Открыть меню

НАШЪАМАДӢ ВА СПИД ДУ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

нашъаманди ва спидЗиндагӣ мегузарад, оне ки ҳамқадами он намешавад, танҳо мемонад.
Максим Горкий

Имрўз ҷамаи ҷаҳонӣ дар раванди бемайлони илму техника қарор дорад. Пешрафту шукуфоии оламро бе донишу маърифат наметавон тасаввур кард. Қисме аз мамолики пешқадами дунё бо фарогирии нерўҳои ақлонию эҷодӣ мушкилоти молиявиро ҳал намуда бошанд ҳам аз нигоҳи падидаҳои номатлубе, мисли нашъамандию ва СПИД изҳори ташвиш менамоянд. Зро давра ба давра зиёд гардидани шумораи он назми ҷомеаро халалдор намуда, сиҳатии насли минбаъдаро зери шубҳа мегузорад.
Мутаассифона, ин мушкилоти азим дар Ҷумхурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Бар асари муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ ва масъулиятношиносии қисме аз ҷавонон аллакай хатари зиёд шудани нашъамандону гирифторони бемории СПИД яъне норасоии маснунияти бадан вуҷуд дорад. Пас чӣ бояд кард?
Шарти аввал саривақт ба ҷои кор таъмин намудани ҷавонон мебошад, зеро ҷавони бекор дар фурсати даври гузариш ба моҳиятиамал чандон сарфаҳм намераванд. Дигар ташкили мизҳои мудаввар, вохўриҳо, намоишҳои мазмуни телевизионӣ, барномаҳои радиоӣ, тарғиб ба воситаи матбуоти даврӣ ба суди паст кардани сатҳи афзоиши ин ду падидаи номатлуб аст.
Аксарияти ҷавонони сустиродаи мо бо як санҷиши таъсири маводи мухаддир ба зулмоти ин амал меафтанду одат мекунанд. Санҷиши амали бад манфиате ба бор намеорад. Барҳқ, халқ ҳавқиқатеро ба мо мерос додаст:

Бо моҳ шинӣ, чун моҳ гардӣ,
Бо дег шинӣ сиёҳ гардӣ.

Нашъа аоафи худрўи заҳрнок буда, воридшавии воридшавии он ба организми инсон ба пайдоиши бемориҳои мухталиф боис мегардад. Азин рў ҷавонони мо набояд ояндаи дурахшони худро бо дуди ин алаф ба зулмат табдил диҳад. Онҳо бояд чун ворисони асили Рўдакиву Сино ба олами эҷоду фарҳанг мароқ зоҳир намоянд. Танҳо илму маъ-рифат метавонад шарики боэътимоди инсон бошад. Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гуфтааст:
«Инсон бе санъату маърифат инсон нест»
Муносибати маҳрамона низ одоби худро доранд. Дар ин масъала низ ҷавононро иттилооти судбахш зарур аст. Умуман, тамоми фаъолияти меҳнатӣ ва маишии инсон бояд тибқи тастур сурат гирад. Ҳатто одитарин паҳлўи зиндагии мо дорои қоидаи махсус аст.
Норасоии маснуяти бадан низ оқибати фалокатбор дорад. Аз ин рў, пеш аз иҷрои амале дар бораи оқибати он андешидан рисолати инсонии мост. Мо ки худро миллати соҳибкитобу тоҷдор ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, набояд ба амали зишт мурасо намоем. Зеро ба ҳуввияти миллии мо бегона аст. Пас барои расидан ба мақсуд ҳамагон бояд ҷиҳати решакан кардани нашъамандӣ ва СПИД тадбирҳои мушаххас биандешем. Зеро:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.

Камоли маънавиёти инсон кафили амнияти кишвар аст. Пас сиҳатии омма шарти рушди давлат буда, боиси тавоноии кишвар мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст