Открыть меню

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-КАФИЛИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

эмамали рахмонБар асари пош хўрии Иттиҳоди Шўравӣ муддате фазои сиёсии кишварҳои воҳид ноором гашта, ҳаводиси ҳузнангезро ба миён овард.
Мутаассифон, Тоҷикистон ба гирдоби назму сиёсати нодуруст афтода ба мавҷи низоъ ва бесарусомонӣ рў ба рў омад. Оғози ҷанги шаҳривандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба суст гаштани низоми ҷомеа ва парогандагӣ боис гашт. Ҳазорон нафар сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд.
Фазои сулҳу субот аз байн рафт. Хисороти дар ин муддат ба миён омада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашт. Хатари аз байн рафтани миллат ва қисмқисм шудани он низ эҳсос мегиракд. Хушбахтона, ба василаи нури маърифати азалӣ охирин умуд дар дили азияткашидаи халқи тоҷик зинда монда, худро чунин тасалодод:

Аз ноумедиҳо басо уме даст,
Поении шаби сияҳ сафед аст.

Бешубҳа, Офтоби миллат Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўйдоди сарнавиштсози миллат шинохта буд. Дар Иҷлосия ба Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ба дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя ба халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад. Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар андак вақт назми ҷомеаро барқарор сохт. Ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рўзи ба сари давлат омадан ҷомаи нангу номус ба бар карда, тамоми нерўи ҷисмони ва ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ масраф намуд.
Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳад шуд. Ў аз чандин музакираҳои бебарор хаста нашуда, бо гузашти зиёд ва олиҳимматӣ ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон яъне 27-уми июни соли 1997 шарафёб гардид.
Дар ситоиши ин амали муборак ва корнамоии беназири Эмомалӣ Раҳмон Шоири халқи тоҷик устод Лоиқ гуфта буд:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик ба тоҷик.

Пайдости, ки ҳанўз ҳам дидаи ҳасуди душманони тангназар ба сўи мост. Аз ин хотир, ба таъбири Сарвари давлат ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.
Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камариҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дўст дорем. Тоҷикистон дар оинаи чашми Сарвари давлат чунин ба назар мерасад:

Мехри ту дар вуҷудаму ишқи ту дар
дилам,
Бо шир андарун шуду бо ҷои бадар
шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст