозидааст. В.И. Ленин диалектикаи амики халли масъалаи миллиро тахия кард. Аз чихати назарияви асоснок намуда, дар амал исбот кард, ки рохи ягонаги, муттахиди ва хаматарафаи инкишофи миллату халкиятхо ва гуруххои этники озодии пурраю комили онхо аз зулми ичтимоию милли ва ба вучуд овардани шароити мусоид бахри инкишофи онхост.

В.И. Ленин хохони ташкили мамлакатхои калони сермиллат буд, зеро чунин иттиход барои халли масъалахои гуногуни иктисодию сиёси бештар шароит фарохам меовард. У зидди инкори манфиатхои милли баромад намуда, масъалаи ташкили давлати милли, талаби автономияи худудиро пеш гузошта буд. Асосгузорони марксизм — ленинизм масъалаи миллиро ба пояи таърихию иктисоди мегузоштанд.

Дар аввалхои Хокимияти Шурави нуктаю хулосахои таълимоти марксизм — ленинизм дар мамлакати мо то андозае ба инобат гирифта мешуданд. Масъалаи милли дар он шакле, ки аз чомеаи анъанави боки монда буд, аз бисёр чихатхо халли худро ёфт. Аммо замона ба масъалаи милли хусусиятхои нав ба навро зам менамуд ва бояд онхо халли худро меёфтанд. Рохбарияти хизби ва давлатии кишвари  шурохо  на  хама  вакт  дар  халли  масъалаи  милли босубот буданд.

Баъди вафоти В.И. Ленин рохбарияти мамлакат ба як катор хатогихое рох дод, ки ба сохаи муносибатхои байнихамдигарии миллатхо низ таъсири манфи расонид. Системаи маъмурию фармондихи талаботу манфиатхои харрузаи миллату халкиятро хамачониба ба инобат намегирифт. Дар натича, дар хамаи сохаи фаъолияти миллату халкиятхо, аз чойгиронии куввахои истехсолкунанда cap карда, то ба масъалахои гуногуни мадани хатохою иштибоххои чидди чой доштанд.

Бо бахонаи химояи манфиатхои умумидавлати хукукхои чумхурихои милли махдуд карда мешуд, тамоили бунёди давлати унитари кувват мегирифт. Таносуби ваколату ухдадорихои тарафайни макомоти умумииттифоки ва чумхурияви аз байн рафтан гирифт. Сохибихтиёрии чумхурихои иттифоки ва вохидхои дигари милли дар конун монду дар амал не.

Дар съездхои X ва XII Хизби Коммунист карор кабул шуда буд, ки баробарии хакикии иктисоди ва мадании халкхо таъмин карда шавад. Дар давраи бунёди сотсиализм ин вазифахо ба дарачаи зарури амали гаштанд. Аммо рохбарияти мамлакат ва хизб вазифахои стратегии инкишофи минбаъдаи муносибатхои миллиро дуруст дарк карда натавонистанд. Дар солхои рукуд дар сиёсати миллии хизб оид ба таъминоти молиявии чумхурихои иттифоки ва вохидхои дигари милли тагйироти мухиме ба миён наомад.

Дар махалхо вазоратхои сохави хамчун ифодагарони манфиатхои макомоти маркази, давлати умумииттифоки амал намуда, мохиятан аз ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошта намебаромаданд. Муносибати махдуди сохавии онхо ба ин сабаб шуд. Дар хакикат, вакте ки максади асосиро факат истехсоли навъи махсуси махсулот ташкил медихад, инкишофи мутаносиби нохияи муайян аз байн меравад. Окибат он ба акибмонии иктисодию ичтимоии нохияхои гуногун оварда мерасонад.

«Масъалаи милли» нисбат ба «муносибатхои милли» махдудтар мебошад.  Чунки  «муносибатхои милли»  ба  чузъ  ходисахои хосияти манфиатдошта падидахои мусбатро низ, аз кабили «дусти», «хамкори», «хамраъйи», «ёрии хамдигари» ва гайрахо дарбар мегирад. Масъалаи милли хамчун шакли махсуси муносибатхои милли амал менамояд.

«Муносибатхои милли» мафхуми ичтимоию сиёси мебошад. Аммо дар он хусусиятхои сиёси накши халкунанда доранд. Ба ин пеш аз хама давлат, ки хамчун омили зарурии ташаккулёби ва инкишофи миллат ва вохидхои милли баромад мекунад сабаб мешавад. Азбаски сиёсат хамчун фаъолияти байни умумиятхои ичтимои фахмида мешавад, тамоми чабхахои муносибатхои миллиро низ дарбар мегирад ва хамаи масъалахои муносибатхои милли хосияти сиёси доранд. Аммо дар мадди аввал масъалахое карор гирифтаанд, ки чихатхои асосии сиёсати миллии давлатиро ташкил медиханд. Ба катори онхо масъалахои зеринро дохил намудан лозим аст: худмуайянкунии миллату халкият ва гуруххои этники; таъмини мутаносибии химояи манфиатхои милли ва умумиинсони; баробархукукии феъли ва вокеии хамаи миллату халкиятхо, гуруххои этники; фарохам овардани шароити мусоид барои инкишофи озод ва бемайлони забони милли ва унсурони гуногуни маданияти милли; ташаккул ва инкишофи системаи мунтазами тайёр намудани кадрхои милли барои чабхахои хаёт ва чойгирии онхо ва аз чумла, дар таркиби хокимият ва масъалахои дигар.

Хамбастагии сиёсат ва муносибатхои милли инчунин дар таъсири фаъоли омилхои миллию этники ба сиёсат маълум мегардад. Анъанахои таърихан ташаккулёфтаи миллату халкиятхо ва умумиятхои дигари этники, кайфияту хиссиёт, шароитхои маданию маиши ва географии онхо ба сиёсат таъсири муайян мерасонанд.

Муносибатхои милли аз се унсури асоси таркиб ёфтаанд: муносибатхои дохилимилли, муносибатхои байни умумиятхои миллию этники ва муносибатхои миллию этники дар сатхи байни- шахси. Аксар вакт мафхуми «муносибатхои байнимилли» истифода бурда мешавад. Гарчанде ки ин ду мафхум аз бисёр чихатхо ба якдигар    наздиканд,    як  маъноро  намефахмонанд.   «Муносибатхои байнимилли»  аз  ду   холат   таркиб   ёфтаанд:    муносибатхои   байни умумиятхои миллию этники ва муносибатхои шахсии намояндагони миллату халкиятхо. Аммо истифодаи мафхуми «муносибатхои байнимилли» аз он далолат менамояд, ки чихати мухимро муносибатхои байни миллатхо ва халкхо доро мегарданд, на холатхои дигари муносибатхои милли.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст