Открыть меню

РОҒУН-ҶАБҲАИ НОМУСИ МИЛЛӢ

image

рогун ГЭСРоғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғўши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон.

Тоҷикистонам чароғон мешавад,
Манбаи нури фаровон мешавад.
Аз фурўғи дидаи Роғуни мо,
Хафт кишвар ахтаристон мешавад.

Имрўз мавзўи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рўз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷўҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мўҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.
Нерўи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли Шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ зарурияти Роғунро хуло хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишод дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бо нангу номуси кишвар аст. Оре:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста
гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста
гардад.

Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарк доданд.
Ҳазорон фидрёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.
Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Дарки оқилонаи масъала ба хасташавии пирони кор имкон медиҳад. Баръакс, парчаминомуси миллат фазои фароғати эшонро зиннат медиҳад
Шиносоии бевосита Сарвари давлат ба рафтори корҳои сохтмон ва мулоқоти судманашон бо ҷаъи коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад. Расидан ба ҳадафи давлат шиори сабзи девони миллат аст:

Роғун,Роғун чароғи сабзи
ватанаст,
Ободии мулки Тоҷикистони манн
аст.
Бо заҳмати халқи мо шавад он
бунёд,
Роғун ба мисоли мактаби илму
фан аст.

Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рўшноиро ба ҷаридаи оламэҳдо хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст