Открыть меню

ДАРОМАД, ХАРОҶОТ ВА ФОИДАИ БОНКҲОИ ТИҶОРАТӢ

ДаромадДаромад, хароҷот ва фоидаи бонкҳои тиҷоратӣ
Нақша:

1. Даромади бонкҳои тиҷоратӣ.
2. Хароҷоти бонкҳои тиҷоратӣ.
3. Фоизи марҷа.
4. Баҳодиҳии сатҳи фоидаи бонкҳои тиҷоратӣ.

1. Даромади бонкҳои тиҷоратӣ.
Сарчашмаи даромади бонкҳои тиҷоратӣ намудҳои гуногуни тиҷорат аст. Ба унсурҳои тиҷорати бонкӣ дохил мешавад:
• тиҷоратӣ қарзӣ;
• тиҷорати тахфифӣ;
• фаъолияти кафолатии бонк;
• тиҷорат бо қоғазҳои қиматнок.

Унсурҳои дар боло зикр гардида, дар асоси пасандозҳои ҷалбшуда бо супориши мизоҷон дар асоси муносибати муросилоти иҷро карда мешавад.
Тиҷорати қарзӣ аз ду унсур иборат аст:
1. пешниҳоди қарз ба мизоҷон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ);
2. пешниҳоди истифодабарии мувақатии захираҳои озод ба дигар бонкҳои тиҷоратӣ бо пардохти фоизӣ.

қисми дуюми тиҷорати қарзӣ метавонад шакли қарзи байнибонкӣ ё амонати мўҳлатнок дар дигар бонк дошта бошад. Шарти рушда тиҷоратӣ қарзӣ дар намуди фурўши захираҳои озод ин мавҷуд будани вобастаги байни ташкилотҳои қарзӣ, пайдоиши миёнаравҳои боваринок, ки мутахасисон оид ба азнватақсимкунии захираҳо дар бозори бонкӣ ва инчунин идоракунандаи хуби ҳисоби муросилотӣ аст. Даромад аз тиҷорати қарзӣ дар шакли фоиз аст.
Тиҷорати тахфифи бо амалиёт оиди хариди бонк васиқаҳои пардохтнашуда, чекҳо бо талаботи тахфифи муайян асос ёфтааст. Гуногунии тиҷорати тахфифӣ – амалиётҳои факторингии бонк аст. Амалиёти факторингӣ бо ду намуд иҷро карда мешавад:

• бо ҳуқуқи гардишӣ;
• ҳуқуқи гардиш надорад.

Дар ҳолати аввал бонк ҳуқуқи гирифтани маблағ аз гирандаи воситаҳо ўҳдадории иҷронашуда дорад.
Дар ҳолати дуюм ин ҳуқуқ ба бонк дода нашудааст, ки дар ин ҳолат хатар дорад. Мукофоти бонк барои амалиёти факторингӣ даромади таъминкунандаро аз фурўши маҳсулот кам намуда, арзиши онро паст мегардонад. Технологияи амалиётҳои факторингӣ дар он мебошад, ки бонк аз ҳисоби муросилотӣ супоришномаҳои пардохтнашударо пардохт намуда, маблағи пардохтро ба ҳисоби «ҳисоббаробаркунии бонк бо амалиётҳои факторингӣ ва форфейтингӣ » мегузаронад.
Бо ворид гаштани пул аз пардохткунанда ба ҳисоби муросилотӣ бонк маблағи пурраи супоришномаи пардохтиро ба се самт тақсим мекунад:
1. рўйипўшкунии қарздории дебиторӣ (бақияи ҳисоби ҳисоббаробаркунӣ бо амалиётҳҳои факторингӣ);
2. пардохти андоз ба арзиши иловашуда;
3. ташкили даромади бонк (суммаи тахфиф бо тарҳи андози арзиши иловашуда).
Тиҷорат бо қоғазҳои қиматнок аз қисми унсурҳо асос ёфта, бо барориши худи бонк қоғазҳои қиматнок ва фурўши он дар бозор, ҷойгиркунии қоғазҳои қиматнок бо супориш, бо мақсади гирифтани даромади доимӣ ва фурўши якчанд маротибаи он, сармоягузори ба қоғазҳои қиматнок, пешниҳоди хизматҳо оид ба хусусигардонӣ асос меёбад. Даромади бонк аз чунин намуди тиҷорат аз фарқияти қурбӣ дар натиҷаи фурўши қоғазҳои қиматнок, дивидендҳо, даромади фоизӣ барои ўҳдадориҳои қарзӣ, мукофоти комиссионӣ барои хизматрасонии хусусигардонӣ, ҷойгиркунии қоғазҳои қиматнок асос ёфтааст.
Фаъолияти кафолатии бонк дар шакли пулии мустақим даромад меорад. Барои додани кафолат ва замонат ба мизоҷони худ барои иҷроиши ҳисоббаробаркунӣ ва гирифтани қарзи бонкӣ бонк метавонпад дар намуди мукофоти комиссионӣ дар шакли пулӣ гирад.
Тиҷорате, ки бо ҷалби пасандозҳо ва иҷроиши амалиётҳо бо супориши пасандозгузорон алоқаманд аст, чунин шакли гирифтани даромадро имконияти медиҳад:

1. мукофоти комиссионӣ:
• кушодани ҳисоб;
• бурдани ҳисоб;
2. устувории маблағи комиссионӣ дар давра (бо воҳиди пулӣ):
3. комиссия аз гардиш:
• пешниҳоди иқтибосҳо оид ба амалиётҳо бо ҳисобҳо;
• пўшидани ҳисоб;
• иҷроиши амалиётҳо оид ба додани пулҳои нақдӣ.

Фоизи қарзӣ арзиш барои истифодаи маблағи қарзӣ аст. Таснифи намудҳои фоизи қарзӣ дар шаклҳои қарзӣ (фоизи тиҷоратӣ, бонкӣ, истеъмолӣ), намудҳои муассисаҳои қарзӣ (фоизи ҳисобии бонкҳои марказӣ, бонеӣ, ломбардӣ), мўҳлати қарз (бозори мизони бозорӣ, қарзи кўтоҳмудат ва дарозмудат), намудҳои қарз (фоизи қарз барои воситаҳои гардон, овердрафт, баҳисобгирии васиқаҳо), намуди амалиётҳо (фоизи қарз барои қарзҳои байнибонкӣ, амонатҳо), бо сатҳи ҳисобнамоӣ (фоизҳои оддӣ, муракаб).
Нарх дар бозори бонкӣ бо таъсиррасонии пешниҳод ва талабот ташкил меёбад.
Комиссия – номи мукофоти амалиёти бонкӣ мебошад ва аз калимаи лотинӣ гирифта шудааст. Дар асоси муайянкунии он андозаи арзиши аслии хизматҳо муқаррар мегардад ва вобаста аз пешниҳод ва талабот дар бозор ба намуди зерини хизматҳои бонкӣ комиссия метавонад, паст ё баланд гардад.
Даромади бонк ба доимӣ ва тағйирёбанда ҷудо мешавад. Ба сарчашмаи даромади доимӣ даромади фоизӣ ва ғайрифоизӣ тағйирёбанда – даромад аз амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок дар бозори дуюминдараҷа дохил мешавад.

2. Хароҷоти бонкҳои тиҷоратӣ.

Хароҷотҳои бонкҳои тиҷоратӣ вобаста бо хислат, сатҳи баҳисобгирӣ, сатҳи маҳдудкуниҳо, базаи андозӣ тавсиф кардант мумкин аст.
Вобаста ба тавсиф хароҷотҳои бонкӣ ба панҷ гурўҳ тақсим мешаванд:
1. амалиётӣ;
2. пардохти музди меҳнати кормандони бонк;
3. хароҷот барои таъмини фаъолияти хоҷагидории бонк;
4. пардохти андозҳо;
5. маблағҷудокунӣ ба захираҳои махсус.
Ба хароҷотҳои амалиётӣ дохил мешавад:
Якум – пардохти фоизҳо барои захираҳои ҷалбшудаи бонк дар асоси амалиётҳои амонатӣ, барориши қоғазҳои қиматнок.
Дуюм – комиссияе, ки бонк барои амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ, амалиётҳои хазинавӣ ва ҳисоббаробаркунӣ, инкасатсия пардохт мекунад.
Сеюм – дигар хароҷотҳои амалиётӣ (хароҷоти тахфифӣ барои васиқа, натиҷаи манфи бо баҳодиҳии қоғазҳои қиматнок ва ҳисобҳо бо асъори хориҷӣ, хароҷот (зарар) – и бозфурўшии қоғазҳои қиматнок, амалиётҳо бо филизҳои қиматнок). Хароҷотҳои амалиётӣ – ин хароҷотҳое, к ибо амалиётҳои бонкӣ алоқаманданд.
Хароҷот барои таъмини фаъолияти хоҷагидории бонк бо истеҳлокии воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ, хароҷот барои иҷора, таъмири таҷҳизот, хароҷотҳои конселярӣ, нигоҳдории нақлиёт, хароҷот барои нигоҳдории бино ва иншоот вобастаги дорад.
Хароҷот барои пардохти андоз бо моликияти бонк алоқамандӣ дорад, ки барои истифодаи замин, дорандагони нақлиёти шахсӣ, андоз аз фоида ва ғайра бонк андоз пардохт менамояд.
Дигар хароҷотҳо бо реклама, сафарҳои хизматӣ ва намояндагӣ, тайёрии кадрҳо (мутахассисон), хароҷотҳои маркетингӣ, хароҷот барои тафтиши аудиторӣ, судӣ, нашри ҳисоботҳовобастагӣ дорад.
Вобаста бо базаи андозбандӣ хароҷотҳои бонк ба се гурўҳ ҷудо шудаанд:
1. хароҷотҳое, ки ба арзиши аслии хизматҳои бонкӣ дохил шудааст ва камкунии базаи андозии бонк бо назардошти андоз барои фоида;
2. хароҷотҳое, ки дар ҳисобҳои хароҷотии бонк ба ҳисоб гирифта шудааст, вале базаи андозии бонк кам карда намешавад;
3. хароҷотҳое, ки ба зарари бонк гузаронида шудааст ва ба баҳисобгирии базаи андозии бонк дохил намешавад.

 

Адабиёт

1. О.И.Лаврушин “Банковское дело” М: “Финансы и статистика” 2006с – 660с.
2 О.И.Лаврушин “Банковское дело” М: “Финансы и статистика” 2003с – 667с
3. О.И.Лаврушин “Денги. Кредит. Банки”. М: “Финансы и статистика” 2003с – 426с.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст