Мохияти Маркетинг Реферат
01 10 2017 admin Пока нет комментариев
Дохил кард: Донишчуи бахши 2-уми . ихтисоси 25011200 гр«А» шуъбаи рузона
Рахмонов Азим
Мавзуъ: Мохияти Маркетинг
НАКША:
- Моњият ва мазмуни маркетинг
- Маркетинг хамчун назарияи бозории менечмент
- Мохият ва принсипхои маркетинг
Сарсухан
Маркетинг- яке аз фанњои асосгузаронда барои фаъолияти касбии бозор, барои савдои чакана, кормандони реклама, тадќиќотчиени маркетинги, мудирони истењсолоти нав ва молњои тамѓадор мебошад.
Ба онњо лозим аст бидонад, ки бозор ва ќисматкунии он ба сегментњо; чи гунна бањодињї ба эњтиёљот, дархост ва талабот дар чор чўбаи бозор маќсаднок; тартиб додан ва санљиши талабот бо хусусиятњои истеъмолии лозима; чї гуна бо нарх то ба истеъмолкунанда расонидани аќидаи арзиши мол; интихоби миёнаравњои тавоно, ки мол омма рас шавад; рекламаи бењтарин ва фурўши дурусти мол, ки оноро шиносан ва хоњиш ба даст овардан намоянд. Асосгузори назарияивии маркетинг олими америкои Ф.Котлер Маркетинг- намуди фаъолияти иносониес,ки барои ќоеъ намудани эњтиёљот ва талабот бо мубодила равона мебошад.
Мавќеи маркетинг дар иќтисодиёт-баланд бародоштани самаранокии фурўшву амалиётї. Дар давраи њозира замон он ба тараќќиёти бозор, дигаргункунии муњими атроф, таъмини даромад ба бозор, васеъ намудани бозор, таъмини бехатарии бозорро намояд.
Њар як истењсолкунанда новобаста аз шакли моликияташ бояд таѓйиротњои донишии бозорро дарк намуда, њамаи ќувваро барои тоб оварда тавонистан ба раќобати озод ба воситаи баровардани мањсулоти мувофиќ сафарбар намояд, ки мањсулот бо нархи раќобатноки худ бояд ба мўњлати пешнињодот, таъмини хизматрасонї ва хадамот љавоб дињад. Ѓайр аз ин мањсулоти баровардашуда эътибори муайян пайдо намуда, бо ёрии воситањои гуногуни рекломнигорї тамѓаи савдои худро нигоњ дошта тавонад. Ба таври дигар карда гўем, истењсолкунандаи њар як соњаи хољагї аз рўи бањисобгирии таѓйиротњои талаботи истеъмолгарон пешакї ба худ муайян намояд, чї бояд истењсол намояд, чї гуна мањсулотро ба даст дарорад. Барои муайян намудани он истењсолгар бояд талаботу эњтиёљоти харидорон ва дархости бозорро омўзад. Њамаи ин омўзиши аниќ ва њаматарафаро талаб мекунад, ки ин бевосита ба масъалаи тайёр намудани кадрњои баландихтисоси соњањои маркетинг ва тадќиќотбарии маркетинг вобастаги дорад.
МАВЗЎЪ: МОЊИЯТ, МАЗМУН ВА ПРИНСИПЊОИ МАРКЕТИНГ
1. Моњият ва мазмуни маркетинг
Маркетинг аз калимаи англиси <>- бозор пайдо шудааст. Назар ба бозор мафхуми маркетинг мазмуни васеъ ва чукуртар дорад. Маркетингро хамчун системаи мукаммали ташкил ва идоракунии фаъолияти бохаракати ширкат тасвир намудан лозим аст. Бо ибораи дигар фаъолияти маркетинги ширкат аз вакти пайдо шудани акида дар бораи ягон моли нав сар шуда то вакти истехсолу гузориши мол, мубодилаи вай ва инчунин хизматрасони пас аз фуруш ва ташкили истеъли мол, давом дорад.
Маркетинг-фаъолияти субъектхои муносибатхои бозоргони дар бозор аст. Таърифи хозиразамони маркетингро олими амрикои, яке аз аъзоёни ассосиатсияи маркетинги ИМА,профессори университети Шимолу Гарб Филипп Котлер додаст.Маркетинг-яке аз шаклхои фаъолияти инсон буда, бо воситаи мубодила ба конеъ намудани эхтиечоту талаботи одамон равона карда мешавад. Чунин таърифи мухтасар шархро талаб мекунад.
Маркетинг-чунин шакли фаъолияти максадноки гурухи одамон мебошад,ки ихтисоси махсусро талаб мекунад ва мехнати онхо хам ба ширкат ва хам ба чамъият фоиданок аст.
*Маркетинг-бо муайян намудани эхтиечоту талабот ва бо аник намудани такозои харидорон cару кор дорад ва ширкат бояд хамаи онхоро ба эътибор гирифта барои конеъ гардонидан харакат намояд.
*Маркетинг-бо гузаронидани чорабинихои мушаххас дар доираи гуногуни истехсолот , алалхусус дар муомилот яъне дар вакти хариду фуруши молхо вобастаги дорад.
Дар натичаи тахлилу санчидани гуфтахои дар боло зикршуда ба чунин хулоса меоем. Маркетинг- ин сиёсати корхона бахри гирифтани фоида , ки дар натича омухтану ояндабини, идоракунии окилона ва каноатманд гардонии истеъмолкунандагон бо мол, хизмат ё чизи дигари харидаашон ба даст меояд, асос меебад.
Зарурият ба маркетинг руз аз руз афзуда истодааст ва бо инкишофи муносибатхои бозоргони вобастаги дорад. Тачрибаи аксарияти ширкатхои чахон ва аз он чумла Чумхурии Точикистон нишон медихад, ки барои бомувафаккият гузаронидани фаъолият дар бозор истифодаи тарзу усулхои маркетинги зарур аст. Вазъи бозор ва мухити он мачбур месозад, ки ширкат чорабинихои маркетингиро дар вакти лозими ва бо сарфи маблаги муайян гузаронад.
Одатан ширкатхо ба маркетинг дар холатхои зерин машгул мешаванд,
*пастравии хачми фуруши мол рохбарияти ширкатро водор месозад, ки сабабхои чунин пастравиро муайян намуда чорахои лозимро барои боздоштан ва сониян барои афзоиш фуриши молхо бинад.Масалан,хачми фуруши нушокихои ширкати «ГМХ- АЗИЯ ЛТД» дар соли охир тамоили пастрави дошт ва рохбарияти корхона инро ба эътибор гирифта шуъбаи маркетинг ташкил намуда, чорабинихо оиди баланд бардоштани сифат ва паст кардани нархро ба воситаи реклом васеъ пахн намуд. Дар натича, кадре бошад хам , хачми фурушро ба дарачаи фоиданоки ширкат баровард.
*инкишофи сусти афзоиши фуруши мол ширкатхоро мачбур месозад, ки бозорхои навро кашв намоянд. Одатан таккикоти бозориро ба шубахо ё ин , ки ба пачухишгохи илми-таткикоти маркетинги месупоранд, зеро чунин кор мураккаб буда тайёри махсусро талаб мекунад. Агар мисоли худро давом дихем ширкати «ГМХ АЗИЯ ЛТД» бахшхои худро оиди фуруши мол дар шахру нохияхо ташкил дода , географияи фурушро васеъ намуд.
*тагйирёбии кимматхо дар такозои харидори ва ё дигаргунёбии одати ахолии дар истеъмоли баъзе молхо хам ширкатхоро водор месозад, ки ба маркетинг машгул шавад. Масалан- афзудани хачми нушокихои корхонаи муштараки «ГМХ- АЗИЯ ЛТД» ва зиёд шудани номгухои вай аз як тараф ва истеъмоли кахва аз дигар тараф ба кам шудани истеъмоли чой оварда мерасонад.
*пуршиддат гардидани ракобат дар сохаи гуногуни истехсол ва тичорати мол. Аз ин сабаб вазъи бозорхои молхои гуногун тез-тез тагйир меёбад ва ин аз ширкат талаб мекунад, ки чорахои маркетинги худро гузаронад.Пуршиддат шудани ракобат дар бозорхои нушоки баъд аз ба кор даровардани корхонаи муштараки»Оби зулол» мисоли равшан шуда метавонад. Анна дар хамин шароит кадоме аз ширкатхо сиёсати худро оиди нарх ва сифати мол окилона гузаронад ва чорабинихои маркетингиро мукаммал ва бо сифат бинад, он гох мувафаккиятро ба даст даровардан имконпазир мешавад.
2 Маркетинг хамчун назарияи бозории менечмент.
Тарафхои ба идоракунии хоси маркетингро дида баромада онро хамчун назарияи бозории менечмент муайян менамоянд.Дар инчо Теодор Левитро ба хотир овардан айни мудаост, Максади асосии манечмент на дар истехсоли мол , балки дар «истехсолот» ва «такрористехсолкуни» истеъмолкунандагони ин мол аст.Пешниходи киматхои истеъмоли-каноатмандии истеъмолкунанда-бозгашти истеъмолкунанда. Дар анна хамин самт бояд менечмент фикр ва амал кунад. Хангоме, ки максади бизнес чалб намудан ва нигох доштани истеъмолкунанда мебошад, вазифахои мухимтарини вай аз маркетингу навовари иборат аст. Ширкатхои тараккикардаистода ба истеъмолкунанда такёя менамоянд, ки онхо борхо ба у барои харидори мурочиат менамоянд. Аз ин лихоз таъини асосии маркетинг-истеъмолкунанадагонро чалб намуда ба онхо муносибати байни хамдигарии дарозмуддатро оиди конеъ гардонидани талаботи онхо бо таъмини фоидаи муайян барпо намояд.
Аз гуфтахои дар боло зикршуда, хулосахои зеринро бояд баровард,
*барои дар бизнес ба муваффакият сохиб гардидан, ба маркетинг ахамияти аввалиндарача медиханд ва он масъулияти чалб намудан ва нигох доштани истеъмолкунандагонро дорад;
*таъиноти маркетинг на дар он аст ,ки катори истеъмолкунандагонро бо роххои гуногунтба даст орад. Дар сифати нишондихандаи самаранокии фаъолияти маркетинги ташкилотхои тичорати фоидаро истифода мебаранд, дар доираи гайритичорати бошад-дарбаргирии васеъи талабот ва дарачаи конеъ гардонидани онхо, ба хисоб меравад.
*хакикат чунин аст, ки чалб намудани истеъмолкунандагони нав назар ба нигох доштани онхо бисёр гарон меафтад. Аз ин чо ширкатхои ба маркетинг такякунанда зарурати ташкил намудани муносибатхои байнихамдигари бо истеъмолкунандагонро бех мешуморанд ва дар асоси таъмин кардани дарачаи баланди каноатмандии онхо ва бо рохи пешкаш намудани киматхои иловаги истеъмолкунандагони навро чалб менамоянд.
Дар хангоме, ки ба аксарияти бозорхо дарачаи баланди ракобат хос мебошад ва ин барои гузаронидани мушохидаи доими аз болои амали ракобаткунандагон ва коркарди стратегияи аз по наафтидан зарурат пайдо мекунад. Хавфи мавчуда, ки истеъмолкунандагон ба талаботи худ каноатмандии мувофик нагирифта ба тарафи ракибон ру оварданашон имконпазир аст.
3. Принсипњои маркетинг
Принсипњои асосии маркетинг инњоянд:
1. Принсипи вањдоният ва ё волоияти пояи модию маънавии бизнес;
2. Принсипи пажўњиши (омўзиши доимї) фаъолият маркетнгї;
3. Принсипи иттилоотї (ахборї);
4. Принсипи сегментатсиякунї;
5. Принсипи мутобиќшавї (созгори бо бозор);
6. Принсипи банќшагирї;
7. Принсипи навъоварї.
Яке аз принсипњои маркетинг сегментатсиякунї (ба ќисмњо људо кардан) ба њисоб меравад. Сегментатсия-ин дар бозорњои фурўш аз тарафи истењсолкунанда ошкор сохтани гурўњи истеъмолкунандагони аз бисёр љињат мувофиќ мебошад. Он имкон медињад самаранокї ва маќсаднокии амалиётњо зиёд гардида, инчунин шиддатнокии раќобат паст гардонида шавад. Сегментатсиякунї дар таќсими бозор ба маќсади зиёд намудани њаљми фурўш асос меёбад. Сегметатсиякунї метавонад њаљми бозорро зиёд кунад ва ба ѓанї гардонидани он мусоидат намояд.
Сегментатсиякунї бо мавќеъдории мол (позитсионирование) робитаи зич дошта, њамчун старатегияи муњимтарини маркетинг ба њисоб меравад. Мавќеъгардони метавонад барои интихоби истеъмолкунандагони сегменти нав гузаронида шавад ва барои тафриќа дар чорчўбаи ин сегмент мусоидат намояд. Мавќеъгардонї чун стратегия имкониятњои васеъро барои истењсоли молњои нав мекушояд.
Сегментатсиякунии бозор яке аз воситањои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бозоргонии корхона ба њисоб меравад. Одатан, новобаста аз мол ё хизматрасонињои пешнињодгардонида, хизматрасонии бозор истеъмолї ё касбї сегментатсиякуниро дар чунин сатњ ба монанди сегмент, бозор, љой дар бозор, сатњи мањдуд ё сатњи мизољи алоњида истифода бурдан мумкин аст.
Ваќте ки дар бораи сегментатсиякунї дар сатњи сегменти бозор сухан меронем, гурўњи калони харидорони ба њам монанди дохилї бозорро бо аломатњои фарќкунанда пеши назар меорем (одатњо, мавќеъи љуѓрофї, ќобилияти харидорї ва ѓайра). Љои бозор нисбат ба дигар сатњњои сегментатсиякунї начандон калон мебошад. Љой бо роњи таќсим намудани сегмент ба зерсегментњо муайян мегардад. Маркетинги мањдуд ба ќонеъгардонии талаботи гурўњи мањдуди истеъмолкунандагон равона мешавад.
Сегментатсиякунї дар сатњи мизољи алоњида, маркетинги инфиродї низ ном бурда мешавад. Ба сегментатсиякунии бозор талаботи муайян хос мебошад, ки аз пурсиш, тањлил, муайян намудани соњањои сегмент ва ѓайра иборат аст. Ќоидањои асосии сегментатсиякунии бозорњои истеъмолкунандагонро ќайд кардан зарур мебошад. Ба инњо-минтаќа, шањр, зичї, иќлим (аломатњои љуѓрофї), сину сол, шумораи оила, давраи њаётии оила, љинс, сатњи даромаднокї, касбу кор, маълумот, аќидањои динї, нажод, миллат (аломатњои психографї) ва инчунин сабаби харид, љустани манфиат, шиддатнокии истеъмолкунї, мавќеъи истеъмолкунанда, муносибат ба мол (аломатњои рафторї) ба њисоб мераванд.
Аз рўи хусусият ва ќоидаи муайян ба гурўњњо људо намудани бозорро сегментатсиякунонии бозор меноманд. Маќсади сегментатсиякунонии бозор аз он иборат аст, ки дохил шудан ба муњит ва њудуди рушди нерўи кори гурўњи бозор ё таснифкунони ва азхудкунии бозор, имконияти ошкор кардани тарафњои мусбии худ ва ба даст овардани нишонањо аз он, ки бо кадом роњњо ва бо кадом тарз ба дастовардани самараноки ва ноил гаштан ба маќсад имконпазир аст.
Вобаста аз рўи усули сегмнитатсиякунонї хусусияти тавсифии бозор мушоњида карда мешавад. Бинобар ин фарќияти як бозор аз дигараш на онќадар маълум мегардад. Муаян карда мешавад, ки дар асоси кадом меъёрњои васеъкунї бояд кор бурд. Агар ба иљроиши сегментатсиякунонии бозор кўшиш намоем аз рўи намуди мањсулот ё минтаќа бо вазъияти шахсии ташкилот – истењсолкунандагон (фурўшандагони мањсулот) ё мумкин аз рўи ноаёнии бозор метавон маќсади сегментатсиякунониро бо маќсади таркибии он: «дар кадом бозор бояд равона карда шавад» ва «барои ба маќсад ноил гаштан чї бояд кард», пайваст, ки худ љавобгаи он аст. Дар кадом њолат шурўъ кардан ба сегментатсиякунонии бозор аз назари мизољон ба муњити истифодабарї ва шаклњои талабот, метавон нишонањои тавсиякунонии фарќияти бозорро муайян кард.
Принсипи банаќшагирї. Мувофиќи ин принсип ташаккули барномањои истеъмолї-фурўшї дар назар дошта мешавад, ки дар пешбинии вазъи бозор асос меёбад. Бизнес-наќшањо коркард коркард карда шудаанд, ки тамоми самтњои асосии фаъолияти фирмаро тасвир мекунад ва дар ин асос тамоми мушкилотњои имконпазирро тањлил намуда воситањои њалли ин мушкилотро муайян мекунанд.
Бизнес-наќша ин њуљљатест, ки маќсади фаъолият ва стратегияи расидан ба онњоро муайян менамояд. Маќсади коркарди бизнес-наќша беруна буда, аз љалб намудани сармоягузор бо маќсади истифодаи воситањои пулї аз сарчашмањои беруна иборат мебошад. Муњаё сохтани заминаи њаќиќї барои татбиќи лоиња аз маќсадњои дохилї њисоб меёбад. Бизнес-наќша имконият медињад чунин вазифањо њал карда шаванд: ошкорсозии маќсадњо дар бозорњои маќсаднок, коркарди стратегияи тиљорат, пешнињод намудани воситањои бањодињии тарафњои пурќуввати тиљорат. Бизнес-наќша ба мўњлати 3-5 соли оянда тартиб дода мешавад. Сохтори бизнес-наќша аксар аз он вобастагї дорад, ки ба кадом маќсад он пешбинї мегардад.
Бизнес-наќша бояд аз вараќаи унвонї, тасвири мухтасари лоиња ва аз чунин бобњо иборат бошад:
— корхона, ширкат, соња;
— мањсулот, хизматрасонї;
— бозор ва раќибон;
— маркетинг;
— истењсолот;
— идоракунї;
— молия;
— бањодињї ба таваккал.
Ба принсипи дигар, инчунин мутобиќшавиро номбар намудан мумкин мебошад, ки зудњаракатии фаъолияти корхонаро дар вазъи таѓирёфтаи бозор дар назар дорад.
Принсипи муњими дигари маркетинг навъоварї ба њисоб меравад. Навъоварї – ин такмили мунтазам, азнавгардонї ва офариниши моли нав, коркарди технологияњои нави истењсол ва техналогияњои нави маркетингї мебошад.
Њамин тавр, принсипњои маркетинг пояи асосии истењсолоти хољагидорї ба њисоб рафта, фаъолиятњои тиљоративу молявиро дар бар мегиранд. Принсипњои асосии идоракунї инњо мебошанд:
1. Маќсадгузории аниќи натиљаи тиљорати ва мавќеи муаяни бозорро бо њисоби мўњлатнок, таъминоти захирањо ва ба ўњда гирифтани љавобгариро дар бар мегирад;
2. Муомилаи комплексї барои ба даст овардани маќсадњои гузошташуда аз рўи тањлили талабот пешгўї кардани бозор, омўзиши мол, таблиѓот ва њавасманкунии таъминкунандагонро дар бар мегирад.
3. Шароити максималии бањисобгирї ва талаботи интихобии бозор бо мурури таъсиррасонии якваќтаи маќсадноки онро дар бар мегирад.
4. Маќсадњои дарозмуддате, ки ба мол равона карда шудаанд, дорои хусусияти принсипалии нави талабот ва таъмин намудани мувофиќияти тиљоратии дарозмуддатро дар бар мегиранд;
5. Зуд бадастории мутобиќшавї, сари ваќт таъмин намудани самаранокии зиёд ба таѓйир додани муњити беруна ва нишон додани инстиятиви (маќсади) он, њамчун намуди идоракунии истењсоли ва ба таъмини мањсулот таъсир мерасонад.
Хулоса
Маркетинг инчунин системаи ташкил ва идоракунии тамоми пахлухои фаъолияти амалии корхона мебошад Аз ишоратхои аввалин лоиха ва технологияхои истехсоли махсулоти нав то расонидани он ба харидор ва хизматрасони баъди фурўши он Бо шарофати маркетинг корхона талаботхои харидоронро ошкор намуда. , ќобилияти харидории онхоро ба талаботи мушаххас ба мол ё хизматрасони ташаккул медихад ва бо ин восита робитаи устувори харидор ва фурўшанда ба вучуд меояд.
Аз рўи мундарничаи иќтисодии худ маркетингро хамчун ташкили комплексии фаъолияти истехсоли фурўши корхона маънидод кардан мумкин мебошад, ки ба таъмини фурўши самараноки махсулот равона карда шудааст. Дар хар сурат мохияти маркетинг бо чунин мафхумхо, чун эхтиёчот, талабот, мубодила, харидуфурўш, нарх ва бозор алоќамандии зич дорад.
Чи хеле, ки маълум аст эхтиёчот-ин аз тарафи инсон хис кардани нарасидани ягон чиз мебошад. Талабот-эхтиёчотест ки шакли махсусро мутобиќи дарачаи мадани ва шахсияти инсон мегирад. Дархост-ин талаботест ,ки бо ќобилияти харидори ќувват гирифтааст. Мол-ин чизест, ки метавонад талабот ё эхтиёчотро ќонеъ гардонад ва ба бозор бо маќсади чалбнамоии диќќати харидор пешниход мегардад. Мол эхтиёчотро ќонеъ мегардонад. Мубодила-ин ба даст овардани объект ба ивази ягон объекти дигар (мол ё хизматрасони) мебошад Харидуфурўш-ин мубодилаи тичоратии арзишдори байни ду нафар мебошад. Бозор-мачмўи харидории мавчуда ва имконпазири мол мебошад . Хамин тавр маркетинг ин фаъолияти гурўхест ки асосан ба бозор муносибат дорад
Адабиёт:
«Асосњои маркетинг» Муаллифон: ШУКУРОВ К.И. АНДАЛИБОВА М.Б. Душанбе 2007
«Асосхои Маркетинг» Муаллифон: Бобосодиќова Г.Б., Наљибуллоев Њ.Љ. Душанбе 2009