САВДОИ ЯКЛУХТ ВА ЧАКАНА
02 10 2017 admin Пока нет комментариев- Савдои яклухт
- Савдои чакана ва намудхои он
Савдои яклухт
Савдои яклухт_ — ин хариду фуруши якбора ё микдори зиёди мол аз тарафи точирону ташкилотхо бо максади бозфурушй ё истифодабарии касбй харида мешавад. Савдои яклухт дар низоми маркетинг вазифахои фуруши яклухти мол ва хавасмандгардонии он; хариди яклухти мол ва ташаккулу таснифоти пурраи он; чудокунии мол аз дастаи калон ба хурд; нигохдории мол; тадкикоти бозор ва гайраро ичро мекунад.
Яклухтфуруши истехсолй дар низоми савдо мавриди амал дорад.
Мувофики шакли ташкили яклухтфурушии истехсолй корхонаи тавлидгар ичрои вазифахои савдои яклухтро пурра ба ухдаи худ гирифта, моли тавлидкардаашро ба
муассисах,ои савдои чакана бевосита мефурушад. Бо ин максад дар х,удуди коргох шуъба ва идораи молфурушй ташкил карда мешавад.
Шуъбаи фуруш дар дохили корхона мавриди к,арор гирифта, махсулоти тайёри онро мувофик фармоиши муассисахои чаканафурушй аз анборхои коргох ба нишони муштариён бор карда мефиристад.
Идораи фуруш ба бозор наздиктар чойгир карда мешавад. Он бо дарёфти чаканафурушону истеъмолгарон ташаккули захирахои ногузир дар банди муайяни бозор, ташкили тадкдкоти бозор ва хариду фуруши яклухти мол машгул мешавад.
Савдои чакана ва шакли асосии он
Савдои чакана ин харидуфуруши дона ё микдори ночизи мол аз тарафи истеъмолгарон бо мак,сади истифодабарии шахсии гайритичоратии он мебошад. Он дар шаклхои чаканафурушй мукаррарй, оммавй ва гайримагозавй ташкил карда мешавад.
Чаканафурушй мукаррарй — шакли асосии савдои чакана буда, намуддои зайли магозадоро дарбар мегирад: _Магозахои МАХСУСГАРДОНИДАШУДА, ки ба фуруши гурухи муайяни мол (пойафзол, либос, нушоба ва гайра) махсусгардонида, таснифоти комилу чукури номгуи мах,сулотро дарбар мегиранд. Дар ин гуна магозах,о дарачаи хизматрасонй пайваста бо мол баланд аст, ки аз ин хисоб мутаносибан нархи мол хам зиёд мегардад.
Магозах,ои УНИВЕРСАЛИ, ки дар онхо гурухи мухталифи молй мавриди к,арор гирифта бо фуруши х,ар як гурухи таснифотй шуъбах,ои алох,идаи он ( либосх,ои занона, долину палосдо ва гайра) машгуланд. Дар универмагх.0 имконияти харидуфуруш бо имтиёзх,ои карздих,й пайдо мешавад.
Магозахои ОМЕХТА, ки таснифоту гурух,и гуногуни молро ба фуруш пешнидод мекунанд, х,ачми хизматрасонй махдуд аст ва илованархи мол нисбатан пастар муайян карда мешавад.
Магозах,ои НАВБАТДОР, ки номгуи махдуд, лекин молхои заруриро дарбар мегиранду то бевактии шаб корварзй мекунанд. Дар чунин магозахо бештар моли ниёзи мардум ба мисоли нон, чой, канд, равган, гугирд, намак ва гайра фурухта мешаванд.
СУПЕРМАРКЕТХО, ки савдои интихоби озоди мол арзи вучуд дошта 75 фоизи таснифоти молашро мадсулоти хурокворй ва бокимондаашро махсулоти саноатй ташкил мекунад. Гурух,и молии супсрмаркетхо аз 8 то 10 хазор номгу ва таснифоти махсулотро дарбар мегиранд. Хачми зиёди фуруши молх,о ва гардиш ва суръати баланди гардиши онхо чой дорад. Одатан онхо дар масохати васеъ (1-2-3-5-хаз м. мурабаъ) чойгир карда мешаванд. Ба супермаркетхо чаканафурушии молхои истеъмолй дар Амрико хос мебошанд. Дар Точикистон суппермаркетхо дар давраи ташаккулёбй мебошацд ва дар шакли магозахои хизматрасонй универсамх,о хам амал мекунад.
Чаканафурушии оммавй бо дарачаи нисбатан пасттари хизматрасонй ва сатхи пасти илованарх фарк мекунаду магозахои зайлро дар бар мегирад:
*Магозахои АРЗОНФУРУШИ, ки одатан бо молхои гуногунтаркиб ва сифати нисбатан паст дошта, савдо мекунанд, Бинобар он илованарх хам камтар мукаррар карда мешавад.