Рубрика: Иншо
Намунаи иншо барои донишчуен
ХАЛҚИ ТОҶИК-ХАЛҚИ СОЗАНДА
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Миллати тоҷик аз даври қадим,
Ҳастиашро ба сухан бунёд кард.
З-ин киафкори бузургонаш ба завқ,
Мардуми рўи ҷаҳон аз ёд кард.
Миллати тоҷик аз давраҳои дури таърих бо эҳёи анъанаҳои писандидаи хеш мавҷудияташро дарак дода, дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст. Бузургони ин миллати куҳанбуёд дар рушду нумуи илмҳои ҷудогона саҳми беназир дорад. Ҳазорон ҷилд рисолаву девон ва тазкираҳои онҳо, ки мероси пурғано-вати моро ташкил медиҳад, ҳануз гулшани адаби...Читать далее »
Зан-модар тоҷи офариниш
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра — қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Зан-модар шахси мукаддас аст. Вакте ки симои у пеши назар...Читать далее »
ҚОНУН РАҲНАМОИ ЗИНДАГИИ МО
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
«Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ии ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», — гуфтааст Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.
Акнун дар Сарқонун низ чун тағйиротҳои ҷомеа тағйиротҳои куллӣ ба...Читать далее »
АНДЕШАИ МАН ОИД БА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузӯрги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.
Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузашгони мо боре ҳам барои...Читать далее »
Илмат ба амал чӯ ёр гардад
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Илмат ба амл чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Низоми Ганҷавӣ
Дар «Қуръон»-и маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург гуфта шуд, ин калимаи «бихон» мебошад. Ин ҷой ҳикмате нуҳуфта аст, ки арзишашро бо моли ҷаҳон наметавон бар кашид. Маҳз тавассути хондану омӯхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд ҳақбин мебошад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҳо мерасад.
Пайғамбари ислом (с)...Читать далее »
Бунёди сохтмонҳои азим бунёди рушди кишваранд.
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Пешрафти давлатро бе сохтмонҳои азим тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Давлатҳои тараққикарда дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз давлатҳои қафомонда ба шумор мерафт, соҳаи саноат инкишоф наёфта буд. Маскав аз сохтани иншоотҳои азим дар ин ҷумҳурӣ дурӣ меҷуст. Дар даврони Шӯравӣ сохтани Нақби Анзоб ва нерӯгоҳи барқии Роғун ба нақша гирифта шуда буданд, вале бо ҳар баҳона оғози кор ба қафо партофта мешуд. Ба ҳамагон...Читать далее »
ЧАРОЃИ ХОНА МЕГУЯНД ЗАНРО…
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Оре, зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад.
Такя бар вуҷуди ҷаҳону инсонофарини зан — модар такя бар Яздони пок аст. Зан ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда,...Читать далее »
Касбе, ки ман интихоб кардам.
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Касбу њунар бењ аз зарри падар
Њунар чун мушк бувад, мушк кай нињон гардад?!
Шуѓли инсон ганљи бепоён аст. Ободї ва осудагии рўзгори мардумон аз касбу кори онњо вобаста мебошад. Њар як фард бояд пешае дошта бошад, то дар зиндагї хору зор нагардад. Фирдавсии Тўсї арзиши њунарро аз њама боло медонад:
Њунар бењтар аз гањвари номдор,
Њунармандонро гавњар ояд ба кор.
Туро бо њунар гавњар асту хирад,
Равонат њаме аз ту ромиш барад.
Њунар зодаи дониш аст. Илму хирад љањонро рўшаниандоз мебошанд....Читать далее »
Китоб мўниси љону дил аст.
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу...Читать далее »
Солњои мактабии ман.
28 07 2017 admin Пока нет комментариев
Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.
Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад....Читать далее »