Открыть меню

ШОИРИ ДЎСТДОШТАИ МАН

лоик шералиШоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бе шоире анбори гил.

Шеър шоир асту шоир шеър. Ин ду вожа дар ҳолатҳои гуногун якди-гарро иваз мекунанд. Яъне шоир шеърро ва шеър шоирро ба ёд ме-орад. Шоир офаридаи шеър буда аз калимаву ибора дар бунёди кохи назм замина мегузорад. Мардум нисбат ба шоир эҳтироми хоса дорад, зеро шеър дар раванди зиндагӣ ба инсон шодию сурур бахшида, дар фрсати андўҳ ба таскинии дил боис мегардад.
Ҳар шоири воҳид бо даричаи афкори хеш ба олами пурасрор нигариста, ба кашфи ин ё он маънии нав шарафёб мегардад. Аслан шоири аслро на аз рўи андозаи ащъор, балки бо санъати гуфтор мешиносанд. Амир Хусрави Деҳлавӣ чунин гуфтааст.

Як сафҳаи пур аз шарораи шавқ,
Беҳтар зи дусад китоби безавқ.

Ҳар шахс вобаста ба низоми ақлу завқ шоири дўстдоштаи худро до-рад. Аз ин рў, ман ба ашъори шоири бузурги точи кустод Лоиқ Шералӣ дилбастагии зиёд дорам. Маънии ҷовидонии ашъори мавсуф ба он боис гашт, ки ўро шоири дўстдоштаи хеш пиндорам.
Шеъри Лоиқ бо равони мисли дарё бо тароват боғи гулҳо, ва бо назокат ҳусни дунёст. Ашъори шоир бофарогирии мавзуҳои бекарона ва тоҷикона буда, ба инсон аз давлати шеъри воло шодиёна меорад. Лоиқ оламро бо диди фарохи шоирона нигариста, ба умқи ҳодисаву воқеа мерасад ва андешаашро бо баҳори сабзи хаёл оро дода ба хони маънавии хонандаи хуш завқ мегузорад.
Муҳимтарин паҳлуи эҷодии шоир он аст, ки офаридаҳояш моро ба худшиносиву худгоҳӣ талқин мекунад. Махсусан «Модарнома» ва шеърҳои дар ситоиши модар сурудааш хеле мўъҷазиму самими ва ҷолибу хотирмонанд. Модаре, ки Лоиқ тасвир мекунад натанҳо модари ў, балки модари кули мардуми олам аст.
Шоир модарро қиматтарин неъмати дунё ба қалам дода, дасти дуои варо кушояндаи дари саодати инсон ва фатҳу кушоиши зиндагӣ арзёбӣ мекунад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои
модар,
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои
модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан
ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои
модар.

Шоир таъкид мекунад, ки агар щўҳраташ ба фалак рассад ҳам наз ҳикмати модар сари таъзим фуруд меорад, зеро бори ранҷу азоби ўро дигар касс кашида наметовонад.
Ба назари тозаи устод Лоиқ дар ин дунёи фонӣ иҷрои амали нек ва аз хишти донишу хирад сохтани манораи ақл хеле гарон аст.
Ба рағми ин аз калла манора сохтан осон муясар мешавад:

Дунё ба мисоли бори ноҳинҷор
аст,
Вазнаш ба дўши ҳар каси пурбор
аст.
Аз қулла манорасозӣ осон дар он
Аз ақл манора сохтан душвор
аст.

Бешубҳа, Шоири халқии Тоҷикистон Л.Шералӣ бо ашъори равон ва беназираш дар дили ҳазорон ҳаводорони каломи мавзун кохии муҳаббати зиндагиро бунёд кардааст. Мардум дар ғаму шодии худ аз ашъори ин шоири бузур васеъ истифода мебаранд. Лоииқ Шералӣ шабеҳи кавкаб самои санъати баназири тоҷиконаро ҷилои тоза бахшида, тасалобахши дили ошиқону шоирон, бонувону ҷавонон ва кули мардуми олам аст. Халқи точик бо номи ў итихор мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2021 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст