Открыть меню

КАСБИ МАН — ИФТИХОРИ МАН

image

касбАйб аст, ки дар хунар на кушй,
Сад айб ба як хунар накушй.
Сохибхунаре, ки ботамиз аст.
Дар дидаи мардумон азиз аст.

Оре, хар як инсон бояд дар зиндагй хамеша бар он чахд намояд, ки сохибаклу сохибхирад ба воя бирасад. Байни дустону наздикон обрую эътибор ва манзалату кимат дошта бошад. Мухити ихотакарда уро пазируфта эхтиромашро ба чо оранд. Лекин ин нишонахои бузург барои инсон ба осонй муяссар намешаванд. Барои ба даст овардани обру машаккати зиёд лозим меояд. Барои сохибкасб гаштан бисёр мебояд омухт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва мардонагиву далерй буд. Сохибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути мехнати бузург обру пойдор кард.
Шахсияти баркамол ва озодфикр хануз аз овони хурдй дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин акидаи бузург хар инсонро аз аввал бояд дар дилаш бедор гардад. Зеро равшании хар як руз аз огози сахари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.

Хар касеро бахри коре сохтанд,
Мехри онро дар дилаш андохтанд.

Интихоби касб бояд дар кас бо як фикри дурандешонаву чиддй ва тахаммулпазир пайдо гардад, зеро барои омухтану сохибкасб гаштан машаккатхои зиёд пеш меоянд. Барои омухтани касб хамаи он машаккату азиятхоро пурбардор будан лозим аст. Шахсони сабуксору бетааммул наметавонанд сохибкасб гарданд.
Сабуксарон дар интихоби касб сахт азият мекашанд, зеро ба машаккату захмати зиёд тобовар бошанд. Ин аст, ки дар хаёт на хар кас сохибкасб буда метавонад.
Аммо шахсияти пурбардор ва барнодил ба хеч гуна душворй нигох накарда, хунар меомузад ва пешаи худро интихоб карда, хар лахзаи хаёташро бахри касби пуршарафи худ дарег надошта мехнат мекунад. Мегуянд, ки мехнат одамро аз се хокистари бузург мерахонад: <<дармондагй, фиск ва эхтиёч». Агар кас пешаи дуруст интихоб карда мехнат намояд. пас у хамеша хама гуна дар ту ранчро низ аз сари худ дур карда метавонад. Илова бар ин пешаи дурусту пурмахсул ва хунари воло чун давлати поянда ва чашмаи афзоянда ба кас танхо ва танхо давлат, хушбахтй ва ободиву нур меорад.
Албатта. хунарвар ва сохибкасб хамеша сохибиззат аст, зеро захмати бепоёнаш хамеша ба хонадонаш сарбаландй меорад. Сарбаландии хар як кавм натичаи мехнату машаққати худи уст. Ифтихори хар як сохибкасб мояи ранчи пурмахсули уст, ки осон ба даст наомада. Бахри хар як ободи ва бурдбории зиёд мехнати халол мебояд.

Бе дарду ранч ганч муяссар намешавад,
Музд он гирифт чони бародар, ки кор кард.

Ин чо музд ба маънои саховату бурдборй ва обруву манзалати бузург аст, ки танхо тавассути мехнату интнхоби пешаи пуршараф омада.
Хулоса, умр барои инсои танхо як бор муяссар мегардад. Танхо илм омухту амали бузург намуд. Пешаи дуруст интихоб карду ифтихор пайдо намуд, то умри азиз ройгону сарсон нагзарад:

Умре, ки бахо бувад гаронаш,
Бо хар баду нек магзаронаш.
Дар коргахе чунин дилафруз,
Коре куну петае биомуз.

Интихоби пешаи дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон хушию сурур, рузгори осоишта ва хони обод меорад. Сохибкасбон хамеша сохибиззатанд. Ифтихори бузург танхо аз хунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст