Открыть меню

Аҷоиботи илми география

image

1.Дарёи аз ҳама дарозтарини ҷаҳон. Дарозтарин дарё дар ҷаҳон дарёи нил мебошад. Дарозии дарёи Нил 6671 км-ро ташкил медиҳад, вале баъди таъсиси обанбори Насер дар болотари сарбанди Асуан дарозии он кутоҳтар гардид. Агар эстуарии Пара-ро, аз ҳама сарчашмаи дурдаст ҳисоб кунем, дарозии дарё такрибан ба 6750 км. мерасад.

2.Вулқони баландтарини амалкунандадар ҷаҳон. Охос-дел-Саладо дар сархади Чили ва Аргентина вулкони аз хама баландтарин дар чахон мебошад. Баландии он 6887 км. ташкил медихад.

3.Кратери вулқони калонтарин дар ҷаҳон. Дорои кратери бузургтаринро вулкони Тоба дар шимоли кисми марказии Суматраи Индонезия мебошад ва масохати он ба 1775 км. мерасад. Ин вулкони хомушшуда аст, охирин маротиба 75 000 сол пеш хуруч кардааст.

4.Вулқони бузургтарини амалкунанда дар ҷаҳон. Мауна-Лоа, Гавайхо,ИМА, дорои 120 км. дарози ва 50 км. масохат аст, махлули оташангезаш дар чазира масохати беш аз 5125 км2 ташкил медихад. Аз соли 1843 у аз хисоби миёна як бор дар 3,6 сол хуруч кардааст. Вале аз соли 1984 хомуш аст.

5.Кӯҳӣ балантарин дар ҷаҳон. Мауна-Кеа («Кухи Сафед») дар Гавайхо (ИМА)-баландтарин дар чахон мебошад. Аз пояи он дар тахи укёнуси Ором то куллааш-10 250 м. аст. Гап дар сари он аст, ки 6000 м. хамиши у дар таги об аст ва танхо 4205 дар баланди аз сатхи бахр аст. Умуман у аз Эверест 1357 м. баландтар аст.

6.Қуллаи балантарини кӯҳӣ дар ҷаҳон. Кухи Эверест, баландкухи шарки дар шарки Химолой мебошад ва баландии 8848-ро доро аст ва нуктаи баландтарин дар чахон мебошад. Номи худро Эверест ба шарафи генерал сэр Чорч Эверест (1790-1866 с.) гирифтааст, генерал-губернатори Хиндустон дар солхои 1830-1843.

7.Порчаи кӯҳнатарини Замин. Кристали хурдтарини сирконий аз хама кухнатарин порчаи замин, ки то ба имруз ёфт шудааст мебошад. Солшумори он аз 4,3 то 4,4 млрд. мерасад, ин порчаи хурдакак 100 млн. сол аз хамаи бозёфтхо кухнатар мебошад.

8.Калонтарин дарёи хушкшудаистода дар ҷаҳон. Солхои 1997 ва 1998 Хуанхэ, дуюмин аз чихати дарози дарёи Хитой, хар сол дар давоми 140 руз ба пурраги дар поёнобхояш хушк мешуд, дар натича хочагихои растани камбудии обро эхсос намуда чамъоварии он зери хавф монда буд. Сабаби он дар боришоти кам аз хисоби миёна, истифодаи зиёди об барои обёри ва талаботи ахолии, ки шумораи он хар лахза меафзояд.

9.Калонтарин кӯли зерях дар ҷаҳон. Кули Шарқ дар Антарктида соли 1994 бо роҳи анализи радиолокатсионии қитъаи яхи кушода шуда буд. Дар чукурии 4 км. дар зери сипари яхии антарктикии шарқи рустшуда, аз ҳама куҳансолтарин ва тозатарин кул дар Ҷаҳон ба шумор меравад, дар давоми 500 000 сол тамоман аз олам канор гирифта шудааст. Масохати 14 000 м2 ва чукурии 100 м. доро мебошад.

10.Калонтарин ҳалқаҳои дуд дар ҷаҳон. Вулкони амалкунандаи Этна дар Ситсилия аз хама баландтарин ва амалкунандатарин дар Аврупо мебошад. Дар натичаи протсесси мураккаби физики халкахои дуди диаметрашон 200 м. пайдо шуданд, ки то 10 дакика нобуд намешуданд., то дами ба баландии кариб 1000 м. аз сарчашмаи оташихрочи вулкон баромадан.

11.Чуқуртарин доманакӯҳ дар ҷаҳон.Доманаи дарёи Ярлун-Тсангбо дар Осиё, ки аз Тибет то Бангладеш пахн шудааст, чукурии аз хисоби миёна 5000 м., ва дар чои аз хама чукураш 5382 м. мебошад, ки 3 маротиба аз Канёни Калон чукуртар аст.

12.Пиряхи тезтарин дар ҷаҳон.Бо дарозии 54 км.. масохати 4,8 км. ва бо баландии 910 м. дар якчанд чойхо пиряхи Колумбия, ки дар байни Анкоридж ва Балдиз дар Аляска, ИМА чойгир шудааст бо шиддати аз хисоби миёна 35 м. дар як руз пеш рафтааст. Дар 20 соли охир у шиддати худро ду баробар зиёд намудааст.

13.Хунукии яхин. Пиряхҳо 11% сайёраро ташкил медиҳанд ва асосан дар Антарктида ва Гренландия ҷойгир шудаанд. Онхо аз барфу ях ташкил ёфта, масохати 16 млн.км2 ишгол мекунанд. Пиряххо бузург мебошанд, онхо яххои хеле зиёдро дар бар мегиранд, чунки дар он чо биришоти барф аз обшавии он шиддатноктар аст. Аз хама пиряхи бузургтарин пиряхи Ламберт мебошад, ки дар худуди Антарктидаи австралияги чойгир шудааст. Масохати пиряхи Ламберт 64 км кВ-ро ташкил медихад, дарозиаш 700 км., яъне зиёдтар аз масохати штати Флорида мебошад.

14.Баҳрҳо. Қисми оби уқёнус, ки дорои хосиятҳои химиявию физикӣ ба худ хос буда, аз ин ҷиҳат аз обҳои ҳамсоя то андозае фарқ мекунад, баҳр номида мешавад.Мувофиқи тақсимоти олим Шокалский баҳрҳо канорӣ, дохилӣ ва байни ҷазиравӣ мешаванд.

15.Баҳрҳои канорӣ дар материкҳо ҷойгир буда тунукобанд (то 200 м). Ба онҳо мисол мешаванд баҳрҳои ҳавзаи Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ.

16.Баҳрҳои дохилӣ дар навбати худ боз ду хел мешаванд — дохилӣ – материкӣ ва байни материкӣ .
Дохили материкӣ баҳрҳоеанд, ки дар дохили материк чуқур ҷойгир шуда, асосан то 2430 метр. чуқурӣ доранд. Масалан, баҳри Сиёҳ.

17.Баҳрҳои байни материкӣ дар байни ду материк ҷойгиранд. Онҳоро аз якдигар ҷудо мекунанд ва одатан аз 2430 м. чуқуртаранд, яъне ҳавзаи онҳо асоси уқёнусҳоро бурида мегузарад. Мисоли ин баҳр баҳри Миёназамин мебошад.

18.Баҳрҳои байни ҷазиравӣ дар байни ҷазираҳо ҷойгиранд. Мисол баҳри Фиджи, баҳрҳои байниҷазиравии Зонду Филиппин. Мувофиқи маълумотҳои олимон дар ҷањон 67 баҳр мавҷуд мебошад. Масоҳати умумии баҳрҳо ба 18 % масоҳати уқёнус баробар буда, ҳаҷми оби баҳрҳо 10%-и ҳаҷми оби уқёнусро ташкил мекунад.

19.Баҳри Мармар (Туркия) хурдтарин баҳр дар ҷаҳон буда, масоҳаташ 12 000 км2, дарозиаш 280 км, паҳмиаш 80 км, чуқуриаш 1389 метр буда, ҳаҷми оби баҳри Мурда 4000 м3 мебошад. Баҳр дар натиҷаи шикастани қабатҳои қишри замин пайдо шуда, қитъаи Осиё, Аврупо ва Африқоро аз ҳам ҷудо мекунад. Баҳр дар байни роҳи рафтуомади баҳри Сиёҳ ва баҳри Миёназамин ҷойгир аст.

20.Баҳри Азов чуқуриаш 8 метр дар баъзе ҷойҳо то 15 мет мебошад. Масоҳати баҳри Азов 39 000 км2 буда, ҳаҷми обаш 320 км3 мебошад. Дар тобистон сатҳи об +25+280 соҳилаш то 310 гарм мешавад.

21.Баҳри Мурда баҳри аз ҳама шӯртарин дар Ҷаҳон мебошад, ки шурии он аз дигар баҳрҳо 8-9 маротиба зиёд аст. Шурии миёнаи баҳри Мурда 270‰ промилле буда, дар баъзе солҳо то 310 промилле мерасад. Ин маънои онро дорад, ки дар як литр оби баҳри Мурда 270-310 грамм намак мавҷуд аст. Ҳавзаи баҳр маҳдуд буда, ягон дарё ҷори намешавад ва ё ягон дарё ба хушки намебарояд. Дарозии баҳр 76 км, паҳмиаш 4,5 то 17 км, масоҳати баҳр 1050 км2, чуқуриаш дар қисми шимол то 356 метр ва дар қисми ҷанубиаш 4-5 метр мебошад.

22.Баҳри Сурх гармтарин баҳр дар ҷаҳон мебошад, ҳарорати миёнаи он дар моҳи феврал +180С аст, дар шимол +25+26,50С, дар ҷануб мебошад. Сатҳи об дар тобистон то ба +320С ва соҳилҳояш то ба +360С мерасад. Дарозии баҳри Сурх 1932 км буда, паҳмии он 305 км, ҳаҷми би баҳр 251 000 км3 мебошад.

23.Баҳри Сибири Шарқӣ ва Бофорт хунуктарин баҳр дар ҷаҳон мебошанд ва дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ҷойгир шудаанд. Ҳарорати сатҳи оби баҳрҳо 1,5-1,80С мебошад.

24.Халиҷҳо – қисми уқёнуси ҷаҳонианд, ки ба воситаи тарҳи соҳилҳо аз уқёнус ҷудо шуда, аз ҷиҳати хосиятҳои физикию химиявиаш аз оби уқёнус фарқ намекунанд. Халиҷҳои калонтарини уқёнуси ҷаҳонӣ Бангола Бискай, Гвинея Мексика Гудзон ва дигарҳоянд.

25. Гулӯгоҳҳо – тасмаи тунуки обианд, ки қисми уқёнусро ба ҳам пайваста, ду қисми хушкиро аз ҳам ҷудо мекунанд. Гулўгоҳи аз ҳама васеъ (900 км) ва чуқурӣ (5248 м.) уқёнус гулўгоҳи Дрейк буда, гулўгоҳи аз ҳама дароз Мозамбик (1670 км) мебошад.

26.Маълумот дар бораи атмосфера. Пардаи ҳавои сайёраи моро иҳотакунанда атмосфера номида мешавад. (Athmos – буғ, Sphara – кура.) мебошад. Атмосфера қабати аз ҳама берунаи Замин буда, бо дигар қабатҳои табаќаи географї дар алоқамандии зич аст ва доимо зери таъсири ҷисмҳои кайҳонӣ ва пеш аз ҳама Офтоб мебошад.
Тахминан 50 фоиз тамоми массаи атмосфера ба ќабати 5 километраи он, 75% ба ќабати 10 километра ва 90 фоиз ба қабати 16 километра мувофиқ меояд. Вобаста ба тағйирёбии бисёр хосиятҳо ва пеш аз ҳама ҳарорати њаво атмосфера ба 5 қабати асосӣ (тропосфера, стратосфера, мезосфера, термосфера ва экзосфера) ва 4 – қабати гузаранда (тропо-, страто, мезо- ва термопауза) ҷудо кардан мумкин аст.

27.Т р о п о сфера (trоpos — гардиш) 80 % массаи атмосфераро ташкил мекунад. Дар ин қабат қариб ҳамаи оби атмосфера ҷой дорад. Ҳадди болоии тропосфера дар экватор ба 17 км, дар қутбҳо ба 8 – 10 км мувофиқ меояд. Ҳарорат дар тропосфера дар ҳар 100м 0,60 паст шуда рафтан мегирад.

28.Т р о п о п а у з а — қабати гузарандаест дар байни тропосфера ва стратосфера. Ҳарорати аз ҳама паст дар ин қабат – 920 мушоҳида шудааст.

29.С т р а т о с ф е р а — (Stratos — қабат) аз тропосфера бо он фарқ мекунад, ки дар ин қабат заррачаҳои ҳаво хеле сирак буда, буғҳои об қариб мавҷуд нестанд. Дар ин қабат миқдори озон зиёд буда, аз ин сабаб вайро баъзан озоносфера низ меноманд. Миқдори аз ҳама зиёди озон асосан ба баландиҳои 22 – 26 км мувофиқ меояд.

30.М е з о с ф е р а – (Meso- миёна) бо пастшавии ҳарорат аз баланд фарқ мекунад. Дар ҳадди поёнии ҳарорат ба 00 баробар буда, дар ҳадди болоӣ то – 750паст мешавад. Тобистон дар ин ҷо абрҳои нафиси нуқратоб пайдо мешаванд, ки аз кристаллчаҳои хурди обӣ ё гарду чангҳои кайҳонӣ иборатанд.

31.Т е р м о с ф е р а. – (termo — гарм). Дар термосфера ҳарорат ба баландї аз сари нав баланд шуда, дар баландиҳои 100 км аз 00С гузашта, дар баландии 150 км ба + 220 + 2400, дар баландиҳои 200 км қариб + 5000, 600 км ба + 15000С мерасад.

32.Э к з о с ф е р а. — (Эkso — беруна). Ин қабати болоии атмосфера буда, аз ин ҷо ба фазои байнисайёравї пароканда шуда рафтани газҳо мушоҳида мешавад.Ин ќабат то алҳол на он қадар хуб омўхта шудааст. Тахмин мекунанд, ки ин ҷо ҳарорат то – 20000С мерасад.

33.Кули Балхаш калонтарин кули Қазоқистони маркази аст.Аз ҷиҳати бузурги чорумин кули Осиёи Миёна буда,дар қисми шарқии Қазоқистон ҷойгир шудааст.Балхаш кули сарбаста аст.Дар хамии васеи Балхашу Алокул дар баландии 340 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.Масоҳаташ 17-22 ҳазор км²,дарозиаш 605 км,бараш дар қисми шарқи 9-19 км, дар қисми ғарби то 74 км,чуқуриаш 26 м,ҳачми массаи об 112 км², масоҳати ҳавзааш 501 ҳазор км² мебошад.

34.Ҳимолой ва Ҷомолунгма. Маънои «Ҳимолой» макони барф мебошад. Ҳимолой бузургтарин ва балантарин системаи кӯҳии рӯи замин аст. Дар байни Осиёи Баланд ва Ҷанубӣ ҷогир шуда, кӯҳсори Тибетро азпастии Ҳинду Ганг ҷудо мекунад. Дар ҳудуди Ҳиндустон, Хитой, Непалу Покистон, дар байни кӯҳ-сори Тибет (дар шимол) ва ҳамвории Ҳинду Ганг (дар ҷануб) воқеъ гаштааст. Тӯлаш зиёда аз 2400 км, бараш 180-350 км, масоҳаташ қариб 650 ҳаз, км . Баландиаш ба ҳисоби миёна 6000 м, 11 қулла дорад, ки баландии ҳар як кадом аз 8000 м зиётар аст. Қулаи Ҷомолунгма 8848 м мебошад.

35.Ҷомолунгма. Эверест ва Сагарматха низ мегуянд. Балантарин қуллаи рӯйи замин, ки дар кӯҳҳои Ҳимолой байни сарҳади Непалу Хитой воқеъ гаштааст. Баландиаш 8848 м аст. Кӯҳи Ҷомолунгма аз гнейсу гранитҳои токембриӣ ва аз 7000 м болотараш аз оҳаксангу варақсангҳои кристалли эраи мезозой таркиб ёфтааст. Шаклаш пирамидамонанд аст. Аз баландии 5000м то сари қулла нишебиҳо бо пиряхҳо (Рангбук, Кумбу ва ҳоказо) пӯшида шудаанд. Қулаи Ҷомолунгмаро аввалинбор 29 май соли 1953 аъзоёни экипедитсияи англис бо роҳбари Ҷон Хант кӯҳнавардон Тенсинг (аз Непал) ва Эдмунд Хиллари (аз Зеландияи Нав) фатҳ кардаанд.

36.Черапунҷа – шаҳрак дар шимоли – шарқии Ҳипдустон, дар штати Ассам, дар платои Шиллонг, дар баландии 1300 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Мавзеъи сербориштарин дар рӯйи замин маҳсуб мешавад. Миқдори боришоти солона, ба ҳисоби миёна 12000 мм. Дар қисми ғарбии Черапунҷа исгоҳи метеорологии Маусирам амал мекунад, ки дар ин ҷо дар як сол то 13.5 000 мм боришот ба қайд гирифта шудааст.

37.Тавсифи умумӣ Осиёи Миёна. Осиёи Миёна вохиди мустакили табии — географӣ хисобида шуда, доир ба сархадхои табии-географии ин сарзамин фикру акидахои мухталиф то хол вучуд доранд. Дар худуди ин нохияи табии-географӣ 4 чумхурихои ИДМ: Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қиргизистон ва як кисми Қазоқистон: Устюрт, Қизилкум, куххои Тиёншони Ғарбӣ ва Шимолӣ мансубанд.
Дар адабиётхои географи мафхуми Осиёи Миёна пас аз соли 1924 ба миён омад. То соли 1924 Осиёи Миёнаро Туркистон меномиданд.

38.Помири Ғарбӣ. Сарзамини баландкӯх аст. Масохаташ 61,1 хазор км кВ мебошад. Сатхи он аз каторкуххои азим ва водихои чукури начандон васеи кухи иборат аст. Қисми шимоли ғарбии зернохияро шаркии каторкуххои Пётри Як, Дарвоз ва Ванч ишғол намудаанд. Дар шарк ин каторкуххо ба каторкухи Академияи Илмхо пайваст мешаванд. Каторкухи Академияи Илмхо аз шимол (води дарёи Муғсу), ба самти чануб (каторкухи Язғулом), Ба таври меридионали кашол ёфтааст. Чанубтар аз каторкухи Язғулом каторкуххои Рушон, Шуғнон, Шохдара ва Вахон кашол ёфтаанд. Каторкӯҳҳои Помири Ғарби аз 5500 то 7495м (куллаи Исмоили Сомони) баланди доранд. Дар он ҷое, ки дарёи Ғунд ба дарёи Панч мерезад, шахри Хоруғ ҷойгир аст.

39.Помири Шарқӣ суфакӯх аст. Барои он водихои васеъ ва фурухамидаи зераш хамвор хос аст. Онхо то 3700-4500м баланд шудаанд. Фурухамидахо ва водихо бо тахшинхои пиряхии давраи кадим пур шудаанд, ки ба релефи Помири Шаркӣ хусусияти хос мебахшад. Дар канори водихо ва фурухамидахо кӯҳҳо ва каторкӯҳҳо баланд шудаанд. Сатхи куххо гунбазшакл буда, нишебихои моил дорад. Барои баъзеи он куллахои тез ва нишебихои ростфуромада хос аст. Музкул аз кабили чунин каторкуххост. Куллаи баландтарини он 6233м аст. Иклими Помири Шарки бенихоят хунук аст.

40.Пиряхҳои Осиёи Миёна. Дар минтакаи Осиёи Миёна пиряххои зиёде мавчуданд. Агар масохати умумии пиряххои Осиёи Миёна 17-18 хазор км²-ро ташкил дихад, 60%-и он ба каламрави Точикистон рост меояд. Онхо дар каторкуххои Точикистон бештар дар баландихои 3400-5240м пахн гадидаанд. Аз ин баландихо хати барфи мегузарад. Хангоми харакати пиряххо забонаи онхо аз хати барфи поён мефарояд. Дар натича онхо аз гармии хаво об шуда, ғизогирии даёхоро дар фасли тобистон таъмин менамоянд.

41.Кӯлҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Шумораи кӯлҳои ИДМ беш аз 2,8 млн аст. Масо-ҳати умумии онҳо (ғаёр аз Каспӣ ва Арал) 490 ҳазор км мебо-шад. Ҳаҷмиоби тамоми кӯлҳо 27,2 ҳазор км аст. Миқдори зиёди кӯлҳо дар қисми шимолу ғарбии ИДМ ҷойгиранд. Кӯл-ҳои Лагода,Онега,Балхаш,Байкал кӯлҳои калонтарини дунё ба шумормераванд. Иссиқкӯл,Севан,Телес,Қарокул,Сарез калон-тарин кӯлҳои кӯҳи мебошанд

42.Пиряхҳои Тоҷикистон. Миқдори умумии пиряхҳо дар кишвари мо бо масоҳати умумии яхбастагӣ 11 146 км буда, қариб 6%-и тамоми масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Пирях захираи бузурги оби ширин аст. Пирях ва барфи кӯҳҳои баланди Помир ва Ҳисор барои хоҷагии халқи мамлакатамон аҳамияти калони иқтисоди дорад, зеро онҳо ба аксар дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ғизо мебахшанд. Минтақаи аз ҳама бузурги пиряхҳои Тоҷикистон (60%) ба қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ мансубанд. Маҷмӯи захираи ях дар пиряхҳо тақрибан 845 км мебошад.

43.Қуллаи Монблан дар сарҳади Фаронса,Италия ва Швейтсария ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4807 м қуллаи баландтарин дар кӯҳҳои Алп ва дар тамоми Аврупои Ғарбист. Пиряхҳои ниҳоят зиёд дорад,баъзеи онҳо то 15 км дарозӣ доранд. Маркази алпинизм дар Аврупост. Тунел байни роҳи автомобилгади Фаронса ва Италия амал мекунад,ки 11,6 км дарозӣ дорад. Алексей Павлоич Федченко 15.09.1873 дар пиряхи қуллаи Монблан ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст.

44.Пиряхи Зарафшон калонтарин пирях дар ҳавзаи дарёи Зарафшон маҳсуб меёбад. Омӯзиши пирях аз соли 1870 оғоз ёфта то ба имрӯз давом дорад. Ин пирях 27,8 км дарозӣ ва бо шохаҳояш 132,6 км2 масоҳат дорад. Пирях 200м ғафсӣ ва 1,5 -3 км пахнӣ дорад. Забонаи пирях аз сатҳи баҳр дар баландии 2810 м воқест. Мушоҳидаҳои бисёр сола ба он далолат мекунанд, ки пирях дар ҳолати таназул қарор дорад. То ба имрӯз доир ба унсурҳои мувозинаи оби пиряхи Зарафшон маълумоти саҳеҳ нест., вале муссалам аст, ки пирях ҳар сол андозаи масоҳат ва ғавсии худро талаф дода истодааст.

45.Дарёҳои Авруосиё. Қаламрави Авруосиё аз системаи дарёҳо ниҳоят бой аст. Миқдори умумии дарёҳо дар Авруосиё 2 млн 963 398 адад, дарозии умумии онҳо 9 млн 647ҳ 864 км мебошанд. Ҳамаи дарёҳо барои рушди хоҷагии халқи Авруосиё аҳамияти калон доранд. Барои киштигарди ва интиқоли чуб, электроэенргия, обёри заминҳои кишт, таъминоти аҳолӣ бо об, шикори моҳи ба роҳ монда мешаванд. Ҳаёти дарёҳо ба режими иқлим ва хусусиятҳои релеф пайвастагӣ доранд, аз ин лиҳоз онҳо нобаробар тақсим шудаанд.

Омӯзгори фанни география, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. Назиров Маҳмадсаид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст