Открыть меню

Нанотехнология-технологияи асри муосир

image

Фаттоев Њаќназар БобољоновичФаттоев Њаќназар Бобољонович

Саромўзгори кафедраи технологияи коркарди масолењњо  

 ДДЌ ба номи Носири Хусрав

Аълочии маорифи халќ

 

Дар  њамаи воситањои ахборот радио, телевизион ва матбуот оиди навигарињо ва дастоварињои  нанотехнология сухан меравад. Бисёрињо мехоњан фањманд, нанотехнология чист? Маќсади асосї аз навиштани мавод – шинос намудан бо истифодаи нанотехнология дар соњањои гуногун ва додани маълумот оиди  ањамият ва зарари он барои инсоният мебошад.

 Соњаи илму техника, ки нанотехнология ном дорад, наздики ба вуљуд омада, технологияи муосир ва оянда мебошад, ки дар соњањои илм ва техника бо суръати калон љорї шуда истода аст. Соњаи фаъолияти нанотехнология:

Худи заррачаи «нано» аз миллиард як њиссаи бузургиро дар назар дошта мешавад.

Ин андоза ба андозањои молеклањо ва атомњо баробар мебошад. Ричард Фейман илмї исбот намудааст, ки ягон монеа аз нуќта назари илми физика ва технология оиди сохтан љисмњо аз атомњо вуљуд надорад.

Аммо инсоният бошуурона на зарар оварашро, балки фоиданокашро сохта истифода бояд барад. Дар ин њолат нанотехнология технологияи замона ва оянда шуда метавонад.

 Нанотехнология-ќисми алоњидаи илм набуда, балки тадќиќоти њаматарафаи алоќаманд бо илмњои  асосї (фундементали) мебошад. Он «нано» бо физика, химия, биология, ботаника, технология, сохтумон ва ѓайра алоќаманд аст. Њалли масъалањои нанотехнология баъди сохтани микроскопи электронї аз тарафи олимони олмонї Макс Кнолл и Эрнст Рус ба миён омад. Нанотехнология калимаи юнони буда, маънояш  (дар маљмўъ) санъатест, ки бо истифодаи он чизи нав офарида мешавад. Нанотехнология (нано, 1х10-6)- технологияи хело (заррачавї) хурд мебошад. Дар замони муосири тараќиёти босуръати техника ва технология истифодаи нанотехнология дар чањон, дар тамоми соњањо — илму истењсолот, теникаю технология, электроникаю кимё, хизматрасонию тиб ва ѓайра хеле маъмул аст.

Як бартарии чашмраси нанотехнология ва талаботи замона бо сарфи камтарини энергия, истењсоли бештари мањсулоти босифат мебошад. Чунончї, агар бо истифодаи технологияи инноватсионии муосир 50 килограмм семент истењсол кунем, бо усули нанотехнология  1,7 маротиба арзон, сифатноктар ва истењсоли он афзунтар  мешавад.

Њоло аз як намуди аллотропии элементи карбон, фуллерен — С 60 намудњои гуногуни батареяи аккумуляторњо истењсол мекунанд, ки энергияи электрикиро назар ба аккумуляторњои муќаррарй 3 то 6 маротиба зиётар захира карда, 10-12 маротиба сабуктаранд.

 Аз нанонайчањои фуллеренї нахњои устувор тавлид менамоянд, ки аз пўлод 100 бор пурќувватар ва 5-7 маротиба сабуктар мебошанд. Вазни моњињои њаштмоњаи бо истифодаи нанотехнология њосил намуда, аз моњињои њаштмоњаи муќарарї дањ маротиба зиёдтар мебошад.  

Солњои 70-75 асри ХХ1 дар Россия озмоишњо оиди усулњои истифодаи гидроген ба сифати сўзишворї (ба ивази бензин)  дар автомобилњо   гузарониданд. Аз сабаби хатари таркидан доштанаш ва наёфтани њалли њалли ин масъала, лоиња баста шуда буд. Дар назар аст, ки оянда бо ёрии нанотехнология ба сифати сўзишвории муњаррикњои дарунсўз имконияти гидрогенро, ки аз бензин арзонтару ба муњити зист камзарар аст, истифода бурда тавонем. Гузаронидани якќатор љарроњињо бо воситаи дастгоњњои лазерї, муайян намудани ДНК, РНК ва ѓайра хизмати чашмраси нанотехнология мебошад. Дар тиб флюрографияро пурра тепловизирњо иваз намуда метавонанд. Берасиш (контак) аз масофа, ба организми инсон тамоман безарар тадќиќот гузаронида мешавад. Њол он, ки аз рўи нишондодњои тибби, флюрография яъне нурњои рентгенї ба организми инсон таъсири манфї дорад.

Дар Тољикистон зиёда аз 100 элементи кимиёвї барои омода кардани маводи нанотехнологї мављуд аст, ки истифодаи онњо барои рушди иќтисодиёти мамлакат захираи бењамтост. Имрўз чї ќудрат доштани нанотехнологияро на танњо олимону толибилмон, балки тамоми инсоният донистан мехоњад. Таърихи пайдоиши нанотехнология аз охири асри XVIII ва аввали асри XIX сарчашма гирифта, олимон дар љустуљўи зарраи аз њама хурдтар буда, чї тавр истифодаи онро доранд. Шояд дар дохили атом бисёр  заррањои хурдтарини дигар њам њастанд, ки илм бояд онњоро кашф кунад. Имрўз  электроника тамоми оламро фаро гирифтааст. Пештар њељ кас бовар надошт, ки ба воситаи як телефони хурд дар масофањои дур њамдигарро дида истода, сўњбат кардан имконпазир мебошад. Ин њам як мўъчизаю дастоварди нанотехнология мебошад.

Барои фањмидани нанотехнология се дониш ва малакаи асосиро доштан зарур мебошад:

Якўм – таркиби атомњо ва чї хел љойгир шудани заррачањо дар сохторњои панљарањои кристаллиро донистан.

 Дуюм –донистани вазифаи (кори) элементњои дохилии атом ва хусусиятњои хоси онњо.

Сеюм — молекулањо, атомњо ва заррачањои дохилиатомиро идора (манипулясия) карда тавонистан.

Агар њамин се чизро донему тавонем, чї будани нанотехнологияро пурра дарк ва идора намуда метавонем. Хусусан диќќати асоси ба заррачањои дохилиатомї, вазифа, рафтори ва чї тавр идора намудан онњо дода мешавад. Агар заррачањоро идора намуда тавонем, он гоњ маводи лозимаро бо нишондодњои (параметр) ба мо даркорї њосил намуда метавонем.

Ба як масъалаи муњим ва асосї, ки тамоми љањонро оиди тадбиќи нанотехнология ба ташвиш андохтааст, мехоњам равшани андозам, масъалаи бехатарї аз истифодаи нанотехнология ва маводи нанотехнологї ме­бошад.

 Њоло давлатњои пешрафта ба­рои чї тарз истифода бурдани маво­ди нанотехнологї ќонунњо ба табъ расонида истодаанд. Чунки бехатарии таъсири маводњои нанотехнологї ба инсону муњити зист пурра омўхта нашудааст ва њал намудани ин масъала аввалин дараља мебошад. Истифодаи чунин мавод дар истењсоли ѓизои инсон, тибу сохтмон бисёр масъалаи љидди мебо­шад. Вале як ќатор дастовардњои чашмрас ба инсонияту љаъият фоидаовари нанотехнолгия маълум мебошад, ки шумораи он рўз аз рўз афзун гашта истодааст.

Олимони тољик низ бо замонаи муосир ќадам нињода, дар соњаи нанотехнология як ќатор корњои чашмрасро иљро намуданд. Дар Донишкадаи физика-техникаи ба номи академик Султон Умаров дар њамкори бо олимони Эрон маводе њосил намудаанд, ки барои зиёдтар барќ њосил намудани батареяњои офтобї (нисбати муќаррарї) кўмак мерасонад. Онро карбиди силитсий мегўянд. Яъне дар якљоягї њам силитсий ва њам карбон аст. Бо истифодаи усулњои нанотехнологї маводеро, ки дар 2700 дараљаи гармї њосил мешавад, дар 65 дараља ба даст оварда шудааст.

Бо усули нанотехнологї себ, нок, сирпиёз, бодиринг ва ѓайра истењсол намударо кирм намехўраду паша наменишинад, моњњо вайрон (намепўсад) намешаад. Ин хуб ва пешрафт аст. Магар ин гуна меваљот ба организми инсон безарар мебошад? Дар атрофи як ќатра оби ширини муќарарї чандин мўрчаву занбўру паша љамъ мешавад, аммо ба як сатил кока-кола ё фантаи ширин тоњатто наздик намешаванд. Тарзи коркарди нанотехнологї хуб мебощад, аммо таъсири онро (зарар) ба организми инсон пурра омўхта нашудааст. Нанотехнология имкониятњои калон дар хољагии ќишлоќ дошта метавонад. Роботњои дохилиатомї мањсулотро бе иштироки растанињо ва њайвонот истењсол намуда метавонад. Мисоли он (араматизорњои) хокањои махсуси бўй ва маззаи (себ, нок, анор, афлесун) меваљотро медињанд. Бо омехтаи ин хокањо нўшобањои гуногун (кока-кола, фанта, лимонад, афлесунї, себї, олучагї ва ѓайра) тайёр мекунанд, ки онро мо истеъмол менамоем.

Аз нуќтаи назарияи нанотехнология ширро аз алаф бе узви мобайни-гов истењсол кардан мумкин мебошад. Диодњои ѓавсиаш пардагї, ки бо воситаи усули нанотехнологї сохта шудааст аз диодњои кремниягии муќаррарї садњо маротиба нишондодњои бењтар (арзон, сабук, даќиќ, каммасраф ва ѓайра) дошта, њазорсолањо беминнат хизмат менамояд.

 Масъалаи асосии нанотехнология  — истењсоли мавод ва ќисњои (компонента) зарурии онњо барои сохтан, бо атомњою нанозарачањо кор кардан (љойивазкунї)  мебошад.

 Нанотехнология илми нав буда, натиљањои он ба муњити атрофу њаёт табадулотњои калон оварда метавонад. Ин табадулотњо чї гуна мебошанд-фоидаовару њаётро осону бењтар мегардонад ё хатарноку ба инсоният зарар меорад.

Нанотехнологияро дар як ќатори њолатњо технологияи насабї (генная технология)  меноманд.

 Фоида ё зарари истифодаи усули нанотехнология аз њамдигарфањмї, хирад ва шуурнокии њар як шахси алоњидаи (инсон) љомеъа вобастагї дорад. Кашфи бомбаи атомї илм, пешрафт, ихтироот аст. Аммо аз истифодаи он кї фоида кардааст? Бењтар мешуд, ки онро кашф намекарданд. Аммо оќилона истифода бурдани энергияи атомї на фаќат  зарар, балки ба љамъият фоидаи (неругоњи барќии атомї, киштињои зериобии атомї, тесњо ва ѓайра) бењамто меорад.

Нанотехнология низ тарафњои мусбат ва манфї дорад. Фаќат бошуурона муносибат намуда, ба инсоният ва олами атроф (экология) фоидаоварашро ихтироъ карда, истифода бурдан љолиби диќќат мебошад.

Дар замони њозира олимон биопласмасса бо усули нанотехнология ихтироъ намудаанд. Он аз маводњои биологї сохта шудаанд, ки дар натиљаи таъсири табиат (мисли чўб, ќоѓаз, алаф ва ѓайра) вайрон (мепўсад) мешаванд, муњити атрофро (экология) вайрон намекунад. Дар Љопон шишаеро ихтироъ намудаанд, ки баъди шикастан онро љо ба љо гузорем бе истифодаи ширечу коркарди технологї худ ба худ часпида њолати пештараашро мегирад.

Нанотехнология барои сохтани пластмассањое, ки љараёни электрикиро мегузаронад, магнитнок мешавад, имконият дорад. Истифодаи он арзон, сабук ва дарозмуддат аст. Чипси бо истифодаи усули нанотехнологї сохта, имконияти садњо  фармонро ќабул, коркард ва иљро намуданро доро мебошад, ки онњо фоидаи калон оварда њаёти инсонро бењ ва осон мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст