Открыть меню

Системаи оператсионии виндовс

image

Нақша

1.Windows чӣ гуна системаи оператсионӣ аст?

2.Кадом вариантҳои системаи оператсионии Windows-ро медонед?

3.Системаи оператсионии Windows аз MS DOS чӣ бартарӣ дорад?

4.Файлу каталогҳоро дар Windows бештар чӣ гуна ном мебаранд?

5.Номгузории файлҳо ва папкаҳои Windows аз номгузории файлҳо ва каталогҳои MS DOS ягон фарқе дорад?

6.Системаи файлӣ гуфта чиро мефаҳмед?

7.Сохтори файлӣ чист ва бо он чӣ гуна амалиётро гузаронидан мумкин аст?

8.Объектҳои асосии Windows кадомҳоянд?

9.Нишона гуфта чиро мефаҳмед?

10.Ярлик аз нишона ягон фарқе дорад?

 

Сарсухан

Инсон ҳамеша ба сабабҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ     дошт. Дар  замонҳои қадим одам дар ҳисобкуниҳо  аз ангуштони дастони худ истифода мебурд. Чӯбчаҳои  нишонадор, тасмаҳои сурохдор,      ресмонҳои гиреҳдор ва ғайра намунаи ихтирооти   ҳамон давраҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар пайдоиш ва барқароршавии техникаи ҳисоббарор ҷаҳиши асосӣ дар қарнҳои  XVII-XVIII гузошта шудааст. Миошинҳои  аввалини арифметикӣ ба маҳсули афкори олимони ин асрҳо мансуб дода  мешаванд. Гарчанде он таҷҳизотҳо дар ихтирои компютер ҳамчун замина саҳми беандоза бузург гузошта бошанд ҳам,  вале  ягонтои  он хосияти асосии  компютер — ба  таври  автоматӣ иҷро  кардани амалҳоро надошт.

Компютери  аввалин  дар  нимаи  дуюми  асри  XX  дар  ИМА  сохта  шудааст,  ки  дарозии он  зиёда  аз  30  метр  ва  вазнаш  30  тонна  буд.  Дар  даврони  мо  компютерҳое  сохта  шудаанд, ки   онҳо  озодона  дар  кафи  дасти  инсон  меғунҷанд, вале   зудкорӣ  ва маҳсулнокиашон  аз  компютери  аввалин   чандин  маротиба   зиёдтар   аст.

Системаи  оператсионии Windows

                               Имкониятҳои  Windows

Системаи  оператсионии  Windows  системаи  графикӣ буда,  барои   компютерҳои  IBM  PC   системаи  стандартӣ   ба  хисоб  меравад. Калимаи   Windows   ( Виндовз)  дар   забони  тоҷикӣ  тарҷумаи   тирезаҳо,  равзанаҳоро  дорад.  Барои  чӣ  ин  системаро  Windows   номидаанд? Гап  дар  он  аст,   ки  дар  ин  система   ҳар  як  программа  дар  экран  дар  дохили   равзанаи  худ  тасвир  карда  мешавад.  Бо  ёрии  элементҳои  равзанаҳо  бошад,  программаҳо   идора  ва  иҷро  карда  мешаванд.

Windows   то  имрӯз  аз  вариантҳои   аввалаи  худ  хеле  мукаммалтар   гардонида  шудааст.  Вариантҳои  Windows  3.1  ва  Windows 3.11-ро   қабатҳои  оператсионии  графикӣ  ном  мебаранд.  Чаро  ин  программаҳоро  на  системаҳои  оператсионӣ,  балки  кабатҳои  программавӣ  мегӯянд?  Барои  он  ки  пеш  аз  омодаи кор гаштани онҳо, бояд системаи  оператсионии MS DOS ба кор шурӯъ намояд ва баъд онҳоро ин система ба хотира ҷеғ занад.

Вариантҳои баъдинаи  Windows 95,  Windows 98,  Windows NT,  Windows 2000,  Windows XP,  Windows me бошад,  системаи оператсионии графикии мустақил ба ҳисоб мераванд, чунки ҳангоми компютерро ба қувваи барқ пайваст намудан, онҳо ба кор оғоз менамоянд. Ҳар як варианти баъдинаи  Windows аз вариантҳои пештарааш имкониятҳои  зиёдтар дорад. Рақамҳои ин системаҳо  соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳад. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба ғайр аз функсияҳои системаи оператсионии MS DOS ва вариантҳои пештари Windows-ро дар бар гирифтанаш, боз имкониятҳои алоқаи шабакавии компютериро таъмин менамояд.

Кор дар ҳар гуна варианти  Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва қулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои  ба воситаи DOS идора намудани компютер бо ёрии клавиатура командаҳои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст. Худи командаҳо, вазифаҳои онҳо, параметрҳояшон ва ғайраро азёд донистан лозим аст, вагарна барои иҷро намудани ягон амалиёт ҳуҷҷатҳои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоҳ доштан лозим меояд. Баъдан, ҳар як DOS – программа дар экран намуди зоҳирии ба худ хос ва маҷмӯи командаҳои хоси худро  дорад, ки онҳо аз камандаҳои программаҳои дигар ба куллӣ  фарқ мекунанд. Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардорӣ ё несткунии фрагменти матни ҳуҷҷат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он ҷабҳаи программа, ки қариб барои ҳамаи программаҳо хос мебошанд, дар ҳар як программа бо воситаи командаҳои гуногун иҷро карда мешавад. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки омӯзиши ҳар як DOS –программа аз сифр сар карда шавад.

Чунин норасоӣ ва камбудиҳо дар системаи оператсионии графикии Windows ҳалли худро ёфтаанд. Windows барои ҳамаи программаҳои худ муҳити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар ҳамаи программаҳо бо ёрии командаҳои якхела иҷро карда мешаванд. Ҳатто командаҳои Windows ҳам аз командаҳои DOS ба куллӣ фарқ доранд. Дар Windows ҳар як команда аз руйхати махсуси меню  номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати командаро аз ёд донистан аз байн меравад.

Аз тарафи дигар, ҳар як Windows –программа дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танҳо бар ҳамон нишона таъсир расонидан кифоя аст. Азбаски нишонаҳо доимо дар экран намудоранд, бинобар ҳамин номи программаҳоро аз ёд донистан шарт нест.

Бартарии  дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар инҷо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онҳо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программаҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.

Файлҳо ва папкаҳо

Бо мафҳумҳои файлҳо ва каталогҳо мо аз системаи оператсионии MS DOS шинос ҳастем. Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки файлҳо ва каталогҳо дар дискҳо ҷойгир карда мешаванд. Мафҳумҳои файл ва каталогро дар системаи Windows бештар ҳуҷҷат ва папка ном мебаранд. Аниқтараш, бо ҳуҷҷатҳо файлҳои матнӣ, графикӣ, мусиқӣ, садоӣ, тасвири видеоӣ ва ба инҳо монанд дохил мешаванд. Ин гуна файлҳо бо ёрии программаҳое сохта мешаванд, ки онҳоро программатаҳриргарҳо меноманд. Масалан, ҳуҷҷатҳои матнӣ бо ёрии таҳриргарҳои матнӣ (ба мисли Лексикон, Microsoft Word) сохта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои графикӣ бошанд, бо ёрии таҳриргарони графикӣ (масалан, Paint) сохта мешаванд.

Файлҳое, ки матни программаҳоро дар бар гирифтаанд, файлҳои программавӣ ё худ программа номида мешаванд. Ин гуна файлҳо одатан бо ёрии ягон забони алгоритмӣ сохта мешаванд. Ба ғайр аз ин, боз файлҳое мавҷуданд, ки онҳо ахбороти махсусро дар бар мегиранд. Масалан, файлҳои ҳуруфӣ номидашаванда, ягон намуд ҳуруфро дар бар мегиранд.

Тарзи нигоҳдории файлҳоро дар дискҳои компютер системаи файлӣ мегӯянд. Файҳо одатан дар дохили ягон папка нигоҳ дошта мешавад. Папка дар навбати худ метавонад объекти ягон папкаи дигар бошад ё дигар папкаро дар бар гирифта бошад. Тарзи ҷойгиршавии папкаҳоро дар дохили ҳамдигар иерархияи папкаҳо мегӯянд. Сохтори иерархии нигоҳдороии файлу папкаҳоро дар дискҳо бошанд, сохтори файлӣ ном мебаранд. Ба мисли MS DOS дар Windows низ воситаҳои пуриқтидори идоракунии сохтори файлӣ мавҷуд аст. Амалиёти асосие, ки бо сохтори файлӣ мегузаронанд, инҳоянд:

1­) Азназаргузаронии (навигатсия) сохтори файлӣ;

2) Бакордарории программаҳо ва кушодани ҳуҷҷатҳо;

3) Сохтани папкаҳо;

4) Нусхабардории файлу папкаҳо;

5) Ҷойивазкунии файлу папкаҳо;

6) Несткунии файлу папкаҳо;

7) Номивазкунии файлу папкаҳо.

Нишонаҳо ва ярликҳо

Нишона гуфта, тасвири графикии объекти Windows-ро меноманд. Объектҳои асосии Windows-ро программаҳо,  файлҳо ва папкаҳо ташкил медиҳад. Ҳар он амалиёте, ки гӯё бо нишонаи объекти гузаронида мешавад, дар асл бо худи объект иҷро карда мешавад. Масалан, нусхабардорӣ намудани нишона, дар асл нусхабардории объект аст. Нишонаро  нест  намудан-ин  объектро  нобуд  сохтан  аст.

Ярлик низ  як  навъ  нишона  аст,  яъне  он  низ  гӯё  тасвири   графикии   ягон  объекти  Windows  аст.  Вале  фарқи  ярлик  аз  нишона  дар  он  аст,  ки  агар нишона  худи  объектро  тасвир  кунад ,  он гоҳ  ярлик  танҳо  сояи  объект ё   худ  суроғаи  онро тасвир  мекунад.    Ярликҳоро  асосан  барои зуд  кушодани папкаю  ҳуҷҷатҳо  ва  бакор  даровардани  программаҳо  истифода  мебаранд.   Барои  ҳар  як  объект,  бо  номҳои  гуногун,  якчанд  ярлик  сохтан  мумкин аст.  Онҳоро дар як  равзана ё  равзанаҳои  гуногун   ҷойгир  кардан  мумкин  аст.  Ҳамин  тариқ,  ярликро  нишондиҳандаи  суроғаи  объект  низ номидан  мумкин  аст.  Агар мо  ярликро  нест кунем,  он гоҳ   дар асл   на  худи объект,  балки  нишондиҳандаи  суроғаи  он  нест  карда  мешавад.

Адабиётҳо

  1. “Информатикаи  татбиқӣ”  Комилов  Файзалӣ С,  Шарипов  Дилшод   С.  ш.    Душанбе-2009. “Информатика”   Гадоев   Сайвалӣ ш.Душанбе-2002.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст