Открыть меню

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

ичлосияи 16Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бос-тонии Хўҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон

Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муд дате вазъи носолим ва низоми дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт.
Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътиод дошта, сафедии шабро интизор шуд ва билохир бо афкори тоза дари саодатро бикшод:

Аз но умедиҳо басе умед аст,
Поени шаби сиёҳ сафед аст,

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромўш-нашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.
Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз на-муд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебо-шад, рўи кор овард.
Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши кулиеро ба вуҷуд овард.
Дар Иҷлосияи фавқ ба раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба ўҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид.
Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъоли яти худро аз Ошти миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда,марудмро ба ояндаи дуррахшон бовар кунонид.
Воқеан, донаи умед ба тарофату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста
гардад,
Агар хоре бувад,гулдаста гардад.

Ҳар сол истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутанад сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумўи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғоиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкори ҳидоят намуд.
Хуллас,ҳар рўзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокра-тиву дунявиро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳмфзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гзорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дўстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рў-зи сахту гарони мардум боис мегардад. Барҳақ, устод Мирзо Тур-сунзода фармудааст:

Одамон аз дўсти ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба марду рўзи сахт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст