Открыть меню

Роғун-чароғи Тоҷикистон

рогунРоғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикмстон ҳамчун давлати мусстақилу ҳуқуқбунёд ва демократииву дунявӣ зина ба зина мавқеи худро дар олами сиёсати ҷаҳоӣ устувор намуда, таввасути фарҳанги волои давлатдорӣ аллакай мақоми шоиста пайдо кардааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро узви ҷудонашавандаи хеш дониста, дар маъракаҳои муҳими сиёсии давлатҳои мутараққӣ намояндаи воломақоми кишвари моро даъват мекунад. Ин худ гувоҳи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ба муқаррароти ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст.
Албатта,ягон кишвари мутамаддину пешрафтаи дунё дар шароити кунунӣ ором буда наметавонад. Аз як тараф, хатари терроризму ҷи-ноятҳои мухталиф, аз тарафи дигар шиддати бемайлони бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ водор менамояд, ки барои амнияти давлат ва мардум чораҳои муассир рўи кор ояд.
Бо мақсади мусоидат ба раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз мушкилоти таъминоти барқ раҳо гардидан Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зарурияти бунёди Нерўгоҳи барқии обии Ро-ғунро ба миён гузошт.
Муроҷиатномаи Президент аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд, зеро бе рушди энергетика раси-дан ба ормонҳои миллӣ ғайри имкон аст. Тоҷикистон наметавонад бо чунин имконоти Худодод ба сўи дигар кишварҳо дасти ниёз дароз намояд. Моҳияти асосии иқдоми оқилонаи Сарвари давлат ба манфиати халқи тоҷик ва миллатҳои сокини кишвари биҳиштосои мо мебошад.
Ниёзи кишвар ва мардумро ба назар гирифта, Ҳукумат ба қароре омад, ки дар кўтоҳтарин фурсат Роғунро бисозад. Аз ин рў, дар роҳандозии ин сохтмони беназир саҳми мардум низ ба инобат ги-рифта шуд.
Хушбахтона, мардум бо датаҷамъӣ ҷиҳати харидории Саҳмияҳои Роғун тадбирҳои мушаххас андешида бо охирин пасандозҳои хеш ба ободии Ватан мароқ зоҳир мекунанд.
Барҳақ, шоири зиндаёд устод Лоиқ гуфтааст:

Олам ҳама ҷо азиз, лекин барман
Модар яктост, Тоҷикистон
яктост.

Ободии Ватан қарзи шаҳрвандии мост. Тоҷикистон бо ғурури Рус-тамонаи фарзандонаш Кохи нури Роғунро бунёд карда, тоҷи зарини рўшноиро истиқбол хоҳад намуд, дилу дидаи Ватанро нури Роғун боз ҳам равшантар мекунад. Оре:

Кохи нури Тоҷикистон Роғун аст,
Манбаи ганҷи фаровон Роғун аст.

Мо умед бар он дорем,ки ин иншооти аср дари бахту саодатро ба мардуми кишвар кушода, омили пешрафти Ватан ва хушбахтии сокинони диёр мегардад. Минбаъд кишвари мо метавнад дар Осиёи Миёна ба мулки доро табдил ёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2019 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст