Вахдат –пояи хушбахти ва рушди миллат.
28 07 2017 admin Пока нет комментариевПарокандагии миллї, људогї ба мањалу гурўњњо ва паси сангари муќобил пайи ќасди љони якдигар ќарор гирифтани тољикон, ки акнун истиќлолият насибашон гашта буд, воќеан дањшат ва хатари азиме буд.Таќдир ва сарнавишти миллати тољик дар солњои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи њассосе ќарор дошт.
Вањшонияти ин рўйдоди нобасомон, ки доѓе ба ќалби њар пиру љавон љо намуда ба њар хонадоне осори ѓаму андўњ нињода буд, дар шеъри Мўъмин Ќаноат чунин тасвир шудааст:
Чунин разми беназмро касс надид,
Ва тасвири онро набояд кашид.
Зи тифлони гавњора то пири кор,
Бишуд сайди ин љангу тири шикор
Чун тулўи офтобе, ки баъди чанд рўзи боронњои пай дар пай синаи абрњоро шикофта берун мешавад, моњи ноябри соли 1994 роњбарии давлати тољикон ба ўњдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулњ сар мекунам » буд.
Дарвокеъ, ин шахси ватандўсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тољиконро љомаи амал пўшонад.Ў ин миллати парокандаву парешон ва ноогоњ аз максадхои нопоки чанд мансабхоњ дар ќасди љони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба вањдату сарљамъї даъват намуда, сулњро дар кишвари тољикон танинандоз намуд. Мањз ба шарофати саъю талош ва фидокорию ќањрамонињои беназири давлати точикон Эмомалї Рањмон яъсу ноумедї аз ояндаи торики халќу Ватан барњам хўрд.
Устод Лоиќ Шералї яке аз аввалинњо шуда ин санаи муборакро барои њаммиллатонашон муборакбод гуфт:
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тољик мешавад наздик бо тољик!
Кунун оѓози сулњ асту рафоњи халќ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!
Шоира Гулрухсор аз тулўи њаёти нави мадуми кишвар ва эњёи зиндагии пурбањои миллати бунёдкори тољик ба ваљд омада мегўяд:
Боз тољик, —
Миллати мурѓи самандар,
Аз шўои оташи худсўзии худ,
Марзи имонро биафрўзад.
Тољикистон сўхт гар
аз љањли тољик
Фазли тољик-
Тољикистонро биафрўзад.
Дарвоќеъ, њиммати баланди бахшандагї ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалї Рањмон ва сарвари собиќ мухолифин Сайид Абдуллоњи Нурї, ки оќибат ба дарки маънии идомаи љанг — идомаи тољиккушист ва идомаи тољиккушї фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро бањри сулњ ва ризоияти миллї фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулњ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накўиш аст. Ин амали љавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзаро ба бор овард, дар таърихи халќи тољик бо њарфњои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландї ба худ ќабул хоњард кард.