ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АРТИШИ МИЛЛӢ
06 07 2017 admin Пока нет комментариевИстиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ њастем.
Таърихи бою куњан ва интињои ќарни сипаригардидаи кишварамон воќеањои сиесии бузургеро дар бар мегирад, ки њар кадоми он дар марњилаи худ наќши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард — соњиб шудан ба Истиќлоли давлатии Тољикистон аст, ки баъди пош хурдани собиќ Иттиходи Шуравї амали гардид.
Моњњои август-сентябри соли 1991 айни аз њам пош хўрдан ва ба сањифаи таърихи гузаштаи инсоният навишта шудани номи як ваќтњо абарќудраттарин давлати љањон – ИЉШС, њамаи 15 Љумњурињои Иттињодї Шўравї яке пешу дигаре баъдтар ба давлатњои мустаќил табдил ёфта, соњибистиќлол гардидаанд. Дар иљлосияи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон 09 сентябри соли 1991, рўзи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон эълон карда шуд ва аз њамон ваќт инљониб мардуми сарзамини куњандиёри тољикон ин санаи таърихиро њамчун оѓози таърихи навтарини худ тантанавор љашн мегиранд.
Тољикистони мо баъди њазор соли пањну парешонї, азияти вазнини зердасти давлатдории бегонагонро кашидан, давлати озод, соњибистиќлол эълон шуд. Њарчанд соли 1924 Тољикистон бо номи Љумњурии Мухтори Шўравии Сосиалистї дар њайати РСС Ўзбекистон, чун давлати мухтори соњибихтиёр соли 1929 њамчун Љумњурии Шўравии Сосиалистї эълон шуда бошад њам, аммо ба маънои томаш соњибихтиёр набуд. Вай ба њайати Иттињоди Шўравии абарќудрат – ИЉШС ворид буд.
Мањз дар даврони Шўравї Тољикистон рушду равнаќ ёфт, баъди гузашти айёми пурпечутоб аз давраи фанои давлати Сомониён ва зердасти замон дорони Манѓит тољикон соњиби давлатдории худ гардидаанд.
Истиќлолият барои Тољикистон осон ва сабук ба даст омад, аммо нигоњ доштани он хеле гарон афтод. Тољикистон њамчун давлати мустаќилу соњибихтиёр бояд сохти давлатдориашро муќаррар мекард. Сарвари давлат, ќонуни асосии худ – Конститусия, њокимияти ќонунгузор, њокимияти иљроия, суду прокуратура, сохторњои мањалї, маќомоти давлатї, артиши миллї ва ѓайра атрибути давлатдориро мебоист дошта бошад. Пеш аз њама, мебоист њиссаи худро аз таќсими мероси собиќ ИЉШС ба даст меовард…
Рўзи 9 сентябри соли равон мардуми кишварамон, аз љумла њайати шахсии љузъу томњои Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон бо як њисси ифтихору сарбаландї 20-умин солгарди истиќлолияти Љумњурии Тољикистонро љашн мегиранд. Дар остонаи ин љашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роњи пуршарафи пай намудаи Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистонро, ки кафили сулњу амонї ва истиќлолияти кишвар мебошад, пеши назар меорем.
Баъди аз њам пош хўрдани собиќ Љумњурии Иттињоди Шуравї кишварњои навтаъсис, алалхусус давлатњои мустаќили Осиёи Марказї дар заминаи биною иншооти ањамияти њарбидошта, ќуввањои мусаллањи хешро бунёд намуданд. Њамзамон онњо аз љузъу томњои дар сарзаминамон будаи собиќ Артиши номдору пурќудрати Шуравї васоити техникии мухталифи љангї ва яроќу аслињаи гуногун ва муњиммоти љангиро « мерос» гирифтанд.
Вазъи душвори њарбию сиёсии он солњо мутаассифона имкон надод, ки Тољикистон аз мероси бою ѓании муњиммоту яроќу аслињаи Артиши Иттињоди Шуравї бархурдор гардад. Мутаассифона он замон дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон танњо љузъу томњои нав аз љанги Афѓонистон баромадаи дивизияи тирандози 201-ум љойгир буд.
Мутаассифона, он замон дар Тољикистон алангаи пуршиддати љанги дохилии шањрвандї љараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тулонї гардидани ин муноќишаи дохилї гардад. Раванди њодисахои баъдї исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роњи њалли дуруст ва љавобгўи манфиатњои миллии Тољикистон будааст.
Фишорњои дохиливу хориљї ба раванди давлатдории навини тољикон таъсири манфї мерасонд. Мањз дар чунин шароит мухолифатњои бошиддат асосњои сохтори давлатии Љумњурии Тољикистон таъсис ёфт. Давлати навтаъсис дар як замон вазифањои ташкили механизми сиёсї, ба вуљуд овардани фазои њуќуќи идоракунии соњањои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, таъмини тартиботу бехатарии љамъиятї ва дар айни замон њимояи истиќлолиятро ба ўњда дошт.
Новобаста аз вазъияти ба амал омада сиёсати дуруст ва фаъолияти бобарори роњбарияти давлату њукумат дар муддати нисбатан кўтоњи таърихї оташи љанги дохилиро хомўш карда, вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.
Аз рўзњои аввали таъсиси Аритиши миллї афсарони мо баробари сангарњо љангидан боз ба танзими сохтори ташкилию штатии хеш машѓул шуданд. Заминаи моддию техникї метавон гуфт умуман вучуд надошт. Норасоии кадрњои таълимдидаю обутобёфтаи њарбї ва мутахассиони касбї дар њама љанбањо њис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилињо њайати шахсии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар солњои душвори муќовимати дохилї роњи пурпечутоберо тай намуда, таљриба андухт, дарси љангию муњорибавиро омўхт ва ба яке аз Артишњои касбии минтака табдил ёфт. Албатта бунёди Ќуввањои Мусаллањ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.
Баробари соњибистиќлол гардидани љумњуриамон бисёр санаду њуљљатњои муњим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллї ба имзо расида буданд. Боиси таассуф аст, ки низою нооромињои сиёсї дар мамлакат барои амалї гаштани чорабинињои ташкилию амалї имкон надоданд.
Мувофиќи фармони Президенти мамлакат Кумитаи мудофиаи кишвар аз 4 январи соли 1992 ташкил дода шуд. 30 сентябри соли 1992 бошад бањри иљрои фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 17-ми сентябри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» Ќарори Девони Вазирони Љумњурии Тољикистон ќабул гардид.
Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Эмомалии Рањмон 18 декабри соли 1992 нахустин ќарорро «Дар бораи таъсиси Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон» ба имзо расонд. Мувофиќи ин ќарор Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии
Тољикистон дар заминаи њайати «Фронти халќї» ва гурўњњои мусаллањи тарафдори Њукумати Конститусионї ташкил дода шуд. Норасоии низомиёни касбии таълими њарбию љангидида ва дар њарбу зарб ва машќ обутобёфта дар ин давра баралло эњсос мешуд.
Мувофиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 29 сентябри соли 1992 № УП-198 ва Ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 03 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоњи техникуми геологї Коллељи Олии Њарбии Фармондењию Муњандисї ташкил карда шуд. 23 феврали соли 1993 дар рўзи таъсиси Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон курсантњо ва сарбозони коллељ савганди њарбї ќабул намуда, дар сафорої ва намоиши гузашти ботантанаи њарбї иштирок намуданд.
Њайати шахси курсантњою афсарони омўзгори Коллељи Олии Њарбии Фармондењию Муњандисї фаъолона бо њамроњии дигар сохторњои ќудратї дар кори бартаф намудани ошўбњои гурўњњои љинояткори зидди давлатї ва муњорибањо алайњи дастањои ифротгарону љинояткорон, бањри таъмини пойдорию амнияти сохти Конститусионии Љумњурии Тољикистон фаъолона иштирок намуданд.
Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 195 аз 30 апрели соли 2002 Коллељи Олии Њарбии Фармондењию Муњандисї ба Донишкадаи Њарбии Вазорати Мудофиа табдил дода шуда, бо фармони Вазири Мудофиаи Љумњурии Тољикистон № 130 аз 14 июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи Њарбї тасдиќ карда шуд.
18 декабри соли 1993 генерал-майор А. В. Шишлянников Вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон таъин гардид, ки ба ташкил ва равнаќи нахустин раёсатњо ва љузъу томњои низомї шурўъ намуд. Бо роњбарии ў аввалин намоиши сафорої ва расми гузашти тантанавии низомии љузъу томњои низомии Артиши миллии Љумњурии Тољикистон рўзи 23 феврали соли 1993 хотирмону таърихии фаромўшношуданї сурат гирифт.
Намоиши расми гузашти низомии мазкурро метавон гардиши куллие дар њаёти Артиши миллии мамлакат номид. Он нишон дод, ки роњбарияти давлату њукумати навташкили Љумњурии Тољикистон ба ташкилу ташакулли Ќуввањои мусаллањ љиддан машѓул аст.
Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон 23 июни соли 1993 «Дар бораи сохтори Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон» Ќарорро ба имзо расонд. Инчунин зимни ин Ќарор сохтори Дастгоњи марказии Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон тасдиќ шуд. Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон 26 августи соли 1994 сохтори Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон ва Сарситоди Ќуввањои Мусаллањи мамлакатро бори дигар мавриди муњокима ќарор дода бо ислоњу иловањои муњим сохтори нави онро тасдиќ кард.
Аз моњи апрели соли 1995 генерал-полковник Шералї Хайруллоев Вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон таъин гардид. Њамроњи Вазири нав дар сохтмони Артиши миллї муовинонаш ва афсарони олирутба генерал-майор А.С.Чубаров, полковник С.Н.Бобољонов, генерал-майори авиатсия В.М.Грудына, генерал-майор А.А.Абдуласанов, генерал-майор З.М.Файзиев, генерал-майор И.Додоматов ва бисёр дигар афсарони олирутба сањми шоистаи худро гузоштаанд. Бо кўмаки давлату њукумат, мувофиќи наќшаи муайян, бунёди Артиши миллї давра ба давра инкишоф меёфт. Пеш аз њама ба масъалањои бо яроќу аслињаи гуногуни љангї љизњозонидан, пурра намудани њайати шахсї, бењдошту вазъи омодабоши љангии афсарону сарбозон диќќати љиддї дода мешуд. Агар ба гузашти таърих нигарем ташкилёбии Артиши миллии Љумњурии Тољикистон бо ташкил ёбии Артиши ИЉШС монанду бо њам як аст гўем хато намекунем.
Таъсиси Артиши миллии Љумњурии Тољикистонро ба се марњала људо кардан мумкин аст. Маќсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллї ин ташкили ќуввахои мусаллање буд, ки ќобилияти таъмини истиќлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии њаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур тањкурсии ќонунию њуќуќии мављудияти Ќуввањои Мусаллањ гузошта шуда Ќонунњо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи ўњдадорињои умумии њарбї» ва дигар ќонуну санадњои муњимми ташкилї ќабул карда шудаанд.
Дар давраи дуюм вазифаи асосї такмили сохторњои ташкилию штатии навъњои асосии артиш ба њисоб мерафт. Дар ин давра навъњои асосї — Ќўшунњои хушкигард, Ќўшунњои њарбию њавої, Ќўшунњои мудофиаи зиддињавої таъсис ёфтаанд.
Марњилаи сеюми сохтории Артиши миллї баъди ба имзо расидани Созишномаи сулњ ва ризоияти миллї байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва собиќ мухолифини
муттањидаи тољик (ОТО) оѓоз гардид. Баъд аз гуфтушунидњои бисёр нињоят 27 июни соли 1997 дар шањри Москва байни њукумати Тољикистон ва мухолифини муттањидаи тољик созишнома имзо шуд, ки он ба љанги бародаркуш дар Тољикистон хотима гузошт.
Имсол, шукри Худои бузург, ки 20 солагии истиќлолияти давлатиамонро дар як фазои сулњу оромї љашн мегирем. Вале њамагї 20 сол пеш кам касоне дар фикри таљлили љашни истиќлол буданд. Зеро дар сангарњои набарди байни њукумат ва мухолифин хун мерехт, хуни тољики азиятдидаву бадбахтгашта. Нахуст лозим буд, ки ин хунрези ќатьъ гардад.
Ќатъ гардидани ихтилофот дар мамлакат имконият фароњам овард, ки Артиши миллї ба мустањкамкунии таълиму тарбияи њайати шахсї ва љузъу томњои љангию тактикї ва такмили омодагии љангии онњо оѓоз намуд.
Њамзамон бояд ќайд намуд, ки хизматчиёни њарбию њайати шахсии љузъу томњои Ќуввањои мусаллањ дар тўли 18 соли фаъолият дар њама лањзањои душвор љасорату мардонагї ва садоќат ба Савганди њарбиро нишон дода, барои њифзи сарзамин ва дастовардњои истиќлолият, пойдории сулњу суббот ва сохтори конститусионї омодагиро барои њифзи Ватан ва љони худро дар роњи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд. Мо њаргиз ќањрамонию љоннисории онњоро нахоњем фаромуш кард.
Дар давоми 20 соли истиќлолият ва 18 соли ташкилёбии Артиши миллї, њайати шахсї дар чандин машќњои муштарак бо давлатњои хориљаи дурру наздик иштирок намуд. Њамкорињои њарбию техникии Љумњурии Тољикистон бо давлатњои гуногун ва созмонњои минтаќавию байналмилалї сол аз сол ривољу равнаќ меёбад.
Имрўз сафњои Артиши миллї аз њисоби низомиёни касбї, ки мактабњои њарбии дохилию хориљии дуру наздикро хатм кардаанд, мукамал гардидааст.
Дар Конститусияи Љумњурии Тољикистон дарљ шудааст, ки њифзи Ватан, њимояи манфиатњои давлат, тањкими Истиќлолият ва иќтидори мудофиавии он вазифаи муќќадаси њар як шањрванд аст. Аз ин рў, бо назардошти вазифањои аввалиндараљаи њайати шахсї ба њисоб гирифтани интизоми баланд дар адои хизмати њарбї, такмили малакаю мањорати љангї ва обутоби љисмонї мо бояд ин вазифаи худро бо њисси ифтихор ва масъулият иљро намоем. Ин масъалањо тањти шиори — «20- солагии Истиќлолияти давлатиро бо омодагии баланди љангї ва омўзишу такмили мањорати љангї ва интизоми намунавї истиќбол мегирем!».
Барои насли наврас хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи мамлакат муњимтарин мактаби обутоби њаёти мебошад. Мањз дар њамин љо љавонписарон сабаќи шуљоату мардонаги гирифта, муњофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Ваќте, ки мо ватандўстї мегўем, пеш аз њама муњофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи њар як шањрванди ватандўст афзун намудани дастовардњои Истиќлолият ва тањкими рукнњои давлатдорї аст, ки яке аз ин рукнњо Ќуввањои Мусаллањи Тољикистон мебошад.
Имрўз, ки њифзи Ватан, сулњу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – љавњари асосии љомеаи демократї ва њуќуќбунёд мебошад, мо бояд мењру муњаббат ва тамоми њастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Љумњурии Тољикистон њис намояд ва хотирљамъ бошанд, ки Артиши ќобили муњофизати марзу буми кишвар ва истиќлолият доранд ва онњо метавонанд хотирљамъ тањти муњофизати ин Артиш мењнату њаёти осоишта намоянд. Акнун халќи Љумњурии Тољикистон метавонанд бо дили пуру хотири љамъ аз самараи Истиќлолияти Тољикистон бањра баранд.
Њарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иќтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиљаи тадбирњои мунтазам андешидаи Њукумати мамлакат марњила ба марњила устувору ќавитар гардида, имрўз бо мутахасисони соњибихтисос ва соњиби донишу малакаи баланди касбї, техникаву таљњизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи муназзами дорои љузъу томњои замонавї табдил ёфтааст. Њайати шахсии Ќуввањои Мусаллањ дар тўли ин солњо барои њифзи дастовардњои истиќлолият, пуштибонии сулњу оромї ва вањдати миллї, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурўњњои террористиву экстремистї ва дигар дастањои мусаллањи љинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.
Мо љавонони Тољикистон, ки масъулияти эминию озодї ва таќдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба дўши худ гирифтаем, бояд халќамонро њамеша ба кору фаъолияти нек њидоят намоем.
Аз лањзае, ки Тољикистон истиќлолияти миллиро ба даст овард, 20 сол сипари мешавад. Ин 20 соли пурталотум, пурзахмат, пур аз душворию нокомихо ва хамчунин, аз комёбињои назаррас иборат буданд. Аксари коршиносони љањон сари он аќидаанд, ки агар љумњури љанги шањрвандиро пушти сар намекард, шояд муваффаќиятњо бештар мебуданду мушкилоти иќтисодї камтар. Њаќ бар љониби онњост.
Бо вуљуди њама мушкилоти он давра мо тавонистем пайванди љомеаи худро бо љањони мутамаддини муосир, ки љавњар ва асли онро низоми демократи ташкил медињад, таъмин намоем.
Њамин тавр, 9 сентябри соли 1991 расман истиќлолияти давлатии Тољикистон эълон карда шуд. Соли 1992 Љумњурии Тољикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттањид ќабул гардид ва 170 давлати љањон истиќлолияти Љумњурии Тољикистонро эътироф намуданд. Љумњурии Тољикистон дар масоњати 143,1 км2 љойгир буда дар он беш аз 120 њалќу миллат зиндагї мекунад. Љумњурии Тољикистон аз 3 вилоят, 18 шањру 46 ноњия, 48 шањраку 280 љамоат иборат аст, пойтахташ шањри Душанбе мебошад. 93% Љумњурии Тољикистон куњсор ва 7% он замини њамвор мебошад. 60% оби дарёњои Осиёи Миёна аз Тољикистон сарчашма мегиранд. Њокимияти давлатї дар асоси њокимияти ќонунгузор – Маљлиси Олї, иљроия – Њукумати Љумњурии Тољикистон ва судї – Њокимияти судї амалї мегардад. Президенти Љумњурии Тољикистон сарвари давлат ва њокимияти иљроия, сарфармондењи олии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон мебошад.
Имрўз мо бо ќаноатмандї гуфта метавонем, ки дар солњои истиќлолият ташакулли муносибатњои нави иќтисодї ва тадбиќи ислоњоти бунёдї дар соњаи иќтисодиёт ба рушди њама соњањои хољагии халќи кишварамон мусоидат намуданд. Сохтмони роњи оњани Ќўрѓонтеппа – Кўлоб, шоњроњи автомобилгарди Кўлоб — Ќалъаи
Хум-Қулма, анҷоми сохтмони нақби мошингарди Анзоб, оғози сохтмони нақби Шаҳристон, ва бо Хитою Покистон пайвастани роњњои автомобилгард, сохтмони корхонањои нави саноатї, азнавсозии корхонаи алюминии Регар ва ѓайра иншоотњои бузург ояндаи Љумњурии Тољикистонро боз њам дурахшонтар мегардонад.
Оғози бунёди нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯда-1, Сангтўда-2, ГЭС-и Роғун ва чандин корхонаҳои саноативу муассисаҳои маданӣ-маишӣ, дар соњаи кишоварзї шаклњои хољагидорї – иљоравї, сањомї, кооперативї, дењќонии фермерї љори кардашудаанд аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор мераванд. Њамкории Љумњурии Тољикистон бо кишварњои љањон рў ба инкишоф аст.
9 сентябри соли љорї Тољикистон 20 солагии Истиќлолиятро љашн мегирад. Ба тамоми љањон ёдовар намудан лозим аст, ки ин як роњи тўлонї ва душвор ба ањолии Тољикистон барои ноил гардидан ба вањдати миллї буд. Ин сана натанњо хотимаи як давраи таърихї, балки оѓози раванди нави тарќќиёт мебошад. Давраи нави густариш барои Тољикистон ва халќи ин мамлакат хоњад омад. Ќобили ќайд аст, ки Тољикистон айни њол сиёсати дарњои кушодаро пеш гирифтааст.
Миллати куњанбунёди тољик дар охири асри 20 давлати комилан мустаќили миллї шуд, ки мо 20 солагии истиќлолияти онро њамчун љашни таърихии Миллї таљлил мекунем. Истиќлолияти давлатї ин дастоварди муќадастарин ва бузургтарини таърихи навини халќи тољик Буда ва дастоварди бузурги бебањо ва ормони чандинасраи фарзандони асили миллати кўњанбунёди мо мебошад.
Мардуми шарифи Тољикистон тањти роњбарии сарвари давлат Эмомалї Рањмон истиќлолияти давлатиро њамчун гавњараки чашм нигоњ доштанд, ки имрўз ба мо муяссар гаштааст, орзуву ормони деринаи миллати тољикро амали сохта, ба бунёди давлати мустаќили Тољикистон ноил гардем.
Истиќлолият њамчун рукни бунёди озодии инсон ва љавњари асосии зиндаги дар тамоми давру замонњо љузъи таркибии њастии миллати мо буд. Мо имрўз ифтихор дорем, ки тољикон аз љумлаи ќадимтарин миллатњои љањон буда, бо осори гаронбањои модди ва маънавии худ барои пешрафти фарњанг ва маънавиёти халќњои дигар хизмати шоиста кардаанд.
Мусаллам аст, ки истиќлолияти комил ва рушди бемайлони њар як давлат пеш аз њама ба таъмини вазъи мўътадили сиёсї ва амнияти иљтимоии љомеа иртибот дорад. Дар ростои ин амр истиќлолияту вањдати њамон љомеа поянда хоњад буд, ки сохторњои ќудратии он нуфузи бештареро ба худ ихтисос дода, иљрои вазифањои босалоњият аз љониби њар як корманди маќомоти дифоъ дуруст ба роњ монда шавад. Таърих фаромуш нахоњад кард, ки Тољикистон дар шароити басо мушкил истиќлолияти худро нигоњ дошт.
Дар њаќиќат тољикон ботањамул ва иттифоќ будани худро нишон доданд. Тољикистон љомеаи сулњпарварро сохта истодааст. Рўзи вањдати миллї, ки аз дўстии абадии миёни тамоми халќњои Тољикистон шањодат медињад, ањамияти муњим дорад. Њодисањои ѓамгини солњои навадумро ба инобат гирифта, ин ид пайваст будани робитањои ќавї ва муттањидии тољиконро бо њамдигар дар давраи муосир нишон медињад. Тамоми халќњои љањон бояд дар бораи Тољикистон, фарњанг ва таърихаш хабардор бошанд.
Мањз, бинои сулњу вањдат дар Тољикистон, ки имрўз тањким ёфтаву њузури мубораки он дар пањнои давлатдории муосири мо ба њукми дастоварди беназири таърихї арљнињода мешавад, симои сарвари давлатро њамчун меъмори вањдат, эљодгари фарњанги сулњ дар ќарни љадид ва роњнамои тањаввулоти њамгирої ва њамзистї дар асри Навин муарифи кардааст. Ин пеш аз њама реша дар фалсафаи некпиндории Эмомалї Рањмон – вориси ин мулки бузург дорад, ки дар минбари иљлосияи 16 ва баъдтар мурољиатномањои пайдарпаи эшон садо додаву ба тадриљ бо андешаи созандаи мардуми тољик «нияти нек ними давлат» давлату иќболи беназиреро барои мо тољикон дар кўтоњтарин фурсат таъмин намуданд. Ба тадбири дигар, аз пиндори нек то ба ќаламрави гуфтору рафторњои неки мутаадин њаёти љамъиятї рўшан ва пешорўи халќ љилвагар сохтанд.
Бист со ласт, ки аз партави истиќлолият тољи зарини давлати Тољикистони соњибихтиёри мо бо рангу љилои нав медурахшад ва аз шўълаи њаётбахши он рўзѓори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рўзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шањру дењот, водињои сарсабзу хуррам ва ќуллањои сарбафалаккашидаи кишварамон ѓарќи нури истиќлол мебошад.
Имрўз њамаи мардуми шарифу сарбаланди Тољикистон бо тамоми њасти дарк менамояд, ки истиќлолият муќаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорї, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши њаёти њаррўзаи мо мебошад.
Тољикистони мо њоло чун љавони сарупо ѓайрату кўшишу њиммат ва нерўманду солиму бардам бо азми дучанд машѓули бунёдкорист, то љашни камолоти бистсолагии худро бо дастовардњои шоёну арзанда истиќбол намояд.
Истиќлолияти Тољикистонро бо љањон ва љањонро бо Тољикистон наздику ќарин гардонд. Сиёсати дарњои кушода ва густариши њамкорињои мутаќобилан судманд обрў ва маќоми Тољикистонро дар арсаи олам хеле боло бурданд. Фаќат дар давоми дањсолаи охир њамкорињои Тољикистон бо бисёр давлатњои љањон, созмонњои бонуфузи байналмиллалї барои болоравии маќоми давлати соњибистиќлоламон дар арсаи байналхалќї пойдевори боэътимод гузоштаанд.
Бо шарофати истиќлолият Тољикистони мо ба маркази баргузории чорабинињои гуногуни сатњи байналмиллалї табдил ёфт ва ташаббусњои наљибу пешнињодњои мушаххаси кишвари мо боиси афзудани эътибори љањонии он гардид. Чорабинињои басо муњим ва арзишманди байналхалќї, аз љумла Конфронси байналмиллалї бахшида ба арзёбии марњилаи авали Дањсолаи амалиёти «Об барои њаёт» ва Иљлосияи 37-ми Шўрои вазирони корњои хориљии кишварњои аъзои Созмони Конфронси Исломї ё худ таљлили соли бузургдошти Имоми Аъзам, нуфузи Тољикистонро дар арсаи байналмиллалї ва олами ислом дучанд афзуданд.
Инчунин соли гузашта Созмони Миллали Муттањид бо ширкати намояндагони 192 давлати љањон – аъзои ин созмони бонуфузтарини байналмиллалї ба ифтихори љашни 1150 – солагии фарзанди бузурги миллати мо устод Рўдакї анљумани бошукўњи адабиву фарњангие барпо намуд.
Бо пешнињоди Эмомали Рањмон ва дастгирии кишварњое, ки Наврўзро таљлил мекунанд, Созмони Миллали Муттањид Наврўзи Аљамро њамчун љашни байналмиллалї пазируфт ва чанде пештар муассисаи илм ва фарњанги Созмони Миллали Муттањид, яъне ЮНЕСКО ёдгории таърихии Саразмро низ чун ёдгории нодири фарњанги башарї эълон кард, ки ин њама нишонаи эњтиром ва арљгузорї ба адабиёту фарњанги ќадима ва эътирофи таърихи беш аз панљњазорсолаи мо, инчунин наќшу маќоми Тољикистони Навин дар миёни дигар кишварњои олам мебошад. Ин аст самараи њаётбахши истиќлолият, фазои сулњу вањдат, робитањои сулњу дўстиву њамкорињои судбахш ва ањамияти он дар шинохти ќадру манзалати давлати соњибихтиёри мо дар арсаи љањон. Расидан ба ќадри истиќлолият ва давлатдории мустаќилона, тањкими сулњу субот ва вањдати миллї, эњсоси ватанпарастї, бедории маънавї, ифтихори миллї, пос доштани арзишњои миллї ва рамзњои давлатдорї – њама дар љамъ Моро ба сўи бунёди љомеаи шањрвандї, пешрафти устувори иќтисодиву иљтимоїва њадафњои нав мебарад. Муќаддасу бегазанд ва њамеша пойдору устувор нигоњ доштани истиќлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати бењамтои миллї вазифаи давлат ва рисолати љонии њар як шањрванди худшиносу худогоњ ва бонангу номуси Тољикистон аст.
Зинда бош, эй Ватан,
Точикистони озоди ман!
САРДОРИ СИКЛИ ФАНЊОИ ЉАМЪИЯТЇ
полковник Р. ШУКУРОВ
В данной статье даны краткая история становления независимости Республики Таджикистан, создания национальной армии и её роль в укреплении национального суверинитета Республики Таджикистан.
НАЧАЛЬНИК ЦЫКЛА ОБЩЕСТВЕННЫХ НАУК
полковник Р. ШУКУРОВ
In this article is writen a shovt brief about becoming independent Republic of Tajikistan builcing of National Army and its significance in strengthening of national sovereignty of Republic of Tajikistan.
CHIEF OF SOCIAL SCIENCE DISCIPLINES
colonel R. SHUKUROV