Открыть меню

ХАЛҚИ ТОҶИК-ХАЛҚИ СОЗАНДА

халки точикМиллати тоҷик аз даври қадим,
Ҳастиашро ба сухан бунёд кард.
З-ин киафкори бузургонаш ба завқ,
Мардуми рўи ҷаҳон аз ёд кард.

Миллати тоҷик аз давраҳои дури таърих бо эҳёи анъанаҳои писандидаи хеш мавҷудияташро дарак дода, дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст. Бузургони ин миллати куҳанбуёд дар рушду нумуи илмҳои ҷудогона саҳми беназир дорад. Ҳазорон ҷилд рисолаву девон ва тазкираҳои онҳо, ки мероси пурғано-вати моро ташкил медиҳад, ҳануз гулшани адаби сайёрарор зиннат медиҳад.
Даврони истиқлолият ба корҳои созандаи нав замина мусоид фароҳам овард. Мардум калиди дари иқболи худро дар эҷоду бунёди сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ тасаввур намуда, дар ин ҷода корҳои назаррасеро анҷом дод.
Анҷоми нақби «Истиқлол», оғзи сохтмонҳои «Сангтўда1», »Сангтўда2», »Роғун» ва дигар роҳҳои дохилу хоричи кишвар далели раднопазири азми созандаи халқи мост.
Албатта, ҳама ин комёбиҳои беназир танҳо ба афкори рушани абармардони ин миллати соҳиб фарҳанг муяссар мегардад. Оре:

Халқ бе фарзанди оламгир оламгир
нест,
Боз рўяд шоиру шеъру пасованди
дигар.

Саъю талоши Сарвари давлат вусъат додани корҳои ободонии диёр қобили ситоиш аст. Рўзаз рўз беҳтар гардидани вазъи моддии марум аз ояндаи нек мужда мерасонад. Қарору фармонҳои Ҳукумати ҷуҳурӣ,Маҷлиси Олӣ бпрои барои назми ҳаёту фаъолияти сокинони кишвар равона карда шудааст.
Хушбахтона дар Конститутсия, ки рамзан шиносномаи миллат ном гирифта барои зиндагии осоиштаи мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Ҳар сокини Тоҷикистонбарои зиндагии ибрахбахш ҳақ дорад ва касе наметатавонад ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол намояд.
Эъмори давлати тозабунёд кори саҳл набуд, заҳмату ҷоннисории зиёдеро тақозо менамояд. Моҳияти истиқлолият дар он аст, ки мардум ба асли хеш баргашта, аз нав баъзе анъанаҳои бо мурури замон аз байн рафтаро зинда мегардонад.
Таъмини ҳастии миллат дар ин замони пуртазод кори ниҳоят душвор аст. Пас ҳар шахси ватандўст муваззаф аст, ки барои ободии ватани хеш талош намояд ва муқаддасоти меҳанашро азиз бидонад. Зеро:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон беҳтар.

Соли 2010, ки соли мубораки маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст, ҳамагони моро ба сўи қуллаҳои фатҳношудаи илму техникаи навтарин ҳидоят мекунад.
Танҳо илму фарҳанг метавонад инсонро хушбахту бахтиёр гардонида, аз душвориҳои змон ва мушкилоти раҳо намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2021 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст