ВИКТОРИНАИ МАТЕМАТИКИ
27 09 2017 admin Пока нет комментариевВазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе
Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
байни синфҳои 8 “ᵃ” ва 8 “ᵟ” .
Мавзӯъ: _______________________________________________.
Душанбе – 2012
Қисми I
Саволнома аз фанни математика
- Шикорчӣ ба сӯи 7 мурғони дар шохи дарахт нишаста тир парронд. Як мурғ ба замин афтид. Дар шохи дарахт чанд мурғ боқӣ монд?
- Ин чӣ бошад, ки ду каллаву ду даст ва шаш пой дорад, вале дар роҳгардӣ фақат чор пой?
- Ду нафар ҷӯйкан дар 2 соат 2м ҷӯй канданд. Чанд нафар ҷӯйкан дар 5 соат 5м ҷӯй мекананд?
- Рақами 1-ро 6 маротиба истифода бурда, адади 100-ро нависед. Масъала чанд ҳал дорад?
- Фарҳод барои ҳамаи шарикдарсонаш як миқдор қанд овард. Агар ба ҳар як хонанда 3 донагӣ қанд диҳад, он гоҳ 7 дона қанд боқӣ мемонад ва агар 4 донагӣ қанд диҳад, 7 дона қанд намерасад. Синф чанд нафар хонанда дошт?
- Ба тарафи чапи адади 107 рақамеро ҳамроҳ кунед, ки адади ҳосилшуда ба 9 тақсим шавад.
- Дар тарафи рости адади 329 рақамеро ҳамроҳ кунед, ки адади ҳосилшуда ба 5 тақсим шавад.
- Оё дуруст аст, ки фарқи ду ададҳои содда ҳамеша адади содда мешаванд?
- Адади 38-ро бо чанд тарз дар намуди суммаи ду ададҳои содда навиштан мумкин аст?
- Ба тарафи рости адади 214 рақамеро ҳамроҳ кунед, ки адади ҳосилшуда ба 3 тақсим шавад. Масъала чанд-то ҳал дорад?
Ададаҳои аз 1 то 16-ро дар катакҳои ҷадвал чунон ҷойгир кунед, ки суммаи ададҳои дар ҳамаи сатру сутунҳо ва диагоналҳои асосӣ ҷойгиршуда ба 34 баробар шавад.
Қисми II
Саволнома аз фанни геометрия
- Шакли геометрие, ки қисмҳо надорад.
- Кунҷ. Намудҳои кунҷ. (таъриф).
- Чоркунҷа чист? (росткунҷа, квадрат, ромб, параллелограмм, трапетсия) (таърифҳояш).
- Суммаи кунҷҳои секунҷа ва чоркунҷа ба чӣ баробар аст?
- Периметри секунҷа, чоркунҷаро нависед.
- Секунҷаро гӯед. (намудҳои секунҷа).
- Теоремаи Пифагорро гӯед. (формулааш).
- Давра чист? Формулаи дарозии давраро гӯед. (радиус, хорда, диаметр, камон).
- Формулаи масоҳати доираро гӯед.
- Қиматҳои градусии кунҷҳои тез, рост, кунд ва кушодро гӯед.