Асосњои маркетинг
02 10 2017 admin Пока нет комментариев
Мавзуъ:
Асосњои маркетинг
(шарњи мухтасари мафњумњо) — Реферат
Дохил карданд:
Гадоев Њасан Солењович
Њамидов Манучењр Хурсандович
Сабт намудан
Марњилањои асосии инкишофи маркетинг
Маркетинг њамчун илм дар охирњои асри Х1Х ва аввалњои асри ХХ ба вуљуд омадааст. Сабаби пайдоиши ин фаъолият буњрони иќтисодии солњои 1900 — 1903 дар Амрико ба вуљудомада дониста мешавад. Баъдтар курсњои таълимї вобаста ба муаммоњои ташкили оќилонаи гардиши мол дар Донишгоњњои пешсафи Амрико (Гарварди, Пенсильвания, Питсбург, Мичигана, Иллиной) дарс дода шуданд.
Солњои 1903-1905 масъалањои тиљорату фурўшро дар бар мегирифт. Аз соли 1911 сар карда дар ќатори ширкатњои пешсаф ба монанди “Кертис паблишин Ко” нахустин хизматрасонињои маркетингї ба вуљуд омаданд.
Соли 1926 дар ИМА Ассатсиатсияи миллии маркетинг ва реклама ташкил карда шуд.
Соли 1937 — А.М.А. — Асотсиатсияи Амрикоии Маркетинг ташкил карда шуд.
1950-1970 доираи фаъолияти маркетинг бештар ба истењсолот руй овард.
Соли 1967 бори аввал истифоданамои принсипњои маркетинг дар собиќ Иттињоди Шўравї ба роњ монда шуд, вале аз сабаби муттамарказонида будани иќтисодиёт мавќеи худро пайдо намуда натавонист.
Дар Љумњурии Тољикистон пайдоиши маркетинг њамчун фан ба соњибистиќлолии кишвар алоќаманд аст.
Соли 1995 ихтисоси «Маркетинг» бо ќарори Мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 2 октябр тањти №9/5 тасдиќ карда шудааст.
Маркетинг имрўзњо бештар дар соњаи тиљорат, алоќа ва молия тараќиёти худро соњиб гардидааст.
Таърифњои оиди маркетинг пешнињодшуда:
Маркетинг(анг.market, to market — бозор, фаъолият дар бозор, кор бо бозор, омўзиши бозор) – яке аз шаклњои фаъолият буда, бо воситаи мубодила ба ќонеъсозии эњтиёљот ва талаботи одамон равона шудааст.
маркетинг — њамчун фаъолияти иќтисодие фањмида мешавад, ки фурўшандагон ва харидоронро ба њам пайваст карда, имкон медињад мањсулоти истењсолкардашуда ба зуддї мубодила карда шавад.
маркетинг – ин назария ва амалияи идоранамоии корхона ба њисоб рафта, дар навбати худ ќарорњои идоракунї дар асоси тањлили муњити бозор ќабул карда мешавад.
маркетинг ( мувофиќи АМА ) – љараёни банаќшагирї, амалигардонии аќидањои ба нархгузорї мувофиќаткунанда, бањаракатдарорї, амалисозии идеяњо оиди молу хизматњо бо роњи мубодила ба маќсади ќонеъгардонии эњтиёљоту маќсадњои шахсї ва ташкилї дониста мешавад.
маркетинг – ин низоми идоранамоии корхона ба њисоб рафта, бо истифода аз он дар асоси тањлили муњити бозор ќарорњои идоракунї
оиди фурўш ќабул карда мешавад.
Мафњумњо ё котегорияњои асосии маркетинг:
- Эњтиёљот – ин њиссиёти шахс оиди норасоии ягон чиз дар њаёт аст. Эњтиёљот дар навбати худ ба эњтиёљоти физиологї – ба хўрока, либос ва воситањои зиндагї, эњтиёљоти иљтимої – ба боигарии маишї-маънавї ва эњтиёљоти шахсї – ба дониш ва худшиносї — људо мешавад.
- Талабот – ин эњтиёљотест, ки вобаста ба њолати иќтисодї ва сатњи маданиятнокї дар њар шахс шакли муайянро гирифтааст.
- Дархост – талаботест, ки бо пул ифода ёфтааст ва бо ќобилияти харидорї зич алоќамандаст;
- Бозор – ин маљмўи муносибатњои истењсолкунанда ва истеъмолкунанда оиди хариду фурўш мебошад;
- Мол – њамаи он чизњое мебошанд, ки талаботи истеъмолкунандаро ќонеъ намуда метавонанд;
- Мубодила – љараёни гирифтани ягон чиз аз љонибн шахс бар ивази чизи дигар;
- Амалиёт – мубодила, тиљорати чизњои арзишнок дар байни субектњои гуногун. Он ду шаклро дорад:
-амалиёти пулї (классикї);
-амалиёти артериалї (натуралї).
Консепсияњои маркетингї
Консепсияи маркетингї гуфта, њуљљати махсусе дар назар дошта мешавад, ки дар он наќшаи стратегияии ширкат ва роњњои бадастории он нишон дода шудааст.
Чунин консепсияњои маркетингро фарќ мекунад:
- Консепсияи такмилдињии истењсолот – чунин консепсияи маркетинг мебошад, ки мувофиќи он ширкат бояд итењсолоти молњои арзонро зиёд намуда, молњои гуногунро ба нархњои дастрас пешкаш намояд.
- Консепсияи ташкилдињии мол – чунин консепсия мебошад, ки њангоми истењсоли мол сифати он дар мадди аввал гузошта мешавад. Дар ин маврид ширкат ба такмили моли мушаххас бояд диќќат дињад.
- Консепсияи пуршиддатнамоии љидду љањди тиљоратї – чунин консепсияие мебошад, ки љараёни фурўшро бо бароњмони реклама ва усулњои њавасмандгардонї метезонад.
- Консепсияи муосири маркетинг – чунин консепсияи маркетингие мебошад, ки истењсол ва фурўши молу хадамот дар асоси омўзиши эњтиёљоту талаботи истеъмолкунанда ба роњ монда мешавад.
- Консепсияи ахлоќи иљтимои маркетинг – мувофиќи ин консепсия бояд истењсол ва фурўши молу хадамот мувофиќи манфиатњои љамъиятї, урфу одат ва арзишњои миллї ба роњ монда шавад.
Принсипњои омўзиши маркетинг
Тибќи моњияти маркетинг чунин принсипњои асоси онро фарќ мекунад:
- Тадќиќоти њамаљонибаи бозор;
- Мутобиќсозии истењсолот ба талаботи бозор;
- Таъсирасонї ба таќозои истеъмолї;
- Ташаккул ва њавасмандкунии рафтори эљодї дар корхона;
- Ба њиссањо људо кардани бозор;
- Ба миёнаравони тиљоратї мусоидат намудан;
- Ќарорњои стратегї ва техникии ширкатро ба њолати бозор мутобиќ намудан;
- Идораномаи њамаи љарёнњоро таъмин кардан;
Вазифањои асосии маркетинг:
- Вазифаи тањлилии маркетинг – тадќиќоти њамаљонибаи бозори исеъмолкунандагон, раќибон, миёнаравон ва ѓайра
- Вазифаи истењсол – фурўши мол – коркарди моли нав, таъсисдињии гуногунрангии мол, барпечкунонии молњо, нархгузории молњо, азнавњаракатдињии мол, њавасмандгардонии харидорон.
- Вазифаи пешгўинамої – пешгўии вазъи ояндаи бозор, њолати раќибон, тамоюли таќозою арза, завќи истеъмолї, муд ва ѓайра.
- Идоракунї ва назоратї – идора намудани раванди истењсолот ва назорати љараёни фурўш.
Намудњои маркетинг
Вобаста ба њолати таќозо маркетингро ба як чанд намуд људо менамоянд, ки онњо чунинанд:
- Маркетинги конверсионї – чунин намуди маркетинг мебошад, ки дар њолати мављудияти таќозои манфї истифода карда мешавад ва маќсадаш табдилдињии он ба таќозои мусбї мебошад. Таќозои манфї чунин њолати таќозо мебошад, ки аксари истеъмолкунандагон новобаста аз сифат ва нархи мол онро харидорї наменамоянд.
- Маркетинги њавасмандкунда – чунин њолати маркетинг мебошад, ки њангоми набудани таќозо ба мол истифода карда мешавад. Одатан таќозо метавонад ба молњои нав бо бозор воридгадида, ки хусусиятњои истеъмолияшон ба истеъмолкунанда муъаян нест вуљуд надошта бошад.
- Маркетинги равнакёбї – чунин шакли маркетинг мебошад, ки дар њолати мављудияти таќози эњтимолї истифода карда мешавад. Маќсади маркетинги равнаќёбї ин таѓирдињи њолати таќозои эњтимолї ба такозои воќеъї мебошад.
- Ремаркетинг – чунин шакли маркетинг мебошад, ки дар њолати пастрави таќозо истифода бурда мешвад ва маќсади эњёкунии онро дорад.
- Демаркетинг – чунин шакли маркетинг мебошад, ки њангоми аз њад зиёд будани таќозо истифода карда мешавад. Ин шакли маркетинг одатан ба молњои баландсифат хос буда маќсади паст намудани њолати таќозоро дорад, он одатан ба баландбардори нархи мол ќатъ намои реклама ва додани литсензи ба ширкати дигар амалї карда мешавад.
- Синхромаркетинг – чунин шакли маркетинг мебошад, ки дар њолати калобишї таќозо истифода карда мешавад, он одатан ба молњои мавсими хос мебошад, ки бо пешкашнамои чанде њолати таќозоро устувор менамояд.
- Маркетинги мухолифї – чунин шакли маркетинг мебошад, ки ба таќозои нооќилона (иратсионалї) хос аст. Таќозои нооќилона таќозое мебошад, ки ба молњои зиёновар ва зарарнок љой дорад. Таќозо ба маводи мухадир, мањсулоти тамоку, нўшокињои спиртї ва ѓайра.
Муњити маркетингии ширкат
Муњити маркетингии ширкат гуфта, маљмўи омилњо ва њолатњоеро мефањманд, ки ба фаъолияти ширкат новобаста аз мавќеи љойгиршавиашон таъсир мерасонанд
Шаклњои муњити маркетингии ширкат
Муњити маркетингиро вобаста ба мавќеи таъсиррасонии омилњо ба ду гурўњ људо менамоянд:
- Муњити дохилии ширкат – муњити дохилии ширкат омилњо ва њолатњоеро дар бар мегирад, ки дар дохили корхона љой дошта, ба он таъсир мерасонад.
- Муњити берунии ширкат – муњити берунии ширкат маљмуи омилњо ва њолатњое мебошад, ки берун аз корхона љойгир шудаанд ва ба
фаъолияти он таъсири бавосита мерасонанд.
Муњити берунии ширкат вобаста ба дараљаи идоранамоии омилњо низ ба ду гурўњ људо мекунанд:
1.Микромуњит – маљмуи омилњоеро дар бар мегирад, ки ба фаолияти ширкат таъсир мерасонанд ва ширкат низ дар навбати худ имконияти идоранамои ин омилњоро дорад.
Ба микромуњит дохил мешаванд:
истеъмолкунандагон – маљмўи шахсон ва ё ширкатњое, ки њамчун харидори нињоии мол ва хизмат баромад менамоянд;
таъминкунандагон (молтањвилгарон)— фирма ва дигар субъектњое, ки љараёни истењсолотро бо захирањои моддї таъмин менамоянд;
миёнаравони тиљоратї — ширкат ё шахсони алоњида, ки барои фурўш ва пањнкунии мол дар байни истеъмолкунандагон кўмак мекунанд.;
раќибон – маљмўи субъектњои иќтисодие, ки молњои ивазкунанда доранд ва маќсадашон мувофиќат менамояд;
аудиторияи робитавї – гурўњи истеъмолкунандагоне, ки ба фаъолият ва ќобилияти ширкат айни њозиру оянда шавќ зоњир мекунанд.
2.Макромуњит – маљмўи омилњоеро дар бар мегирад, ки ба фаъолияти ширкат таъсир мерасонад, вале ширкат ќобилияти идоранамоии онро надорад.
Ба макромуњит дохил мешаванд:
муњити сиёсї – вањдати иќтисодї байни њизбњо ва њаракатњои мардумї;
муњити табиї – бойгарињои зери заминї, обу њаво, мавќеи љуѓрофї ва дигар омилњои ба ин монандро дар бар мегирад;
муњити демографї – тавлиди кўдак, оиладорї, маълумотнокї ва ѓайраро дар бар мегирад;
муњити диннї – ќоидаву ќонунњои шариатиро дар бар гирифта, ба рафтору кирдори соњибкорон таъсири худро мерасонад;
муњити фарњангї – тарзи хўрокхўриву либоспўшї, расму маросимњо, тўйю маъракањо ва ѓайраро дар бар мегирад;
муњити иќтисодї – сатњи инкишофи иќтисодии љумњурї ва нархњои дар бозори дохили амалкунанда, дараљаи бекорї, њаљми пасандозњои ањолї, дараљаи таваррум, дастрасии оммавии ќарздињї, њадди назораткардашавандаи музди мењнат ва дигар омилњоро дар бар мегирад.
Тањлили омилњои муњити маркетингї: swot ва step – тањлил.
SWOT – тањлил, калимаи ихтисоршудаи англисї мебошад, ки њарфњои авали калимањои зерин иборат мебошад:
Strong – иќтидорнокї;
Weak – заифї;
Oppottunities – имкониятњо;
Threak – хавфу хатар.
Њамин тариќ swot –тањлил гуфта, тањлили тарафњои устувор ва заифї фирмаро бо дарназардошти имконият ва хавфу хатар дар назар доранд.
STEP – тањлил ин усули тањлили асосии омилњои макромуњит мебошад, ки аз руи таъсири соњањои ,фаъолияти ширкат таъсиррасон бароњ монда мешавад.
STEP калимаи ихтисоршудаи забони англиси мебошад, ки аз њарфњои авали чунин калимањо ба вуљуд омадааст:
sotcial – иљтимої;
technologicai – технологї;
economic – иќтисодї;
political – сиёсї.
Низоми иттилооти маркетингї
Низоми иттилооти маркетингї – ин низоми доимоамалкунандаи муносиабатњои одамон, таљњизот ва усулњои методї оиди љамъоварї, гурўњбандї, тањлил, бањодињї, таќсимоти фаъолона ва сариваќтии иттилоот барои истифодабарандагони соњаи маркетинг бо маќсади банаќшагирї, назорат ва дар њаёт татбиќ намудани чорабинињои маркетингї мебошад.
Иттилооти маркетингиро вобаста ба сарчашмахои чамъоварии он ба ду гуруњ људо мекунанд:
- Иттилоот аз сарчашмањои дохилї;
- Иттилоот аз сарчашмањои берунї.
Усулњои љамъоварии иттилооти маркетингї
Усулњои љамъоварии иттилооти маркетингї ин тарз, восита ва роњњои ба даст овардани маълумотњои дохилию беруна бо маќсади коркард ва истифодаи онњо дар раванди тадќиќот ба шумор меравад.
Чунин усулњои љамъоварии иттилооти маркетингї вуљуд доранд: мушоњида, фокус – гурўњ, мусоњибањои шахсї, тањлили суратмаљлисњо ва андозагирињои физиологї, пурсиш, анкетањо, озмоиш ва ѓайрањо.
Низоми тадќиќотњои маркетингї
Тадќиќотњои маркетингї – ин низоми омўзиши њамачонибаи ташкили истењсолот ва фурўши молу хизматрасонињо мебошад, ки ба ќонеъсозии талаботњои муайян ва гирифтани фоида дар асоси омўзишу пешгўии бозор равона карда шудааст.
Бо ибораи дигар, тадќиќотњои маркетингї ин ѓункунї, кор карда баромадан ва тањлили маълумотњо бо маќсади кам гардонидани номуайянињо дар вакти ќабули ќарорњои маркетингї мебошад.
Маќсадњои гузаронидани тадќиќотњои маркетингї:
кор карда баромадани карори стратеги оиди тарракиёти ширкат ва васеъ гардонидани доираи фаъолияти он;
ошкор сохтани имкониятњо барои ишѓол кардани мавќеи ракибї дар бозор;
равона сохтани истењсолот ба истењсоли он молу мањсулоте, ки фурўши бомуваффаќият доранд;
Рафтори истеъмолкунандагон
Рафтори харидор ин амалест, ки аз дастраснамої, истеъмол ва таќисми молхо, инчуни љараёни ќабули ќарорњо таркиб ёфтааст,ки минбаъд шахс мувофиќи он амал менамояд.
Чор усули асосии маънидоди рафтори харидорон вуљуд дорад:
харидор мустаъкил аст;
ангеза ва рафтори харидор дар натиљаи тадќиќот муайян карда мешавад;
ба рафтори харидор метавон таъсир расонид;
рафтори истеъмолкунанда иљтимоан ќонуни мебошад.
Бозори истеъмолї – ин шахсони алоњида ва хољагињои хонагие ба шумор мераванд, ки бо маќсади ќонеъсозии талаботи шахсии худ мол ва хизматњоро харидорї ва ё бо ягон восита дастрас менамоянд.
Омилњои ба рафтори истеъмолкунанда таъсиррасонанда:
Омилхои ќатори маданї
Омилњои ќатори шахсї
Омилњои ќатори иљтимої
Омилњои ќатори равонї
Сегментацияи бозор
Сегментатсияи бозор – ин ба ќисматњо људо кардани гурўњи муайяни истеъмолкунандагон дар асоси эњтиёљот, завќ ва рафтори якхелаи онњо дар назар дошта мешавад.
Ѓунљоиши бозор
Ѓунљоиши бозор њамчун њаљми мол (дар ифодаи арзишї ва ё воњидї), ки дар бозори муайян дар давраи муайян (сол) фурўхта мешавад муайян карда мешавад.
Ѓунљоиши бозори кишвари алоњидаро бо формулаи зерин нишон медињанд:
дар ин љо:
С – ѓунчоиши бозор;
Р – истењсоли миллии моли мушахас дар кишвар номбурда;
R – баќияи захирањои молї, дар амборњои корхонањои истењсолкунанда дар кишвари муайян;
Е — содирот;
I — воридот;
D – афзоиш (–М камшави) – и захирањои молии фурўшандагон ва истеъмолкунандагони кишвари номбурда;
Ео — содироти ѓайримустаќим;
Iо – воридоти ѓайримустаќим.
Агент – савдогари яклўхтфурўш буда, асосан аз номи фурўшанда баромад намуда, њуќуќи моликиятро ба мол намегирад.
Ахбороти маркетингї – низоми доимоамалкунандаи алоќаи ширкат бо истеъмолкунандагон бо маќсади љамъ, тањлил ва бањодињии маълумотњост.
Брокер – савдогари яклўхтфурўш буда, њуќуќи моликият ба молро надошта, танњо ташкилкунандаи мулоќот миёни харидору фурўшанда баромад менамояд.
Бихейворизм – омўзиши пањлўњои психологии рафтори истеъмолкунандагон дар љараёни интихоб ва хариди мол.
Гурўњњои референтї – шахсони боваринок, ки рафтори харидории якхела ё монанд доранд.
Даврањои њаёти мол – раванди инкишофи фурўши мол ва гирифтани фоида буда, аз даврањои ба бозор баровардани мол, тараќќиёт, камолот, ављ ва таназзул иборат аст.
Диверсификатсия – дар асоси истењсолоти вайронкардашуда ба кор андохтани истењсоли моли нав.
Борпечонї – раванди коркард ва истењсоли масолењи борбандї ва муќовакунонї.
Идоракунии маркетингї – маљмўи тањлилу банаќшагирии фаъолият, дар амал љорї намудани чорабинињои маркетингї ва ташкили назорат аз болои онњо мебошад.
Имкониятњои маркетингї – самтњову доирањои љолиби диќќат, ки ширкат метавонад истифода аз он бо бартариятњо баромад намояд.
Коммуникатсияи маркетингї – ин алоќаи ахборотии ширкат бо аудиторияи маќсадноки худ аст, ки он дорои алоќаи љавобист.
Кўтоњандешагии маркетингї – такмили мол на барои ќонеъ гардонидани талаботњои харидорон, балки бањона барои беохир такмил додани мол аст.
Маљрои таќсимот – маљмўи ширкатњо ва шахсони алоњида, ки дар њаракати мол аз истењсолкунанда ба сўи истеъмолкунанда бевосита иштирок мекунанд ва ё кўмак мерасонанд.
Квота – миќдори меъёри молњои алоњида, ки ба воридоти онњо ба кишвар иљозат дода шудааст.
Квотаи савдо – наќшаи меъёри фурўш, ки ширкат ба агенти худ барои муњлати муайян пешнињод менамояд.
Консюмеризм – њаракати муташаккили шањрвандон ва маќомоти давлатї барои васеъ намудани њуќуќ ва таъсири харидорон нисбати фурўшандагони мол ё хизмат.
Комплекси маркетингї – як ќатор омилњои таѓйирёбандаи бозорї, ки тањти назорати ширкат буда ва барои гирифтани аксуламали дилхоњи харидрон истифода карда мешавад.
Маркетинги љой – бароњмонии фаъолият бо маќсади ташкил, нигоњ доштан ва ё таѓйир додани муносибат ба ќаламрави минтаќаи мушаххас.
Молњои истифодаи дарозмуддат – неъматњои моддие, ки дар раванди истифодаи бисёркарата оњиста хўрда мешаванд.
Молњои талаботи њаррўза (рўзмара) – молњое, ки одатан истеъмолкунанда бе ягон фикру хаёл ва љидду љањди иловагї такроран харидори менамояд.
Мативатсияи харид – далел ё сабаб барои харидани ин ё он намуди мол аст.
Модификатсия – дигаргунсозии истењсолот бо маќсади баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани номгўи молњо.
Мониторинг – тањлил ва назорати маркетингї аз болои фаъолияти маркетингии ширкат, иљрои чорабинињо ва буљет аст.
Метомаркетинг – шакли зоњиршавии назария ва амалияи маркетинг дар сохтори ѓайритиљоратии бозорї аст.
Маркетинг – Микс – барномаи маркетингии ба даст даровардани муваффаќият, ки дар он чањор унсури асосї: мол, нарх, таќсимкунї ва њавасмандгардонї мушаххас гардонида шудааст.
Наќшакашии маркетингї – идоракунии раванди истењсол ва нигоњ доштани баробарии (мувозинат) байни маќсади ширкат, имкониятњои потенсиалї ва ваќт аст.
Номенклатураи мол – рўйхати номгўи молњо ва гурўњи онњо, ки ширкат айни њол ва оянда истењсолу пешнињод менамояд.
НОУ-ХАУ – ихтироъ ва тадќиќоти тайёр барои истењсоли моли нав.
Ниокр – корњои илмї-тадќиќотї ва лоињакашии молњои нав.
Реклама — як шакли алоқаест, ки маълумотро оиди сифати молу хизматрасонї ва ғояҳоро истифода аз воситањои гуногун бавосита ва бевосита пешкаш менамояд.
Савдои чакана – хариду фурўши дона ё миќдори ками мол, ки маќсади истифодаи шахсї ё ѓайритиљоратї дорад.
Савдои яклўхт – хариду фурўши якбора ё миќдори зиёди мол, ки маќсади тиљоратї ё касбї дорад.
Стратегияи маркетингї – сохтори оќилонаи мантиќии тартиби фаъолият дар даврањои муайян.
Статус – вазъ ё мавќеи шахс ва ширкат дар љараёни хариду фурўши мол.
Сегмент – банд ё њиссаи бозор, ки бо он ширкат фаъолият мебарад.
Такмили мол – фаъолияти ширкат дар самти ављгиронии фурўш аз њисоби коркарди моли нав ё моли такмилёфта.
Тамѓа – ном, фањмиш ё нишон, ки аз рўи он як ё гурўњи молњои истењсолкунандагон аз якдигар фарќ мекунанд.
Тахфиф (скидка) – паст кардани нархи мол ба харидорон.
Фурўши шахсї – пешнињоди маълумот оид ба мол ё хизмат ва ё муарифии он дар ваќти мулоќот бо як ё якчанд харидорони эњтимолї бо маќсади фурўш.
Хадамот – объекти фурўш дар шакли амал, ки натиљаи он манфиат ё ќаноатмандї аст.
Хизмат – ин њар гуна чорабинињо ё бањрабардорињо, ки аз як љониб ба љониби дигар пешнињод мешавад ва он дорои алоќаи љавобист.
Њавасмандгардонии фурўш – чорабинињои кўтоњмуддати шавќовар бо маќсади љалби диќќати харидор ва ё фурўшанда ба мол аст.