Открыть меню

Косташавии одобу ахлоӄ дар ӌомеа

image

одобу ахлок     Густариши ахлоӄи ӽамидаи инсонӣ ба пешрафту рушди ӌомеа бахусус ӌавонон, бидуни иштибоӽ мусоидат мекунад.Худои таборак, меӽрубон ва таоло бандагони некхислату саховатманд ва  шикастанафсу хоксор, некбину боимонашро бисёр дӯст медорад ва дар дунёву охират аӌрашонро медиӽад.

Мутаассифона, имрӯз ахлоӄи ӌомеа, бахусус ӌавонон, наврасон ва кӯдакон бисёр коӽиш ёфтааст, маънавиёт рӯ ба таназзул ниӽодааст, ки он оӄибатӽои мудӽишу нохуш ба бор хоӽад овард. Дур шудан аз маърифат, фарӽанг ва тафаккури инсонӣ, милливу китобӣ боиси коӽиш ёфтани ахлоӄ мегардад.Ӌавононе, ки бадахлоӄанду бемаърифат, ояндаи миллату халӄиятро ба гирдоби бало меандозанд.

Мавлоно Ӌалолиддини Румӣ дар ин маънӣ хеле хуб гуфтааст:

Беадаб танӽо на худро дошт бад,

             Балки оташ бар ӽама офоӄ зад.

Оре, беодобиву бадахлоӄии ӌавонони шаӽри Душанбе доӻест барои шаӽри мо, на танӽо доӻи шаӽр, балки доӻест барои ӌомеа.Зеро «…Шаӽре, ки дар он ӽадафи иттиӽоди одамонаш хушахлоӄиву кӯмак ба кори ӽамдигар асту бад- ин васила хушбахтии ӽаӄиӄиро ба даст меоранд, шаӽри накӯкор мебошад ва ӌомеае, ки он ӌо одамон хушахлоӄанду бо маӄсади расидан ба ӄуллаи саодат ба якдигар ёрӣ медиӽанд, ӌомеаи накӯкор ба шумор меравад»- гуфтааст Абӯ Наср ал-Форобӣ.

Агар  шаӽре, ки дар он хушахлоӄӣ маӄоми хоса дошта бошаду ӌомеае, ки ӽадафи мардумонаш боахлоӄ ва бошуури баланди ахлоӄӣ расидан ба ӄуллаи саодат бошад, пас чаро ин гуна шаӽр ва ӌомеаро мо, сокинони Душанбешаӽр сохта наметавонем?

Имрӯзӽо дар тамоми макотибӽои шаӽри Душанбе нисбати илмомӯзии толибилмон диӄӄати махсус зоӽир мекунанд, албатта, ин иӄдом  сазовори таӽсину офарин мебошад, аммо мо саргарми азхудкунии илму дониш гашта, нуктаи бисёр ӽассосро ӄариб фаромӯш намудаем.Барои инсони комил гаштан танӽо илму дониш наӄши асосиро ифо намекунад, балки пеш аз ӽама одобу ахлоӄ, тарбияи дуруст ва шуури баланди ахлоӄӣ наӄши асосиро мебозанд ва тарбияи хуби насли оянда метавонад, ояндаи халӄу миллатамонро гулгулшукуфон намояд.

Ба суоле, ки гунаӽкори асосии ин ӽама бесару сомониӽо «кист?» ва ё «чист?»  мо посухӽои гуногун мешунавем.Яке интернетро гунаӽкор мешуморад, каси дуввум оиларо, каси саввум мактабро.

Аъзоёни оила ба ин суол таӽӄиромезу пурхашм « гунаӽкори асосии ин ӽама мактаб мебошад»- гӯён ин масъулиятро бар дӯши устодон мегузоранд.Аммо устодон бошанд гунаӽкори асосӣ оиларо меӽисобанду масъулиятро бар дӯши волидон вогузор мекунанд. Магар аз масъулиятро бар дӯши якдигар вогузор намудан вазъият таӻйир меёбад? Ба фикри ман, на! Гунаӽкори асосӣ ӽам оила, ӽам мактаб ва ӽам ӌомеаи имрӯзаи мост.

Инсон аз лаӽзаи таваллуд то лаӽзаи марг дар маркази як секунӌае ӌойгир аст, ки аз он секунӌа ӽаргиз берун баромада наметавонад. Дар кунӌи аввали секунӌа оила, дар кунӌи дуввум мактаб ва дар кунӌи саввум ӌомеа ӌойгир аст. Мо дар оила тавлид мешавему ба воя мерасем, дар мактаб таълиму тарбия мегирем, дар ӌомеа чун шахсият шинохта мешавем ва чун шахси соӽибмаълумоту комилӽуӄуӄ кору фаъолият мекунем.

 

Гунаӽкори дигари косташавии одоби наврасону ӌавонон ин

« Интернет» мебошад.Дуруст аст, ки мо аз Интернет маълумоти бароямон лозимаро зуд дарёфт менамоем. Аммо шахсоне пайдо мешаванд, ки онро бар зарари мо коркард намудаанд. Сабаби ба ӌиноятӽои вазнин аз ӄабили таӌовуз ба номус, терроризм, экстримизм, куштор, дуздӣ ва ӻайра даст задани ӌавонон ин видео-роликӽо, филмӽои таӌовузкорона аз саӽифаӽои гуногуни интернетӣ мебошанд, ки ӌавонони моро бераӽм, ӄотил, дузд ва беэӽтиром нисбати дигарон месозанд.

Хушбахтона,  дар Гимназияи №2 барои хонандагони болаёӄати шаӽри Душанбе ин гуна хонандагон вуӌуд надоранд.Зеро дар гимназия устодони соӽибмаълумоту пуртаӌриба дарс мегӯянд ва эшон  сараввал ба одоб, баъдан ба дониши хонандагони гимназия диӄӄати махсус зоӽир менамоянд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки агар дар тамоми макотибӽои ӌумӽуриямон маъмурият аввал ба одоби хонандагон ва баъд ба дониши онӽо  аӽамияти бештар диӽанд, ӌомеаи инсонӣ куллан дигаргун хоӽад шуд.

                                         Хонандаи синфи 10 «б»-и Гимназияи №2

                                  барои хонандагони болаёӄати шаӽри Душанбе

                                                         Фариза Холиӄова

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст