Открыть меню

ШУКР ГЎӢ, НЕЪМАТАТ АФЗУН ШАВАД

image

шук руиРўзҳои наздик халқи сулҳдўсту ватанпарвари тоҷик 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро
ҷашн мегирад.
Соли 1991 халқи тоҷик рўзҳои мудҳиштаринро аз сар гузаронид. Оилаҳои зиёд аз меҳрубониҳои падарӣ, бародарӣ, фарзандӣ маҳрум гаштанд. Мардуми зиёде диёру Ватани худро тарк намуда, ба давлатҳои дигар фирор карданд. Қариб давлати тоҷик аз байн мерафту миллати тоҷик пароканда мегардид. Фарзанди ҷонфидои Ватан Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, мардонавор дар музокироти гуногун, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он баргузор мегардиданд, иштирок намуда, мардуми силоҳбадастро ба сулҳу оромӣ ҳидоят мекард.
Аз 16 то 30 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар бунёди сулҳу осоиштагии Ватани азизамон иқдоми ҷасурона ва сарнавиштсоз буд. Бо шарофати кўшишу ғайрати Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои нопоки баъзе душманони халқи тоҷик бар ҳадар рафт. Соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд ва он дар бунёди давлати навини дунявӣ нақши муҳим бозид.
Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик гуфта буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Дар 21 соли истиқлолият ваъдаи Президент дучанд иҷро гардид. Бо кўшишу ғайрати Сарвари давлат ва тамоми халқи тоҷик соҳаҳои иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ давра ба давра рушд ёфта, мустаҳкам гардида истодааст. Ахиран Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рақобати иқтисодӣ боз панҷ зина боло рафт.
Дар арсаи ҷаҳонӣ зиёда аз 145 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил мешиносанд, эътироф ва пазироӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 кишвару давлати ҷаҳон мунсибати дипломатӣ ва бо зиёда аз 100 кишвару давлат муносибати тиҷоратӣ дорад.
Ба шарофати истиқлолият Тоҷикистони азизи мо соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъор, Артиши миллӣ гардид ва забони давлатӣ забони тоҷикӣ эълон шуд. 21 сол аст, ки мардуми тоҷик ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро озодона амалӣ мегардонад.
Истиқлолият низ дар инкишофи илму маориф таъсири мусбӣ расонид. Аз ибтидои истиқлолият Президенти кишвар маорифро соҳаи афзалиятнок эълон кард. Баҳри мустаҳкам кардани заминаи ҳуқуқии соҳаи маориф як қатор ҳуҷҷат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд. Давлат барои донишандўзии хонандагону донишҷўён ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Тўли 21 соли Истиқлолият дар қаламрави ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишии замонавӣ қомат афрохтанд. Хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Имсол варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар олимпиадаи XXX варзишӣ (ш.Лондон) соҳиби медали биринҷӣ гардида, бори дигар ба тамоми мардуми дунё Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои рушди таҳсилот барномаҳои давлатӣ, ба монанди «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020″, «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004\2014″, «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ», «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015″ … амалӣ мегарданд.
Наврасону ҷавонон имкон пайдо намуданд, ки таҳсили худро дар давлатҳои абадқудрат давом дода, ба халқу диёри худ содиқона хизмат намоянд. Дар ҷумҳурӣ гимназияву литсейҳои давлативу хусусӣ кушода шуда, дар онҳо ҳазорҳо нафар хонандагон таҳсил карда истодаанд. Имсол мактаби байналмилалии Президентӣ бунёд гардида, хонандагони аввалини худро қабул намуд.
Ин ҳама ободтву ин ҳама муваффақиятҳо дилро ба ваҷд меоварад ва беихтиёр мегўем: – Шукри Ватани маҳбуб, шукри сулҳу ваҳдат, шукри диёри ободу осоишта, шукри осмони софу беғубор. Шукр, ки Тоҷикистони азизи мо сол то сол рушд меёбаду шўҳратёр мегардад.

З.ТОШБОЕВА,
муаллими калони
кафедраи иқтисод ва идораи соҳаи маорифи ДҶТИБКМ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст