ГАР БУЗУРГУ ХУРД МЕХАН МЕХАН АСТ
27 07 2017 admin Пока нет комментариевТанида ёди ту дар тору пудам. Механ, ай Механ,
Бувад лабрез аз ишқат вучудам. Механ, ай Механ.
Ту будам кардй аз буду набудихо.
Фидои номи ту буду набудам, Механ ай Механ.
Чунинанд мисрахои бузурги шоири ватандусту ватанхох Абулкосим Лохутй, ки аз огоз то ба анчом лабрез аз акидахои бузурги ватанхохианд. Калимаи Механ ифодакунандаи мафхуми сарзамини ачдодй аст, ки нихоят дилнишину гуворо садо додааст. Ишки Ватан ишки самимию лабрез аз самимияту дустдори ва ифодакунандаи мехри беолоиш нисбати Ватан-модари азиз аст. Ватан-модаре, ки дар канору огуши гармаш бо ифтихори баланд кас ба воя мерасад. Ватане, ки шухрати чахонй дораду каму костихо ва норасоиву нуксонхои хар як фарди миллаташро дар ниход гирифта, онро мепарварад. Ватане, ки моломоли ифтихормандихост. Ватане, ки ба ақидаи Лохутии бузургвор аз нобудихо чизе ё касе офаридааст.
Ватан бузургтарин макон ва пояндатарин маскан аст, ки инсонро дар огуши худ мепарварад. Мегуянд, ки «Ватан сар мешавад аз гахвора», ки хакикати хол аст.
Тифле, ки чашм ба олами хастй мекушояд, аввалан модар ва баъдан мухитро дида, бо онхо одат мекунад. Пас, тифлони дуструю дилбандони модари азиз низ ватандоранд. Бевосита дар он одат мекунанду ба он дил мебанданд:
Ватан ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин ру, асли чон аст, асли чон аст.
Ватан хонаи дуюми хар як инсони хакикист. Хар шахсе, ки ин мавзеи дилошубро эхтиром намекунад, дар шумори одамиён нест.
Турсунзодаи бузург, ки дар адабиёти шуравии точик хамчун шахсияти ватандусту вассофи сулх бо тамоми вучудаш Ватани хешро васф намудааст:
Созу зафарам Ватан туй. ту.
Фазлу хунарам Ватан туй, ту.
Ватан хонаи умеди дилхо ва бахшандаи бахту саодат аст. Хануз аз даврахои Чанги Бузурги Ватанй хазорон чавонмардон барон мудофиаи Ватани азизи хеш ба зану фарзанд ва хонаи ободашон нигох, накарда бархостаанд ва аз он мудофиаи мудхиш барнагаштанд. Дар катори ин диловарони номдор шоири адабиёти Шуравии точик Хабиб Юсуфй хамчун хофизи Ватани азизи хеш қахрамонона ба шаходат расидааст. У гуфта буд:
Гуяд Ватанат, ки посбон шав, ту шавй,
Бар сархади Шарқи дурамон рав, ту равй.
Хонад, ки биё, ба осмон пар, ту пари.
Фармон бидихад, ки барқсон дав, ту дави,
Хамеша дар хизмати халку ватани хеш мекушид ва чони худро низ дар химояи Ватан дарег намедошт.
Дар хаёт инсон мекушад тамоми лахзахои шодиву фарах ва гаму андухи хешро танхо дар ихотаи ёру дустон ва Ватани азизи худ бинад. Зеро иттифоки дустону наздикон хамеша мададрасон ва дастгири кас шуда метавонанд. Канори модари гамхору ёрй дилпазир ва тифлакони дилбардору Ватани азизи хеш бихиштест, ки моломоли хушихост. Инро хар як инсони асил эхсос менамояд. Бехуда нагуфтаанд, ки:
Гадо гар дар Ватан мирад амир аст.
Амири беватан хору зах,ир аст.
Шахсе, ки ватан дорад, болидарух аст, зеро мехри поку беолоиши ватани бузургаш ба у неруву чон ва хастиву тавон мебахшад. Точикистони азизу дилоро бо тамоми бузургиву шачоматаш имруз моро Ватан аст. Ватане, ки бо тамоми хастй дусташ медорему эхтиромаш мекунем.
Ватан, чону танам бодо фидоят.
Ватан, дил пора гардад аз бароят.
Бувад дороиям ободии ту.
Ватан, нуру басар нуру сафоят.
Хулоса, хастиву пояндагии Точикистони азиз чун хастии чону тан ва умеду армони Ватани азизу дилоро дар вучуд ва дасти дуо бар даргохи Офаридгори созанда мегузорем, то хамаруза ватани умеду орзухо, шукуфтанхову сарсабзихо гардад ва хар як ватандор уро дуст дорад, зеро:
Руят чу Мах аст, лек бо ин ту маноз,
Зебост кадат, вале ба ин фахр масоз.
Хар гох Ватан шавад зи корат мамнун.
Он гох бигу, ки табли шодй бинавоз!
гуфтаанд, ки бархак асту барчост!