Открыть меню

Мафњуми маркетинг

image

мафхуми МаркетингМаркетинг чист ва ба таърифи он чигуна шарх медиханд?

Маркетинг аз калимаи англисй «market» — бозор пайдо шудааст. Назар ба бозор мафхуми маркетинг мазмуни васеъ ва чукуртар дорад. Маркетингро бозоршиносй гуфтан хам на чандон дуруст аст. Маркетингро хамчун системаи мукаммали ташкил ва идоракунии фаъолияти бохаракати ширкат тасвир намудан лозим аст. Бо ибораи дигар фаъо­лияти маркетингии ширкат аз вакти пайдо шудани акида дар бораи ягон моли нав cap шуда то вакти истехролу гузориши мол, мубодилаи вай ва инчунин хизматрасони пас аз фуруш ва ташкили истеъмоли мол, давом дорад.

Таърифи хозиразамони маркетингро олими Амрико. яке аз аъзоёни ассосиатсияи маркетинг ИМА, профессори университета Шимолу Гарб Филипп Котлер додааст. Маркетинг- яке аз шаклхои фаъолияти инсон буда, бо воситаи мубодила ба конеъ намудани эхтиёчоту талаботи одамон равона карда мешавад. Чунин таърифи мухтасар шархро талаб мекунад:

Маркетинг- чунин шакли фаъолияти максадноки гурухи одамон мебошад, ки ихтисоси махсусро талаб мекунад ва мехнати онхо хам ба ширкат ва хам ба чамъият фоиданок аст.

Маркетинг- бо муайян намудани эхтиёчоту талабот ва бо аник намудани такозои харидорон сару кор дорад ва ширкат бояд хамаи онхоро ба эътибор гирифта барои конеъ гардонидан харакат намояд.

Маркетинг- бо гузаронидани чорабинихои мушах хас дар доираи гуногуни истехсолот, алалхусус дар муомилот яъне дар вакти хариду фуруши молхо вобастагй дорад.

Дар натичаи тахлилу санчидани гуфтахои дар боло зикршуда ба чунин хулоса меоем. Маркетинг- ин сиёсати корхона бахри гирифтани фоида, ки дар натичаи омухтану ояндабинй, идоракунии окилона ва каноатмандгардонии истеъмолкунандагон бо мол, хизмат ё чизи дигари харидаашон ба даст меояд, асос меёбад.

Дар кадом холатхо ба маркетинг машгул мешаванд?

Зарурият ба маркетинг руз аз руз афзуда истодааст ва бо инкишофи муносибатхои бозоргонй вобастагй до­рад. Тачрибаи аксарияти ширкатхои чах,он ва аз он чумла Чумхурии Точикистон нишон медих,ад, ки барои бомувафакият гузаронидани фаъолият дар бозор истифодаи тарзу усулхои маркетинги зарур аст. Вазъи бозор ва му- хити он мачбур месозад, ки ширкат чорабинихои маркетингиро дар вакти лозимй ва бо сарфи маблаги муайян гузаронад.

Одатан ширкатхо ба маркетинг дар холатхои зерин машгул мешаванд:

пастравии хачми фуруши мол рохбарияти ширкатро водор месозад, ки сабабхои чунин пастравиро муайян намуда чорах,ои лозимиро барои боздоштан ва сониян ба­рои афзоиш фуруши молхо бинад. Масалан, хачми фуру­ши нушокихои ширкати «ГМХ-АЗИЯ ЛТД» дар соли охир тамоили пастравй дошт ва рохбарияти корхона инро ба эътибор гирифта шуъбаи маркетинг ташкил намуда, чорабинихо оиди баланд бардоштани сифат ва паст кардани нархро ба воситаи реклом васеъ пахн намуд. Дар натич,а, кадре бошад хам, хачми фурушро ба дарачаи фоиданокии ширкат баровард.

 

инкишофи сусти афзоиши фуруши мол ширкатхоро мачбур месозад, ки бозорхои навро кашф намоянд. Одатай тадкикоти бозориро ба шуъбахо ё ин ки ба пачухишгохи илмй- тадкикотии маркетинг!! месупоранд, зеро чунин кор мураккаб буда тайёрии махсусро талаб мекунад. Агар мисоли худро давом дихем ширкати «ГМХ-АЗИЯ ЛТД» бах- шхои худро оиди фуруши мол дар шахру нохияхо ташкил дода, географияи фурушро васеъ намуд.

Тагйирёбии кимматхо дар такозои харидорй ва ё дигаргунёбии одати ахолй дар истеъмоли баъзе молхо хам ширкатхоро водор месозад, ки ба маркетинг машгул ша- ванд. Масалан-афзудани хачми нушокихои корхонаи муштараки «ГМХ -АЗИЯ ЛТД» ва зиёд шудани номг- ухои вай аз як тараф ва истеъмоли кахва аз дигар тараф ба кам шудани истеъмоли чой оварда мерасонад.

  • пуршидат гардидани ракобат дар сохаи гуногуни истехсол ва тичорати мол. Аз ин сабаб вазъи бозорхои молхои гуногун тез-тез тагйир меёбад ва ин аз ширкат та­лаб мекунад, ки чорахои маркетингии худро гузаронад. Пуршидцат шудани ракобат дар бозорхои нушокй баъд аз ба кор даровардани корхонаи муштараки «Оби зулол» мисоли равшан шуда метавонад. Ана дар хамин шароит кадоме аз ширкатхо сиёсати худро оиди нарх ва сифати мол окилона гузаронад ва чорабинихои маркетингиро мукаммал ва бо сифат бинад, он гох мувафаккиятро ба даст даровардан имконпазир мешавад.

Барои сарфахм рафтан ба маркетинг чигуна МАФХУМРО бештар истифода мебаранд?

Барои сарфахм рафтан ба маркетинги х,озиразамон мафхумхои зеринро аник намуда, дар фаъолияти маркетингии худ истифода мебаранд.

  • эх,тиёчот — х,иссиёти шахе дар бораи нарасидан ва ё ноёфт будани ягон чизи лозимй барои гузаронидани даст аст. Эхтиёчот гуногун ва мураккаб мебошад. Масалан эхтиёчоти инсон ба хуроку пушокй, манзилу бехатарй, озодию дониш ва гайра.
  • талабот — ин эхтиёчоте, ки шакли мушаххасро мувофики х,олати имруза ва дарачаи инкишофи иктисодиёту маънавиёт гирифтааст. Талабот хадду канор надорад ва руз то руз тамоили афзуданро дорад.
  • такозо — ин талаботе, ки бо пул ифода ёфтааст ва бо кобилияти харидорй зич алокаманд аст. Аз сабаби махдуд будани захирахо масъалаи интихоби талаботхое. ки конеъ гардонидани онхо аввалиндарачаанд ба миён меояд.
  • мол – хамаи он чизхое, ки ягон эхтиёчоту талабот — ро конеъ мегардонад ва бо максади чалб намудани диккати одамон барои харидан, истифода ва истеъмол на­мудани онхо пешниход шудаанд. Мол аз руи микдору сифат ба такозои харидорон мувофик, бошад, он гох. мол харида шуда барои истеъмол истифода бурда мещавад.
  • мубодила- ивази киматдоро нишон медихад, яъне пешкаш намудани ягон мол ва ба чои вай ба даст овардани молхои зарураст. Мубодила хамчун мархилаи такрор истедсолй махсулоти чамъияти дар иктисодиёти бозорй ахамияти калон дорад. Танхо дар хамин чо яъне бозор маълум мегардад, ки то кадом дарача эхтиёчоту талабот аз тарафи истедсолкунанда ба эътибор гирифта шудааст.
  • созиш — ивази тичоратии арзишдо (киматро) дар байни тарафхои мухталйф, одатан фурушандаю харидор аст.
  • бозор — ин мачмуи муносибатхои истехсолкунанда ва истеъмолкунанда оиди хариду фуруши мол мебошад. Барои ширкат бошад бозор бо шумораи харидорони имруза ва оянда, ки барои харидани моли ширкат тайёранд, ифода меёбад.

Максади маркетинги хозиразамон аз чй иборат аст?

Ширкату кордхонахое, ки принсипхои маркетингро дар просесси гузаронидани фаъолияти худ дар бозор асос мехисобанд ва риоя менамоянд ба максадхои зерин со- хиб шуда метавонанд:

  • ба даст даровардани микдори муайяни фоида ва таъмин намудани дарачаи фоиданоки гузаронидани фаъ­олияти ширкат;
  • назорати дакикй аз болои бозорхои фуруши мадхсулоти ширкат ва нарххои фуруши молхо ва аз он чумла, нархи моли ракобаткунандаи дар бозор амалкунанда.

Барои ба ин максадхои маркетингй расидан ширкат бояд чорабинихои заруриро бинад. Аз он чумла:

1) ба ому хтани бозор ва ояндабинии талаботи харидорон машгул шуда дар асоси он навъи молхои истехсол мешударо му­айян намояд.

2) Ба тартиб додани системаи нархгузорй ва дар амал гузаронидани сиёсати нарх машгул шавад.

3)Ба рекламаи молхои худ ва гузаронидани чорабинихо оид ба тезонидани фуруши онхо машгул шавад.

4)Бо шабакаи корхонахои махсулотфуруш ва хизматрасон баъди фуру­ши махсулот ба истеъмолкунанда, таъмин бошад.

5) Дар созмони алока компютер ва интернетро истифода барад.

Сабабхои пайдошавии маркетингро баррасй намоед?

Хочагихои мамлакатхои таракдиёфтаи капиталисти — ро дар солхои 1900 -1903 бухрони иктисбдй фаро гирифт. Молхо назар ба кобилияти харидорй барзиёд истех,сол шуда ба фуруш намерафтанд ва ин масъала халли худро талаб намуд. Аз ин сабаб дар баъзе донишгоддои ИМА ба омухтани фанни махсус, яъне роххои окилона ташкил на­мудани муомилоти мол шуруъ намуданд. Ин заминаи нахуст барои маркетинг буд. Бояд кайд кард, ки маркетинги хозиразамон хамчун назарияи бозории идоракунии фаъ­олияти ширкат аз солхои 50-уми асри XX cap карда инкишоф ёфта истодааст. Дар ин мархила микдори зиёди ширкатхо ба сохти ташкилии идоракунии корхона тагйироти куллй дохил намуданд. Ягона максад дар он буд, ки хамаи унсурхои истехсолию савдоро ба талаби бозор мувофик намоянд. Дар собик СССР унсурхои алохидаи маркетинг аз соли 1965 cap карда дар корхонаву иттиходияхои истехсоли молхои истеъмолии халк ва содаи савдо истифода бурда шуда буд. Ташкили ВНИИКС ва бахшхои вай дар Чумхурих,ои иттифокй ва инчунин шуъбаю гуруххои мах­сус барои омухтани талабот ва конъюнктураи савдо дар сохадои хочагии халк аз ин шаходат медиханд. Лекин дар системаи маъмурию фармондихй ва планкашии бехад марказонидашуда, маркетинг мавкеъи худро муайян карда натавонист. Баъд аз ба даст овардани истиклолият дар

Чумдурии Точикистон кадамхои аввал барои ташкил додани системаи мукаммали маркетинги ва истифодаи тарзу усулхои вай гузошта шуда истодааст.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст