Открыть меню

МАЗАН БАР САРИ НОТАВОН ДАСТИ ЗУР

image

нотавонМазан бар сари нотавон дасти зур,
Ки рузе ба пояш дарафтй чу мур.

Хар як инсон дар зиндагй бояд мулохизакор, баандеша ва мардумдуст бошад. Хамеша кушиш намояд, то ба дигарон мададрасону маслихатчй ва ибрату дилбардор гардад. Зеро хамаи одамон новобаста аз зуру тавон ва аклу фаросаташон зодахои инсонанд. шахсиятанду пеш аз хама дар назди худу атрофиён кадру кимате доранд. Даме болидаруханду дами дигар афсурда, фурсате далеру часуранду даме нотавон, муддате сохибиззатанду бо мурури замон ба мададу дастгирие эхтиёч меоранд. Инсони комилро мебояд аклу заковати бузурги хешро кор фармуда, нисбати фарзанди бузурги инсоният, зодахои модарони зору гамхор, ки бо захмати зиёд хамчун шахсияти баркамол ба воя расидаанд, мулохизакор бошад. Якеро дорову дигареро нодор, якеро заифу дигареро пуркувват, якеро донову бархеро нодону номурод напиндорад. Хар як амалу кирдори худро дар тарозуи акл баркашад, нисбати инсоният равона созад.
Аксарияти одамон дар холати хашму газаб рафтору кирдорхои ношоиста ба анчом мерасонанд, ки худ аз он бехабар шуда мемонанд. Газаб холатест, ки боиси харакат кардани рухи хайвонй шуда, аз сабаби шиддати он ақли инсон тира мегардад. Яъне пардаи сиёхи хашм нури аклро тира месозаду инсон гуфтору рафтори хешро идора карда наметавонад. Агар инсони хашмолударо ором насозанду оташи газабашро афрухтан гиранд, у ба чинояти бузург, аз кабили зарбу лат ва куштор даст мезанад. Дигар тоифа одамон бо дустону наздикон аз гояги хашму газаб суханони кабех мегуянду дагалона рафтор мекунанд. Баъд аз паст гаштани оташи хашму газаб аз кирдорхои худ пушаймон мегарданд.
Дар хадиси набавй омадааст: «Газаб лаззати имонро мебарад, мисли сабр (алоэ), ки асалро фосид мекунад. Ба лаззати имон касе сарфахм меравад, ки кахр надошта бошад. Ба сохиби газаб ширинии имон маълум нагардад»! Газаб окибати хеле ногувор дорад. Хатго ба марг мерасонад. Мард ва пахлавон он касест, ки дар холати газаб худро идора карда метавонад.

Бале, мард он касест, ки аз руи тахқиқ,
Ки чун хашм оядаш ботил нагуяд.

Боз касоне хастанд, ки аз руи кибру гурур ва назарбаландй зурдастй мекунанд. Мардумони факиру бечораро хеч шумурда, нисбати онон рафторхои ношоиста менамоянд. Назарбаландй намуда, нотавонону нодоронро азият медиханд. Ин, албатта аз руи одамгарию поктинатй нест.
Ин гуна шахсон хатто наметавонанд дар сар андешаи онро оранд, ки хамаи инсонхо дар зиндагй мирандаанд, чи дорову чи нодор, чи магруру чи хоксор ва хамаи инсонхо тамоми дороиву сарват ва назарбаландию авомфиребиашонро дар хамин дунёи равшану фарох гузошта мераванд. Андеша аз он намекунанд, ки нотавонеро азият медиханду фардо Худованди бузург ба хамаи амалхои неку зишташон онхоро чавоб мегардонад.

Ин хукми гуруру хашм то чанд?
Хаст аз ту бузургтар Худованд.

Зиндагй корвонеро мемонад, ки бо хамаи каму костихо ва афсурдагиву ранчурихо нигох накарда, дар мачрои худ равон аст. Онро хар замон навоварию дигаргунй ва бехбудиву афзалиятхост. Чунон ки дарёро хар замон об тозаву равон бошад. Инсон низ мавридхое мешавад, ки дорову тавоно ва пуркудрату сарватманд аст, вале боз мешаванд лахзахое, ки тамоман афсурдаву нотавон ва нодору бебизоат мегарданд. Нест касе, ки як умр якхолату якру ва якмарому якраиг бошад. Хамеша бояд бар он андешид, ки дасти ёрй ба дармондагону афсурдагон дароз кард. Худро аз дигарон бузургтару давлатдор напиндошт.
Бисёр бояд кушид, то дар чомеа бо мардум якмаром зист. Аз мардумозорию дилозорй ва фитначуй даст боял кашид ва он чй ки бо худ писанд нест, бо дигарон низ раво надид.
Хулоса, нотавонону дармондагонро хар даму хар лахза дастгир мебояд буд, зеро бо мурури замон хамаи инсонхо нотавону эхтиёчманд мегарданд, ки он амри такдири азалист. Чахд бояд кард, то дар хама гуна лахзахо дастгири мардумони гуногун буд. Чи бо дустон, чи бо душманон ва дармондагону заифон мададрасон бояд буд.

Бо ту гуям, ки чист гояти х,илм,
Хар кй зах,рат дихад шакар бахшаш.
Кам мабош аз дарахти сояфикан,
Хар кй сангат занад самар бахшаш.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст