Давлат чун унсури ягонаи систесаи сиёсиї
01 10 2017 admin Пока нет комментариевИн ду мафњум ва як силсила мафњумњои дигари ба онњо вобаста буда монанди «Демократия» шањрвандӣ ва ѓайра хислат ва вазифањои хосе дорад, ки мутаассифона аз ҷониби ҷавонон осон дарк карда намешавад ва аксар ваќт онњоро нодуст маънидод менамоянд. Ҳатто дар баъзе матолиби воситањои ахбори оммаи Тоҷикистон байни мафњумњои «Давлат» ва «Ҷомеа» кам фарќ мегузоранд. Агар ба «Сарќонун»-и кишвар дуруст таваҷҷӯҳ намоем, мо аз аввалин сатрњо тафовутњои ин ду мафњумро дарк мекунем. Дар оѓози ин њуҷҷати олӣ омадааст, ки «Мо, халќи Тоҷикистон ќисми ҷудошавандаи ҷомеаи ҷањон» мебошем. Дар моддаи якуми он омадааст, ки «Ҷумњурии Тоҷикистон давлати соњибихтиёр, демократии, њуќуќбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озоданаро фароњам меорад.»
Пас ҷомеа пеш аз ҳама ба маҷмӯи одамон тааллуқ мегирад, яъне муносибатии боҳамии одамон аст, давлат бошад, низоми сиёсие аст, ки ҳамии одамон ташкил медиҳанд ва ба воситаи намояндагони худ идора мекунанд, тайғир медиҳанд ва ғайра. Ташлошҳое, ки инсти тутҳои сиёсии шаҳрвндон, аз ҷумла ҳизбҳои онҳо доранд, давлатро барои худмуҳофизат маҷбур мекунад. Аз ин рӯ, масъалаи, дар моддаи 6 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт аст, ки «Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатро гасб намоед»
Ҷомеаи Тоҷикистон аз намояндагони миллатҳои гуногун иборат бошад ҳам, бештар аз 70 фоизашро халқи тоҷик ташкил медиҳад. Бинобар ин давлат забони тоҷикиро «забони давлатии Тоҷикистон» эълон кардааст ва ин дар моддаи дувуми сарқонун дарҷ шудааст.
Аҳолии Тоҷикистон сатҳи гуногуни зиндагӣ дорад, ин ба хислати шахсӣ доштани моликият ва имкони дастрасӣ ба он вобаста аст. Аммо ин хислат ичтимои доштани давлатӣ Тоҷикистонро, ки дар моддаи якуми конститутсия зикр шудааст инкор намекунад.
Мо ки тафовути давлатро аз ҷомеа шинохтем, бо ҳар кадоми онҳо ва тартиби онҳо шинос шуданамон мумкин аст. Давлат низоми ягонаи сиёсӣ мебошад, ки дар қаламраваш ва бар шаҳрвандонаш ҳокимияти худро татбиқ менамояд. Вай дастгоҳи идоракунӣ дорад. Сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон давлатро дастгоҳи маҷбркунӣ, василаи зӯрӣ медонанд.
Аз он замоне, ки давлат ба миён омад, масалан, давлатдории мардуми тоҷик таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, вай василае гардид, ки мардумро муттаҳид ва идора мекард. Идора кардан маънои аз парокандагӣ нигаҳ доштан, васеъ кадан, истеҳсолотро ба роҳ андохтан, авзои ичтимоиро танзим кардан ва барои меҳнату зиндагии одамон шароит ба вуҷуд овардан аст. Таваҷҷӯҳи давлати имрӯза бо идораи андоз таъмин кардани зиндагии онҳоест, ки истеҳсолкунанда нестанд, балки аз хазина рӯзи мегиранд.
Ҳангоми муайян кардани давлат чанд унсури созандаи онро зикр мекунанд, монандӣ сарҳади умумӣ, иқтисодӣ умумӣ, дин, забон. Шароити нав дар ин аломатҳо дигаркуниҳо ворид мекунад. Масъалан, давлатҳое, ки дин муайянкунандаашон нест, як забон асосашон нест, воҳидҳои этникиашон ҳамсон нестанд, низ мавҷуданд.
Давлатдорӣ сохтӣ ба худ хос дорад, дар ҳама ҷо ҳамсон нест ва ин сохтор ба таърих, анъанаҳо, этносҳое, ки давлат аз онҳо пайдо шудааст, вобаста мебошанд. Аз ин нигоҳ сохти давлатӣ зикр мешавад: Давлати ягона (унитари), федеративӣ, конфедеративӣ.
Давлатӣ ягона сохторӣ оддӣ дорад воҳидҳои маъмурию марзии он мустақиман ба мақоми ҳокимияти марказӣ тобеъ аст. Яъне, шаҳрҳо , вилоятҳо, деҳот дорад ва онҳо ба марказӣ ягона итоат мекунанд. Дар ин ҷо давлат дохили давлат нест.
Ҳамзамон ба ин намуди хоси давлатӣ ягона мавҷуд аст, ки дар таркибаш воҳидҳои худмухтор мавҷуданд. Тоҷи кистон аз ҷумлаи чунин давлатҳоест, зеро дар таркиби он вилояти мухторӣ кӯҳистони Бадахшон мавҷуд аст. Мухтории Бадахшон танҳо ба душворгузар будани ҳудудҳои он, душвории коммунакасионӣ асос мекунад. Аммо дар 50-60 соли охир гаҳ-гаҳе садоҳои сепаратистонае шунида мешавад, ки миллати Бадахшонро аз тоҷикон бегона ва мазхабашро муқобили мазхаби аҳли суннат (Бадахшиҳо исмоилӣ ҳастанд) гузоштанӣ мешаванд. Аввал ин ки мардумӣ Бадахшон точиканд ва номи дигари ин халқ ( агар номи маҳалро нагирем) надоранд, дувум ин ки Тоҷикистон ба нишондиҳандаи динию мазхабӣ сохта нашудааст. Дар ВМКБ чунин забон ва шеваҳо ҳастанд: Дар нохияҳои Дарвоз, Ванҷ, Имкошим лаҳҷаи имрӯзаи забони тоҷикӣ, ки хислатӣ давлати дорад, лаҳзаҳои вахонӣ ва язгуломӣ, ки шакли маҳаллии ҳамин гӯшанд, дар байни аҳоли бештар паҳн шудааст. Дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғонон, Роштқалъа лаҳҷаҳои қадима, то исломии забони тоҷикӣ, лаҳҷаҳое, к ибо арабӣ, турки камтар олуда шудаанд, дар байни халқ имтиёз дорад. Аммо ҳамаи ин гӯишҳо дар забони адабӣ як ном доранд,-тоҷикӣ. Дар ноҳияи Мурғоб бошад, ҳамзамон бо забони тоҷикӣ забони қирғизӣ низ амал мекунад. Ин аст, вазъи мухторияти Бадахшон. Ҳамин ҳолат дар Бадахшони Афғонистон низ ба чашм мехӯрад, аммо дар он ҷо ба ин вилоят мухторияте дода нашудааст.
Сарфи назар аз ин ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон давлатҳои ягона мебошанд. Хислати ягонагии давлати онҳо ин аст:
— барои тамоми давлат низоми ягонаи умумии мақомоти олии иҷроия
намояндагӣ ва судӣ, муқарар шудааст;
— Конститутсияи ягона, низоми ҳуқуқии ягона ва шаҳрвандии ягона доранд;
— давлат танҳо бо воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ тақсим мешавад;
— воҳидҳои маъмурӣ (вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо) соҳибихтиёрии давлатӣ ва мустақилияти сиёси надорад;
— қувваҳои ягонаи мусаллаҳ доранд, ки аз ҷониби мақоми марказии ҳокимият идора карда мешаванд;
Давлати федеративӣ дар натиҷаи ихтиёран бо ҳам муттаҳид шудани якчанд давлатҳои мустақил ва дар замин таъсис додани як давлат ба вуҷуд меояд. Ин сохти мураккаби давлатӣ мебошад, ки дар ҳудуди он воҳидҳои дорои ваколатҳои мустақилияти сиёсӣ мавҷуданд. Ин вохидҳо метавонанд хислати ҷумҳурӣ (СССР), вилоятӣ (ИМА), заминдорӣ (Олмон), воҳидҳои омехта чун ҷумҳурӣ, кишвар, губерния (Россия) дошта бошанд.
2 Давлати федеративӣ аз ягона бо ин хислаташ фарқ мекунанд:
— Ҳудуди федератсияро марзҳои субъектҳои мустақими он ташкил медиҳанд;
— субъектҳои федератсия соҳиби Конститутсяи худ мебошанд;
— Конститутсияи умуми салоҳияти субъектро муайян мекунад;
— ҳар як субъект ҳокимияти иҷроия, низоми ҳуқуқи ва судии худро дошта метавонад;
— федератсияҳо, одатан, шаҳрвандии ягона доранд;
— мақомоти ҳокимияти марказӣ (федерали) ба ҳамаи субъектҳои дохили давлат муассир аст.
Давлати конфедеративӣ хислити гузар, муваққати дорад. Ду ва ё якчанд давлати мустақил барои манфиатҳои умуми, халли мушкилоти ҷиддие чунин давлатро ташкил медиҳанд. Дар ин давлат ҷузъи конфедератсия соҳибихтиёрии худро дар умурӣ дохилӣ ва хориҷӣ нигоҳ медорад. Бинобар ин :
— дар конфедератсия сохтори ягонаи давлатӣ, андозбандӣ, буҷаи мутобиқ, гардондани нақшаҳои умдае дар ин ё он соҳа (ҳарбӣ, хориҷӣ, иқтисодӣ) ба таври муддавом ё муаққат сохторҳои хоси муштараке таъсис дода мешаванд.
— Ҳар кадом давлат шаҳрвандии худро нигоҳ медорад, аммо низоми рафтуомад барои аҳолии онҳо содда карда шудааст.
— давлатҳои конфедератсия метавонанд дар мавриди системаи ягонаи пулӣ, гумрукӣ, қарз созишномаҳо дошта бошанд.
Чунин шаклҳои идоракунии давлат мавҷуданд:
- Монархия, ки дар он ҳокимияти олии давлатӣ пурра ва имрӯз дар баъзе кишварҳо қисман дар дасти сардорӣ давлат аст. Шоҳигарӣ чун одат меросӣ аст. Дар ин давлат — соҳиби ягонаи ҳокимияти олӣ мавҷуд аст, ки ӯ тамоми умр ҳукмрони карда метавонад;— Тибқи анъанаи валиахди ё урфу одат соҳиби ба ҳокимияти олӣ меросӣ аст;
— подшоҳ «сояи худо дар рӯи замин» аст ва давлатро аз рӯи хости худ идора
мекунад;
— подшоҳ масъулият ва маҳдудияти ҳуқуқи надорад;
— подшоҳро халқ интихоб намекунад;
Монархия се намуд дорад:
а) монархияи мутлақ.
б) монархияи маҳдуд (конститутсиони, машрута).
в) монархияи ғайри маъмулӣ ё конфедеративӣ.
Дар замони мутлақият ҳокимияти подшоҳи маҳдуд буда, подшоҳ мақоми олиест, ки иродаву ихтиёри ё сарчашмаи ҳуқуқ ва қонун аст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимият роҳбарӣ мекунад, адолатӣ судиро назорат мекунад.Дар манархияи конститутсионӣ ваколатҳои шоҳ маҳдуд ва байни ӯву дигар мақомотҳои олӣ (масъалан парламент) тақсим карда шудаанд. Монархияи конститутсионӣ нукоти сарқонунро ҳамчун асоси идораи давлат эътироф мекунад;
Монархияи ғайримаъмурӣ аслан як хели монархияи мутлақ аст, ки дар он амирони сохторҳои дохилии давлат ва давлати умумӣ бо навбат сарварӣ мекунанд. Давлатҳое ҳам ҳастанд, ки аз монархия ва ҷумҳуриҳо иборатанд (Малайзия). Сарваронӣ шоҳигириҳо ба мӯҳлати 9 сол якеро бо шохи умум интихоб мекунанд.
- Ҷумҳурӣ— шакли идораи давлат аст, ки дар он ҳокимияти олиро халқ интихоб мекунад. Ҳокимияти олӣ ба мӯҳлати муайяни маҳдудшуда интихоб мешавад ва дар назди интихобкунандагон масъулият дорад. Нишонаҳои ҷумҳурӣ инҳоянд:
— Роҳбари давлат ва дигар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ интихоби мебошад;
— Ҳокимияти давлати хусусияти муваққатӣ дорад ва ин аз халқ вобаста аст, на аз ҳокимият;
— Масъулият ва маҳдудияти ҳуқуқии сардорӣ давлатро қонун муайян мекунад;
— Иҷрои қарорҳои ҳокимияти давлатӣ ҳатмӣ аст;
Ҷумҳуриҳоро аз нигоҳи шакли таъсис ва усулӣ роҳбари ба се- парламонӣ, президентӣ, омехта ҷудо карда, аз ин се ҷумҳуриҳои сотсиалистиро ҷудо мекунанд.
а) Дар ҷумҳурии парламентӣ ҳокимиятро парламон ташкил медиҳанд. Маъмулан дар ин гуна давлатҳо интихобот хислати ҳизбӣ дорад ва ҳизби ғолиб оне, ки дар парламон аксариятро ташкил мекунад, ҳукуматро месозад. Аз ин рӯ ҳукумат дар назди парламон масъулияти дасти ҷомеӣ дорад, ҳисоботдиҳанда аст. Танҳо дастгирии парламон василаи баҳои ҳукумат аст. Дар суратӣ ба ҳам мувофиқ наомаданӣ парламон ҳукумат ? ба истеъфо меравад ва ё бо дастгирии президент парламонро пароканда мекунанд ва интихоботи наув эълон мешавад.
Дар ҷумҳурии парламентӣ сардорӣ давлатро ҳам парламент интихоб мекунад. Сардорӣ давлат ба ҳукумат роҳбари намекунад, аммо фаъолитяи ҳокимияти иҷроияро назорат менамояд.
Сардорӣ давлат қонунҳоро ? мекунад, фармону ? мебарорад, сардорӣ ҳукуматро таъйин мекунад, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Президент бо машварати савазир ҳуқуқи пароканда кардани парламентро дорад.
Сарвазир – роҳбари ҳизби ғолиб аст ва бо ин вазифа аз ҷониби президент тайин мешавад ва дар назди парламент масъулият дорад.
Вазифаи асосии парламент инҳоянд:
— фаъолияти қонунгузорӣ;
— назорат аз болои ҳокимияти иҷроия;
— қабул кардани буҷаи давлати;
— муайян кардани иҷтимоӣ, иқтисодии кишвар;
— ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва мудофия;
б) Ҷумҳурии президентӣ. Сохто, ки дар он ваколати сардорӣ давлат ва раиси ҳукумат муттаҳид карда шудааст. Президентро халқ интихоб
мекунад ва ӯ ба парламент вобаста нест. Ҳукумат дар назди президент маъъсул аст, вай ба парламент ҳисобот намедиҳад. Президент роҳбари ҳукумати иҷрои бошад ҳам, байни дигар шохаҳои ҳокимият ҳакам аст. Ваҳдати миллат ба фаъолити президент тааллуқ мегирад. Ин нишонаҳо тақозо мекунанд, ки ваколатҳои сардорӣ давлат дар ин сохт, нисбат ба сохти парламентӣ бештар аст. Президент сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ буда, қонунҳоро имзо мекунад. Барои дарки ваколатҳои президент моддаи 69 Конститутсия Тоҷикистонро мулоҳиза мекунем:
Моддаи 69. Салоҳияти Президент:
- Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
- Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
- Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;
- Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
- Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд;
- Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
- Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
- Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
- Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад;
10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад; - Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
- Шӯрои адлияро таъсис медиҳад;
- Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия таъин ва озод мекунад;
- Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;
- Ба қонунҳо имзо мегузорад;
- Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
17. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад; - Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
- Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад;
- Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;
- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад;
- Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
- Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;
- Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба
Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
- Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
- Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
- Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
- Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;
- Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
- Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд. 3. Ҷумҳуриҳои омехта (парламентию президентӣ). Яъне ҳолате, ки ҳам президент ва ҳам парламент ваколатҳои баробар доранд. Призидент дар интихоботӣ умумихалқи интихоб карда мешавад. Президент сардори ҳукумат нест. Дар ин сохт вазифаи сардорӣ ҳукумат ҳам ҳаст, ки вай ваколатҳои зиёд дорад. Дар ташкили ҳукумат президент ҳам, парламент ҳам иштирок меукнанд. Ҳукумат ҳам дар назди президент ва ҳам дар назди парламент масъул аст. Як истеъфошро қабул мекунанд, дигаре ба вай изҳори нобоварӣ мекунад. 4. Ҷумҳуриҳои ғайримаъмул , яъне ба ин се дохилнашаванда ҷумҳуриҳои сотсиалисти мебошад, ки чунин аломатҳо доранд:
— Асоситарин қувваи сиёсии ҷамъият ин ҳизби ҳукмрон аст. Вай нақши
сарварикунанда дорад;
— дохи ҳизб ва сардорӣ давлат як кас аст;
— кӯшиш барои якумра дар вазифа мондани дохӣ;
— ваколатҳои диктаторӣ доштани сардорӣ давлат;
— хислатҳои дуррӯғин доштани интихоботҳо;
— ҷавобгарии ҳуқуқи надоштани сардорӣ давлат ва ҳизб;
Ин давлат аст.
9 – сентябри соли 1991 Чумхурии Точикистон Истиклолияти давлатии худро ба даст овард, ки дар ин тули дароз чунин дастовардхои зеринро ба даст овардааст: