АСОСЊОИ МУНОСИБАТХОИ БАЙНАЛХАЛКИИ АСЪОР
09 06 2017 admin Пока нет комментариевАСОСЊОИ МУНОСИБАТХОИ БАЙНАЛХАЛКИИ АСЪОР
- Моњият ва таснифи амалиёти асъор
- Танзим ва тартиби анљомдињии амалиёти асъор
- Њисоби асъорї ва тартиби ифтитоњи он
- МОЊИЯТ ВА ТАСНИФИ АМАЛИЁТИ АСЪОР
Гузариш ба иќтисоди бозорї барои њама шахсони ба фаъолияти хољагї машѓулбуда имконият ва шароити мусоиди ба фаъолияти иќтисоди хориљї машѓул шуданро фароњам овард.
Шикасти инњисори (монополияи) давлатии фаъолияти иќтисоди хориљї, бевосита ба бозорњои байналхалќии мол (кор, хизматрасонї), ќарзї ва асъорї баромадани шахсони њуќуќї ва воќеї, зарурати ташкили фаъолияти иќтисоди хориљї, танзим ва таъмини асъорию молиявии онро ба миён меорад. Мазмуну моњияти ин фаъолият дар амалиёти воридот ва содироти мол (кор ва хизматрасонї), хариду фурўши асъори хориљї ва ќарзњои асъорї барои таъмини молиявии ин амалиёт, пардохтњои байналхалќии пулї барои ин амалиёт ифода меёбад.
Фаъолияти иќтисоди хориљї бо анљомдињии амалиёти асъор зич алоќаманд аст.
Амалиёти асъор — гузариши њуќуќи моликият ва њуќуќњои дигар ба сарватњои асъорї, њамчунин амалиёти пардохтї, ки ба сифати воситаи пардохт асъори хориљї ё худ њуљљатњои пардохтии бо асъори хориљї ифодаёфтаро истифода мебаранд; амалиёти аз хориљи љумњурї ворид ва интиќол намудан ва ба хориљи љумњурї содир ва интиќол додани сарватњои асъорї, инчунин амалиёти анљомдињии пардохтњои пулии байналхалќї мебошад.
Ба сарватњои асъорї инњо дохил мешаванд:
а) асъори хориљї;
б) коѓазњои ќиматноки бо асъори хориљї ифодаёфта, њуљљатњои пардохт (чек, вексел, аккредитив), дороињои гуногуни фондї (сањмия, вомбарг) ва дигар ўњдадорињои ќарзии бо асъори хориљї ифодаёфта;
в) филизоти ќиматбањо: тилло, нуќра, платина ва филизоти дигар (палладий, иридий, радий, рутений ва осмий) дар њама гуна њолат ва шакл, ба ѓайр аз маснуоти заргарї аз онњо ва шикастапораи онњо;
г) сангњои табии ќиматбањо: алмос, ёќут, лаъл, марворид ва ѓайра, ба ѓайр аз маснуоти заргарї аз ин сангњо ва шикастапораи онњо.
Аз рўи мазмун ва моњияташон амалиёти асъорї бо амалиёти асъории љорї ва амалиёти асъории ба гардиши сармоя вобаста, људо мешаванд.
Амалиёти асъории љорї чунин амалиётро дар бар мегирад:
1) интиќоли асъори хориљї ба хориљи кишвар ва баръакс, бањри њисоббаробаркунї пардохти содироту воридоти мол, кор ва хизматрасонињо, бидуни ба таъхир андохтани мўњлати иљрои онњо, инчунин маблаѓгузории амалиёти содироту воридот ба мўњлати на бештар аз 6 моњ;
2) гирифтан ва додани ќарзњои молиявї ба мўњлати то 6 моњ;
3) ба хориљи кишвар ва аз хориљи он интиќол намудани маблаѓи фоизњо, дивиденд ва дигар даромад аз амонатњо, сармоягузорињо, ќарзњо ва амалиёти дигари ба гардиши сармоя вобастабуда.
Амалиёти асъории ба гардиши сармоя вобаста инњоянд;
а) сармоягузории мустаќим ё худ сањмгузорї дар ташкил додани сармояи оинномавї бо маќсади гирифтани фоида ва ба даст овардани њуќуќи иштирок дар идораи корхона;
б) сармоягузорињои портфелї ё худ хариди коѓазњои ќиматнок;
в) интиќол ва пардохтњо бо маќсади соњиб шудан ба њуќуќи моликият ва дигар њуќуќњои амволи бењаракат (ѓайриманќул);
г) додан ё гирифтани њуќуќи ба таъхир андохтани пардохтњои содирот ва воридоти мол, кор ва хизматрасонињо ба мўњлати зиёда аз 6 моњ;
д) гирифтан ва додани ќарзњои молиявї ба мўњлати зиёда аз 6 моњ;
е) тамоми амалиёти дигари ба амалиёти асъории љорї тааллуќдошта.
Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» гузаронидани амалиёти асъории љориро бе ягон мањдудият барои резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон муайян намудааст. Амалиёти асъории вобаста ба гардиши сармоя бошад, ба тартиби аз тарафи Бонки миллии Тољикистон муайяншуда, гузаронида мешаванд.
Бонки миллии Тољикистон тартиби иљозати гузаронидани ин амалиётро муайян намудааст, яъне барои анљоми ин гуна амалиёт ба резидентњо гирифтани иљозатномаи махсус зарур аст.
ТАНЗИМ ВА ТАРТИБИ АНЉОМДИЊИИ АМАЛИЁТИ АСЪОР
Хусусиятњои хоси анљомдињии амалиёти асъор ва мавќеи махсуси онњо дар низоми муносибатњои иќтисодии хориљї зарурати танзими алоњидаи давлатии онњоро ба миён меорад.
Аз ин рў, давлат дар симои Бонкњои миллї (марказї) тартибу ќоидаи танзиму назорати амалиёти асъориро муайян ва амалї мегардонад.
Асосњои њуќуќии танзими асъор ва назорати асъор дар Ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи бонкњо ва фаъолияти бонкї» муайян карда шудаанд.
Дар моддаи 36-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» Бонки миллии Тољикистон чун маќоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор таъин гардида, иљрои вазифањои ўро Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва ќонунњои дигари љумњурї таъмин менамоянд.
Ба салоњияти Бонки миллии Тољикистон дар соњаи танзими асъор, ки мазмун ва моњияти онро ифода менамояд, инњо дохил мешаванд:
— баровардани санадњои меъёрї оид ба танзими муомилоти асъор, ки аз тарафи шахсони воќеї ва њуќуќї, аз љумла бонкњо ва дигар ташкилотњои кредитї ва маќомоти давлатї сурат мегирад;
- додан ва бозхонди иљозатномањо, назорат ва танзими фаъолияти муассисањое, ки бо мубодилаи асъор машѓуланд (аз љумла бонкњо);
- муайян кардани меъёрњои муомилоти асъорї барои муассисањое, ки бо мубодилаи асъор машѓуланд (аз љумла бонкњо);
- муайян кардани тарзи муќаррарсозии ќурби асъори миллї нисбат ба асъори дигар.
Дар банди 9-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» Бонки миллии Тољикистон њамчун маќоми асосии танзимкунандаи асъор дар љумњурї эълон гардидааст.
Бо назардошти ин, Бонки миллии Тољикистон дар доираи ин Ќонун барои танзими асъор ва амалиёти асъорї корњои зеринро анљом медињад:
— соњаи истифода ва тартиби муомилоти асъори хориљї ва коѓазњои ќиматноки бо асъори хориљї ифодаёфтаро дар ќаламрави љумњурї муайян намуда, санадњои меъёрие нашр менамояд, ки иљрои онњо барои тамоми резидент ва ѓайрирезидентњо дар Љумњурии Тољикистон њатмист;
— амалиёти асъориеро, ки номгўї онњо дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» оварда шудааст, гузаронида, тартиби аз тарафи резидент ва ѓайрирезидентњо анљом додани амалиёт ба асъори хориљї ва бо коѓазњои ќиматноки бо асъори хориљї ифодаёфтаро муайян менамояд;
- тартиби аз тарафи ѓайрирезидентњо анљом додани амалиёт бо асъори миллї ва коѓазњои ќиматноки бо асъори миллї ифодаёфтаро муайян ва ќоидаи њатман ба љумњурї интиќол, ворид ва фиристондани асъори хориљї ва коѓазњои ќиматноки бо асъори хориљї ифодаёфтаи ба резидентњо тааллуќдошта ва њолату шартњои дар бонкњои хориљї аз тарафи резидентњо кушодани суратњисобњо бо асъори хориљиро муќаррар менамояд;
- ќоидањои умумии ба бонк, ташкилотњои ќарзии ѓайрибонкї ва ба шахсони њуќуќию воќеї додани иљозатнома (литсензия) оид ба анљомдињии амалиёт бо асъори хориљиро муайян мекунад ва бо тартиби муќарраргашта ба онњо иљозатнома (литсензия) медињад;
- шаклњои ягонаи њисобу китоби муњосибавї, њисоботдињї ва њисоботи омории амалиёти асъориро муќаррар намуда, тартиб ва мўњлати пешнињоди онњоро муайян месозад;
- омор ва тавозуни пардохти Љумњурии Тољикистонро мувофиќи меъёрњои љањонї тайёр ва нашр менамояд;
- бо маќсадњои њисоббаробаркунї ва пардохтњои гумрукї ќурби расмии асъори хориљиро нисбат ба асъори миллї дар асоси ќурбњои бозорї муайян ва нашр менамояд;
- тартиби аз тарафи ѓайрирезидентњо харидан ва истифода бурдани асъори миллиро муайян намуда, ќоидањо, тартиб ва маќсади аз бозори дохилї харидани асъори хориљиро барои резидентњо муќаррар мекунад;
- тартиби хариду фурўши асъори хориљї ба воситаи бонкњои ваколатдор ва нуќтањои мубодилаи асъори шахсони воќеї ва њуќуќиро, ки бо иљозати Бонки миллии Тољикистон кушода шудаанд, муайян ва тартибу шароити фаъолияти биржаи асъорро муќаррар менамояд;
- тартиби кушодан ва шароити пеш бурдани њисобњои асъории резидент ва ѓайрирезидентњоро муайян ва тартиби анљомдињии амалиёти асъории вобаста бо гардиши сармояро барои резидентњо муќаррар менамояд;
- тартиби кушодан ва шароити пешбурди њисобњои бо асъори миллї кушодаи ѓайрирезидентњоро муайян намуда, ќоидаю шароити хариду фурўши асъори хориљиро дар љумњурї барои ѓайрирезидентњо таъин менамояд.
Дар асоси ин талаботи Ќонун Бонки миллии Тољикистон санадњои меъёрї ва низомномањои танзими асъор ва назорати асъорро тањия ва ќабул менамояд.
Дар онњо тартиб, шарту шароит ва ќоидањои анљомдињии амалиёти асъорї, њуќуќу вазифањо, ўњдадорињои резидент ва ѓайрирезидентњо, аз љумла бонкњои ваколатдор муайян карда мешаванд. Ба ѓайр аз ин бо маќсадњои танзими асъор Бонки миллии Тољикистон амалияи мањдудиятњои асъорї ва тадохули (интервенсияи) асъориро истифода менамояд.
Хусусиятњои хоси амалиёти асъор тартиби махсуси содир намудани онњоро талаб менамояд. Ин тартиб барои амалиёти асъории вобаста ба гардиши сармоя барои резидент ва ѓайрирезидентњо гуногун аст. Шароити анљомдињии ин амалиёт дар дохил ва хориљи мамлакат аз якдигар фарќ мекунад.
Пеш аз њама ќонунгузории асъор воситаи бемањдудияти њисобу китоби байни резидентњо будани асъори миллиро муќаррар намуда, танњо бо воситаи бонкњои ваколатдор ва ташкилотњои кредитии дигари ваколатдор анљом додани амалиёти асъориро талаб мекунад.
Истифодаи асъори хориљї дар њисобу китоби байни резидентњо мањдуд мебошад ва номгўї њолатњои љой доштани он аз тарафи Бонки миллии Тољикистон муайян карда мешавад.
Дар њолатњои зерин истифодаи асъори хориљї дар њисоббаробаркунии байни резидентњо имконпазир аст:
- агар резидент-гирандаи пардохт иљозатномаи Бонки миллии Тољикистон дар бораи њуќуќи дар дохили љумњурї бо асъори хориљї фурўхтани молро дошта бошад, дар ин њолат њам резидент-харидор њуќуќи бо хоњиши худ бо асъори хориљї ё бо пули миллї пардохт намудани арзиши молро дорад;
- агар резидент-гирандаи пардохт мувофиќи ќарордод супориши резидентњоро оид ба миёнаравї дар харид ё фурўши мол (кор, хизматрасонї) аз ѓайрирезидентњо иљро намояд, пардохт аз њисоби љории асъории миёнарав-резидент амалї гашта, њаќќи хизмати ў ба арзиши мол (кор, хизматрасонї) дохил намешавад. Ин маблаѓ даромади асъории резидент-миёнрав буда, дар њисоби љориаш нигоњ дошта мешавад;
3) њангоми пардохти харољоти њамлу наќл, бима (суѓурта) ва љобаљо намудани мол, инчунин харољоти хизматрасонии бонкњо, дар њолати амалї гардонидани амалиёти содироту воридот, агар ин харољот бо асъори хориљї пардохта шуда ба арзиши мол (кор, хизматрасонї) дохил шаванд, дар ин њолат пардохт аз (ба) њисоби љории резидент-миёнарав гузаронида мешавад;
4) њангоми хариду фурўши асъори хориљї дар бозори дохилии асъор тавассути бонкњои ваколатдор, нуќтањои мубодилаи асъор ва биржањои асъорї;
5) њангоми пардохти андоз аз фурўш ва дигар пардохтњои њатмие, ки ќонунгузории љумњурї муќаррар намудааст;
6) њангоми гирифтану баргардонидани ќарзњо бо асъори хориљї ва фоизи онњо аз бонкњои ваколатдор ва Бонки миллии Тољикистон.
Дар тамоми њолатњои дигар истифодаи асъори хориљї дар њисоббаробарї байни резидентњо бо иљозати Бонки миллии Тољикистон амалї мегардад.
Њамаи амалиёти асъории резидентњо-шахсони њуќуќї танњо бо воситаи њисобњои асъории онњо дар бонкњои ваколатдор сурат мегирад. Тамоми маблаѓњои асъории резидентњо-шахсони њуќуќї бояд њатман ба њисоби асъорияшон дохил шавад.
Ин маблаѓњо барои интиќол ва пардохтњои ба амалиёти љорї вобастабуда, дар шакли ѓайринаќдї бе ягон мањдудият истифода мешаванд, наќдина бошад танњо барои харољоти сафарњои хизматї метавонад истифода гардад.
Чунин тартиб барои ѓайрирезидентњо низ муќаррар гаштааст.
Маблаѓњои асъории аз хориљи љумњурї ба номи резидент (ѓайрирезидентњо) ба таври ѓайринаќдї интиќолшаванда, бе ягон мањдудият ба њисобњои асъории онњо дохил карда мешавад.
Ба њисоби асъории резидент (ѓайрирезидент) – шахси њуќуќи дохил намудани асъори хориљии наќд дар њолатњои зерин мумкин аст:
а) агар резидент (ѓайрирезидент) њуќуќи дар дохили љумњурї бо асъори хориљї фурўхтани мол, иљрои кор ва хизматрасониро дошта бошад. Ин њуќуќро ба ў Бонки миллии Тољикистон бо иљозатномаи махсус метавонад бидињад;
б) агар маблаѓи наќдинаи ба њисоби асъорї супоридашаванда мутаносиб ба 500 доллари ИМА бошад;
в) агар маблаѓи наќдина аз 500 доллари ИМА зиёд бошад, он гоњ њуљљати манбаи ин маблаѓ ва ќонуни будани ин наќдинаро тасдиќкунанда пешнињод мешавад.
Ин њуљљатњо: изњорномаи (декларатсияи) гумрукии воридоти наќдина, маълумотномаи тасдиќкунандаи анљомдињии амалиёти мубодилавї (маълумотномаи ф. № 377) ва ѓайра мебошанд;
г) агар ѓайрирезидент — харидор тавассути ба њисоби асъории резидент-фурўшанда супоридани асъори наќди хориљї арзиши моли содиротиро пардохт намояд, ѓайрирезидент дар ин њолат њуљљатњои тасдиќкунандаи манбаи маблаѓ ва ќонунї будани наќдинаро, ки дар боло номбар карда шудаанд, пешнињод менамояд.
Дар тамоми дигар њолатњо ба њисоби асъории љорї ворид намудани асъори наќди хориљї бо иљозати Бонки миллии Тољикистон сурат мегирад.
ЊИСОБИ АСЪОРЇ ВА ТАРТИБИ ИФТИТОЊИ ОН
Резидентњо ва ѓайрирезидентњо њуќуќ доранд дар бонкњои ваколатдор њисоби асъорї кушоянд ва пасандоз дошта бошанд. Тартиби кушодан ва пеш бурдани ин гуна њисобњо аз тарафи Бонки миллии Тољикистон муайян карда мешавад.
Дастуруламал «Дар бораи тартиби аз тарафи бонкњои ваколатдор кушодан ва пеш бурдани њисобњои асъории шахсони њуќуќї ва воќеии резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон» (Раёсати Бонки миллии Тољикистон 16 сентябри соли 1997 бо протоколи № 51 тасдиќ намудааст) ќоидањо ва тартиби аз тарафи бонкњои ваколатдор кушодан ва пеш бурдани њисобњои љорї ва дигар њисобњои асъории шахсони њуќуќї ва воќеии резидент ва ѓайрирезидентњои љумњуриро муайян намудааст.
Њисобњои љории асъорї барои ба ќайд гирифтани тамоми маблаѓњои асъории ба манфиати муштарї воридшаванда, новобаста аз хусусият, манбаи пайдоиш ва таъиноти онњо, инчунин барои амали гардонидани њама гуна пардохтњои ў таъин шудаанд.
Њисобњои љории асъорї аз тарафи бонкњои ваколатдор барои шахсони њуќуќї ва воќеї (ба фаъолияти соњибкорї машѓулбуда) якљоя бо њисобњои сомонии онњо кушода мешаванд. Агар бонке, ки њисоби сомонии онњоро мебарад њуќуќи анљом додани амалиёти асъорї надошта бошад, он гоњ бо розигии ин бонк њисоби асъории љорї дар яке аз бонкњои ваколатдор кушода мешавад.
Бонкњои ваколатдор њисобњои асъории љориро барои: иттињодияњо, корхонањо ва ташкилотњо; корхонањои хурд, ширкатњо, кооперативњо ва иттифоќу љамъиятњои онњо; корхонањои муштарак; ташкилотњои ба фаъолияти иќтисодии хориљї машѓулбуда; маќомоти идораи давлатї (вазоратњо, идорањо, хукуматњо, ва сохторњои њисоби хољагии онњо); ширкатњо ва корхонањои хориљї, бахш ва намояндагињои онњо; ташкилотњои байналхалќї, бахшу намояндагињои онњо, ки дар љумњурї фаъолият менамоянд; шахсони дигари њуќуќї-резидент ва ѓайрирезидентњо; шахсони воќеї, резидент ва ѓайрирезидентњо метавонанд ифтитоњ намоянд.
Барои кушодани њисоби асъории љорї шахсони њуќуќї (резидент ва ѓайрирезидентњо) бояд ба бонки ваколатдор њуљљатњои зеринро пешнињод намоянд:
- ариза дар шакле, ки бонки ваколатдор муайян кардааст;
- њуљљатњои ташкилї ва баќайдгирї, ки аз тарафи нотариус тасдиќ карда шудаанд (барои ѓайрирезидентњо онњо бояд ба таври муќарраргашта расмї гардонида шуда бошанд), навиштаљот аз номгўї савдо, барои бонк — иљозатнома (литсензия) оид ба њуќуќи анљоми амалиёти бонкї ва асъор. Ѓайрирезидентњо бо таври илова нусхаи иљозатномаи бонкњои марказї (миллї) ё худ маќоми (шахси) босалоњияти дигари давлати хориљиро барои кушодани њисоб, њуљљатњои мувофиќаи макони љойгиршавии намояндагии бахш бо маќомоти мањаллии њокимиятро пешнињод менамоянд;
- нусхаи иљозатнома барои кушодани намояндагї, навиштаљот аз рўйхати номнависии намояндагињои корхонањои хориљї дар Љумњурии Тољикистон;
- тасдиќномаи маќомоти андоз оид ба ќайд гирифта шудани шахси њуќуќї дар маќоми андоз;
- 2 варака бо намунаи имзои роњбарон ва муњри корхона ё ташкилот, ки аз тарафи нотариус ё маќомоти болоии онњо тасдиќ шудааст;
- тасдиќи хаттии он, ки шахси њуќуќї дар бонкњои дигар њисоби асъорї надорад, ки бо имзои роњбарони њуќуќи имзои якум ва дуввумдошта ва муњр тасдиќ шудааст.
Кушода шудани њисоби асъорї бо амри бонки ваколатдор, ба расмият дароварда мешавад. Як нусхаи амрнома ба соњиби њисоб баргардонида мешавад.
Њисобњои асъории шахсони њуќуќї — резидент ва ѓайрирезидентњо дар њолатњои зерин баста мешаванд:
— бо аризаи соњиби њисоб;
- дар њолати ба охир расидани мўњлати фаъолияти ѓайрирезидент, ки он дар њуљљатњои баќайдгирии маќомоти ваколатдори Љумњурии Тољикистон нишон дода шудааст;
- бо ќарори Бонки миллии Тољикистон њангоми вайрон намудани ќонунгузории асъорї, ё худ гузаронидани амалиётњо бо ин њисоб муваќќатан манъ карда мешавад;
- дар њолати дар давоми як сол мављуд набудани гардиши воситањои пулї ва баќияи маблаѓ дар ин њисоб. Дар ин сурат бонки ваколатдор вазифадор аст аз ин њолат як моњ ќабл соњиби њисобро хабардор намояд.
Барои кушодани њисобњои асъорї ва анљомдињии амалиёт бо онњо, бонкњои ваколатдор мувофиќи нархномањои хизматрасониашон њаќќи хизмат мегиранд.
Бонкњои ваколатдор вазифадоранд ба маќомоти андоз дар мўњлати 5 рўз оид ба кушодани њисоби асъорї хабар дињанд.
Тартиби зерини пешбурди њисобњои асъории шахсони њуќуќї (резидент ва ѓайрирезидентњо) муайян карда шудааст.
Ба њисоби асъории шахсони њуќуќї дохил шудани маблаѓњои зерин мумкин аст:
— маблаѓњои асъорї аз фаъолияти расмии иќтисоди хориљї, аз фурўши молњо, кор ва хизматрасонї дар дохили љумњурї бо асъори хориљї, ки тавассути иљозатномаи Бонки миллии Тољикистон сурат мегирад ва дигар маблаѓњое, ки барои иљрои ўњдадорињои дар назди соњиби њисоб дошта, ворид шудаанд, пардохти њисса ба сармояи оинномавї, воридоти дигар аз фаъолияти сармоягузорї, фоизњои додаи бонк;
- ќарзњои асъорие, ки аз бонкњои ваколатдор, инчунин аз дигар резидент (ѓайрирезидентњо), дар асоси иљозатномаи Бонки миллии Тољикистон гирифта шудаанд;
- асъоре, ки ба воситаи бонкњои ваколатдор ва дигар маќомоти ваколатдор аз бозори дохилии асъори љумхурї бо сомонї харидорї шудааст;
— маблаѓи аз њисобњои асъории њукумат (буљет) интиќолшуда;
- маблаѓи хазинањои хайрия;
- маблаѓњои аз хориљи кишвар интиќолшуда;
- дигар маблаѓњое, ки бо роњи ќонунї ба даст омада, манбаи пайдоиши расмї доранд.
Шахсони њуќуќї баъди гирифтани маълумоти бонк оиди ба њисоб ворид шудани маблаѓњои асъории худ, бояд дар мўњлати то 10 рўз ба бонки хизматрасон супоришномањои пардохтї дињанд. Ин пардохтњо дар навбати аввал ба ин самтњо истифода мегарданд:
— барои иљрои ўњдадорињои ў дар назди буљет мувофиќи ќоидањои амалкунанда;
— барои пўшонидани ќарзњо аз рўи ќарзњои бонкї, фоизњои њисобшуда, вале напардохтаи ин ќарзњо, дигар ўњдадорињои кафолатї ва бонкї;
- барои пардохти њаќќи хизмати миёнаравии корхона, ташкилот ва идорањои ба фаъолияти иќтисоди хориљї машѓулбуда;
- барои пардохти харољоти корхонањои наќлиётї, бима (суѓурта), корхонањои алоќа, хизмати бонкњо;
- аз њисоби ѓайрирезидентњо – барои хариди мол ва хизматрасонї дар ќаламрави љумњурї, пардохти ўњдадорињои дар назди резидент ва ѓайрирезидент мављудбуда, пасандоз ва сармоягузорї кардан, дигар пардохт ва интиќолњо.
Баъди ин пардохтњо боќимондаи маблаѓњо њамчун воситањои худии шахсони њуќуќї дар чорчўбаи ќонунгузории љории асъорї, бо назардопгги худи онњо сарф карда мешавад.
Маблаѓњои асъории ѓайрирезидентњо аз њисобњои асъории онњо дар бонкњои ваколатдор озодона ба хориљи мамлакат гузаронида ва ё дар бозори дохилии асъор бо тартиби муќарраршуда фурўхта мешаванд.
Бонкњои ваколатдор инчунин барои иттињодияњои љамъиятї ва маќомоти иљроияи њокимият дар мањалњо њисобњои асъории маќсаднок кушода метавонанд. Ба ин њисобњо маблаѓњое, ки барои њифзи муњити зист, барќарор намудани ёдгорињои таърихї, маблаѓњои хайрия, рафъи оќибати офатњои табиї равона шудаанд, дохил мешаванд. Манбаи ин маблаѓњо пардохти корхонаю идорањои љумњуриявї, шањрвандони алоњида, инчунин аз хориљи мамлакат шуда метавонад. Ин маблаѓњо ба маќсадњои дар аризаи кушодани њисоби асъорї овардашуда харљ мегарданд.
Њисобњои асъории маќомоти њокимияти иљроия дар мањалњо бо маќсади ворид намудани маблаѓњое, ки мувофиќи меъёрњои муайяншудаи корхона, идора ва дигар сохторњои фаъолияти иќтисоди хориљии дар ин мањал воќеъбуда, људо менамоянд, кушода мешаванд.
Ин њисобњо бо мурољиати ташкилотњо барои ворид намудани њиссањои меъёрии муайяншуда ифтитоњ мегарданд.
Шахсони воќеї-резидент ва ѓайрирезидентњо метавонанд дар бонкњои ваколатдор ба номи худашон њисобњои љорї ва амонати бо асъори хориљие, ки ќабул ва гардиши онњо дар ќаламрави љумњурї аз тарафи Бонки миллї иљозат дода шудааст, кушоянд.
Барои кушодани ин њисобњо муштариён ба бонки ваколатдор њуљљатњои зеринро пешнињод менамоянд:
- ариза дар шакле, ки бонки ваколатдор муќаррар кардааст;
- 2 вараќа бо нусхаи имзои шахсї;
- тасдиќномаи маќомоти андоз оиди ба ќайд гирифтани шахси воќеї (резидент, ѓайрирезидент) агар ў ба фаъолияти соњибкорї (бе ташкил намудани шахси њуќуќї) машѓул бошад.
Њуљљатњо бо шиноснома ё њуљљати дигари ивазкунандаи он тасдиќ карда мешаванд.
Ба њисоби љорї ва амонатии шахси воќеї, асъори хориљї аз манбањои зерин дохил шуда метавонад:
— асъори бо риояи ќоидањои гумрукї аз хориљи мамлакат воридшуда;
- аз њисобњои асъории шахсони њуќуќї ва воќеї бо супориши онњо гузаронидашуда, аз љумла аз хориљи кишвар;
- аз њамин њисоби асъории пештар кушодашуда;
- маблаѓњои бо воситаи васиятнома гирифташуда;
- маблаѓи мерос;
- дигар маблаѓњои асъорї, ки пайдоишашон расмї мебошад.
Маблаѓњои асъории дар њисобњои љорї ва амонатии шахсони воќеї нигоњдошташаванда, аз тарафи онњо дар чорчўбаи санадњои меъёрї ва ќонунгузории танзими асъори Љумњурии Тољикистон истифода мешаванд.
Асъори хориљии дар њисобњо мављудбуда бо супориши соњиби њисоб метавонад:
- ба хориљи кишвар гузаронида шавад;
- ба њисоби дигар шахсони њуќуќию воќеї гузаронида шавад;
- бо асъори наќди хориљї ва њуљљатњои ба асъори хориљї ифодаёфта ба соњибаш баргардонида шавад. Дар ин њолат ба муштарї маълумотномаи тасдиќкунандаи анљомдињии амалиёти мубодилаи асъор (маълумотномаи
ф.№ 377) дода мешавад.
Ба баќияи маблаѓњо дар њисобњои асъории шахсони воќеї фоизи муайян, ки њаљми онро бонки ваколатдор муайян кардааст, дода мешавад.
Њисоби љорї ва амонатии шахси воќеї дар мавридњои зерин баста мешавад:
- бо аризаи соњиби њисоб;
- њангоми дар давоми 1 сол навиштањо ва баќия надоштани њисоб. Дар ин њолат бонк бояд як моњ ќабл соњиби њисобро хабардор намояд;
- њангоми вайрон кардани ќонунгузории љории асъории Љумњурии Тољикистон, бо пешнињоди маќомоти назорати асъор.
Шахсони њуќуќї ва воќеї-резидентњо метавонанд дар бонкњои хориљї њисобњои асъорї кушоянд.
Тартиби кушодани ин гуна њисобњоро Бонки миллии Тољикистон муайян менамояд.
Барои кушодани њисобњо дар бонкњои хориљї резидентњо бояд иљозати Бонки миллии Тољикистонро гиранд. Баъди кушодани ин њисоб резидент онро бояд дар Бонки миллии Тољикистон аз ќайд гузаронад ва њар моњ дар бораи баќия ва њаракати маблаѓњои асъории аз ин њисоб гузаранда ба Бонки миллии Тољикистон њисоботи пурра дињад.
Шарту шароити хариду фурўши асъор. Асосњои њуќуќии хариду фурўши асъор дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» муайян карда шудааст.
Хариду фурўши асъори хориљї дар бозори дохилї ва беруни асъорї сурат мегирад. Бозори дохилї бонкњои ваколатдори бевосита бо муомилоти асъорию мубодила машѓулбуда ва нуќтањои мубодилаи асъори онњо, нуќтањои мубодилаи асъори шахсони њуќуќї ва воќеиро, ки иљозатномаи Бонки миллии Тољикистон ва биржањои асъорро доранд, дарбар мегирад.
Хариду фурўши асъори хориљї дар Љумњурии Тољикистон бо тартибе, ки Бонки миллии Тољикистон муќаррар кардааст, мустаќиман ба воситаи маќомоти ваколатдор амалї карда мешавад.
Ба хариду фурўши асъор, асосан бонкњои ваколатдор машѓуланд. Бонке, ки иљозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тољикистон оид ба њуќуќи анљомдињии амалиёти бонкї бо асъори хориљиро дорад, бонки ваколатдор номида мешавад.
Бонкњои ваколатдор бевосита байни худашон, бо муштариён-шахсони њуќуќї ва воќеї, дар биржањои асъорї, бо Бонки миллии Тољикистон, бо бонкњои муросилотии (корреспондентии) хориљї, ба воситаи нуќтањои мубодилаи асъори худ амалиёти хариду фурўши асъори хориљии наќд ва ѓайринаќдиро гузаронида метавонанд.