Открыть меню

Илмат ба амал чӯ ёр гардад

Илмат ба амал чӯ ёр гардад
Илмат ба амл чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад. Низоми Ганҷавӣ Дар «Қуръон»-и маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург гуфта шуд, ин калимаи «бихон» мебошад. Ин ҷой ҳикмате нуҳуфта аст, ки арзишашро бо моли ҷаҳон наметавон бар кашид. Маҳз тавассути хондану омӯхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд ҳақбин мебошад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҳо мерасад. Пайғамбари ислом (с)...Давом »

Бунёди сохтмонҳои азим бунёди рушди кишваранд.

Бунёди сохтмонҳои азим бунёди рушди кишваранд.
Пешрафти давлатро бе сохтмонҳои азим тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Давлатҳои тараққикарда дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз давлатҳои қафомонда ба шумор мерафт, соҳаи саноат инкишоф наёфта буд. Маскав аз сохтани иншоотҳои азим дар ин ҷумҳурӣ дурӣ меҷуст. Дар даврони Шӯравӣ сохтани Нақби Анзоб ва нерӯгоҳи барқии Роғун ба нақша гирифта шуда буданд, вале бо ҳар баҳона оғози кор ба қафо партофта мешуд. Ба ҳамагон...Давом »

ЧАРОЃИ ХОНА МЕГУЯНД ЗАНРО…

ЧАРОЃИ ХОНА МЕГУЯНД ЗАНРО…
Оре, зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад. Такя бар вуҷуди ҷаҳону инсонофарини зан — модар такя бар Яздони пок аст. Зан ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда,...Давом »

Касбе, ки ман интихоб кардам.

Касбе, ки ман интихоб кардам.
Касбу њунар бењ аз зарри падар Њунар чун мушк бувад, мушк кай нињон гардад?! Шуѓли инсон ганљи бепоён аст. Ободї ва осудагии рўзгори мардумон аз касбу кори онњо вобаста мебошад. Њар як фард бояд пешае дошта бошад, то дар зиндагї хору зор нагардад. Фирдавсии Тўсї арзиши њунарро аз њама боло медонад: Њунар бењтар аз гањвари номдор, Њунармандонро гавњар ояд ба кор. Туро бо њунар гавњар асту хирад, Равонат њаме аз ту ромиш барад. Њунар зодаи дониш аст. Илму хирад љањонро рўшаниандоз мебошанд....Давом »

Китоб мўниси љону дил аст.

Китоб мўниси љону дил аст.
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст. Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу...Давом »

Солњои мактабии ман.

Солњои мактабии ман.
Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст, Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст. Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб, Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст. Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад....Давом »

Чаро расму оинњоро ба танзим медароранд?

Чаро расму оинњоро ба танзим медароранд?
«То расму ойин ва маросимхои милливу динни худро ба як низоми муайян надарорем ва харооти бењудаву зиёдати мардумро аз байн набарем, ба ќабули татбиќи барномахои давлатї ва сарфи маблаѓњои зиёд дар масъалаи паст кардани сатњи камбизоатии ањолї ба натиљањои дилхоњу назаррас ноил шуда наметавонем.» Эмомалї Рањмон Анъана ва љашну маросимњо њамчун омили муњими зуњуроти иљтимої зарурат ба танзим дошта, мутобиќи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солњои охир аз њад зиёд сермасраф...Давом »

ШАРАФИ ОДАМӢ АЗ ИЛМ БОШАД

ШАРАФИ ОДАМӢ АЗ ИЛМ БОШАД
Илм ба кор судманд бувад, Илми бекор пойбанд бувад. Илм, дониш, маърифат, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфта аст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф...Давом »

Ифтихорам аз ватан дорем.

Ифтихорам аз ватан дорем.
Тоҷикистон, меҳри покат дар дилу ҷони ман аст, Офтоби шӯълапошат соя бар сад гулшан аст. Меҳри поки мардумат меҳри бузурги модарон, Мардуми меҳмоннавозат фахри даврони ман аст. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандони шӯҳратёр аз қабили Турсунзодаву Миршакар, Лоиқи роздону нуқтафаҳм ва...Давом »

Оѓўши модар-бињишти инсон.

Оѓўши модар-бињишти инсон.
Як шаба он ранљ, ки модар кашид, Бо ду љањонаш натавон баркашид. Модар ќиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муњаббати бекарон, њимматбаландтарин шахси башарият аст. Мањз мењри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Зањмати шабонарўзї, бедорхобї, пурбардории ў танњо ба худаш хос буда, касро ба њайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кўдакї ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Канори модар худ мактаби аввалини њаёти мост. Ба зери...Давом »
Страница 7 из 15« Первая...56789...Последняя »

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст