МАВЊУМЊОИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯИ ЗАМОНАВЇ
04 02 2018 admin Пока нет комментариевВазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо маќсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиљабахшии раванди он тањияи стандартњои фанниро ба роњ мондааст, ки стандарти фанни технология аз љумлаи онњост.
Вазорати маориф ва илм натиља ва дастовардњои ислоњоти соњаро, ки тайи солњои охир татбиќ гаштаанд, эътироф карда, дар асоси ба эътибор гирифтани таљрибаи љањонї стандарт ва барномањои навро њамчун як љузъи таркибии ислоњоти пурраи мундариљаи тањсилот тањия намудааст. Стандарти фанни технология љузъи таркибии силсилаи стандартњои фанни дар зинаи тањсилот аст. Стандарти њозира дар асоси салоњиятнокии таълим тањия шуда, талаботи стандартњои давлатии тањсилотро ба эътибор гирифтааст. Сохтор ва услуби пешнињоди стандарт тарзе интихоб шудааст, ки пањлуњои гуногуни раванди таълими фанниро фаро мегирад ва ба ин васила фаъолияти омўзгорро дар љараёни банаќшагирї ва таълиму арзёбї осон мегардонад. Тавре ки таљрибаи байналмилалї ва шароити кунунии Тољикистон нишон медињад, вобаста ба талаботи бозори мењнат ва инкишофи босуръати муносибатњои иљтимої, иќтисодї ва фарогирии њар чї бештари воситањои иттилоот (интернет, телевизион ва ѓайра) имрўз танњо бо дониш мусаллањ будан кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакањо муњимтарин роњи иљтимоишавии љавонон ва дастёбї ба натиљањои дилхоњ ба шумор меравад. Ин нуктаи муњим ва асосии стандарти навро ташкил медињад.
Дар љањони муосири зудтаѓйирёбанда ва пур аз носозињо толибилмон бояд сифатњои ташаббускорї, эљодкорї, навоварї, амалигардонї, таѓйирпазирї, уњдабарої, масъулиятшиносї ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд, ки он дар машѓулиятњои технология низ амалї гардонда мешаванд. Толибилмон бояд шахсони бомаърифати аз љињати маънавї-ахлоќї устувор ва кордоне бошанд, ки роњњои дастрас кардани ахбор (маълумот)-ро тавассути воситањои гуногун интихоб намуда, онро тањлилу таркиб ва арзёбї карда, масъалањои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилињои гуногуни таълимию њаётиро аён ва њал карда тавонанд, масъулияти худро дар назди ањли љомеа ва кишвар дарк намоянд.
Яке аз мушкилињои таълимоти технологии замона ташаккул ва инкишофи фаъолияти дарккунї (фањмиш) ва инкишофи хоњиши хондан доштани толибилмон мебошад. Дар њар намуди машѓулият шавќи толибилмро бедор карда фаъолияти дарсомўзиашро баланд намудан зарур мебошад. Бисёрињо фикр мекунанд, ки агар толибилм бодиќќат омўзгоро гўш карда бошад, машѓулият хуб гузашта њисоб менамоянд. Аммо дар њаќиќат ин тавр нашуданаш мумкин мебошад. Вай аз машѓулияти навбатї чї миќдор дониш азхуд кард, чї тавр (дуруст ё нодуруст) баёнотњоро ќабул намуд? Мушкилоти асосї дар њамин буда онро бо роњњои гуногун омўзгор мусбат бояд њал намояд. Барои њамин њам пеш аз њама баъди интихоби мавзўъи машѓулият салоњиятњо ва маќсади машѓулияти навбатї муайн карда мешавад. Ба фикри ман агар хато накунам салоњиятнокї ва маќсаднокї вазифаи замонавии зарури машѓулият буда, пойдевори онро иљро мекунад.
Дар њар як намуди машѓулият (маърўза, амалї, озоишї, КМРО, КМД) шавќу њавас, фаъолияти хоњиши хондан ва омўхтани толибилмро фаъол намуданаш зарур аст, ки дараљаи азхудкунии маводи пешнињод шударо баланд менамояд. Њамаи машѓулиятњо дар наќшаи корї (силлабус) дарљ шуда, матни њар як ќисмати (элемент) он дар наќша-конспект сабт карда мешавад, самаранокии машѓулият баланд мешавад. Тањлил кардан лозим аст, ки толибилм чї гуна дар машѓулияти навбати фаъолият намудааст ва чиро, чї миќдор азхуд намуда тавонистаст.
Омўзгор барои бедор ва баланд намудани фаъолияти эљодї, худомўзї ва худтарбиявии шогирдон кадом равиш, метод, шакл ва тарзи дарс, воситаи таълимро интихоб намудааст. Чунки интихоби дурусти ќисматњо (аспект) дар замони муосири тараќии босуръати техника ва технология яке аз масъалањои асосї ва њалкунанда мебошад. Чунин машѓулиятро ташкил намудан зарур мебошад, ки он ба инкишоф ёфтани сифатњои њаматарфаи шахсии толибилм, пайдо намудани системаи малакањои амалию назарявї (фикрї), њама намуди таълим, тарбия (илмї, техникї-технологї, амалї, зебоишиносї ва ѓайра) ва сохту тарзи умумии интихоби дурусти касбро дар бар гирад.
Дар замонаи мазкур чунин салоњият ва тарзи ташкили машѓулият асосї ва зарурї мебошанд, ки натиљаи хуб мебахшад. Тавре ва чизеро омўзонидан лозим аст, ки ба инкишофї њамаи сифатњои шахсии толибилм таъсири мусбат расонида тавонад, дар њаёт тадбиќ шавад ва онро ба љараёни илмомўзию интихоби бошууронаи касб равона намояд. Дар равиши омўзонидани тарошидани чўб на фаќат чўб ва методњои тарошидани онро, балки дар баробари ин намудњои чўб ва асбобњои коркарди (искана, парма, ранда, ќисмњои ранда, танзимкунї ва тезкунии теѓи онњоро) онро омўзонидан лозим аст. Дар ин њолат инкишофи њамаи сифатњои толибилмї ва љањонбинии васеъи илмии онњо муяссар мегардад.
Кори таълим ва тарбия, ки бо њамдигар зич алоќаманд мебошанд, дар њамљоягї ќадам мемонанду басо мушкилу мањоратталаб аст. Бењуда нагуфтаанд омўзгор санъаткор аст. Санъаткор дар сањна симоро офарад, омўзгор дар синф илму адаб, шахсро меофарад.
Маълумотњои (баёнот) омўзгор содда, диќќатљалбкунандаю шавќовар, на мураккабу дилгиркунандаю камфањмо бошанд. Дар ин марњила интихоб ва истифодаи воситањои таълим, маводњои таълимї, тарзи бо њам алоќаманд пешкаш намуда тавонистани маълумотњои назариявию амалї аз љониби омўзгор вазифаи муњими таълимиро иљро мекунад.
Дар 37 соли собиќаи кории педагогиам дар донишгоњи мазкур ба хулоса омадам, ки инкишофи фаъолияти дарккунї ба хотираи хондан, дидан, шунидан ва хусусан шунидану дидан алоќамандии зич дошта, аз тарзи пешнињоди маводи таълимї ва мањорату санъати омўзгор вобастагии калон дорад. Нутќи омўзгор, оњанги овоз (интонасия), буррогии суханронї, таъсирбахшии баёнот (гуфтор) истифодаи калимањои соддаи оммафањм (адабї) дар мадди аввали равиши таълим бояд истад.
Тадќиќотњои кориам нишон доданд, ки 15-25 % шунидан, 30-40% дидан ва зиёда аз 50-60% шунидаю дидаро толибилмон азхуд менамоянд.
Доимо ба замъ намудани донишу малакањои амалї на ба кам намудни он кўшиш намудани толибилму омўзгор зарур аст. Ќайд намудан зарур мебошад, ки омўзгор дар ин раванд вазифаи асосиро иљро менамояд.
Агар ба барнома ва маводи таълимии фаннњои техникї-технологї назар афканем маълум мегардад, ки (бинобар сабаби њаётї будани фаннњои техникї-технологї) кулли мавзўъњо имконияти баёну (гуфтан) нишон (дидан) доданро доранд. Толибилмон махсусан дар њолати худкўшишкунї, бо масъулият дарс омўхтан ба муваффаќиятњои омўхтани илм ва пайдокунии малакањои амалї ба ќуллањои илмї мерасанд. Яъне ањли синф ва омўзгор якљоя (коллективона) амал бояд кунанд. Њамаи ин (нуќтаи назар) љанбањоро омўзгор санъаткорона, диќќатангез, моњирона, бо нозукї идора намуда тавонад.
Бинобар ин истифодаи чунин усул ва воситањои таълим низ шарти зарурии босамари маќсаднокї ва саллоњиятнокии равиши машѓулиятњои таълимии фанни технология мебошад. Њуљљати асосї барои таъмини љамъи (комплекси) корњои методї – барномаи таълими, силлабус сабти матни (наќша-конспект) машѓулият буда, муайянкунандаи мундариљаи равиши таълим (вобаста ба талаботњои истењсолоти замонавї ва прогрессии илмї-техникї) мебошад. Маљмўъи (комплекс) воситањои таълим, метод ва намудњои машѓулият мундариљаи асосии барномаи таълимиро њатман дар бар гирифта, барои бењтар омўхтани масъалањои таълимию тарбиявї кўмак расонада тавонад. Воситањои гуногуни таълимї таъинот ва вазифањои гуногунро дошта, барои осон, шавќовар ва фаъол гардидани раванди таълим кўмак мерасонанд.
Дар љањони имрўза вобаста ба талаботи бозори мењнат ва инкишофи босуръати муносибатњои иљтимої, иќтисодї ва фарогирии њар чї бештари воситањои ахбор (интернет, телевизион ва ѓайрањо) танњо бо дониши замонавї таъмин будани толибилмон кифоя набуда, истифода бурдани донишу малакањо муњимтарин роњи иљтимоишавї ва ноил гардидан ба натиљањои дилхоњ зарур мебошад.
Солњои охир масъалаи таѓйири муносибат ба таълим ба миён омадааст. Тамоми дунё дар бораи бењтар кардани сифати таълим бањс мераваду роњњои бењтар намудани он дар љусту љуй аст. Њуљчате, ки толибилм соњиб мешавад, ба он дониши мукаммал, малакањои хуби амал, љањонбинии васеъи илмї ва ѓайра њамроњи намояд, ки он талаботи якуминдараљаи замонаи бозоргонї мебошад.
Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кўшиш менамоянд, ки низоми таълимро њамќадами замон гардонда, барои ба низоми ягонаи тањсилоти љањонї ворид намудани тањсилоти миллї тадбирњо андешанд. Соли 2012 Њукумати Љумњурии Тољикистон «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020»-ро ба чоп расонд. Таълими ба ташаккули салоњиятнокї равонагардида, ки њарду вазифаи тањсилотро вобаста ба натиљаи он муайян менамояд, салоњиятњои асосии таълими хонандаро дар баробари дониш, мањорат ва малака ба сифати яке аз натиљањои тањсилот баррасї намояд.
Мундариља ва фаъолияти таълим бояд ба њозира ва оянда нигаронида шуда бошад. Яъне, ахбор, маълумот, ќоидањое, ки дар раванди таълим аз худ карда мешаванд, ба њаёти воќеї алоќа буда, ба оянда замина гузорад. Ин боис мегардад, ки таълимгирандагон мавќеи худро дар чањорчўбаи илмии замона пурра муайян мекунанд ва нуфузи таълим баланд гардида, хоњиши хондану донистану тавонистану эљод намудан зиёд мегардад. Ин сатњи њавасмандии толибилионро ба таълим (гирифтани донишу малакањои амалию эљодкорї) баланд мегардонад. Яъне онњо дарк мекунанд, ки дониш чї бузургї (ќудрат) дорад ва онро барои чї омўзанд, кай ва дар куљо истифода баранд.