Илм дар бораи сиёсат
30 09 2017 admin Пока нет комментариев— ташаккул ва инкишофи илми сиёси;
— предмет ва таркиби илми сиёси;
— конун ва категорияхои сиёсатшиноси;
— асосхои методологи ва вазифахои сиёсатшиноси;
Ташаккул ва инкишофи илми сиёси: Дар чомеашиносии муосир сиёсатшиноси хамчун илми мустакил ва предмети таълими маком ва накши махсус дорад. Ходисаю равандхои мухталифи хаёти сиёсиро хаматарафа тахлилу тадкик менамояд. Ташаккул ва инкишофи сиёсатшиноси дар натичаи аз хам чудо гардидани сохахои алохидаи иктисоди, ичтимои, мадани ва сиёси имконпазир гардид. Дар натича, зарурати дар алохидаги тадкику тахлили унсурхои асосии чомеа ба миён омад. Кушиши донистан ва дарк намудани сиёсат хануз дар даврахои кадим ба миён омада буд. Ташаккули гояхои сиёси ва маърифати онхо бо ташаккули аввлин давлатхо алокаманд аст. Дар ин давра гояхои сиёси асосан шакли динию мифологи доштанд. Нуктаи марказии чунин фахми сиёсатро тасаввурот дар бораи пайдоиши илохии хокимият ва хоким хамчун зухури заминаи худро ташкил медод.
Дар хазорсолаи 1-уми пеш аз милод дар натичаи хосияти мустакил пайдо намудани шуури сиёси, мархилаи нав дар дарки сиёсат ба миён омад. Дар маркази ин мархила инкишофи гояхои илми сиёси андешахо ва таълимоти Конфутсия, Афлотун, Арасту меистоданд, ки хамчун асоси бунёдии твдкики назариявии сиёсат шинохта шудаанд. Таълимоти сиёси дар асрхои миёна, замони нав ва навтарин низ дар фаъолият ва эчодиёти мутафакирони тамоми миллату халкиятхо ва кишвархо инкишоф ёфт. Дар ин давра, махсусан, андешахои Н. Макиаввели, Т. Гоббс, Ч. Локк, Ш. Монтескье, Ж.Ж. Руссо, Г. Гегель дар ташаккули илми сиёси хизмати арзанда намудаанд. Таълимоти сиёси аз олоишхо ва догмаи дини озод гардид. Таълимоти мукаммал ба монанди назарияи хукуки табии, шартномаи чамъияти, суверенитети халки, таксимоти хокимият, чомеаи шахрванди, давлати хукуки ташаккул ёфт.
Аммо то ба сатхи имруза илми сиёси даврахои мураккаби ташаккул ва инкишофро аз сар гузаронидааст. Ташаккул ва инкишофи нави илми сиёси ба нимаи дуюми асри 19 рост омад. Сиёсатшиноси ба сифати илми мустакил дар нимаи авали асри 19 дар Германия пайдо гаштааст. Тактаби хукуки таъсис ёфта буд, ки максади омузиши давлатро дошт. Содли 1857 предмети таълимии сиёсатшиноси пайдо гардид. Дар Университети Колумбия аввалин кафедраи илми сиёси соли 1880 таъсис дода шудааст.
Раванди ташаккулёби ва инкишофи илми сиёси махсусан дар асри 20 авч гирифт. Ин холат ба ташаккули мактабхо ва равияхои милли, амик гаштани категорияву мафхумхо ва доираи масъалахои тадкикшаванди вобаста аст. Дар ташаккул ва инкишофи илми сиёси, накши Коллоквиуми байналхалки, ки соли 1948 дар Париж бо дастгирии ЮНЕСКО даъват шуда буд, калон аст. Дар ин чорабини масъалахои асоси ва мазмуни илми сиёси мукаррар гардиданд. Карор кабул карда шуд, ки мафхуми илми сиёси дар шумораи танхо истифода гардида, кисматхои зеринро фаро гирад:
— Назарияи сиёси: назария ва консепсияхои мухталиф, таъри хи гояхои сиёси;
— Институтхои сиёси: ташаккул ва инкишофи институтхои гуногун;
— Раванди сиёси: бахамтаъсиррасони ва бахамалокамандии субъектхои сиёси;
— Муносибатхои байналхалки: масъалахои арсаи байналхалки
Баъд аз ин, дар кишвархои мухталиф мактабхои зиёди сиёси пайдо шуданд. Кайд кардан зарур аст, ки инкишофи илми сиёси аз макони он низ сахт вобаста буд.
— Мактаби америкоии илми сиёси: асосан ба омузиши масъалахои назариявии илми сиёси равона шуда буд, ки намояндагонии барчастаи он Р. Даль, Д. Истон ба хисоб мерафтанд (масъалахои сиёсии мутассили ва модернизатсия, системаи сиёси ва режими сиёси); Тадкикоти мукоисавии масъалахои сиёсии рушди чомеа (инкишоф ё бухрон, хусусиятхои раванду падидахои алохида, маднияти сиёси); Омузиши масъалахои байналхалки. Омузиши афкори чамъияти.
— Мактаби англисии илми сиёси: Назарияи мочаро, Назарияи ризоият (консенсус), Назарияи демократияи плюралисти.
— Илми сиёсии Германия: Омузиши масъалахои фалсафаи сиёсат, тахлили табиати ичтимоии тоталитаризм, омузиши мочарои ичтимои.
— Мактаби франсузии илми сиёси: тадкики гуруххо ва синфхои чомеа; Омузишу мохияту хусусиятхои хокимият; хизбхои сиёси ва харакатхои сиёси; технологияи сиёси ва маркетинги сиёси.
Предмет ва таркиби сиёсатшиноси: Дар бораи предмети илми сиёси бахсу мунозирахо кайхост идома доранд. Тавсифи бевосиати мафхуми сиёсатшиноси маънои илм дар бораи сиёсатро дорад, ки мухаккикон инкор намекунанд. Лекин масъала дар дигар сатх пайдо мешавад, сиёсатсатшиноси то кадом андоза сиёсатро меомузад? Табиист, ки нуктаи назар ва мавкеи назарияпардозон нисбати ин масъала гуногунанд, онхоро метавон ба се гурух чудо намуд.
— сиёсатшиноси яке аз илмхо дар барои сиёсат: предмети онро омузиши давлат, хизбхо ва институтхои дигари сиёси, ки хокимиятро амали менамоянд ё ба он таъсир мерсонанд, ташкил медихад.
— сиёсатшиноси ба сифати илми ягона дар барои сиёсат: дар чунин холат танхо хамон донишхоеро фаро мегирад, ки баштар ба принсипхои меъёриву илми асос ёфтаанд.тарафдорони ин акида асосан бихевиористон мебошанд.
— сиёсатшиноси ба сифати мачмуи донишхо дар бораи сиёсат: сиёсатшиноси илми пешбар ва муттахидкунандаи донишхо дар бораи сиёсат аст.
Сиёсатшиноси илмест дар бораи сиёсат ва хокимияти сиёси, конуниятхои ташаккул ва инкишофи муносибатхо, равандхо, ходисахо ва институтхои сиёси, дар бораи меъёрхо ва принсипхои хаёти сиёсии чомеа; дар бораи бахамалокамандии он ба шахсият ва чомеа мебошад
Масъалаи ташхиси таркиби сиёсатшиноси низ ахамияти калон дорад. Дар асоси донишхои чахонии муосир метавон сиёсатшиносиро чунин силсилабанди намуд:
1.Сиёсатшиносии умуми:
— Назарияи сиёсат: тадкикот ва тахлили таркибот, фаъолият ва инкишофи хаёти сиёсии шахс, давлат ва чомеаро фаро мегирад.
— Таълимот дар барои институтхои сиёси. Тадкику тахлили пайдоиш ва инкишофи давлат, аломатхо, хусусиятхо ва вазифахои он, ташаккул ва инкишофи хизбхои сиёси ва системахои хизби.
— Сотсиологияи сиёси: муносибатхои сиёсат ва чомеа, равобити мутакобилаи раванду институтхои сиёси ва сохти ичтимоиро меомузад.
— Назарияи сиёсати байналхалки: предмети онро фаъолияти ташкилот ва иттиходияхои байналхалки, фаъолияти сиёсии давлатхохизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти, муносибатхои байналхалки, масъалахои чангу сулх, ташаккулу инкишофи низоми нави чахони ташкил медихад
2. Сиёсатшиносии махсус:
— Сиёсатшиносии амали: кор карда баромадани роху воситахои бехтари халли мочаро, тартиботи бурдани музокирот, ташхиси тархи рафтори интихобкунандагон, дарёфти ахамияти омилхои минтакави, гузаронидани маъракахои интихоботи.
— Сиёсатшиносии мукоисави: тамоми раванду ходисахо ва институтхои сиёсии чомеа новобаста аз макон ва замон мавриди мукоиса карор мегиранд.
— геополитика: геополитика на танхо хосиятхои географии ё фазои худудиро дар сиёсати кабир тачассум менамояд, балки он бахри таъмини хосиятхои умумисайёрави, тартиб ва коидахои рафтори умуми, инчунин сиёсати байналхалкии давлатхои алохида, иттиходияхо, блокхо дар арсаи умумичахониро фаро мегирад.
— мочарошиноси: ба омузиши масъалахои назария ва амалияи мочарохои сиёси, хусусиятхои умуми ва махсуси ташаккул, инкишоф ва халли мочарохои сиёси машгул буда, роху воситахо ва принсипу методхои асосии муносибат ба онро мавр иди тахлилу тадкик карор медихад.
3.Сиёсатшиносии омехта:
— Фалсафаи сиёси: сохаи донишхоест, ки сиёсатро дар сатхи умуми ва яклухт омухта, ахамияти онро барои инсон шарх медихад. Муносибатхои мутакобилаи шахс, хокимияти давлати ва чомеа, идеалхо ва принсипхои меъёрии сохтори сиёси, меъёри умумии бахогузории сиёсат низ ба мавзухои мухими фалсафаи сиёси дохил мешаванд.
— таърихи сиёси: омузиши назария, акидахо, институтхо ва раванду ходисахои хаёти сийсидар шакли хронологива бахамалокаманди машгул аст.
— психологияи сиёси: ин сохаи донишхо низоми субъективии рафтори сиёсиро мавриди омузиш карор дода, тадкики таъсири онро ба шуур, хиссиёт, афкор, эътикод ва руоварихои арзиши максади худ карор додааст.
— антропологияи сиёси: омузиши пайвастагихои сиёсатро аз сифатхои авлодию ирсии инсон максад карор додааст.
— таърихи афкори сиёси: ташаккул ва инкишофи сиёсатшиносиро тадричан омухта, конуниятхо ва тамоюлхои асосии инкишофи таърихии онро ошкор менамояд.
— модернизатсияи сиёси: омузиши масъалахои пешрафт ва сатхи мамлакатхои мутамаддин расидани давлахои сатхи инкишофашон сустро максади хеш карор додааст.
— глобалистикаи сиёси: омузиши масъалахои олами глобали – раванди глобализатсиони ва нигох доштани гуногунчехрагии тамаддуни муосир, имкониятхои нави глобализатсияи сиёси хамчун омили пешрафти олам машгул аст.
- Конун ва категорияхои сиёсатшиноси. Илми сиёси дорои системаи томи конуниятхо мебошад, ки тамоюли инкишоф ва рушди муносибатхои хокимиятиро тачассум менамояд. Метавон шартан чор гурухи конуниятхоро чудо намуд: 1. Конуниятхои ташаккул, амал намудан ва инкишофи манфиатхои сиёси, андешахо, таълимот, назарияи сиёси, ки асосан муайян намудани таносуби байни иктисодиёт ва хокимияти сиёсиро хадафи худ карор додааст. 2. Конуниятхое, ки мавчудият ва амали хокимияти сиёсиро барои муваффак гаштан барои муътадили чомеа истифода менамоянд. 3. Конуниятхои амал намудан ва инкишофи муносибатхои сиёси, раванди сиёси, падидахо ва ходисахои сиёси, афзалияти арзишхои умумиинсони нисбати арзишхои синфи ва хизби дар сиёсат, волоияти конун барои хамаи одамон, таксимоти хокимият, ошкорбаёни дар фаъолияти давлат, хизбхои сиёси ва иттиходияхои чамъияти, плюрализми сиёси, муносибати эхтиромона ба оппозитсия, таъмини конуни будани хокимияти сиёси, модернизатсияи сиёси ва гайрахо. 4. Конуниятхое, ки бештар хосияти сиёсию психологи дошта, муносибатхои байнихамдигарии шахс ва хокимиятро тачассум менамояд, яъне раванди сотсиализатсияи сиёсии шахс, ташаккули хиссиёти сиёси, кайфият, руоварихои арзиши, роххои таъсиррасони ба интихобкунандагон, ташаккули сарварони сиёси ва гайрахо.
Хар як сохаи илм дорои мафхумхои муайян мебошанд. Махз бо воситаи онхо мохият, максаду вазифахо, хусусият ва ахамияти кули масъалахо рушан мегарданд. Сиёсатшиносии имруз аз хар давра дида мафхуму категорихои зиёдеро фаро мегирад. Кайд кардан зарур аст, ки то андозае нисбати ин масъала мушкилот мавчуд аст, зеро як мафхум нисбати истифодаи он дар мавридхои гуногун ба таври мухталиф маънидод мешавад. Дар сохаи мафхум ва категорияхои сиёсатшиноси ду чихат барраси мешавад. 1. мафхум ва категорихои кухна мазмунан гани мегарданд. 2. мафхум ва категорихои нав пайдо мешаванд ва тавсифи онхо хело гуногун аст. Категорихо ва мафхумхои махсусу асосии сиёсатшиносиро меавон чунин пешкаш намуд: сиёсат, хокимият, системаи сиёси, манфиатхои сиёси, арзишхои сиёси, плюрализми сиёси, мочарои сиёси, консенсус, компромисс, демократия, электорат, системаи хизби, системаи интихоботи, харакатхои сиёси, режими сиёси, модернизатсияи сиёси, элитаи сиёси, сарвари сиёси, парламент, маданияти сиёси, идеологияи сиёси ва гайрахо.
Асосхои методологи ва вазифахои сиёсатшиноси. Сиёсатшиноси аз методхои зерин истифода менамояд, ки танхо моли он мебошад:
— методи системаноки. Падидаи чамъияти дар шакли яклухт дарк карда мешавад, баъд равобити байни чузъиёти он муайян мегардад ва хамачониба тахлил мешавад.
— методи бихевиористи. Тахлили рафтори алохида, гуруххо ва умумиятхои дигари ичтимоиро фаро мегирад. Аз калимаи англиси гирифта шуда маънии рафторро дорад.
— методхои микдори. Асосан вазифаи андозанамоии ходисахои чомеаро ичро менамояд.
-методхои мукоисави. Ходисаву равандхои гуногунро дар асоси мукоисанамои меомузад.
— методи коммуникатсиони. Ба омузиши сатхи бахамтаъсиррасонии чузъиёти равандхои сиёси машгул аст. Муайян намудани арзиш ва кимматнокии ин ё он ходисаи сиёси, хосиятхои муносибатхо ва равандхои сиёси вазифаи зарурии он мебошад.
— метода таърихи. Барои дастрас ларк намудани омил ва сабабхои пайдоиш ва решахои ин ва ё он ходисаи сиёси омухтани таърихи он зарур аст.
Сиёсатшиноси вазифахои зерини мухимро ичро менамояд:
— вазифаи маърифати ва тарбияви ба чамъоварии маълумот дар бораи падидахои сиёси машгул буда, барои илман асоснок намудани самти сиёсии инкишоф хизмат менамояд.
— тавсиф намудан. Ба воситаи он сиёсатшиноси метавонад ба масъалахо ва хосиятхои вокеъияти сиёси чавоб бигуяд.
— тахлил намудан. Максад ва самтхои асосии инкишофи муносибатхои сиёси, натичахои фаъолияти субъектхои сиёсатро фаро мегирад.
— танзимнамои. Таъсиррасонии шахсони алохида, гуруххои алохида, гуруххои ичтимои, куввахои мухталифро ба равандхои сиёси ва муносибатхои сиёси ба танзим меандозад.
— пешбиннамоии падидахо ва равандхои сиёси. Имконият медихад, ки падидаю ходисахопешбини ва ба самтхои мухталифи сиёсат тагйирот дохил карда шавад.