Таърихи пайдоиш ва инкишофи бонк
12 07 2017 admin Пока нет комментариев
Кори семинарӣ
Мавзуъ: Таърихи пайдоиш ва инкишофи бонк
Иҷрокунанда: донишҷӯи бахши 4-уми шуъбаи менеҷменти (иҷтимои) Асалов.М
Кабулкунанда: додсент муалимаи кафедраи иқтисоди Наимова.Д
Рашт — 2014
Нақша:
Сарсухан
1.Гардиши пул – асоси фаъолияти бонк
2.Қонуниятҳои пайдоиш ва зарурияти бонк дар ҷомеа
3.Бонки миллии Тоҷикистон
4.Бонкҳои тиҷоратӣ – саҳҳомӣ
Хулоса
Сарсухан
Дар ҷомеаи имрӯза бидуни фаъолияти муассисаҳои молиявию қарзӣ, аз ҷумла бонкҳо пешрафти дигар субъектҳои иқтисодӣ имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз мавзуи интихоб кардаи мо доир ба банкҳо ва фаъолияти бонкӣ бахшида шудааст.
Мавзуи кори озмоишӣ « Бонк ҳамчун муассисаи молиявӣ-қарзӣ ва таърихи пайдоиши он» номгӯзори шудааст, ки иборат аз сарсухан , чор савол ва хулоса мебошад.
Дар саволи аввали мавзуъ маълумот дар бораи пул ва гардиши он дар бонк оварда шудааст ва чунин номгузорӣ шудааст: « Гардиши пул — асоси фаъолияти бонк»
Саволи дуюми мавзуъ бошад , номи « Пайдоиш ва зарурияти бонк дар ҷомеа»-ро доро мебошад, ки дар бораи бонк, зарурияти пайдоиши он ва муносибатҳои бонкдорӣ маълумот медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон саволи сеюми мавзуъ мебошад, ки маълумотҳоро дар бораи бонки асосии кишвар, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он дар назди дигар бонкҳо ва фаъолияти эмиссиёнии он баррасӣ менамояд.
Дар мамлакати мо нақши бонкҳои тиҷоратӣ низ назаррас мебошад ва дар ин асос саволи чоруми мавзуи кори озмоишӣ «Бонкҳои тиҷоратӣ- саҳомӣ» номнавис шудааст. Дар ин савол дар бораи бонкҳои тиҷоратӣ , вазифа ва ҳуқуқу ӯҳдадорихои онҳо маълумот медиҳад.
1.Гардиши пул – асоси фаъолияти бонк
Таърихи пайдоиш ва инкишофи бонкдорӣ, ташкили низоми бонкии мамлакат ба пайдоиши пул ва муомилоти пулӣ алоқаманд аст. Беҳуда нест, ки пулро забони бозор меноманд. Дар низоми имрӯзаи муносибатҳои пулию молӣ «пул» ин:
- таъминкунандаи ҷараёни доимии гирдгардиши молҳо;
- воситаи ченкунии арзиши мол, ташкилкунандаи муомилот;
- ҷаъмкунии сарват ва мақсади асосии фаъолияти хоҷагидорӣ – бадаст овардани даромад ё фоида мебошад.
Аз ин рӯ пул моли махсус буда, эквиваленти умумии арзиши дигар молҳо мебошад. Аз рӯи нишондоди К. Маркс пул панҷ вазифаро иҷро мекунад яъне: ченаки арзиш, воситаи муомилот, воситаи пардохт, воситаи ҷамъкунӣ ва пулҳои ҷаҳонӣ.
Назарияи иқтисодии Ғарб аз рӯи қоида се вазифаи аввалини пулро (ченаки арзиш, воситаи муомилот ва воситаи пардохт) қабул медорад ва ичроиши ин вазифахоро танҳо хоси пулҳои нақдӣ меҳисобад.
Пул ин моли махсусест, ки бо мурири замон аз молҳои дигар ҷудо шуда, ҳамчун ченаки арзиш ва воситаи хариду фурӯш амал мекунад.
Зарурият ва пайдоиши пул ба муомилоти молӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, ташкили дурусти муомилоти молӣ бе моли махсус – пул, ки муайянкунандаи меҳнати дар мол таҷассум ёфта мебошад, имконнопазир аст. Бинобар ин дар натиҷаи тараққӣ кардани истеҳсолоти молӣ ва инкишофи доду гирифт ташкили муомилоти пулӣ пайдо шуд.
Вобаста ба инкишофи илму техника, пешрафти истеҳсолоти моливу пулӣ дар давраҳои гуногун талабот бо пул низ дигар мешавад. Аз ин лиҳоз, дар муомилот намудҳои гуногуни пул гардиш мекунанд.
Ҳаракати бетанафуси гардиши пулро бо шаклҳои нақдиву ғайринақдӣ муомилоти пул (гардиши пул) меноманд.
Муомилоти пул одатан бо ду шакл гардиш мехӯрад, яъне ҳаракати пулҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ.
2.Қонуниятҳои пайдоиш ва зарурияти бонк дар ҷомеа
Иқтисодиёти ин ё он мамлакат аз соҳаҳои гуногуни истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ иборат аст, ки онҳо дар якҷоягӣ ба пешрафти ҷомеа заминаҳои мушаххас мегузоранд.
Аслан соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ ҳамчун ёрирасони соҳаи истеҳсолӣ баромад намуда, дар навбати худ тақсимот ва аз навтақсимшавии даромад якҷоя сурат мегирад ва маҳз дар масъалаи бувуҷудориву тақсим, азнавтақсимкунӣ муносибатҳои молиявӣ пайдо мешаванд.
Соҳаҳои муносибатҳои молиявӣ гуногунпаҳлӯ буда, аз нуқтаи назари мо аз амалиёти бонкӣ оғоз мегарданд ва шояд бо амалиёти бонкӣ (аз муомилот боздоштани ҳаракати асъор) қатъ гарданд.
Бинобар ин, ташкилотҳои бонкӣ ва раванди онҳо дар рӯшду нумуи давлатдорӣ нақш ва мақоми хоса доранд.
Бонк аслан аз калимаи Италиёӣ «banko» (бо забони русӣ скамья) гирифта шуда, маънояш миз мебошад. Зеро нахустин маротиба, дар аввалҳои асри XII дар марказҳои тиҷоратии Италия, вазифаи бонкро миз иҷро намуда, шахси мутасаддӣ пулҳои гуногуни ба бозор воридшавандаро, ки навъҳои гуногун доштанд, ба якдигар мубодила менамуд.
Бонк — ташкилоти молиявист, ки дар он эмиссияи пул, ҷалб намудани воситаҳои пулӣ, ба қарз додани маблағҳои озод ва назорат аз болои пул ба роҳ монда мешавад.
Ба маънои дигараш бонк — ташкилоти қарзӣ буда, дорои ҳуқуқи гузаронидани чунин амалиёт аст: ҷалб намудани амонат ва пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва аз ҳисоби онҳо аз номи худ додани қарз, аз рӯи усулҳои музднокӣ, мӯҳлатнокӣ, баргардонидан дар вақтҳои муайяншуда, ифтитоҳ ва пешбурди ҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва дигар амалиёте, ки дар моддаи дуюми Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ» омадааст.
Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти тиҷоратиест, ки барои ҷалби амонатҳою дигар воситаҳои пулӣ ба мақсади истифодаи онҳо барои қарздиҳӣ бо шартҳои бозгардонӣ, музднокӣ, мӯҳлатнокӣ, инчунин барои ҳисоббаробаркунӣ бо супориши мизоҷон ташкил карда мешавад.
Зарурияти бонк ва таъсиси он дар иқтисодиёт аз он иборат аст, ки муомилотро бо маблағҳои пулӣ таъмин менамояд, низоми пулии кишварро ба миён меорад ва дар беҳтар намудан ва ривоҷ ёфтани пардохтҳои пулӣ байни субъектҳои хоҷагидорӣ, бонкҳои тиҷоратӣ нақши муҳимро мебозанд ва ӯҳдадоранд самаранокии ин пардохтхоро таъмин намоянд.
Таъминоти асосии бонк — миёнарав будан байни қарздиҳанда ва қарзгиранда, инчунин байни фурўшандагон ва харидорон аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ва фаъолият намудани бонкҳо дар асоси Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», ки аз 23 майи соли 1998 қабул гардидааст сурат мегирад.
Мутобиқи ин қонун, бонкҳо чун бонкҳои универсалӣ фаъолият менамоянд.
Ба фикри мо, бонк ташкилоти қарзиест, ки дар он: барориши пул, ҷалб ва ҳифзи воситаҳои пулӣ, ба қарз додани маблағҳо ва назорат аз
болои онҳо ташкил карда мешавад.
Давраи гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ тақозо менамояд, ки фаъолияти бонкӣ бояд аз ду зина иборат бошад, зеро, ки дар низоми якзинагӣ Бонки марказӣ (миллӣ) ва бонкҳои тиҷоратӣ ҳуқуқҳои якхела доранд ва ё зери Бонки миллӣ амал менамоянд. Ин гуна низоми бонкӣ хоси давлатҳои тоталитарӣ ё қафомонда мебошад. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурии мо низ низоми бонкиро метавон ба ду зина ҷудо намуд, яъне зинаи аввал Бонки давлатӣ (миллӣ) ва зинаи дуюм бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ғайрибонкӣ мебошанд.
3.Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон ягона бонки давлатии эмиссионӣ буда, соли 1991 дар заминаи Бонки давлатии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумхурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Бонки миллии Точикистон мақомоти асосӣ ва олии танзимкунандаи низоми пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки яке аз вазифаҳои асосии он таъмини кори боэътимод ва самараноки низоми бонкии кишвар ба шумор рафта дар навбати худ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- коркард ва ҷорисозии сиёсати пулӣ-қарзӣ ва асъории мамлакат;
- ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;
- таҳлили иқтисодӣ ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти аҳли ҷамъият мерасонад;
- барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро назорат ва танзим менамояд;
- ба низоми пардохтҳо дар ҷумҳурӣ назорат мекунад ва ба кори самараноки системаи пардохтҳои байнибонкӣ мусоидат менамояд;
- ба таври монополӣ эмиссияи пулро амалӣ менамояд ва гардиши онро ба роҳ мемонад;
- захираҳои асъории давлатро нигоҳ медорад ва онҳоро идора мекунад;
- аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ӯҳдадориҳо мегирад, амалиётеро, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ дар соҳаҳои бонкӣ, кредитӣ ва пулӣ мувофиқи шарту шароитҳои қарордодҳои байналхалқӣ бармеоянд, иҷро мекунад;
- тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад.
Барои иҷрои ин вазифаҳо Бонки миллии Тоҷикистон фишангҳои зеринро истифода мебарад:
- таҳияи низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳо бо максади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ;
- гузаронидани назорат аз руи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ;
- таҳияи меъёрҳои иқтисодӣ ва назорат аз рӯи ичрои хатмии онҳо;
- назорат оид ба захираҳои ҳатмӣ;
- муайян намудани меъёри бозтамвили ташкилотҳои қарзӣ.
Чунон, ки ќайд шуд яке аз вазифахои Бонки миллии Тоҷикистон ин назорат аз болои фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ буда, ба ҳамин васила пардохтпазирии онҳоро танзим менамояд. Дар ҳалли ин масъала нақши асосиро баҳодиҳии ҳолати молиявии бонк иҷро менамояд. Чунин баҳодиҳӣ дар асоси ду омил гузаронида мешавад. Яке, ҳисобкунии меъёрҳои ҳатмии иқтисодӣ ва дигаре, таҳлили ҳисоботҳои умумии молиявӣ мебошанд. Чун қоида дар кори ҷории Бонки миллии Тоҷикистон ин омилҳо маҷмуан истифода бурда мешаванд. Заминаи иттлоотӣ барои тахлил маълумотхои тавозунӣ, ҳисоботҳои фоида ва зарар, ведомостҳои гардиш аз руи ҳисобхои тавозунӣ, маълумотҳои умуми молиявӣ оиди иҷрои меъёрҳои иқтисодӣ, ӯҳдадориҳои дебиторӣ — кредиторӣ ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар натиҷаи таҳлили тавозун хусусияту фаъолияти бонк, ҳолати бозоргирӣ, даромаднокӣ ва дараҷаи хавфи амалиёти алоӣидаи бонкӣ муайян мешаванд.
4.Бонкҳои тиҷоратӣ – саҳҳомӣ
Чуноне, ки қайд намудем зинаи дуюми низоми бонкии мамлакатро шумораи бештари бонкҳои тиҷоратӣ – саҳҳомӣ ташкил медиҳанд. Вобаста ба вазифаҳои номбаршудаи Бонки миллии Тоҷикистон он ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ хизмат намерасонад. Аз ин хотир, бонкҳои тиҷоратӣ асосан бо мақсади хизматрасонӣ ба субъектҳои хоҷагидориву шахсони воқеӣ фаъолият менамоянд.
Бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ қисмати дуюми низоми бонкиро ташкил дода тақрибан 65 – 70 % -и амалиётҳои бонкиро иҷро менамоянд.
Бонкҳои тиҷоратӣ бо ташаббуси муассисон — шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ташкил карда мешаванд ва онҳо тайёранд барои ҳиссагузорӣ ба сармояи ойинномавии бонк саҳм бигиранд. Ба сифати саҳмдорони бонк шахсони ҳуқуқиву воқеие дохил мешаванд, ки қонунҳои амалкунанда барои иштироки онҳо дар ташкили муассисаи қарзӣ иҷозат медиҳанд. Ҳиссаи иштироки ҳар муассис аз 65 % — и сармояи ойинномавии бонки тиҷоратӣ зиёд буда наметавонад.
Бонкҳои амалкунандаи тиҷоратӣ имрӯз мустақилияти иқтисодӣ дошта, озодона метавонанд ба амалиёти бонкии қонунӣ машғул шаванд. Ва ин омил яке аз шартҳои фаъолияти бонк баҳисоб меравад.
Вобаста ба он, ки бонкҳои тичоратӣ мустақилияти чалб намудани амонатро доранду озодона дар бозори қарзӣ фаъолият менамоянд, барои натиӣаи фаъолияти иқтисодии худ масъулият дошта, тамоми таваккали бонкӣ ба души онҳост.
Бонки тиҷоратӣ — бо маҳфуми умумиаш шахси ҳуқуқиест, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида аз фаъолияти муайяншуда мебошад.
Бонкҳо метавонанд дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бахш ва ё намояндагиҳои худро таъсис диҳанд. Бахш ё намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратӣ шахси ҳуқуқӣ набуда, бо супориши бонкӣ асосӣ амалиёти ҷудогонаро иҷро менамоянд.
Моҳияти бонк ҳамчун категорияи молиявӣ дар вазифаҳои он равшан мегардад. Вобаста ба сатҳи муносибатҳои бозорӣ, бонк метавонад дар назди худ вазифаҳои зиёдеро гузорад.
Баъзе аз вазифаҳои асосии бонкро чунин шарҳ медиҳем.
Яке аз вазифаҳои бонк — миёнаравӣ байни фурӯшандагон ва харидорон буда, вай дар пешниҳоди қарз низ нақши миёнаравро иҷро мекунад. Миёнаравӣ оид ба пешниҳоди қарз дар азнавтақсимсозии маблағҳои пулии муваққатан озодмондаи корхонаҳову аҳолӣ ифода меёбад.
Мақсади асосии миёнаравии бонк дар он ифода меёбад, ки хатари муносибатҳои пулиро байни шахсони воқеиву ҳуқуқӣ паст намуда, ҳамчунин пардохтпазирии байни корҳонаҳоро ошкор менамояд.
Бонкҳо пеш аз хама чун миёнаравҳои молиявӣ дар бозор фаъолият мекунанд. Маънои «миёнаравии молиявӣ» он фаъолиятеро меноманд, ки ба ҷалби сармояи пулӣ ва ҷойгиркунии он равона шудааст. Яъне бонкҳо дар байни ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки даромади онҳо нисбати масрафашон баландтар аст ва байни онҳое, ки дар ҳолати баръакс қарор доранд, баромад менамоянд. Чунки дар сурати афзун будани даромад ва кам будани хароҳот барзиёдии маблағҳои пулӣ ба вуқуъ меояд. Субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки дорои чунин маблағҳо мебошанд ва тӯли муддате ба ин маблағҳо эҳтиёҷ надоранд, мекушанд то онҳоро дар ягон ҷои эътимоднок андухт намоянд. Чунин ҷои эътимоднок бонкҳо ба ҳисоб мераванд.
Бонкҳо сармояи пулиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷалб намуда, онро ба воситаҳои ҳаракатнок табдил медиҳанд ва тақозои бозорро ба қарз қонеъ месозанд. Дар ҷараёни ин фаъолият бонкҳо пайваста ба воситаҳои бозоргир эҳтиёҷ пайдо менамоянд, ки ин яке аз роҳҳои танзими сатҳи хавфи молиявӣ ба ҳисоб меравад. Бонкҳо сармояро аз гурӯҳи аввал ҷалб намуда бо нархи муайян (фоиз) ба гурӯҳи дигаре, ки ба ин воситаҳо эҳтиёҷи калон доранд, пешниҳод менамоянд.
Барои гузаронидани амалиёт, чобаҷогузории воситаҳои пулӣ ва воридоти воситаҳои нақдӣ, дар шароити талаботи номаълуми ояндаи бозорӣ, бонк ба воситаҳои бозоргир эҳтиёҷ пайдо менамояд. Яъне чунин воситаҳое, ки метавонанд бе мамоният ва бо хавфи паст ба пулҳои нақдӣ табдил ёбанд. Аз ин ҷо, гуфтан мумкин аст, ки бозоргирии бонки тиҷоратӣ ин истифодабарии активҳо чун востаҳои пулии нақд ё табдил додани онҳо ба нақдина мебошад. Бонки тиҷоратӣ бозоргир номида мешавад, агар маблағи воситаҳои нақдӣ ва дигар активҳои бозоргир, кифоягӣ намоянд ва инчунин имконияти ҷалби воситаҳо аз дигар сарчашмаҳо мавҷуд бошад.
Вазифаи дигари бонки тиҷоратӣ — ин ҳавасманд гардонии субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ барои дар бонкҳо нигоҳ доштани маблағҳои пулӣ ба шумор меравад. Бонкҳои тиҷоратӣ ифтитоҳ кунандаи суратҳисоб, ҳисобҳои ҷорӣ ва дар онҳо нигоҳ доштани маблағҳои муваққатан озод мебошанд. Ин чорабинӣ дар натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати амонатии бонки тиҷоратӣ татбиқ мегардад.
Вазифаи сеюми бонкҳои тиҷоратӣ – миёнаравӣ байни субектҳои ҷудогонаи хоҷагидорист, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ маънои навро ба худ мегирад ва нисбати вазифаи якум фарқ дорад.
Дар тамоми мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар беҳтар намудан ва ривоҷ ёфтани субъектҳои хоҷагидорӣ, бонкҳои тиҷоратӣ нақши муҳимро мебозанд ва ӯҳдадоранд самаранокии истифодаи ин пардохтҳоро таъмин намоянд.
Бонкҳои тиҷоратие, ки барои фаъолияти бонкӣ иҷозатнома доранд, ҳуқуқ доранд қоғазҳои қиматноки дигаронро харидорӣ ё барои нигоҳдорӣ бигиранд.
Вобаста ба иҷрои вазифаҳои гуфташуда, бонки тичорати метавонад бо пешниҳоди мусоҳибаи иқтисодиву молиявӣ барои мизоҷон машғул шавад. Инчунин дар шароити имрӯза барои гирифтани маълумотҳои лозима ба субъектҳои хоҷагидорӣ вазифаи мазкур нақш ва мақоми хоса дорад.
Вазафаҳое, ки бонки тичоратӣ иҷро менамояд, ба сатҳи тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва муносибатҳои бозорӣ алоқаманданд. Бинобар ин, вобаста ба сатҳи муносибатҳои бозорӣ бонк метавонад дар назди худ вазифаҳои зиёдеро гузорад.
Хулоса
Дар ҳақиқат пул ва банк яке аз категорияҳои муҳими иқтисодӣ ба шумор мераванд ва дар шароити иқтисоди бозорӣ бидуни истифодаи фаъолияти бонкӣ ва муомилоти пулӣ амал кардан ғайри имкон аст.
Вобаста ба инкишофи илму техника, пешрафти истеҳсолоти моливу пулӣ дар давраҳои гуногун талабот бо пул низ дигар мешавад. Аз ин лиҳоз, дар муомилот намудҳои гуногуни пул гардиш мекунанд.
Зарурияти бонк ва таъсиси он дар иқтисодиёт аз он иборат аст, ки муомилотро бо маблағҳои пулӣ таъмин менамояд, низоми пулии кишварро ба миён меорад ва дар беҳтар намудан ва ривоҷ ёфтани пардохтҳои пулӣ байни субъектҳои хоҷагидорӣ, бонкҳои тиҷоратӣ нақши муҳимро мебозанд ва ӯҳдадоранд самаранокии ин пардохтхоро таъмин намоянд.
Бонкҳо дар байни ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки даромади онҳо нисбати масрафашон баландтар аст ва байни онҳое, ки дар ҳолати баръакс қарор доранд, баромад менамоянд.
Руйхати адабиёт:
1.Молияи ташкилотҳои буҷети 2011
2.стратегияи миллии рӯшди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015