Открыть меню

МОЛ — ЯГОНАГИИ ЗИДИЯТХОВУ ХИСЛАТХОСТ

image

молТаи мафхуми мол махсулоти мехнатро мефахманд. Мол хамон махсули мехнатест, ки на барои истеъмоли шахсии истехсолкунанда, балки барои дар бозор мубодила кардан (фурухтан) истехсол карда шудаасг. Х,амин хел, махсули мехнати таъиноти мубодила доштаро мол ном медиханд.

Барои он ки моли истехсолшуда дар холати муъта- дил мубодила шуда тавонад, вай бояд дорой хислатхои муайян бошад. Нисбати харидори мол, хислати хатмию мувофик ба макоми вай мутобикдт ба таъмини талабот мебошад. Хислати мувофик будан ба таъмингардонии талаботи (дархости-такозои) муайянро истеъмоли ё арзиши истеъмолй меноманд. Дорандаи нафъи муайян, барои таъмини талабот кобил будани маснуот манфиатнокй ном гирифтааст. Мана хдмон хислате, ки дар мол харидор тиечуяд ва доимо нигарон аст — арзиши истеъмолй, манфиатнокй мебошад.

мол

Аз накшаи 5.2. хонандагони арчманд барои худ муайян карда метавонанд, ки моли хамчун махсули мехнат ва ё хизматхои ба мубодила пешниходшаванда бояд дорандаи ду хислати асосй — арзиш ва арзиши истеъмолй бошанд, дар навбати худ ин хислатхои мол ба хислати духелаи мехнати ба истехсоли молхо масрафшаванда тобеъ мебошад. Мехнати дар мол тачассумёфта абстрактй (умумй) ва конкретй (инфиродй) мебошад. Баъзан гумон мекунанд, ки умумию инфиродй будани хислати мехнати дар мол тачассумгардида хар яке дар танхой ва чудогона арзи вучуд карда метавонад. Ин тасаввуроти сахван пайдо- шуда аст. Чунки ин чо сухан дар бобати хислати духелаи хамон як мехнат рафта, ба таври алохидаву чудогона онхо мазмуни иктисодии худро гум карда метавонанд. Як исботи ин.холатро дар хамон дида метавонем, ки Карл Маркс мехнати умумиро хамачониба тадкику тахлил карда, назарияи арзиши мехнатиашро пешниход карда буд. Мактаби австриягй бошад, арзиши истеъмолиро тадкик
намуда, дар ин асос назарияи «интихои манфиатнокиро» поягузорй кардааст. Ин ду назария ва акоидот кариб ду садсола бо хамдигар муборизаи беамон бурданд. Хдрчанд ба харду хам комёбихову бурдхо даст додааст ва дар баробари он норасоиву зиддиятхо низ хос мебошанд. Х,оло замоне фаро расидааст, ки ин холат кушод баён карда шавад.
Албатта, талабот хеле гуногуну хархелаанд. Талабот ба гизо, пушок, манзилгох, хизматхои маданй, накдиёт, алока ва гайраю хоказо. Молхо хам дар навбати худ хеле зиёду гуногун буда, хамчун арзишхои истеъмолй метавонанд талаботи хархелаю гуногуни одамонро каноат кунонанд. Баъзан молхои якнома хам талаботи гуногуну хархеларо конеъ гардонида метавонанд. Гирем, картош- каро. Ин маснуот хамчун гизои инсон, гизои хайвоноти парваришшаванда, хамчун ашёи хом барои тайёр кардани крахмалл, спирт, хамчун тухмй барои кишт ва монанди инхо истифода мешавад. Шояд номгуи талаботи бо воситаи картошка таъминшаванда хеле зиёд бошад. Ч,омиа дар рафти инкишофи худ хислатхо ва пахлух,ои наву навтарини истифодаи амволу ашёхоро дарёфта метавонад. Бинобарон хам, пешрафти чомиа ба харчи бехтару манфиатноктар истифода шудани хосиятхои амволу ашёхо имкон фарохам меоварад.
Илова бар ин номгуи зиёди молхо таъиноти якхела дошта метавонанд, яъне онхо талаботи якгунаи одамонро конеъ месозанд. Масалан, хамчун гизои инсонй махсулоти сершуморе истифода мешавад. Мавриди чой доштани имконот одамон таркиби гуногуни гизои худро авлотар медонанд, чунки дар ин маврид чисми одам аз норасоии кадоме аз модцахо азият намекашад. Аммо дар шароити дигар, одам бо сабабхои муайян манбаи гизои худро хеле махдуд сохта метавонад.
Тахлили таркиби хурокихои мардумони мамолики мутараккй, тараккикунанда дар ин бобат шаходатхои котеъ мебахшанд. Ё ин ки мувофики ахбори омор аввали солхои 1990 дар Чумхурии Точикистон ба хар як нафар шахрванд ба хисоби миёнаи солона дар мивдори 20-25 кг.
гушт истеъмол шудааст, ин нишондиханда дар давлатхои сохибихтиёри хамсоя то 40-50 кг. мерасид, дар Аврупо бошад, то 70-80 кг. расида буд. Ин тафовут оиди сатхи зиндагонии мардум сухан меронад. Ё истеъмоли аз хад зиёдтари нону картошка низ дар хамин бобат шаходат медихад. Ба як нафар ахолии Точикистон соли 2003 6,8 кг гушт, 50 кг шир, 157 кг маснуоти нонй, 30,5 кг картошка истеъмол шудааст.
Фаъолияту мавчудият ва кобили зухур будани арзиш- хои истеъмолии молхо имкон медиханд, ки истехсолот ва талаботи одамон бо хамдигар пайваста, васл карда шаванд. Гарчанд мо амалан байни истехсолоту истеъмолот масофаю вакти муайянро дучор меоем, аммо онхо давоми хамон як чараён мебошанд. Истехсолот танхо ба хотири истеъмолот, яъне таъмини талаботи муайян чой дошта метавонад. Дар навбати худ истеъмолот хам бахрй ва ба хотири амалиёту мавчудоти истехсолот бако дорад. Бояд таъкид намуд, ки ду равняй истеъмол фарк карда меистад ва аз ин боис арзишхои истеъмолиро низ мувофики хислати умумии онхо аз хамдигар бояд чудо, намуд. Ба хамин минвол чизхои истеъмоли шахсй ва воситахои истехсолотро фарк мекунанд.
Арзиши истеъмолии чиз аслан холати сифати вай буда, мувофикан онро аз чизхои дигар фарк кунонида меистад. Мазмуни сифатан муайяни мол доимй шуда наметавонад, баробари пешрафти чомиа вай низ васеътар ва пурратар мегардад. Вале хусусияти мол — конеъ гардонидани талаботи инсон хусусияти доимй ва абадй мебошад ва ба зинахои инкишофи чомиа вобастагй надорад. Аз ин ру, арзиши истеъмолй хам устувору камтагйир аст. Вале ташаккул ёфтани арзиши истеъмолй ва истифодаи мол хислати таърихй доштани онро нишон медихад. Ба монан- ди он ки як вактхо ангишту нефт хамчун сузишворй, дертар хамчун ашёи хом истифода бурда мешуданд. Дар оянда низ боз хам хислатхои наву ба талаботи хархела мувофик будани онхо ошкор шуда метавонанд. Ин нишон медихад, ки сохту таркиби ангишт ва нефт аз ибтидо карибхамонхела бошанд хам, чомиа бо сабабхои тамадцуну технологи онхоро чун ашёи хом истифода карда наметаво- нист. Яъне истифодаи хамачонибаи онхо дар натичаи инкишофи илму фан, техникаю технология имконпазир гардид. Ингуна мисолхоро нисбати амволу ашёхои зиёди дигар овардан имкопазир аст4.
Аз гуфтахои боло чунин хулоса бармеояд, ки арзиши истеъмолии мол аз руи дарачаи муайян гардидаи худ ва ба манфиати инсон истифода шуданаш, табиати таърихй дорад. Илова бар ин имконоти истифодаи хамачонибаи арзишхои истеъмолиро пешрафти чомиаю куввахои истех- солкунандаи он ба вучуд меоваранд. Арзиши истеъмолии мол, сарфи назар аз шароитхои чамъиятии истехсоли он, мазмунан боигарии моддии чомиаро ташкил медихад.
Таъкиди дигар низ зарур аст, ки хамаи молхо хатман бояд дорандаи арзиши истеъмолй — хосияти манфиатнокй бошанд. Аммо на хамаи чизхои арзиши истеъмолй дошта, манфиатбахшу фоидарасон буда метавонанд. Яъне арзиши истеъмолй бе мубодилаи молй хам чой дошта метавонад: оби чашмахо, хаво, мевахои худруй, сарватхои табий ва дигархо.
Аз хамин сабаб хам, хар чизи нафънок барои мол шуданаш бояд боз ягон хислати дигар хам дошта бошад. Ин хусусият хамон буда метавонад, ки арзиши истеъмолии молхо махсулу натичаи мехнат буда, барои мубодила таъин шуда бошад. Яъне мол хатман дорандаи тарафи дигар — арзиши истеъмолии чамъиятй бошад. Арзиши истеъмолии чамъиятй бо воситаи фуруш яъне хангоми мубодила зухур меёбад.
Мол хамчун махсули мехнати корманд барои зухуроти арзиши истеъмолиаш ба фуруш пешниход мешавад. Дар бозори молхо одамон бо максади ба даст овардани арзиш¬хои истеъмолй такозои мубодила мекунанд. Молхо бошанд, дар ин холат хамчун арзишхои мубодилавй худро пешниход мекунанд. Моле, ки бо воситаи хариду фуруш дар рафти истеъмолот истифода бурда мешавад, арзиши

мубодилавй мегардад, яъне мол на танхо арзиши истеъ¬молй бояд бошад, балки ба моли дигар иваз шуда тавонад. Хусусияти ба моли дигар иваз шудани молхоро арзиши мубодилавй меноманд. Арзиши мубодилавй хангоми ба хамдигар киёс кардани арзишхои истеъмолии гуногун ной дошта метавонад. Вайро хамчун таносуби моли алохдца бо дигаре муайян мекунанд. Масалан, 1 дона моли А баробар аст ба 2 дона моли Б ва ё се халта моли В. Аз ин мисоли мо бармеояд, ки одатан дар бозор молхои хархела бо хамди¬гар мубодила карда мешаванд. Х,еч гох ва хеч кас молхои якхеларо иваз — мубодила намекунад. Ин холат бо хамон исбот мешавад, ки барои фурушгори маснуот кимату кадри хакикиро арзиш ё арзиши мубодилавии мол дороет, барои харидор бошад, ахамияти хакикиро арзиши истеъмолии хамон мол молик аст. Барои фурушгор арзиши дороияш — молаш бо воситаи арзиши мубодилавии вай зохир шуда метавонад. Мана дар хамин ягонагии зидциятнок амалиёти мубодилавию худи мол арзи вучуд менамояд.
Таносуби киёси хамон як мол аз руи вакту макони мубодила, таи таъсири талаботу таклифот (арзаю такозо) дигаргун шуда метавонад. Дар холати зиёдтар будани такозо арзиши мубодилавй баланд ва баръакс, дар шароити зиёд будани арза арзиши мубодилавй паст шуда меравад. Албатта, аз ин нишондод хулоса намебарояд, ки андозаи арзишро арзаю такозо муайян хоханд кард, зеро мавриди ба хамдигар мутобик ё дар мувозинат будани ан¬дозаи арзаю такозо арзиши мубодилавй бояд мувофики кадом як омили объективй — мехнат муайян карда шавад.
Бо вучуди ин молхо дар бозор муовиза ва мукоиса карда мешаванд. Аз ин чабха тамоми молхо хислати ягона доранд. Хислати ягонаи (умумии) молхо хамон аст, ки онхо махсули мехнати корманд мебошанд, яъне барои тавлиду истехсоли хамаи молхо микдори мехнати муайяни ахли захмат сарф карда шудааст. Натичаю махсули мехнат будани молхо имконият медихад, ки онхо бо хамдигар мукоиса ва муовиза карда шаванд. Яъне барои истехсоли як сентнер пахта, галла, 1 cap гусфанд, ё ин ки либосу

дигар амвол сарф шудани мехнат ба назар гирифта мешавад. Бесабаб нест, ки арзиши молро мувофики мехна- ти барои истехсоли вай масрафшуда муайян мекунанд.
Мехнати дар мол тачассумёфта асоси ба хам мукоиса кардани молхо мебошад. яъне чун арзиш баромад мекунад, гарчанд худи мехнат арзиш надорад. Мехнат хамчун манбаи арзиш хизмат карда, кобили тавлиди арзиш аст. Зухуроти амалии арзишро мо хамчун арзиши мубодилавй дучор меоем. Албатта, арзишро ба таври йазарй тасаввур кардан, онро пешниходу исбот намудан имконпазир аст. Аммо шакли хаётии вай аслан арзиши мубодилавй мебо¬шад. Ягонагии арзиш ва арзиши истеъмоли ба мо молро пешниход мекунад. Яъне мол пайвастагии амалии хосият- хои арзишу арзиши истеъмоли мебошад.
Киёскунии амалии молхо дар бозори амвол аз руи арзиш ба вукуъ мепайвандад. Дорой арзиш будан хислати умумии молхост. Яъне молхо дар бозор дар асоси арзишашон бо хамдигар мукоиса ва муовиза карда меша- ванд. Илми иктисодй барои ба назарияи арзиши мехдатй омада расидан кушишхои хеле зиёд ба харч додааст.
Бори нахуст ба тахдили илмии арзиши мол иктисод- чиёни классикии англис У. Петти, А.Смит ва Д.Рикардо наздик шуда буданд. Ин мухаккикони барчастаи сохаи иктисодй назарияи мехнатии арзишро пешниход намуда буданд. Мутобикд ин назария арзиши мол аз руи мехнати зарурии дар мол тачассумёфта муайян карда мешавад. Яъне андозаи арзиши молхоро мехнати барои истехсоли мол масрафгардида муайян менамояд. Вале ин акидаро дар амал нисбати молхои чудогона татбик кардан хеле душвор аст. Ин душворй имкон надод, ки акидаи пешниходшуда пайваста то охир сахеху исбот шавад. Охир, хар як мехнати ба молхои алохида масрафшаванда хархелаву гуногун аст. Ва умумияти ин мехнатхоро дарёф-тан душвории зиёде дошт. То охир ин масоилро назарияи иктисодии онзамона хал карда натавонист.
Дар халли ин муаммои гузошташуда Маркс низ сахме гузошта аст. Вай бо кашфи хислатхои конкретию абстрак- тй гирехи ин муамморо кушод.

Хислати духелаи мол: арзишу арзиши истеъмолиро хислати дугарафаи мехнати дар мол тачассумёфта муайян мекунад. Мехнати ба мол масрафгардида, аз як тараф, мехнати конкретй (фардию нудогона) буда, аз дигар тараф, абстракта (умумй) мебошад.
Мол хамчун чизе, ки ягон талаботи инсонро конеъ мегардонад, яъне хамчун арзиши истеъмолй дар натачай сарф кардани мехнат дар шароити муайяни истехсолот тайёр карда мешавад. Масалан, агар мехнати дехкону чорводор ё охангарро санчида бароем муайян мешавад, ки мехнати онхо аз хамдигар куллан фарк карда меистад. Дехдон бо галлакорй, чупон бо чаронидани рама ва охан- гар бо истехсоли табар машгуланд. Аз руи ин нишонахо онхо мехнати амикро (конкретиро) ба ичро мерасонанд. Мехнати онхо аз руи максад, рафти кор, ашёи мехнат, тахассус, воситахо ва натичахои хосилшаванда аз хамдигар фарк мекунанд. Мехнате, ки дар шакли муайяни фоида- бахш сарф шуда, чизхои алохидаро ба талаботи одамон мутобик мегардонад, мехнати конкретй номида шудааст.
Мехнати конкретй мазмуни манфиатнокии маснуотро ба миён меоварад, бинобар он хам вай доимо бояд мансуб ба мехнат бошад. Ин мехнат шарти асосии хаёти одамон буда, зарурати табий дорад. Бе мехнати конкретй ё чунин хислати мехнат мубодилаи байни одаму чиз, одаму табиат, чомиа ва табиат аз имкон берун аст. Вале аз руи мехнати конкретй молхоро аз хамдигар фарк мекунанд, чунки вай арзиши истеъмолии молхоро асос мегузорад.
Агар ба мехнат хусусиятхои махсуси хар яки онро аз на- зар сокит карда, умуман хамчун мехнат дида дузем, пас вай хамчун сарфи кувваи коргарии инсон — кувваи майна, мушакхо, бозу ва гайраро дарбар мегирад, ки барои истехсоли мол сарф карда шудааст Аз ин нуктаи назар мехнат якхела мебошад. Дар асоси арзиш ба хамдигар баробар кардани молхо хамин холати умумии ба хамаи онхо хосро, яъне ба хамаи молхо сарф шудани микдори муайян мехнати шакли умумидоштаро дар бар мегирад. Аз ин чо, мехнате, ки аз тарафи молистехсолкунандагон сарфиназар аз шаклхои конкретии вай, х,амчун кобилияти кувваи коргарй сарф карда шудааст, мехнати абстрактй (умумй) ном дорад.
Хамчун ходисаи физиологй сарф шудани кувваи коргарй ба хар як намуди мехнат хос аст. Аммо мукоиса ва муовизаи мехнат чун холати физиологии умумй на хама вакт шарти хатмиву зарур аст. Ин гуна мукоиса дар хамон холат ногузир аст, ки агар истехсолкунандагон аз хамдигар тамоман дур буда, ба мукаррар намудани робитаи иктисодй эхтиёчманд бошанд. Мехнати абстрактй шакли махсуси мехнати чамъиятй мебошад, ки хакикатан чамъ¬иятй будани он дар бозор ба воситаи арзиши мубодилавй исботу тасдик мегардад.
Хислати духелаи мехнати дар мол тачассумёфта зид¬дияти байни мехнати чамъиятй ва мехнати хусусии молис- техсолкунандагонро ифода менамояд. Мехнати конкретй хар як молистехсолкунанда мехнати хусусии у мебошад, ки мувофики саъю кушиши вай дар амал вучуд дорад. Вале хар як мехнати хусусй бояд хислати чамъиятй дошта бошад, яъне аз тарафи чомиа эътирофу такдир карда ша- вад. Мехнат хислати чамъиятиашро танхо дар мубодилаи бо воситаи мехнати обстрактй, ё аниктараш хислати абстрактй ифода менамояд. Мана хамин хел, мехнати ба мол сарфшаванда чамъиятшо хусусй аст. Зиддияти байни арзишу арзиши истеъмолй хамчун зухуроти зиддияти байни мехнати конкретию обстрактй амалан ба зиддияти байни мехнати хусусию чамъиятй меоварад ва хамон хел хам зухур меёбад. Ин зидцият хамчун мояи инкишоф хизмат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст