МАҚОМИ ДОНИШ ДАР АШЪОРИ КЛАССИКОН
28 07 2017 admin Пока нет комментариевИлму дониш дар осори классикон мавқеи хоса дорад. Аркони сухан донишро шарти асосии умри адаб ёфтани инсон шинохтаанд.
Султон шоирони олам Абўабдуллоҳ Рўдакӣ донишро чароғи равшани дил ва ҷавшани бади ҳифзкунанда ба қалаи додаст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бадбар тани ту ҷавшан аст
Дар афкори шоир Фирдавсӣ шахси донишманд тавонгар буда, ба гуфтору кирдор низ намуна аст. Аз ин чуни хулоса бармеояд, ки дониш ба инсон хушбахтӣ ва зиндагии хуб ато мекунад. Шахси бедониш ҳамеша дар роҳи ҳаётовораву сарсон ст. Моҳияти донишро байти шоир хеле равшан инъикос намудааст:
Касе к-у ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Шахси хирадманд дар ҳама давру замон дар ҷомаи маҳбубияти хоса дорад ва тавассути илму ҳунар мушкилоти мардумро осон мекунад. Анна ҳамин рисолати илму дониш буд, ки Абўалӣ Ибни Сино ҳазорон маризонро аз чанголи марг раҳо кардааст. Ин олими машҳури дунё дар шеъраш тани инсори ба шиша, илмро ба чароғ ва ҳикматро ба равған монанд кардааст, ки ҷолибу хотирмон аст:
Тан мисоли шиша асту илм монанди
чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидаи
равост.
Ба назари орифонаи Саъдии Шерозӣ тавонгарӣ ба донишу ҳанар ва бузургӣ ба ақл аст. Давлату дороӣ нишони тавонгарӣ ва синну сол нишони бузурги нест. Ба ин маъни гуфтааст:
Тавонгари баҳунар аст, на ба мол,
Бузурги ба ақл аст, на ба сол.
Илму дониш дар нигоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ барои зиндагии ибратбахш ногузир буда, мисли шамъес, ки пайваста шоми рўзгорро равшан мекунад. Аз ин рў, таъкид мекунад, ки машъали илмро ҳамеша фурўзон нигоҳ дорем:
Ба кор ояд, илме, ки омўхтӣ,
Макуш маъалеро, ки афрўхтӣ.
Абдулқодири Бедил қадру қимати мардро на ба симу зар,балки бо илму ҳунар марбут медонад. Зеро ў хуб медонад, ки умри симу зар хеле кутоҳ буда, илму ҳунар ҷовидонист. Ҳамин аст, ки аз дороии шоҳон чизе намонд, вале осори бузургони илм то кунун аврақи сабзи оламро зиннат медиҳад. Андешаҳои Бедил ин фикрро ба тамоми маънияш бозу мекунад:
Қимати мард на симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст
Фаро гифтани дониш ҳануз анҷоми корн ест. Амал шарти асосии аз дониш баҳра бурда наст. Агар кас илму амалро дар якҷоягӣ истифода намояд, эътибору нуфузи он ба маротиб боло меравад. Барҳқ, шоири дурбин Бадриддин Ҳилолӣ фамудаст.
Илмат ба амл чу ёр гадад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ба қадри илму дониш расидан дар афкори шоири ориф Аттор равшан ба назар мерасад. Шоир таъкид мекунад, ки илмро хор макун, зеро он қадри зиёд дорад. Пас мо вазифадорем, ки илму донишро мисли як ҷузъи асосии ҳаёт пиндошта, иззат намоем. Байти шоир бори дигар ин андешаро ёдрас мекунад:
Илм агар андак бувад, хораш мадор,
З-он ки илм дорад қадри бешумор.
Шоири бузурги тоҷик Носири Хусрав барои донишманд шудан дар маварати аҳли лм буданро шарти асосӣ медонад
Нишин ба аҳли илм, эй дўст,модом,
Ки аз дониш басе ёби саранҷом.
Хулоса, мақоми дониш дар ашъори шоирони классик дар арши аъло қарор гирифтааст. Аркони сухан эътибори илму донишро то авҷи Зуҳал бароварда, аз худ мероси гаронбаҳо ба мо ёдгор гузоштаанд. Насли имрўз метавонад аз ин маҳзани фарҳангии ниёгон барои бартараф кардани мушкилоти хеш самаранок истифода намояд. Дониш бо рисолати созандагии худ ба инсон ҳамеша бахту саодат меорад.