Открыть меню

МАКТАБ САБАБИ ҲАЁТ БОШАД

image

мактабМактаб аслан калимаи арабӣ буда, маънии дабистонро дорад. Дар ин муассисаи таълиму тарбия омўзгор, муаллим, тарбиятгар ба насли наврас таълим медиҳад.
Мактабҳои нахустин дар мамлакатҳои Шарқи қадим аз ҷумлаи Хитой, Бобул, Миср ба вуҷуд омадаанд. Дар Аврупо мактабҳои аввалин дар Юнони Қадим тақрибан дар асри VI то милод, дар Рими Қадим бошад тақрибан дар асри IV то милод пайдо шудаанд.
Дар Осиёи Миёна мактабҳои хусусӣ, мадраса ва қорихонаҳо мавҷуд буданд. Ба ибораи сайёҳи Хитой соли 630 дар яке аз шаҳрҳои қадим Самарқанд бачаҳо аз 5-солагӣ хондан, навиштан ва ҳисобро машқ мекарданд. Тарзи таълими мактабҳои хусусӣ аз «Мактаби кўҳна»-и устод Садриддин Айнӣ маълум аст.
Таърих гувоҳ аст, ки инқилоби октябр назми мактабро дигар кард. Мактаб ҳамчун муассисаи таълимӣ ба ихтиёри давлат вогузор гардид. Таълим ҳатмӣ номида шуд. Таъсиси мактабҳои нав дилу дидаи мардумро равшан намуд. Барҳақ, устод Айнӣ бо як хушҳолӣ ва илҳоми тоза гуфтааст:
Мактаб ҷоест, ки аз бараи фоидаи мо кардаанд. Ҷои ёд гирифтани илм мактаб аст. Мо бояд мактабро дўст дорем. Ҳурмати мактабро нигоҳ дорем. Асло аз мактаб нагурезем.

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад…
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бодонишу ботамиз бошӣ.

Таҳаввулу таҷаддуди ҷомеа аз мактаб маншаъ мегирад. Маҳз мактаб калиди ганҷро ба дасти мо медиҳад, то дари иқболро боз намоем. Пас агар мактаб даргоҳи муқаддас аст, мо бояд ба қадри он бирасем ва баҳри ободии он саъю талош варзем. Одобу рафтори хуш, тамкину хушгуфторӣ, эҳтироми якдигар рисолати мактаб аст. Фардои дурахшони мо низ аз ҳастии таълимгоҳ маншаъ мегирад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст