Открыть меню

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

image

мукадасоти миллиДар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳар миллат дорои за-бон, хат, рамзҳои ба худ хос ва расмуанъанаҳои гуногун мебошад.
Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воси-таи забони шево нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст.
Истиқлолият давраи нави эҳёи тамадуни халқи тоҷик ба шумор мера-вад. Миллат тавассути даврони мустақилият бод арки амиқ ватандо-рӣ бо эъмори давлати дунявӣ ва демократӣ иқдом намуд.
6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон бо раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардум қабул гардид. Ин шиносномаи миллат роҳи рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дод. Аъди таъсиси Ҳукумати воҳид рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Пачам, Нишон, Суруди миллӣ гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахшро халқи тоҷик бо ризоияти том истиқбол намуд.
Забон ва пули миллӣ низ мисли рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта мешаванд. Имрўз забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, воҳиди пули мамлакат Сомонист. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он вазифаи ҳар сокини Тоҷикистони азиз аст.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қалами шоири халқии Тоҷикистон Гуназар Келдӣ мансуб буда, орзуву ормони ин миллати куҳанбунёдро фаро мегирад. Оҳанги Суруди Миллӣ маҳсули заҳмати Сулаймон Юдаков аст. Шоир Гулназар бо арки баланди масъулият дар иншои ин матн саҳми муассир дорад. Моҳияти асосии Суруи Миллӣ дар маънии фарох ва калимаву ибораҳои тоҷиконаи он аст.Банду басти ҳиҷо. Калима ва ибораҳо ҳпмто надорад. Иннак, банди авали онро ба ёд меорем:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд
бод,
Саодати ту, давлати ту, бегазанг
бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем,
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди манн!

Мавзўи муқаддасоти миллат дар эҷодиёти шоирони тоҷик мавқеи хоса дорад. Доир ба гиромидошти он навиштаҳои зиёде рўи кор омада, саҳифаи даврони Истиқлолияти мамлактро зиннат доданд.
Шоир Парчами Тоҷикистонро бахти миллат ва монанди Шамси мунир ба қалам додааст:

Парчами Тоҷикистон,
Чун бахт ёвари мост.
Хуршедсон ҳамеша,
Тобанда бар сари мост.

Муқаддасоти миллӣ аз ҳастии ҳар як милати соҳиб тамаддун олам гувоҳ гувоҳӣ медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст