Открыть меню

ТАДЌИЌОТИ РАЌИБОН

САРСУХАН

  1. МАФЊУМ ВА МОЊИЯТИ РАЌОБАТ
  2. НАМУДЊОИ РАЌОБАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОРЇ, ТАЊЛИЛИ ЧАНДИРИИ ТАЌОЗОЮ АРЗА
  3. РАЌОБАТИ МОНОПОЛЇ ВА ТАЊЛИЛИ СОЊАВИИ ОН

ХУЛОСА

РЎЙХАТИ АДАБИЁТЊОИ ИСТИФОДАШУДА

 

Сарсухан

Эхё ва густариши раќобат аз давраи ташаккули истењсолоти молї оѓоз меёбад.

Тибќи аќидаи марксизм, раќобат хислати хоси истењсолоти молї буда, дар мояи моликияти хусусї ба воситаи истењсолот, муносибатњои оштинопазирї оиди ба даст овардани шароити мусоидтарини истењсол ва фурўши молњо ва дар ин асос таъмин кардани механизми худсаронаи љамъиятї сурат мегирад.

Сотсиалстони хаёлї (Ш. Фуре, Р. Оуэн) тањти раќобат парокандагии неруи мамлакат, муборизаи байни њамдигарї, шакли табдилгаштаи љанг ва ѓоратгариро тасаввур мекарданд.

Мављуд будани раќобат имкон медињад, ки:

— њангоми истењсол аз захирањои молї, пулї,  мењнати самаранок истифода баранд;

— комёбию нодирии захирањо њис карда шуда б истењсолот мутобиќ гардонида шаванд;

— сари ваќт њис кардану таѓйирот даровардан ва воридсозии навоварию ихироотњо ба раванди истењсолот;

— коркарди тарзу услуби ташкил ва идораи истењсолот;

Баробари афзалият баъзе камбудихои раќобат низ вучуд дорад, ки он аз руи камбудињои бозор сар мезанад.

— њирси раќибї, фоидаљуї, раванди истифодаи захирањои камёбу нодирро тезонида, такрористењсоли онро барќарор намегардонад;

— њаду худуди адолати иљтимої надорад: муњити зист ва њифзи инсону табиатро ба души худ надорад, барои инкишофи соњањои умум – илм, маориф, тиб, њавзањои зерсохти истењсолию иљтимої аз љумла роњ, наќлиёти умум, хољагидории шањру дењот мусоидат намекуна; барои ба даст овардани даромад, њуќуќ ба мењнат, истироњатро кафолат намедињад.

Бидуни рақобат ҳатто давлатҳои пешқадам нишонаҳои зарарҳоро ҳис накарда метавонанд ба таназзул рӯй оваранд. (Дж.Грейсон. К.О. Делл)

Ба асоси тадқиқоти  рақобат , А. Смит, Д.Рикардо, К. Маркс  ба назарияи рақобати мукаммал ва Ҷ. Робинсон, Э. Чемберлин ба назарияи рақобати номукаммал саҳми худро гузоштаанд.

1.Мафњум ва моњияти раќобат

Рақобат аз калимаи  лотинии «concurrentia» гирифта шуда, маъноҳои рақибӣ, ҳарифӣ, мусобиқа, зӯрозмоӣ ва ғайраро дорад. Асоси дигари он аз калимаи франсузии courir – давидан, concour –дав, concurrence  давидан ҳамроҳи (якҷоя бо) рақибон, меояд. Ҳамчунин concurrere – и итолявӣ.

Мувофиқи ақидаи К.  Маркс Рақобат – ин шакли антогонии мусобиқаи иқтисодӣ ва муборизаи байни соҳибкорон барои  шароитҳои беҳтари сармоягузорӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи  зиёдтар мебошад.

И. Шумпетер рақобатро чун дигарон мубориза намеҳисобад, балки ин мусобиқаи нав бо кӯҳна, ки имрӯз ё фардо нав кӯҳнаро гузашта болотар мешавад; технологияи нав, молҳои нав, шаклҳои нави ташкилӣ, истеҳсолот, шаклҳои нави идоракунӣ ва ғ мегӯяд.  Шояд  Шумпетер  бар он навовариҳои ташкилию технологӣ ҷудо карда бо соҳибкорӣ ҳамроҳ карданист. Фон Хек рақобатро раванди кушода меҳисобад. Ҳангоми вуҷуд доштани рақобат  шароитҳои  самараноки истеҳсоли маҳсулот, маълумотҳои нави дастнорас оид ба захираҳо, технология, ояндабиниҳо дар бораи шароитҳои  ноошкори ҷамъият  ба миён меояд.

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омада, метавонем ба рақобат чунин қоида диҳем:

Аз як тараф рақобат –ин мусобиқаи иқтисодӣ барои гирифтани натиҷаҳои хуб дар ягон соҳаи фаъолият, муборизаи молистеҳсолкунандагон барои шароити беҳтари хоҷагидорӣ ва гирифтани фоидаи баланд мебошад.

Аз тарафи дигар – ин  таркиби механизми бозорие мебошад, ки алоқамандии байниҳамдигарии субъектҳои бозориро дар соҳаҳои истеҳсолот, фурӯши маҳсулот ва  сармоягузориву маблағгузорӣ таъмин менамояд.

Аз рӯи шаклу намуд, рақобат системаи андоза(ченак) ва қоидаҳои  ташкилкунӣ, дастур ва методҳои  амалиёти бозории сохторҳои давлативу хусусиро нишон медиҳад.

Рақобат ҳамчун раванди иқтисодӣ метавонад дар шакли  маҷмӯи амалиётҳои муайяни субъектҳои хоҷагидорӣ нишон дода шуда бошад. Ин амалиётҳо дар намуди даври иқтисодӣ якҷоя мешаванд, ки равандҳои зерини такрористеҳсолро дар бар мегиранд:

  • Ташкили элементҳои молу ашёии истеҳсолот ва коллективи меҳнатӣ.
  • Ташкил кардани истеҳсолот, хизматрасонии он бо ашёи хом, масолеҳ, полуфабрикатҳо ва ҳам муносибати он бо ташкилотҳои истеҳсолӣ, молиявию қарзӣ ва лоиҳавӣ дар асоси подош.
  • Рақобатпазирии маҳсулотро таъмин кардан.
  • Фурӯши маҳсулот бо ченакҳо аз рӯи ҳаҷм, вақт ва ҷои амалишавии он муайяншуда.
  • Аз ҳисоби фоида тартиб додани фонди инвеститсионӣ ва истифодаи он барои инкишоф додани истеҳсолот.

Сатҳи муборизаи рақобатӣ бештар аз «даври ҳаётӣ» вобаста мебошад, ки дар раванди он ҳаракати маҳсулот аз аввал то ба гирифтан аз истеҳсолот давом меёбад. Он ба 4 давр тақсим мешавад:

  • Ҷорӣ кардан, аз худкунии маҳсулоти нав. Дар ин давр ҳаҷми фурӯши маҳсулот ночиз буда, нархи маҳсулоти истеҳсолшаванда баланд мебошад.
  • Рушд, вақте ки зиёдкунии ҳаҷми маҳсулот, рушди тақозо ва нигоҳ доштани сатҳи баланди нарх ба амал меояд.
  • Расидагӣ ё мукаммал, вақто ки ҳаҷми истеҳсолот ба дараҷаи ниҳоӣ(максимум) мерасад, серӣ ва пурии тақозо ба вуҷуд меояд, суръати рушд суст мешавад, рақобат авҷ мегирад ва нарх паст мешавад.
  • Кӯҳнашавӣ ва ё фарсудашавӣ, интиҳоӣ. Дар ин давр тақозо ба маҳсулот то ба сатҳи минимум мерасад, ҳаҷми истеҳсол кам мешавад ва сатҳи муборизаи рақобатӣ паст шуда, қисми зиёди маҳсулот аз истеҳсолот гирифта мевашад ва ивазкунӣ ба шакли нави он оғоз меёбад.

Бояд дар назар дошт, ки ҳангоми ташкили рақобат , субъектҳои хоҷагидорӣ бо методҳои нораво ба рақибон таъсир мерасонанд. Ин намуди фаъолият дар адабиёт номи « рақобати ноадолатона» — ро гирифтааст. Ҳамин тавр субъектон ба бадномкунии рақибон ва маҳсулотҳои истеҳсолкардаи онҳо даст мезананд. Ба шумораи бадномкуниҳое, ки зиёдтар паҳн шудаанд,  дохил мешаванд:

  • Паҳнкунии маълумоти бардурӯғ ва беасос дар бораи рақибон.
  • То ба истеъмолкананда расонидани маълумотҳои овозашуда оид ба хусусият, восита, сифат ва ҷои тайёркунии маҳсулот.
  • Ғайриқонунӣ истифода кардани нишона, рамз ва номи фирмавии рақиб.
  • Реклама кардани моле, ки ба тақозои стандартиву сифатӣ ҷавобгӯ нест.
  • Истифодаи муқоисакуниҳои нодурусти молҳои рақиб.
  • Худсарона истифода кардан ё ошкор кардани молҳои бадномшудаву махфӣ, илмӣ – техникӣ ва дигар маълумотҳо. Мубориза бо қонунвайронкуниҳои нишондодашуда аз тарафи А.Смит бурда мешавад. (агентии зиддимонополӣ)

Ақидаи « бе рақобат, системаи бозорӣ вуҷуд дошта наметавонад» — ро   зери диққат қарор додан бисёр муҳим аст.

Агар рақобат вуҷуд надошта бошад, бозор наметавонад вазифаҳои навоваронаи худро иҷро кунад, наметавонад оғози эҷодкорӣ ва ташаббускориву ҷӯяндагии субъектони бозорро ошкор намояд, наметавонад ҳамаи он чизҳоро муайян  намояд, ки ба хотири онҳо бозор ҳаракатдиҳандаи инкишофи инсоният мебошад.

Рақобат – шароит ё воситаи дарокориву кифояе мебошад, ки такрористеҳсоли миқдории системаи бозорӣ ва оғози худидоракуниву худислоҳкунии онро таъмин менамояд.

Ҳар як субъектро дар бозор шавқу рағбати шахсӣ-иқтисодии он ҳаракат медиҳад. Бе ягон чиз, дошта натавонистани  шавқи шахсию тамаъкоронаи субъектони хоҷагидорӣ, метавонад фаълияти босуботи хоҷагидории бозориро барҳам диҳад ва ба завқи иҷтимоиву иқтисодии ҷамъият таъсири манфӣ расонад. Монеаи асосие, ки дар роҳи инкишофи номусоиди  ин воқеа мехобад , ин рақобат мебошад. Дар шароити вуҷуд доштани рақобат, барои ба даст овардани фоидаи зиёдтар, шавқи шахсӣ-иқтисодии як субъет субъекти дигариро бо қувваи зиёд  ҳаракат медиҳад. Барои дар муборизаи рақобатӣ ғолиб омадан, амалиётҳои пасткунии хароҷот ва нархи маҳсулот, баландбардории сифати он, истеҳсоли молҳои ба тақозо ҷавобгӯ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки рақобат ҳамчун пуркунанда ва зидқувваи эгоизми(манманӣ) фаъолияти соҳибкорӣ баромад мекунад. Он фаъолияти хоҷагидории худро ба завқи тамоми ҷамъият равона мекунад.

2. Намудњои раќобат дар шароити бозорї

Рақобати озод ба моликияти хусусӣ ва маҳсурияти (ҷудо будани) хоҷагидорӣ асос ёфтааст. Алоқаи байни истеҳсолгарон танҳо тавассути бозор амалӣ гардонида мешавад. Сатҳи баланди рақобатпазирӣ он вақт ба вуҷуд меояд, ки агар як фирмаи алоҳида ҳангоми фурӯши маҳсулоти худ амалан ба шароити фурӯш дар бозор таъсир намегузорад.

Умуман барои рақобати мукаммал иҷрои шароитҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

— Ҳаҷми истеҳсоли фирмаи дигар беаҳамият буда,  ба нархи фурӯши моли ин фирма дахолат намекунад.

— Моли ба фурӯш пешниҳодкардаи ҳар як истеҳсолкунанда якхела мебошад.

— Харидорон аз нархҳо хуб хабардор ҳастанд ва агар касе нархро баланд бардорад, харидорони худро аз даст медиҳад.

— Фурӯшандагон мувофиқи созиши нарх баромад намекунанд ва аз ҳамдигар бевосита алоқаманд мебошанд.

— Фирмаҳо, истеҳсолгарон метавонанд озодона ба ин соҳа дохил шаванд ва ё хориҷ шаванд.

Вақте ки майли эгоистии шахсони алоҳида барои гирифтани фоидаи шахсӣ- иқтисодӣ ба неъматҳои умумии ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд, риоя кардани шароитҳои фурӯш, муносибати озодонаи байни фурӯшндаву харидоронро таъмин менамояд. Рақобати мукаммал — ин шароити ташкили механизми бозорӣ, ташкили нарх ва худсозии системаи иқтисодӣ тавассути расидан ба ҳолати мувозинатӣ мебошад. Рақобати бозорӣ як қатор камбудиҳо ва бартариҳои муайян дорад.

Бартариҳо:

  • Барои истеҳсоли молҳои зарурии ҷамъият ба самараноктар истифода шудани захираҳо мусоидат мекунад.
  • Ҳангоми тағйирёбии шароитҳои истеҳсолӣ, ба зарурии тез одат кардан ва сахт мутаассир шудан даъват мекунад.
  • Шароити оптималии истифода кардани дастовардҳои илмӣ-техникиро дар соҳаҳои сохтани намудҳои молҳои нав, ҷорӣ кардани техника ва технологияи нав, коркарди методҳои мукаммалтари  ташкил ва идораи истеҳсолот, фароҳам меоварад.
  • Озодии интихоб ва муносибати истеъмолгару истеҳсолгарро таъмин менамояд.
  • Ба истеҳсолкунандагон барои қонеъ гардонидани тақозоҳои гуногун ва баланд бардоштани сифати молу хизматҳо мақсад мегузорад.

 

Камбудиҳо:

  • Ба муҳофизати захираҳои такрористеҳсолнашаванда (ҷангал, ҳайвонҳои ваҳшӣ, баҳру уқёнусҳо) мусоидат намекунад.
  • Муҳофизати гирду атрофро манфӣ гуфтан мумкин аст.
  • Инкишофи истеҳсоли молу хизматрасониҳои истифодаи ҷамъиятиро таъмин намекунад.(роҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғ)
  • Ба инкишофи илмҳои базавӣ, системаи маълумотҳои ҳамагонӣ ва бисёр қисмҳои  хоҷагидории шаҳрӣ шароит фароҳам намеоварад.
  • Ба ҳуқуқ ба меҳнат, даромад ва истироҳат кафолат намедиҳад.
  • Механизми монеашавӣ ба адолати ҷамъиятии пайдошаванда надорад ва ҷамъиятро ба табақаҳои бою камбағал ҷудо мекунад.

Бозори рақобати мукаммал одатан дар зинаҳои миёнаи инкишофи иқтисодиёти бозоргонӣ ба саҳнаи фаъолият мебарояд. Албатта, амалан ҳеҷ гоҳ бо мазмуни мутлақ бозори рақобати  мукаммал ҷой надошта бошад ҳам, аммо барои тасвироти дар илм қабулшуда ҳамин нишондод ҳам дуруст буда метавонад. Шартҳои амалию ногузири мавҷуд будани таркиби бозори рақобати мукаммал инҳо мебошанд:

  • Ҷой доштани харидорону фурӯшандагони бешумор;
  • Сатҳи баланди ҳаракатнокию зудбаландшавии омилҳои истеҳсолот;
  • Ҷой надоштани монеаҳои ба бозор ворид шудан ва аз вай баромадан;
  • Ягонагии маҳсулоти фурӯхташаванда
  • Имконоти баробари ба даст овардани ахборот.

 

Мавриди бо ин ё он сабабе аз байн бардошта шудани як ё чанде аз ин шартҳо таркиби бозор дигаргун шуда, вай таркиби бозори рақобати номукаммалро ба худмегирад.

Маънидоди ниҳоят мухтасари рақобати мукаммал ҳамон хел буда метавонад, ки вай амалан ба иқтисодиёти бозаргонии дар давраҳои аввали инкишоф қарордошта хос мебошад.

Рақобати мукаммал – чунин таркиби муносибатҳои бозорие мебошад, ки мавриди ҳукмронии вай истеҳсолот ва мубодилаи молӣ аз маҳдудиятҳо эмин буда, шумораи хеле зиёди истеҳсолгарону фурӯшандагон якбора фаъолият мебаранд. Ҳар як фирма ҳамчун хоҷагии майдаи молӣ миқдори нисбатан ночизи молҳову хадамоти ҷудогонаро ба бозор бароварда, онҳоро дар асоси нархҳои борории зери таъсири тақозоу пешниҳод ташкилёбанда мефурӯшад. Ҳеҷ кадоме аз фурӯшандагон иқтидори таъсир расонидан ба нархро надорад, ё ин ки вай хеле ночиз мебошад, бинобарон вазъи бозорро тағйир дода наметавонанд.

Ин ҳолат истеҳсолкунандагони молро водор месозад, ки ҳар яке доимо дар ҳолати ҷустуҷӯӣ қарор дошта бошад ва роҳу василаи ба харҷи камтар дарёфтани пешниҳоди молро истифода бурда тавонанд. Онҳое, ки харҷашон ба воҳиди мол камтар мешавад, молашонро дар бозор бо нархи дилхоҳи умумӣ фурӯхта, дар натиҷа фоидаи зиёдтар ба даст меоваранд ва бо ҳамин роҳ шукуфоии фаъолияти хоҷагии худро таъмин мекунанд. Хуллас, ҳар як пешниҳдкунандаи мол қодир аст, имконоти кам кардани хароҷоташро дарёбад ва аз ин кӯшиши худ натиҷаи дилхоҳи иқтисодӣ ба даст оварад. Ин натиҷа афзоиши фоида мебошад. Маҳз бо ҳамин сабабҳо ҳам олимони зиёд рақобати мукаммалро воситаву манбаи ягонаи пурқуввати равнақи хоҷагии молию истеҳсолоти сармоядорӣ медонанд ва ин ҳолат аз таҷрибаи ҳаётии одамон об мехӯрад.

Механизми тақозо ва арза  дар шароити рақобати мукаммал.

               Муносибатҳои бозорӣ ҳамеша бо муносибатҳои ҷуфт – фурӯшанда ва харидор нишон дода мешаванд. Ин муносибатҳо дар шакли алоқаи байни истеҳсолу истеъмол ба сифати тақозову арза баромад мекунанд.

Рафтори истеъмолкунандаву(харидор) истеҳсолкунанда(фурӯшанда) бо 2 қонун муайян карда мешавад.

  1. Бо қонуни тақозо – дар шароити вуҷуд доштани мувозинат, харидор ҳангоми паст шудани нарх моли зиёд ба даст меорад ва ҳангоми баланд шудани нарх моли кам.
  2. Бо қонуни арза – боз ҳамон ҳолат бетағйир монад(мувозинат), фурӯшанда ҳангоми баланд будани нарх моли зиёдро пешниҳод мекунад ва баръакс.

Барои мисол тақозоро ба воситаи ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш пешниҳодшуда ва нархи он  тасвир мекунем, онгоҳ мо хати каҷи тақозоро дучор меоем, ки вобастагии муайяну зичи « чӣ қадаре, ки нарх паст бошад, ҳамон қадар  тақозо меафзояд» — ро  ифода мекунад. Тақозои бозорӣ маҷмӯи тақозоҳои харидорони моли муайянро бо нархи он нишон медиҳад. Инро дар каҷхатаи 1.1 ва ҷадвали 1.1 нишон додан мумкин аст.

Ҷадвали 1.1

Тақозо ва арза ба қаҳва дар бонкҳо

 

Нарх Тақозо Арза Нарх Тақозо Арза
1 2 3 4 5 6
0 400 0 700 200 300
100 350 100 900 100 350
300 300 200 1000 50 450
500 250 250

Ҳангоми баланд шудани нарх, тақозо кам мешавад, вале арза зиёд мешавад. DD – каҷхатаи тақозо ва SS – каҷхатаи арза мебошад. Агар мо каҷхатаи тақозо ва каҷхатаи арзаро ҳамҷоя кунем, онгоҳ мо метавонем мувозинати бозориро муайян намоем, ки дар нуқтаи Е ҳангоми  буриши каҷхатаҳои DD ва SS пайдо мешавад. Нархи дар нуқтаи Е- ро нархи мувозин меноманд. Дар ин нуқта байни тақозову арза мувозинати бозорӣ сохта мешавад. Дар нархи 250 камистеҳсолкунӣ (камчинӣ, дефитсит) дар ҳаҷми А1В1 ва дар нархи 700 – барзиёдистеҳсолкунӣ(зиёдатӣ) дар ҳаҷми АВ ба вуҷуд меояд.

Аз ин ҷо ба хулосае меоем, ки ҳангоми вуҷуд доштани  рақобати мукаммал механизми бозорӣ бо ёрии ҷунбиши(пату баландшавӣ)  нарх ва ивазшавии ҳаҷми маҳсулоти пешниҳодшаванда, баробариро байни тақозо ва арза ба вуҷуд меорад ва бозор ҳолати мувозинатиро мегирад.

Каҷхатаи 1.1

Дар сатҳи микро мувозинати умумӣ ва мувозинати алоҳида ё гурӯҳиро ҷудо мекунанд.

Мувозинати умумӣ дар бозор онгоҳ бо вуҷуд меояд, ки агар баробарӣ миёни маҷмӯи истеҳсолоти ҷамъиятӣ(маҷмӯи арзаи молу хизматҳо) ва ҳаҷми даромади миллӣ, ки барои истеъмол пешбинӣ карда шудааст, яъне баробарӣ байни қобилияти харидории аҳолӣ ва арзаи молу хадамот ба вуҷуд ояд.

Мувозинати алоҳида ё гурӯҳӣ. Маҷмӯи истеҳсолоти ҷамъиятӣ аз гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо, ки аз тарафи истеҳсолгарони алоҳида бароварда мешаванд ва ба гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ фурӯхта мешаванд. Дар ин ҳолат, ҳангоми маҷмӯи мувофиқоӣ аз рӯи гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо, мумкин аст ҳам аз тарафи тақозо ва ҳам аз тарафи арза майлёбӣ зоҳир шавад. Вале зиёдшавии фурӯши як гурӯҳи молҳо, дар чаҳорчӯбаи маҷмӯи мувофиқоӣ , камшавии фурӯши  дигар гурӯҳи молҳоро нишон медиҳад. Масалан: камшавии фурӯши  маҳсулоти гӯштӣ бо зиёдкунии фурӯши маҳсулоти нонӣ ҷуброн карда мешавад.

Тақозои умумии молӣ мувофиқи таркиби ҷамъият (шуғл ва бекорӣ, таносуби шуғли мард ва зан, таносуби калонсолон ва хурдсолон, коргарон ва нафақахӯрон ва ғ), истеҳсолоти ҷамъиятӣ( истеҳсоли гурӯҳи гуногуни молҳо), завқи гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, сатҳи инкишофи техника ва шароити истеҳсоли ин ё он молҳо, сатҳи тақозо ба  воситаҳои истеҳсолот (ашёи хом, масолеҳ, иншоот) ва  предмети истеъмол ба қисмҳо ҷудо мешавад.

Гурӯҳбандии тақозо ба ашёи истеъмол ҳамчунин аз табақаҳои ҷамъиятӣ( таркиби истеъмоли оилаҳои коргар, оилаҳои зиёиён, соҳибкорон, коргарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра) вобаста мебошад. Таъмин кардани мувозинат мувофиқи гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо  ба сифати мувозинати алоҳида ё гурӯҳӣ баромад мекунад.

Чандирии арза ва тақозо.

Чандирӣ вобастагии байни тақозоу нарх, арзаву нарх, ва нарху музди меҳнатро ифода мекунад. Он суръати ҳаракати тақозо ва арзаро дар тағйирёбии нарх нишон медиҳад.

Чандирии тақозо аз рӯи нарх ё коэффисенти чандирӣ ҳамчун муносибати тағйирёбии тақозо бо фоиз бар тағйирёбии нарх бо фоиз ҳисоб карда мешавад.

 

дар ин ҷо

Ed –коэффисенти чандирии тақозо мувофиқи нарх

Q – ҳаҷми тақозо ба мол

P – нархи мол

Чунин намудҳои чандириро ҷудо мекунанд:      ( Расми 1.2)

Чандирии воҳидӣ, вақте, ки ба ҳар як фоизи тағйирёбии нарх, ҳаҷми тақозо низ мутаносибан ба миқдори 1% тағйир меёбад.(Ed=1)

Тақозои чандир, вақте ки тағйирёбии ҳаҷми тақозо(бо фоиз) нисбати тағйирёбии нарх(бо фоиз) тезтар мешавад. (Ed>1)

Тақозои ночандир, вақте ки  ҳаҷми тақозо дар фоиз нисбати тағйирёбии нарх дар фоиз оҳистатар тағйир меёбад.(Ed<1)

Тақозои мутлақан ночандир, вақте ки ҳаҷми тақозо дар дилхоҳ тағйирёбии нарх тағйир намеёбад.

Тақозои чандирии беохир, дар ҳолати тағйирёбии андаки нарх, ҳаҷми тақозо метавонад то ба беохир тағйир ёбад. (Ed=∞)

ночандири беохир

Аз нақшаву формулаҳои пешниҳодшуда намоён аст, ки:

  • Зиёдшавии ҳаҷм боиси мутаносибан пастравии нарх мегардад.
  • Зиёдшавии ҳаҷм бо муқоиса ба пастшавии нарх 2 баробар тезтар мешавад.
  • Мавриди зиёд шудани музди меҳнат ва баландшавии сатҳи зиндагӣ, тақозо метавонад зиёд шавад.
  • Тағйирёбии нарх ба тағйирёбии ҳаҷм таъсир намерасонад – маҳсулоти хӯрокворӣ(нон, намак ва ғ)

Хулосаҳо :

Агар пастшавии нарх тақозоро ба мол зиёд кунаду даромади умумии молистеҳсолкунандагон бетағйир монад, онгоҳ чандирии тақозо ба воҳид (1) баробар мешавад. Агар дар натиҷаи пастшавии нарх тақозо ба мол  то ба ин дараҷа зиёд шаваду даромади умумии аҳолӣ низ зиёд шавад, онгоҳ тақозо бар нарх чандир мебошад. Агар пастшавии нарх тақозоро ба мол зиёд кунаду даромади умумии аҳолӣ паст шавад, онгоҳ тақозо бар мол ночандир мебошад.

Чандирӣ бо истифодаи молҳои ҷойивазкунанда вобаста мебошад. Агар мол ҷойивазкунандаи зиёд дошта бошад, онгоҳ тақозои  вай бар нарх чандир мебошад. Агар мол ҷойивазкунанда надошта бошад, онгоҳ вай соҳиби тақозои ночандир мебошад. Дар шароити вуҷуд доштани  нархҳои ивазнашаванда ба молҳои ҷойивазкунанда, агар нархҳо ба молҳои муайяншуда паст карда шаванд, онгоҳ тақозо ба ин молҳо зиёд мешавад ва ин тақозо чандир мебошад.

Ибораи «чандирӣ» аз тарафи иқтисодшиносони мамолики Ғарб тавсифу маънидод карда шудааст. Маҳз ба туфайли кашфи хислати чандирии тақозову арза имконият пайдо шуд, ки ба ин ҳодисаҳо баҳои дурусти амалӣ дода шавад ва дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ мавқеи дурусти тақозову арза муайян карда шавад.

Мафҳуми «чандирӣ» , ки вайро баъзан «ҳаракатнок» ҳам меноманд, барои тасвири сатҳи мутобиқати як нишондиҳандаи тағйирёбанда ба дигаргуншавии нишондиҳандаи дигар истифода бурда мешавад. Барои тасвиру маънидоди чандирӣ одатан вобастагии байни тақозову нарх ва пешниҳоду нархро истифода мебаранд.

Барои ҳисобу муовизӣ кардани чандирии байни нарху тақозо чунин маънидодро пешниҳод мекунад: чадирии тақозову нарх ҳамчун нисбатан ё таносуби тағйироти дар фоиз ифодашудаи ҳаҷми тақозо ба дигаргуншавии фоизи нархи вай муайян карда мешавад.

Акнун ба маънидоди ин ҳолат мегузарем. Фарз кардем, ки нархи моли алоҳида аз 7 воҳид то 4 паст фуромадааст, дар оқибати арзоншавии нарх ҳаҷми тақозо аз 4 воҳид то 8 воҳид зиёд гардидааст. Акнун барои ҳисоб кардани чандирии ин ҳодиса ба ҳисобукитоб мегузарем: Мавриди воҳид будани нарх, миқдори фурӯши мол 4 дона буд. Дар ин ҳолат ҳаҷми умумии фурӯш 24 буд (6*4=24). Пас аз арзон шудани нарх бошад, ҳаҷми фурӯш то 7 дона расид. Дар ин ҳолат ҳаҷми фурӯш ва даромад ба 35(7*5=35) мерасад.

Яке аз нишондиҳандаҳои чандирӣ коэффисенти (зариби) чандирӣ мебошад, он (Е) ҳамчун нисбати фоизи афзоиши тақозо (Q) ба фоизи пастшавии нарх (P) ҳисоб карда мешавад:

Барои ин вобастагиро беҳтар тасаввур кардан ба нақша муроҷиат менамем. (ниг. Ба нақ 1)

Барои ҳисоб кардани чандирӣ таносуби зеринро истифода мебаранд:

Рақами аз ин ҳисобҳо ҳосилшуда 1,46 коэфисенти чндирии нарху тақозоро мефаҳмонад, ё ин ки мувофиқи вай ба ҳар як фоизи пастшавии нарх чӣ қадар афзудани ҳаҷми тақозо рост меояд.

Мавридҳое низ дар ҳаёт ҷой дошта метавонад, ки афзоиши дар фоиз ифодашудаи нарх назар ба афзоиши тақозо зиёдтар мебошад. Дар ни ҳолат афзоиши тақозо назар ба афзоиши нарх қафо мемонад ва ё тағйироти нарх сабабгори амалии тағйироти тақозо намегардад. Дар ин ҳолат мо бо вазъияти бетағйирии тақозо ва ё чандир набудани он сару кор хоҳем дошт.

Дар ҳамин равиш ду ҳолати алоҳидаро ҳам ҷудо мекунанд:

1.Вазъияте,ки дар вай тақозо мутлақан ночандир, яъне беҳаракату тағйирёбанда мебошад. Дар ин ҳолат ҷадвали мо андоми зеринро дошта метавонад. (Ниг. ба нақ. 1.3)

Нақшаи 1.3

 

 

Вазъияти камилан беҳаракатӣ(ночандирии) тақозо

 

 

 

 

Аз ин ҷадвал бар меояд, ки сарфи назар аз сатҳи тағйироти нархи мол тақозо ба вай дигаргун намешавад ва якхелаву бетағйир нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳаёти воқеӣ ҳамингуна ҳолатро ҳам дучор омадан имонпазир аст.

Барои он ки ба ҳақиқати воқеӣ будани ин ҳолат то андозае боварӣ ҳосил карда шавад, тарафи ҷараёни барқро барои равшанӣ кардани хона ба хотир овардан ҷоиз аст.

Дар замони мо, одатан, барои равшан кардани хона лампаи барқиро истифода мебаранд ва истифодаи барқ барои ин мақсад сарфи назр аз нархи амалии он қариб бетағйир мемонад.

2. вазъияте, ки дар он тақозо мутлақан чандир буда, сарфи назар аз сатхи нарх ба таври беохир чандир мебошад. Ин ҳолатро мутақан ва ё ба таври беохир чандирии (ҳаракатнокии) тақозо меноманд. Мавриди ҷой доштни чандирии мутлақи тақозо, каҷхаттаи тақозо мувофиқу ҳамоҳанги хатти горизонталии абсисса тавсир карда мешавад, ки ба нишондоди беохир шабоҳат дорад (ниг ба нақшаи 1.4)

Нақшаи 1.4

Тасвири нақшагии тақозои мутлақан чандир.

Дар ҳолатҳои алоҳида ба таври оддӣ ҳисоб кардани фоизи афзоиши тақозову нарх ба иштибоҳ оварда метавонад. Бинобарон ҳам, бо мақсади ноил гаштан ба аниқии ҳисобу китоб тархи чандириро ба таври зер ҳисоб мекунанд:

 

Тағйироти миёнаи фоиз =

 

Дар ин ҷо: g1- тақозо то тағйирот, g2- тақозо пас аз тағйирот

Монанди ҳамин тағйироти нарх ҳам:

Н1-нархи аввала

Н2-нархи сонӣ(баъдина)

 

Акнун ба маънидоди чандирии арза ё пешниҳод мегузарем. Ҳамаи он хислатҳое, ки нисбати чандирии тақозо баён карда шудаанд ба тағйироти арза низ мансубанд.

Аз ҳамин боис, оиди онҳо тафсилоти васеъ пешниҳод накарда, бе восита ба тасвири ҷадвалҳо гузашта метавонем. Ҷадвали арзаи чандир чунин намуд дошта метавонад. (ниг. ба нақшаи 1.5)

Нақшаи 1.5   Тасвири тақрибии арзаи чандир.

Чунонки дар нақша мебинем, мавриди баланд шудани нарх аз 1 воҳид то 4 воҳид ҳаҷми пешниҳод меноманд. Ногуфта наонад, ки ин ҷо танҳо вобастагии байни пешниҳоду нарх маънидод карда ешавад.

Дар ҳаёт ҳодисаҳоеро ҳам дучор омадан имонпазир аст, ки монанди тақозо, пешниҳод ҳам мутлақан беҳаракат ё ночандир ва ҳаракатнок буда метавонад. Барои тасвири нақшагии ин ҳолатҳо ба нақшаҳои  поён нигаред. (ниг ба нақшаи 1.6, 1.7)

Нақшаи 1.6                                                 Нақшаи 1.7

накшаи 1.6 накшаи 1.7

Барои маънидоду тасвири чандирии арза муддати вақт мавқеи намоён дорад. Чунки мӯҳлати мутобиқат ба вазъияти тағйирёфтаи бозор, ё нархи дигаргунгаштаи вай хеле муҳим мебошад. Амалан соҳибкорону тиҷоратчиён кӯшиши дафъатан зиёд кардани миқдори арзаро пеш мегиранд, аммо ин кӯшиш дигаргуниҳоро дар соҳаи истеҳсолот, ба монанди, харида овардани ашёи хом, мошинҳо, таҷҳизот, ҳатто дигаргуниро дар тарзи коркарди маҳсулот (технология) талаб мекунад. Ин чораҳо бошанд, бо мурури замон ба амал оварда мешаванд. Бинобарон, тағйироти нарх, ё ин ки мутобиқи ҷараёни арза баланд гаштани нархҳо соҳибкоронро водор месозанд, ки имконоти афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулотро ҷуста, онро дарёбанд ва сари вақт истифода баранд. Дар акси ҳол онҳо ба саволи гузаштаи бозор ҷавоби саривақтӣ баргардонида наметавонанд.

3.Раќобати монополї ва тањлили соњавии он

Рақоботи монополӣ ё номукаммал ҳамеша вуҷуд дошт, вале хусусан дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX  авҷ гирифт. Ба алоқамандии ташкил намудани монополияҳо,  рақоботи монополӣ барои ҷой иваз кардан бо рақоботи мукаммал омадааст. Дар ин марҳила ҷамъшавии сармоя, ташкилёбии ширкатҳои саҳомӣ, ташкили назорат аз болои захираҳои табиӣ ва моливу молиявӣ ба вуҷуд меояд. Бо ёрии реклама монополияҳо ба ташаккули тақозо таъсир мерасонанд, тавассути муносибатҳои молиявӣ бошад ба супоришгарону рақибон дахолат  мекунанд.

Калимаи «монополия» бо маънои ҳарфӣ фурӯшандаи воҳиди молро ифода мекунанд. Дар шароити муосир истифодаи ин калима аз чаҳорчубаи маънои ҳарфияш баромада барои ифодаи ҳолатҳои гуногуни бозор, ки хислати рақоботи номукаммалро дорост, истифода бурда мешавад.

Нархи монополӣ ва фоидаи монополӣ ҳамчун нишонаҳои асосии монополизм баромад мекунанд.

Ҳолати монополии фирма онгоҳ «ҳақиқӣ» буда метавонад, ки агар он захираҳои камёбу нодир ва такрор истеҳсолнашавандаро соҳибӣ кунад, вале метавонад сунъӣ сохташуда бошад, ки фирма худаш бо роҳҳои қабули қарору ташкилкунӣ монополияро ташкил мекунад. Дертар равандҳои монополияшавӣ қонуният мегардад. Ин аз шароити истеҳсолот, рақобот, бо пурқувваткунии оғози ташаккул вобаста мебошад.

Шаклҳои монополиякунонӣ, шартномаҳои картелӣ (картел- иттиҳоди монополияҳо), муттаҳидгардонӣ, якҷояшавӣ ва фарогирӣ, шартномаҳои «ҷентлмен»-ӣ ва дар ин асос пайдошавии шаклҳои гуногуни рақоботи монополӣ шуда метавонанд.

Таҳлили муаммоҳои рақоботи монополӣ нишон медиҳад, ки дар шароити монополия якчанд намудҳои рақоботи монополӣ вуҷуд дорад. Инҳо: монополия, олигополия, олигопсония, дуополия ва монополияи билитералӣ(дутарафа).

Монопсония— шакли сохтори бозорие мебошад, ки дар он харидори моли муайяншуда монополияи ягона мебошад, яъне дар дасти харидор аст. Бо маҳдуд кардани хариди худ,  харидор аз ҳисоби кам шудани як қисми даромадҳои фурушанда ба худ фоидаи монополиро таъмин мекунад. Монополия қисми асосии рақоботи номукаммал ба шумор меравад. Барои маънидоди мавқеи монополии харидор фарз карда мешавад, ки фурӯшгарони молҳо сершумор мебошанд, аммо харидор яккаву ягона. Дар ин ҳолат рақобот на байни харидорон, балки дар байни фурӯшгарон сурат мегирад. Бинобарон ҳам, фурӯшгарон байни худ рақобот карда, кӯшиши арзон кардани нархро пеш мегиранд.

То солҳои наздик бозори тамоми ҷаҳонӣ оид ба хариду коркард ва фурӯши алмос мансуб ба монопсонисти ҷаҳон «Де Бирс» буд. Маҳз ҳамин копоратсия тамоми алмоси дар ҷаҳон истеҳолшавандаро харида, онҳоро дар корхонаҳову устохонаҳои худ кор карда, минбаъд ба мардум мефурӯхт. Ҳоло вай кӯшиши ба зери назораташ гирифтани конҳои алмоси Русияро низ пеш гузоштааст.

 Олигопсония – Шакли сохтори бозорие мебошад, ки вуҷуд доштани гурӯҳи харидорони моли муайяншударо нишон медиҳад. Бо маҳдуд кардани харидҳои худ, харидорон аз ҳисоби кам шудани як қисми даромади фурӯшандагон ба худ мавқеи монополиро таъмин мекунанд.

Олигополия – чунин намуди таркиби бозорие мебошад, ки дар он якчанд (гурӯҳи) фирмаҳои бузург истеҳсолотро ҳукмрон мешаванд (монополия мекунанд) ва ҳиссаи асосии мамсулотро ба фурӯш мебароранд. Онҳо байни худ бештар рақоботи ғайри нархиро таъмин мекунанд. Дар олипололия метавонанд 3 намуди бозор ҷой дошта бошад :

  • Сохтори бозорие, ки дар он фирмаҳои тиҷоратӣ-саноатии яксоҳавӣ амал мекунад.
  • Сохтори бозорие, ки дар он як чанд гурӯҳи молтаъминкунандагон бе ягон шартнома байни худ рақобат мекунанд.
  • Бозоре, ки дар он гурӯҳи корпоратсияҳои намуди «пирамидаи истеҳсолӣ» ҳукмронӣ мекунад, ва муносибати дутарафаи истеҳсолӣ дар шакли махсусгардонии муфассал вуҷуд дорад. Умуман калимаи «олигополия» барои хусусияти он бозоре истифода мешавад, ки дар он корпоратсияҳои бузурги муташаккилонидашуда амал мекунанд.

 

Дуополия – намуди таркиби бозорие мебошад, ки дар он танҳо 2 молтаъминкунандаи моли      муайян амал мекунад ва миёни онҳо шартномаҳои монополистӣ оид ба нарх, бозори фурӯш ва квотаҳои истеҳсолӣ тамоман вуҷуд надорад. Дуополия ин шакли одии олигополия мебошад.

Моноплияи билатералӣ (монополияи дутарафа)- чунин намуди таркиби бозорие мебошад, ки дар он муборизаи молтаъминкунандаи ягона ва истеъмолкунандаи ягона (муттаҳид) ба амал меояд. Ин намуди бозор мавриди истифодабарии қувваи барқ, хизматрасонии обӣ ва хадамоти газӣ пайдо мешавад. Ин намудҳои бозорро дар шакли ҷадвали зерин нишон додан мумкин аст.

(ҷадвали 1,1)

Намудҳои асосии бозорҳо
Харидорон Фурӯшандагон
Бисёр Якчанд Ягона
Бисёр Полиполия                        (рақобати пурра) Олигополия           (якчанд фурӯшанда, харидори бисёр) Монополия                         (як фурӯшандаву харидорони бисёр)
Якчанд Олигопсония (олигопсонияи тақозо) Олигопсонияи дутарафа ё билатералӣ (якчанд фурӯшанда ва харидори бисёр) Монополияи маҳдуд (фурӯшандаи ягонаву якчанд харидор)
Ягона Монопсония                              (монопсонияи тақозо) монопсонияи маҳдуд (якчанд фурӯшанда, харидори ягона) Монопсонияи билатералӣ (фурӯшандаи ягонаву харидори ягона)

 

Дар шароити шакли монополистии хоҷагидорӣ рақобат хусусияти хеле вазнинро ба худ мегирад. Аввалан, дар шароити муосир манополия маълумотҳои аниқро оид ба истеъмолкунандагон ва рақибони мутаносиб дар ихтиёр дорад. Дуюм, бо ёрии реклама монополия ба ташаккули тақозои истеъмолгарон таъсири муҳим мерасонад, чӣ тавре ки барои монополияҳои бузург реклама дарстрасттар мебошад. Сеюмаш ин, ки монополия тавассути муносибатҳои давлатӣ ба супоришдиҳандагону компанияҳои аҳли шартнома таъсири худро мегузорад.

 

 Намудҳои рақобат дар шароити истеҳсолоти монополӣ. Рақобати нархӣ ва ғайринархӣ.

Дар шароити рақобати монополӣ ҳамчун намудҳои асосии вай баромад мекунанд: рақобати илмӣ-техникӣ, рақобати саноатӣ-истеҳсолӣ ва рақобати тиҷоратӣ.

 Рақобати илмӣ-техникӣ. Мубориза барои баланд кардани рақобатпазирии фирма бо роҳҳои зерин гузаронида мешавад:

  • Коркарди маҳсулоти нав, ҷорӣ кардани равандҳои технологии муосир.
  • Ҷамъоварӣ ва истифодабарии маълумотҳои илмӣ-техникӣ, ба даст овардан ва истифода бурдани иҷозатномаҳо(патентҳо)

Мавриди  муборизаи илмӣ-техникӣ бештар 2 модел истифода бурда мешавад:

  1. Модели рақобатӣ – Ба он асос меёбад, ки фирмаҳои рақобаткунанда аз техникаи истеҳсолии машҳуру самарабахштар истифода мебаранд, фоида аз раванди илмӣ-техникӣ мумкин дарозумртар набошад, чӣ тавре ки фирмаҳои рақобатӣ нусхаи дилхоҳ(ҳар як) навигарии техникиро мегиранд. Фоидаро аз навигариҳо баъд аз  ҷорӣ кардани  навигарии ҳамаи фирмаҳои рақобаткунанда ба даст меоранд, вале зарари кофтукобҳои техникиро танҳо коркардгарон рӯйпӯш мекунанд.
  2. Модели монополистӣ – Ба он асос меёбад, ки монополисти ҳақиқӣ ҳамавақт шароити гирифтани фоидаро аз навигариҳо дорост. Он нисбати фирмаҳои рақобаткунанда захираҳои зиёди молиявиро барои раванди илмӣ-техникӣ доро мебошад. Вале омилҳои коркарди техника ё маҳсулоти нав дар қувваи бозори монополияшуда суст мегардад. Монополистон аз ҷуброн кардани  хӯрдашавии маънавии воситаҳои истеҳсолот мегурезанд ва ин метавонад боиси пинҳонкунии азнавсозии техника ва маҳсулот гардад.

Рақобати саноатӣ – истеҳсолӣ. Дар шакли зиёд кардани қудрати истеҳсолӣ, аз худкунии намудҳои нави маҳсулот ва кам кардани хароҷотҳои истеҳсолот зоҳир мегардад. Дар шароити рақобати мукаммал, самаранокии истеҳсолот аз ҳисоби озод дохил шудану баромадани фирмаҳои бозор ба даст оварда мешавад, ки он мавриди дар сатҳи минималӣ қарор доштани  хароҷотҳои истеҳсолот, фирмаҳоро барои дар сатҳи максималӣ кор кардан маҷбур месозад. Бинобарон, нархи маҳсулот дар сатҳи паст муайян карда шуда, бо маҷмӯи миёнаи хароҷотҳо мувофиқ меояд. Дар шароити монополияи соф  фирма метавонад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кунад, нахҳоро баландтар муайян кунад ва аз ин ҳисоб харҷи захираҳоро кам карда фоидаи максималиро ба даст биёрад. Вале дар шароити  рақобатӣ, вазъият аз ҳисоби хароҷот душвор мешавад ва  метавонад каму зиёд шавад. Дар ин ҳолат 2 роҳ истифода бурда мешавад. Онҳо самараи андоза ё миқёс ва ақидаи «Х – бесамарӣ» мебошанд.

Самараи андоза(миқёс). Дар мавриди технологияву хароҷотҳои додашуда,  барои дастгирӣ кардани  миқдори зиёди фирмаҳои рақобаткунанда, ки ин қадар ҳаҷми маҳсулотро истеҳсол мекунанду ҳар яки он амалӣ кардани самаранокиро аз инкишофи миқёс  имкон медиҳад, истеҳсол кардани тақозои истеъмолӣ метавонад нокифоя бошад. Яъне тақозои истеъмоли пурра таъмин карда намешавад. Дар ин ҳолат фирма бояд ба бозор дар алоқа бошад, яъне бояд монополӣ буда , қобилияти самаранок истеҳсол кардани маҳсулотро бо хароҷоти кам бар воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда дошта бошад.

Х – бесамарӣ.(х-неэффективность). Одатан мавриди ҷустуҷӯи хароҷотҳои истеҳсолот чунин қарор қабул карда мешавад: фирма аз технологияҳои вуҷуддошта ҳамонашро интихоб мекунад, ки самараноктар бошад ва ба фирма барои ҳар як дараҷаи истеҳсол харҷи миёнаи минималиро мусоидат кунад.  Аз рӯи ҳақиқат, ҳар як фирма чун қоида, имконияти пасткунии хароҷотро пурра истифода намебарад. Яъне то имконияти охир паст намекунад. Барои баҳо додан ба имкониятҳои таносубии кам кардани хароҷот то ба сатҳи миёнаи минималӣ , фаҳмиши «Х-бесамарӣ» -ро ба худ гирифтааст. Ин онгоҳ ҷой дошта метавонад, ки агар хароҷотҳои ҳақиқии фирма барои дилхоҳ ҳаҷми маҳсулот аз хароҷотҳои мумкини минималӣ зиёд бошад. Ин намуди зиёдкунии хароҷотҳо аз ҳисоби рӯй гардонидани соҳибкорон аз таваккал, бо кор таъмин кардани дӯсту хешовандони бесалоҳият ва бо ҳавасмандӣ қонеъ нагардонидани фирмаҳои фаъолияткунанда пайдо мешавад.

Рақобати тиҷоратӣ. Ин шакли рақобат ба истифодабарии нарх асос ёфтааст. Ин маврид нархҳо дар натиҷаи муборизаи 3 тарафа ташкил меёбанд: якум, байни фурӯшандагон барои фурӯш бо нархи баландтар; дуюм, байни харидорон барои дастрас намудани молҳо бо нархи пасттар; сеюм, байни фурӯшандагону харидорон барои фурӯш бо нархи баландтар ва барои дастрас намудан бо нархи пасттар.

Бинобар гуфтаҳои боло рақобати нархиву ғайринархиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Рақобати нархӣ,чун қоида, бо роҳи сунъӣ тағйир додани нархи маҳсулот амалӣ мегардад. Онгоҳ маҳдудкунии нарх васеъ истифода бурда мешавад. Ин он замон ҷой дошта метавонад, ки агар ҳамон маҳсулот бо нархҳои гуногун фурӯхта шавад ва ин фарқиятҳои нархӣ бо фарқиятҳои хароҷотҳо мувофиқ карда нашудаанд. Маҳдудкунии нарх дар 3 шароит имконият дорад:

  • Фурӯшанда бояд монополист бошад ва ё якчанд сатҳи ҳукмронии монополиро соҳиб бошад.
  • Фурӯшанда бояд қобилияти ба гурӯҳҳо ҷудо кардани харидоронро дошта бошад, ки қобилиятҳои гуногуни пардохт кардани маҳсулотро доранд.
  • Харидори аввалин наметавонад молу хизматҳоро дубора фурӯшад.

Маҳдудкунии нарх ҳангоми расонидани хизматҳо(хизматрасониҳои духтурон, адвакатон, меҳмонхонаҳо), хизмати расонидани бор ба ҷои дигар, фурӯши молҳое, ки аз як бозор ба бозори дигар тақсим карда намешаванд(кашонидани молҳои тезшикананда аз як бозор ба бозори дигар),  амалӣ карда мешаванд.

Рақобати ғайринархӣ – тавассути такмил додани сифати маҳсулот ва шароити фурӯши он гузаронида мешавад. Баланд бардоштани сифати маҳсулот бо 2 роҳи асосӣ амалӣ гардонида мешавад: якум, такмил додани хусусияти техникии мол; дуюм, беҳтар кардани қобилияти мувофиқшавии мол ба эҳтиёҷоти истеъмолгарон. Рақобати ғайринархӣ ба воситаи такмил додани  сифати маҳсулот ба худ номи «рақобат аз рӯи маҳсулот» — ро  гирифтааст. Ин намуди рақобат ба кӯшиши нигоҳ  дошта тавонистани қисми бозори соҳавиро бо баровардани молҳои нав, ки ё аз модели пештарааш фарқ мекунад ва ё варианти замонавии онро нишон медиҳад, асос ёфтааст. Рақобате, ки ба такмил додани сифат асос ёфтааст, хусусияти муқобил дорад. Аз як тараф баланд бардоштани  сифат, чун воситаи пинҳонии паст кардани нарх ва васеъ кардани фурӯш хизмат мекунад,  аз тарафи дигар бошад, «сифат» — ин баҳои субъективие мебошад, ки бо роҳи реклама ва рӯйпӯшҳои зебо имконияти қалбакисозии сифатро ба миён меорад.

Рақобати ғайринархӣ бо роҳи такмил додани  фурӯши маҳсулот, номи «рақобат мувофиқи шароити фурӯш» — ро гирифтааст. Ин намуди рақобат ба беҳтаркунии хизматрасонӣ барои харидор асос ёфтааст. Дар ин ҷо таъсир расонидан ба истеъмолгар ба воситаи реклама, такмили тиҷорат, ҷорӣ кардани хизматрасониҳои бепул барои харидор баъд аз харид ва ғ дохил мешавад.

 

Хулоса

Дар шароити иќтисоди бозори иштирокчиёни асосии муборизаи раќобати иќтисоди фирмахо ба шумор мераванд. Аммо дар баъзе њолатњо иштирокчиёни он шахсони воќеї низ буда метавонанд – онњо дар бозори мењнат барои пешниходи ќувваи коргарии худ бо нархњои гуногун мубориза мебаранд. Охирон ракобат метавонад дар доираи хољагии љањонї миёни кишварњои гуногун бо маќсади фарохам овардани шароитхои хуби соњибкори барои шањрвандонашон сурат гирад. Баъзе аз чомеашиносон ракобатро њамчун механизми умумии инкишофи љомеа њисоб мекунанд. Мусобиќаи иштирокчиёни истењсолоти молї омили мухимтарини такмили раќобат ба шумор меравад. Чунки барои гузаштан аз раќиби худ њар як истехсолкунанда кушиш менамояд истењсоли моли худро бо сифати хуб ва ё бо харољотњои камтарин ба рох монад. Бинобар ин мухорибаи раќиби доимо љори намудани навоварии техникию ташкилиро талаб менамояд. Раќобат на танњо миёни ширкатњои истењсолкунандаи якхелаи мол, балки миёни фирмањои соњањоњи гуногун метавонад сурат гирад. Масалан раќобат дар дарёфти ваќти зиёд барои рекламаи мол дар телевизион, њатто њолатњое мешавад, ки харољотњо барои реклама, ба  нисфи арзиши фурўш баробар мегардад. Љамъият  дар умум усули манфиатноки раќобат яъне истифодаи стратегияи «пешоњангї» — ро ќабул дорад, ки ба таѓйиротњо тањавулотї дар њаёти хољагидорї оварда мерасонад. Аммо бизнес худ аз худ ин стратегияро на он ќадар зиёд истифода менамояд: барои фирмањои бузург таѓйиротњои тањаввулоти хатарнок аст,  фирмањои хурд бошанд, одатан барои љори намудани корњои илмї – тадќиќотї ва таљрибавию лоињакашї захирањои молиявї дарёфт намекунанд. Бинобар ин њам барои коркарди чорабинињои ин стратегияи њиссаи зиёди таваккалро давлат ба уњдаи худ мегирад. Њиссаи вай дар ин маврид натанњо дар маблаѓгузорињои тадќиќотњои илмї намоён ат, балки барои коркарди молњои нав барои фирмањо њамчун фармоишгар баромад мекунад (бештар барои молњои таъиноти њарбї дошта).

 

АДАБИЁТЊО

  1. Бобосодиќова Г.Б., Сарабекова И.З. Маркетинг ва тадќиќотбарии маркетинг. Душанбе, 2001.
  2. Бойматов А.А. Маркетинг. Хуљанд, 2001.
  3. Бойматов А.А., Ќодиров А.Л. Асосњои соњибкорї ва маркетинг. Хуљанд, 2002.
  4. Ѓаниев Т.Б. Менељмент (ќисми 3). Душанбе.: «Ирфон», 2006.
  5. Исоматов Б.И. Асосњои назарияи иќтисод. Душанбе, 2007.
  6. Кибанов А.Я.,Управление персоналом организации. М., 2009.
  7. Котлер Ф. Новые маркетинговые технологии. С.П., 2004.
  8. Котлер Ф. Маркетинг менеджмент. экспресс –курс. Питер.: 2004.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст