Открыть меню

Артиши Милли

23-феврал Рузи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон

артиши милли

 

Аз таъсиси Артиши милли 17 сол пур мешавад ќуввахои Мусаллањи Љумњурии Точикистон зодаи истиќлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд.
Баъди пош хурдани Иттињоди Шуравї кишварњои навтаъсис, алалхусус давлатњои мустаќили Осиёи Марказї дар заминаи биною иншооти амнияти њарбидошта, ќуввањои мусаллањи хешро бунёд намуданд. Њамзамон онњо аз Артиши пурќудрати Шуравї техникаи мухталифи љангї ва яроќу аслињаи гуногунро мерос гирифтанд.
Вазъи душвори њарбї-сиёсии он солњо имкон надод, ки Тољикистон аз мероси Артиши Иттињоди Шуравї бархурдор гардад. Дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон танњо дивизияи тирандози 201-ум љойгир буд.
Мутаассифона, он замон дар љумхурї љанги шањрвандї љараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тулонї гардидани ин муноќиша гардад. Раванди њодисахои баъдї исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роњи њалли дуруст ва љавобгуи манфиатњои миллии Тољикистон аст.
Аз рузњои аввали таъсиси Аритиши миллї афсарони мо баробари сангарњо љангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штати худмашѓул шудаанд. Тањкурсии моддї-техникї умумам вучуд надошт. Норасої ба кадрњои њарбї ва мутахассиони касбї дар њама љанбањо њис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилињо њайати шахсии Ќуввањои Мусаллањи љумњурї дар солњои душвори муќовимат, роњи пур-печутоберо тай намуда, таљриба андухт ва ба яке аз Артишњои касбии минтака табдил ёфт. Бунёди Куввањои Мусаллањ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.
Маќсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллї ин ташкили ќуввахои њарбие буд, ки кобилияти таъмини истиќлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии њаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин максад бригада ва баталиёнњои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онњо муќовимат бо ќуввахои зиддидавлатї ва муњофизати сохти конститутсионї буд.
Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатї буда, бо таъсиси намудњои асосї, ба монанди ќушунњои хушкигард, ќуввањои њарбї-хавой ва ќушунњои мудофиаи зиддињавой оѓоз гардид. Дар ин давра њамчунин љузъу томњое, ки тавонанд мутобињи таѓйирёбии воќеии вазъи њарбї-сиёсии минтаќа амал намоянд, созмон ёфтанд.
Давраи сеюми сохтмони Ќуввањои Мусаллањ пас аз имзо расидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Точикистон огоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудњои амалкунандаи Ќуввањои Мусаллањ аз нав баррасї шуданд. Бо шомил гардидани силоњбадастони собиќ мухолифини тољик сохтори ташкилию штатї таѓйир ёфт.
Айни замон дар Ќуввањои Мусаллањ гузаронидани ислоњоти њарбї идома меёбад. Намуди нави Ќуввањои Мусаллањ ќуввањои зудамал бе афзоиши теъдоди умумї таъсис гардид. Ќуввањои њарбї- њавой ва мудофиаи зиддињавои мутањид шуданд. Чунин навгонињо, пеш аз њама ба болоравии омодагии љангии њайати шахсї ва тањкими ќобилияти онњо бањри таѓйирёбии вазъияти њарбї-сиёсї, яъне мутобиќ сохтани аксуламали фаврї равона шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки солњои аввали таъсисёбии Артиши миллї мо ба мушкилоти нарасидани кадрњои њарбї ру ба ру шудем ва дар ин љода Федератсияи Россия ба мо дасти кумак дароз кард. Аз рузњои аввали таъсисёбии Ќуввањои Мусаллањ хизматчиёни њарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд. Њоло дар макотиби гуногуни њарбии Россия беш аз 400 мутахассиси тољик дарс меомузад.
Дар бахши омузонидани мутахассисони њарбї ба мо Љумњурии Хал ќии Хитой (зиёда аз 40 нафар), Љумњурии Њиндустон (зиёда аз 60 нафар), Британияи Кабир (њар сол 2 нафарї), Канада (8 нафарї), Љумњурии Федералии Олмон (9 нафар), Фаронса ( 35 нафар) ва Амрико (4 нафар) ба таври ройгон кумак менамоянд. Бар замми ин, бо дастгирии масъулини вобастаи низомии љумњурињои Фаронса, Њиндустон, Љумхурии Исломии Эрон, Британияи Кабир, Љумњурии Федералии Олмон ва Амрико дар Донишкадаи њарбї ва литсейи њарбї синфњои махсуси омузиши забонњо ташкил ёфтаанд, ки тамоми харљи таълим ва таъмиру таъмини синфхонањо бо асбобњои хониш ва компютерњо, пардохти маоши муаллимон ба зиммаи онњост.
Дар навбати худ Љумњурии Тољикистон дар тайёрии кадрњои њарбї барои артиши навтаъсиси Афѓонистон кумаки бародарона расонид.
Дар назди Донишкадаи њарбии Вазорати мудофиа 26 нафар хизматчиёни њарбии ин кишвари њамсоя муддати 6 моњ тањсил кардаанд.
Тамоми харољоти вобаста ба будубоши онњо дар Тољикистон ба зиммаи мо буд.
Њамзамон дар Вазорати мудофиа усулњои камхарљу пурсамари таълими њайати шахсии Ќуввањои Мусаллањ, баланд бардоштаии малакаи љангї ва обутоби љисмонии аскарон амалї мегардад. Дар назди њар як ќисми њарбї марказхои таълими, майдончањои машќї амал мекунанд, ки ба омодагии љангии ќушунњо ва самарабахшии машќњои таълимию машѓулиятњо мусоидат менамоянд.
Натиљаи омўзиш дар семинару курсњои бозомузї ва такмили ихтисоси афсарон, ки њар сол дар дохил ва хориљи кишвар барои такмили донишњои назариявию амалї мегузаранд, ќаноатбахшанд. Ин тадбирњо дар бахши тайёрии мутахассисони њарбї ва такмили таљрибаи афсарон минбаъд низ идома меёбад.
Мустањкам намудани руњияи низомии сарбозону афсарон, њифзи ормонњои абадзиндаи ватандустї, эњтиром ба мукаддасоти Ватан, ифтихори миллї, шохаи асосї ва муњими корњои тарбиявї дар артиш мањсуб меёбад. Таърихи кањрамонию шуљоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар њар як хизматчии њарбї дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллї доштани артиш, муносибати халќ ба хизмати њарбї ва эњтироми мардуми Тољикистон ба зањмати њарбиён таъсири нек мерасонад.
Ба кисмњои њарбї ветеранњои љангу мењнат даъват ва бо сарбозон вохурињо ташкил карда мешаванд. Бахшида ба Рузи таъсисёбии Артиши миллї дар Вазорати мудофиа бањри баланд бардоштани омодагии љанги ва тартибу интизоми ќавї корњои зиёде амали карда мешаванд.
Айни замон љузъу томњои Вазорати мудофиа ба њайати неруњои њарбии сулњљуи байналмилалї шомил нагаштаанд ва агар лозим шавад неруњои њарбии мо омода њастанд, ки дар ин њайат фаъолият намоянд. Њар як давлати соњибистиќлол дар њифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллї такя мекунад. Тољикистони соњибистиќлол низ њамчунин, таърихи беш аз 17-солаи Артиши миллии љумхурї собит намуд, ки он њамчун такягоњи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулњу субот хизматњои беназир намудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст