Открыть меню

Касбе, ки ман интихоб кардам.

image

касбКасбу њунар бењ аз зарри падар
Њунар чун мушк бувад, мушк кай нињон гардад?!

Шуѓли инсон ганљи бепоён аст. Ободї ва осудагии рўзгори мардумон аз касбу кори онњо вобаста мебошад. Њар як фард бояд пешае дошта бошад, то дар зиндагї хору зор нагардад. Фирдавсии Тўсї арзиши њунарро аз њама боло медонад:

Њунар бењтар аз гањвари номдор,
Њунармандонро гавњар ояд ба кор.
Туро бо њунар гавњар асту хирад,
Равонат њаме аз ту ромиш барад.

Њунар зодаи дониш аст. Илму хирад љањонро рўшаниандоз мебошанд. Аз шахси донишманд њунарманди хуб мебарояд:

Њунар љўю бо пири доно нишин,
Чу хоњї, ки ёбї зи бахтофарин.
                                                 Абулќосими Фирдавсї

Касберо соњиб шудан басо кори мушкил ва зањматталаб мебошад. Ин рањи умед пастиву баландињои зиёде дорад, ки њар касро тоќати тай кардани он набошад. Шахси хирадманд дар ин љода устуворона ќадам мезанад ва оќибат ба маќсади худ мерасад:

Љўйи шир ояд бурун аз кўњ бањри кўњкан,
Рўзии худ мекунад соњибњунар њосил зи санг.
                                                                     Сайидои Насафї

Нафароне кам нестанд, ки аз моли падар мефахранд ва дар омўзиши касбу њунар танбалї мекунанд. Чашмони онњоро пардаи торик гирифтааст, ки роњи рањої намеёбанд. Албатта оќибати он њељ аст:

Њар писар, к-ў аз падар лофад, на аз фазлу њунар,
Филмасал, гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор
Чун наорад мева бор, андар шумори њезум аст.
                                                                           Абдурањмони Љомї

Муслињиддин Саъдии Шерозї њунарро чашмаи поянда ва давлати зоянда номидааст. Соњибкасбони њунарманд дар дилу дидаи мардумон љой доранд ва њамеша онњоро бо некї ёд мекунанд. Аз ин рў моро лозим аст, ки дар пайи омўзиши њунар шабонарўз зањмат кашем:

Айб аст, ки дар њунар накўшї,
Сад айб ба як њунар напўшї.
Соњибњунаре, ки ботамиз аст
Дар дидаи мардумон азиз аст.
                                                         Бадриддин Њилолї

Касбе, ки манн интихоб кардам барои пешрафти Ватани азизам Тољикистон мавќеи бузург дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст