Открыть меню

Унсурњои асосии андоз

андозНакша:

1. Мафњум ва ањамияти њукуќии таснифи унсурњои андоз.
2. Андозсупоранда.
3. Объекти андозбандї.
4. Давраи андозсупорї.
5. Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз.
6. Воњиди андозбандї.
7. Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї.
8. Имтиёзњо дар бахши андоз.
9. Љавобга рии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.

1.Мафњум ва ањамияти њукуќии  таснифи унсурњои  андоз.

Унсурњои андоз гуфта воњидњои функсионалии дохилии ифодаёбандаро меноманд, ки дар маљмўъ сохтори њуќуќи андозро ташкил медињанд. Сохтори таркибї барои њамаи андоз ва пардохтњо ягона мебошад ва аз ин рў ин сохтор унверсалї аст. Аммо ифодаёбии ин унсурњо барои њар як андоз бо хусусияти хос пешбини шуда, дар натиља андоз намуди алоњидаи фардиро касб намуда, имконияти фарќ намудани андозњо ва прадохтњоро пешбини менамояд.    

С.Г. Пепеляев дар асри худ «Асосњои њуќуќи андоз» унсурњои андозро чунин тавсиф намудааст:

— андозсупоранда — шахсоне, ки ба зиммаи онњо вазифаи њуќуќии пардохти андоз гузошта шудааст;

— объекти андозбандї – далелњои њуќуќие (амал, воќеа, њолат), ки меъёрњои њуќуќ бамиён омадан, таѓийр ёфан ё худ ќатъ гардидани њуќуќу вазифањои андозро ба онњо алоќаманд медонанд;

— манбаи андоз – аломатњои хусусияти воќеиро (на њуќуќиро) муайян мекунад ва ин аломатњо барои ситонидани андози дахлдор асос мешаванд;

— миќёси андоз – тартиби њисоб кардани манбаи андоз аст;

— тарзи њисоби манбаи андоз – тарзу усули њисобу китоби андоз аст;

— давраи андозсупорї – мўњлатест, ки дар муддати он љарайёни ташакули манбаи андозанљом меёбад ва њаљму андозаи ўњдадории андоз пурра муайёян мегардад;

— воњиди андозбандї – воњиди миќёсиест, ки барои миќдоран муайян намудани манбаи андоз истифода мешавад;

— меъёри андоз – њаљму андозаи аз њар воњиди андозбандї ситондани андозро муайян мекунад;

— тарзу усулњои андозбандї – тартиби таѓийр додани меъёри андоз вобаста ба афзоиши манбаи андоз аст;

—  тартиби њисоб кардани андоз – бо истифода аз усулњои муњосиби бањисобгири андоз аст;

— тарзу тартиби пардохти андоз – пардохти андоз бо декларация, манбаи пардохт ва усули кадастрї мебошад.

    Дар Кодекси андози Федератсияи Россия бошад муќаррар шудааст, ки андоз танњо дар сурати муайян гардидани андозсупорандагон ва унсурњои андозбандї, яъне:

— объекти андозбандї;

— манбаи андоз;

— давраи андоз;

— меъёри андоз;

— тартиби њисоб кардани андоз;

— тартибу мўњлати пардохти андоз;

— имтиёзњо аз андоз муќарар карда мешавад.

Назарияи њуќуќи андоз чунин унсурњои андозро пешнињод менамояд:

-субъекти андозситон;

-субъекти андозсупор;

-мавзўъ ва сарчашмаи андоз;

-объекти андоз;

-базаи андоз;

-сатњи андоз;

-воњиди андозбандї;

-давраи (њисоботи) андоз;

-меъёри (ставкаи) андоз;

-тартиби њисоб намудани андоз;

-мўњлати пардохти андоз;

-тартиби пардохти андоз;

-имтиёзњо аз андоз;

-тартиби бозгардонидани андози барзиёд супоридашуда;

-тартиби маљбуран ситонидани маблаѓи боќимондаи андоз;

-љавобгари барои напардохтани андоз.

Инчунин вобаста ба зарурияти унсур барои муќаррар кардани андоз, унсурњои андозро ба ду гурўњ људо менамоянд:

1.Унсурњои њатмї (зарурї) андоз. Истисно намудани њато як унсури њатмии андоз дар ќонунгузории андоз ба нолозимии сохтори њуќуќии андоз ва муќаррар нашудани пардохти њатмии он оварда мерасонад. Ба унсурњои њатми дохил мешаванд:

а) субъекти андозситон — субъекти оммавї, ки ба фоидаи он пардохти ин ё он намуди андоз суръат мегирад ва аз љониби он андоз муќаррар шуда, баамал бароварда мешавад. Ба монанди нозироти андоз, Маљлиси Олии ЉТ;

б) субъекти андозсупор (андозсупоранда) – шахсе, ки ба зимааш прадохти андоз тибќи ќонунгузории андоз гузошта шудааст;

в) мавзўъи андоз – ин неъматњои моддї (пул, амвол) ва неъматњои ѓайримоддї (њуќуќи истифодабари, иљозатдињї) дорои хусусияти миќдорї, арзишї ва ё физикї мебошад, ки метавонанд бавуљудоварандаи ўњдадории пардохти андоз гарданд агар дар муносибат ба он субъет дар њолати муайяни њуќуќї бошад;

г) сарчашмаи андоз – ин воситањои пулии андозсупоранда (даромад, сармоя) мебошад, ки аз њисоби онњо андоз пардохта мешавад;

ѓ) объекти андозбандї – ин фаъолият оиди фуруши амвол (кор, хизматрасонї), амвол, даромад, фоида, арзиши амволи фурўхташуда (иљрои кор, расонидани хизмат) ё инки дигар объекти  дорои хусусияти миќдорї, арзишї ва ё физикї мебошад, ки метавонанд бавуљудоварандаи ўњдадории пардохти андоз гарданд;

д) факти њуќуќї – ин њолати мушахаси њайёти, ки меъёрњоии њуќуќ бавуљудої, таѓийрёбї ва ќатъгардии муносибатњоро вобаста медонанд. Фактњо њуќуќї дар њолати андозбандї дар натиљаи ин амалњо бамиён меоянд:

-истењсоли неъматњо (андоз аз аромад);

-муомилоти неъматњо;

-истемоли неъматњо (андоз аз аксиз, аноз аз фуруши чакана);

е) базаи андоз — асоси бањисобгирии андоз, ки ба воситаи тарзу усулњои муњосибї баамал бароварда мешавад;

ё) сатњи андоз —  асос барои чен намудани базаи андоз бо воситаи параметрњои физикї, миќдорї ва арзишї;

ж) воњиди андозбандї – воњиди ченаки ин ва ё он параметри базаи андоз аст;

з) давраи андоз – ин муддати ваќте, ки дар давоми он базаи андоз чен карда баанљом расонида шуда, андоз прадохт мегардад;

и) давраи њисоботї – ин муддати ваќте, ки дар давоми он андозсупоранда ўњдадор аст мустаќилона декларатсияро дар бораи объекти андозбандии худ ва маблаѓи пардохти андоз тартиб дода, ба маќомоти андоз супорад;

к) меъёри (ставкаи) андоз – њиссаи амволи андозсупоранда, ки ба маќомоти андоз супорида мешавад;

л) мўњлати пардохти андоз – ин муддати ваќте, ки тибќи ќонунгузории андоз дар давоми он андозсупоранда ўњдадорияшро оиди пардохти андоз бояд иљро намояд;

м) тартиби пардохти андоз – ин тарзи иљроиши ўњдадории пардохти андоз аст;

н) сарчашмаи пардохти даромад – ин объекте, ки аз он андоз ситонида мешавад.

2.Унсурњои ѓайрињатмї (иловагї) андоз. Набудани унсурњои иловагии андоз ба сохтори њуќуќии андоз таъсир нарасонида, аммо бе онњо ситонидани пардохтњои њатмї душвор гардонида мешавад. Ба унсурњои иловагии андоз дохил мешавнд:

а) имтиёзњо аз андоз – ин пешнињоди  имконият аз љониби ќонунгузории андоз барои гурўњи мушахаси андозсупорандагон оиди напардохтани андоз, кам кардани меъёри андоз ва ё дар мўњлати дертар пардохти андоз мебошад;

б) баргардонидани андози барзиёд пардохташуда – ин ба андозсупоранда баргардонидани ќисмати маблаѓ аз андоззи прадохташуда аст;

в) камомад – ин ќисмати маблаѓи андоз ва ё пардохт, ки аз љониби андозсупоранда тибќи ќонунгузории андоз дар мўњлати муќарраршуда супорида нашудааст;

г) тартиби маљбуран ситонидани маблаѓи боќимондаи андоз – ин тарзи маљбур намудани андозсупоранда барои иљрои ўњдадории пардохти андоз аст;

ѓ) бозгардонидани андози барзиёд ситонидашуда – ин љуброни зарари андозсупоранда аз љониби субъкти андозситон дар мавриди ѓайриќонуни ситонидани андоз ва пардохтњост;

 д) љавобгари барои напардохтани андоз – ин тадбиќи љазо нисбати ўњдадории шахси андозсупоранда аз љониби давлат ва ё шахси мансабдори он барои напрадохтани андоз аст.          

Дар Кодекси андози Љумњурии Тољикистон унсурњои андоз ба чунин гурўњњо људо шуда, дар моддањои алоњида иникос гардидаанд:

— тартиби муќаррар кардан, таѓийр додан ва бекор кардани андозњо (м. 7 КА ЉТ);

— андозсупоранда (м. 8 КА ЉТ);

— объекти андозбандї ва ё объекте, ки ба андозбандї алоќаманд аст (м. 9 КА ЉТ);

— манбаи андоз (м. 10 КА ЉТ);

— меъёри андоз (м. 11 КА ЉТ);

— давраи андоз (м. 12 КА ЉТ);

— мўњлати пардохт (м. 13 КА ЉТ);

— имтиёзњои андоз (м. 14 КА ЉТ).

Унсурњои андоз ба мо имконият медињанд, ки дар маљмўъ дар бораи андозњои алоњида маълумоти мушахас гирифта, онњоро тавсиф намоем.

2.Андозсупоранда

 Шахсони воќеї ва (ё)  њуќуќї,  ки  ба зиммаашон  мутобиќи  Кодекси андози ўњдадории пардохти андоз гузошта щудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд.

Аз ин мафњум бармеояд, ки андозсупоранда њам шахси воќеї ва њам шахси њуќуќї мебошад. Шахси воќеї ин шањрванди Љумињурии Тољикистон, шањрванди хориљї ва шахси бешањрвандї мебошад. Шахси  њуќуќи бошад  ташкилоте дониста  мешавад,  ки дар  моликият, пешбурди хољагидори ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта,  аз рўи ўњдадорињои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ њуќуќњои молу мулки ва шахсии ѓайримолумулкиро ба даст оварда,  татбиќ намояд,  ўњдадори гирад,  дар суд даъвогар ва љавобгар бошад.  Ашхоси њуќуќи бояд баланс ё сметаи мустаќил дошта бошанд.

Вобаста ба муносибатњои иќтисодии андозсупоранда ба давлат ду гурўњи андозсупорандаро људо менамоянд:

1.Резидентњо. Шахсони воќеи, агар онњо воќеан дар љараёни њама гуна мўњлати 12- моњаи пайдарњами дар њамин соли таќвими хотимаёбанда зиёда аз 182 рўз  дар  ќаламрави  Љумњурии  Тољикистон  бошанд, ё   новобаста   аз давомнокии мўњлати он дар соли љории таќвими берун аз ќаламрави он дар хизмати давлатии  Љумњурии  Тољикистон  ќарор дошта  бошанд,  нисбати тамоми соли љории таќвими резидент ба њисоб мераванд. Шахсони воќеие,  ки  сарфи  назар  аз мўњлати  дар  ќаламрави Љумњурии  Тољикистон  буданашон  ва  дигар омилњои муайяннамудаи моддаи 30 КА ЉТ,  шањрвандони Љумњурии Тољикистон мебошанд, шахсони воќеие,  ки барои  ќабул  шудан  ба  шањрвандии  Љумњурии Тољикистон  ё  барои бешањрвандии  Љумњурии  Тољикистон  љињати  зисти муќими  дар  Љумњурии Тољикистон    гирифтани   иљозат   ариза додаанд,   њамчун   шахсони воќеи-резидент эътироф мешаванд, ки:

     — аз  љониби  маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба хориља ба  сафари  хизмати  фиристода  шудаанд, аз  љумла  кормандони муассисањои    дипломатию    консули    ва намояндагињои   ба   онњо баробаркардашуда,   намояндагињои   тиљоратии Љумњурии   Тољикистон, ташкилотњои  байналмилали  ё байнињукумати, инчунин аъзои оилаи чунин шахсони воќеи;

     — аъзои  экипажњои  воситањои  наќлиётии  ба шахсони  њуќуќи  ё шањрвандони   Љумњурии   Тољикистон тааллуќдошта,   ки    боркашонии байналмилалиро анљом медињанд;

     — хизматчиёни њарби ва  кормандони ѓайринизомии  дар  пойгоњњои њарби,  ќисмњои њарби, гурўњњо, ќисмњо ва љузъу томњои њарбии берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон љойгир шудаанд;

     — дар объектњои воќеъ берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон, ки моликияти Љумњурии Тољикистон  ё  резидентњо,  ё субъектњои  Љумњурии Тољикистон мебошанд (аз љумла; дар асоси шартномањои консессиони), кор мекунанд;

     — хонандагон,  донишљўён, касбгирандагон ва таљрибаомўзон, ки бо маќсади тањсил ва гузаштани таљриба дар давоми тамоми  мўњлати  таълим ва таљрибаомўзи берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон ќарор доранд;

     — муаллимон ва кормандони илми дар давоми тамоми мўњлати  таълим ё иљрои корњои номбаршуда,  ки бо маќсади таълимдињи, машварат ё иљрои корњои илми берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон ќарор доранд.

Њама гуна рўзе,  ки дар давоми он шахси воќеи  њаќиќатан  дар ќаламрави  Љумњурии Тољикистон новобаста аз давомнокии истиќомат њозир буд, рўзи дар Љумњурии Тољикистон будан њисобида мешавад.

    шахсњое, ки дар Љумњурии Тољикистон доимо зиндагї мекунанд;

2.Ѓайрирезидентњо. Шахси воќеие, ки  мутобиќи  модда 30 КА ЉТ резиденти Љумњурии Тољикистон ба  њисоб  намеравад,  ѓайрирезиденти Љумњурии  Тољикистон мебошад. Шахси воќеи дар давраи аз рўзи охирини буданаш  дар  ќаламрави Љумњурии  Тољикистон  дар  њамин  соли андоз то охири њамин соли андоз ѓайрирезиденти Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад,  агар чунин  шахс дар  соли  мустаќиман  минбаъдаи  андоз  низ ѓайрирезиденти  Љумњурии Тољикистон бошад.

Андозсупоранда навобаста аз таснифоташ ба шахсони њуќуќї ва воќеї, резидент ва ѓайрирезидент дорои њолати њуќуќии мушахас мебошад. Њолати њуќуќии андозсупоранда гуфта маљмўи њуќуќњои бо ќонунгузории андоз муќарраршуда ва ўњдадорињои ба зиммаи андозсупоранда гузошташударо меноманд. Њолати њуќуќии андозсупоранда бо моддањои 37 ва 38 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон муќаррар шудааст:

1.Андозсупоранда њуќуќ дорад:

     — аз маќомоти андоз доир ба њамаи масъалањои оид  ба  андозбандї ва  дигар  пардохтњои  њатмї  ба  буљет вобастабуда,  аз љумла оид ба санадњои меъёрии њуќуќие, ки масъалањои андозбандиро танзим менамоянд, оид  ба  санљиши  дарпешистодаи  фаъолияти  худ (ба истиснои санљишњои амалиётї) маълумот талаб  намояд  ва  вобаста  ба масъалахои  татбиќи ќонунгузорињои  андоз  шарњи хаттї гирад;

     -манфиатњои худро оид ба масъалањои муносибатњои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муњофизат намояд;

     -њангоми  гузаронидани  назорати  андоз иштирок намуда,  нусхаи њуљљатњоро оид ба натиљањои  назорати  андоз талаб  намояд  ва  гирад;

     -ба маќомоти андоз, дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рўи  натиљањои  он,  оид  ба  њисобкуни  ва пардохти андозњо ва дигар пардохтњои њатми ба буљет тавзењот пешнињод намояд;

     -доир   ба  њолати  њисоббаробаркуни  бо буљет  оид  ба  иљрои ўњдадорињои андози аз вараќањои њисобномањои шахсиаш нусха гирад;

     -мувофиќи   тартиби   муќаррарнамудаи Кодекс андоз  ва  дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии  Тољикистон нисбати  санадњои  санљиши андоз  ва огоњномањо оид ба санадњои санљиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори маќомоти андоз шикоят намояд;

     -пинњон доштани сирри андозро талаб кунад;

     -маълумотнома  ва  њуљљатњои  ба андозбанди  вобаста  набударо надињад;

     -имтиёзњои андозро тибќи тартиб  ва асосњои  мављуда  мутобиќи ќонунгузории андоз истифода барад;

     -мўњлати тамдиди  (ба  таъхир  гузоштани) пардохти  андозњоро тибќи тартиб ва шартњои муќаррарнамудаи Кодекси андоз дастрас намояд;

     -бањисобгири ё баргардонидани  сариваќтии маблаѓњои  андозњои барзиёд   супорида   ё   ситонидашударо  (андозњои ба  буљет  барзиёд дохилшударо) талаб намояд;

     -аз  шахсони  мансабдори  маќомоти  андоз риояи  ќонунгузории андозро њангоми иљрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд;

     -санадњо  (ќарорњо)  ва  талаботи маќомоти  андоз  ва шахсони мансабдори онро,  ки ба ќонунгузории  андоз, дигар  санадњои  меъёрии њуќуќи  доир ба андозбанди ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мутобиќ нестанд, иљро накунад.

     -аз  шахсони  мансабдори  санљишкунандаи маќоми  андоз  барои гузаронидани санљиши андоз асос талаб намояд, бо шањодатномаи хизматии онњо шинос шавад;

     -бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї аз маќоми андоз товони зарари  дар  натиљаи  ќабули  карор ва амалњои (беамалии) ѓайриќонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад;

     -дар  љараёни  гузаронидани  санљишњои андоз   мутахассисон, намояндагони  ассотсиатсияњо  ва  дигар ташкилотњои  љамъиятиро  љалб кунад, инчунин салоњияти шахсони љалбкарда бояд мутобиќи ќисми 3 моддаи 39 Кодексм андоз тасдик карда шавад.

     Ба   андозсупорандагон   њифзи   судии њуќуќ  ва  манфиатњои ќонуниашон кафолат дода мешавад. Тартиби њифзи  њуќуќ  ва  манфиатњои  ќонунии андозсупорандагонро Кодекси андоз ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамоянд. Њуќуќхои  андозсупорандагон  тавассути ўњдадорињои   дахлдори шахсони мансабдори маќомоти андоз таъмин карда мешаванд. Иљро накардан  ё  иљрои  номатлуби ўњдадорињо  оид  ба   таъмини њуќуќњои андозсупорандагон боиси кашидан ба љавобгарии муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мегардад.

2. Андозсупоранда ўњдадор аст:

     -сари ваќт дар бањисобгирии баќайдгири ба сифати андозсупоранда ва ќайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;

     -њамаи  ўњдадорињои  андозро  мутобиќи Кодекси андоз дар њаљми пурра иљро намояд;

     -талаботи ќонунии маќомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкунињои  ошкоршудаи  ќонунгузории  андоз иљро  намуда,  инчунин њангоми  иљрои  вазифањои  хизмати  ба  фаъолияти ќонунии  онњо монеъ нашавад;

     -дар  асоси  амрнома  шахсони мансабдори маќомоти андозро барои азназаргузаронии амволе,  ки объекти  андозбанди ва  (ё)  объекти  бо андозбанди алоќаманд мебошанд, иљозат дињад;

     -ба маќомоти дахлдори андоз эъломияњои андоз,  дигар  њисоботи андоз   ва  њуљљатњоро  тибќи  тартиби муќаррарнамудаи  Кодекси андоз пешнињод намояд;

     -њисоббаробаркунии    пулиро    мутобиќ Кодекси андоз бо истеъмолкунандагон,  ки њангоми иљрои амалиёти тиљорати ё хизматрасони тавассути пули наќд,  кортњои пардохтии бонки, чекњо бо татбиќи њатмии мошинањои назоратию хазинавии дорои хотираи фискали  ва  додани  чеки назорати ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амали намояд;

     -бо тартиби  муќаррарнамудаи  ќонунгузории андоз  бањисобгирии даромадњои  (харољотњои)  худ,  объекти андозбанди ва (ё) объектњои бо андозбанди алоќамандро пеш барад;

     -дар  муддати  на  камтар аз 3 соли баъди ба охир расидани соли таќвими маълумоти  бањисобгирии  муњосиботи, дигар  бањисобгириро  ва њуљљатњои  барои  њисоб  ва пардохти андозњои барои њамин соли таќвими зарури,  инчунин  њуљљатњои  тасдиќкунандаи даромадњои   гирифташуда, харољот ва андозњои пардохтшударо (нигоњдошташударо) нигоњ дорад.

     -њар  сол  барўйхатгирии   амвол   ва ўњдадорињоро   мутобиќи ќонунгузории  Љумњурии  Тољикистон  дар  бораи бањисобгирии  муњосибї гузаронад;

     -маќоми андози мањалли баќайдгириро оид ба њамаи суратњисобњои кушодааш  дар  бонкњо  ва  дигар  муассисањои молиявию  — кредитї (ба истиснои  суратњисобњои  пасандозии  (депозитии) шахсони  воќеї)  дар мўњлати  на  дертар  аз  5  рўзи  корї  аз  рўзи кушодани суратњисобњо хабардор намояд;

    -то санаи 15-уми июли соли љорї барои нимсолаи якуми соли љорї ва то санаи 15-уми январи соли минбаъда барои нимсолаи дуюми соли љорї ба  маќоми андози мањалли бањисобгирии баќайдгирї дар њолатњо,  шаклњо ва бо тартибе,  ки маќоми ваколатдори давлатї дар мувофиќа бо Вазорати молияи   Љумњурии   Тољикистон  ва  Кумитаи давлатии  омори  Љумњурии Тољикистон тасдиќ намудааст,  њисобот оид ба маблаѓњои имтиёзњои андоз доир  ба  аидозњои  умумидавлатї  ва  мањаллї њангоми муайян намудани ўдадорињои  андозии  худ  мутобиќи   ќонунгузории андози   Љумњурии Тољикистон гирифта,  аз љумла оид ба имтиёзњои андозии ба дигар шахсон додашуда,  њангоми аз љониби ин андозсупоранда иљро  намудани  амалњои агенти андоз пешнињод намояд.

Шахсони њуќуќи ва соњибкорони инфироди ба ѓайр аз  ўњдадорињои муќаррарнамудаи  ќисми  1  моддаи 38 Кодекси андози ЉТ ўњдадоранд  ба таври хатти ба маќомоти  андози  мањали  баќайдгириашон маълумоти  зеринро  пешнињод намоянд:

     1) оид ба њамаи воњидњои махсусашон,  ки дар ќаламрави  Љумњурии Тољикистон  мављуданд  —  дар  мўњлати на дертар аз 30 рўзи таќвими аз рўзи таъсис, азнавташкилшави ё барњамхўри;

     2) оид ба эълон намудани муфлисшави, барњамхури ё азнавташкилшавї — дар мўњлати на дертар аз 10 рўзи таќвими аз рўзи ќабули чунин ќарор;

     3) оид ба таѓйир ёфтани мањали љойгиршави ё зист — дар мўњлати на дертар аз 10 рўзи таќвими аз лањзаи чунин таѓйирот.

Барои  иљро  накардан ё иљрои номатлуби ўњдадорињои ба зиммааш гузошташуда андозсупоранда мутобиќи Кодекси андоз ва  дигар  санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгар мебошад.

3.Объекти андозбандї.

Объекти андозбанди объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишї, миќдорї ё физикї буда, њангоми    мављудияти   он   (объект) ќонунгузории   андоз   нисбати андозсупоранда (субъект) ўњдадорињоро доир ба пардохти  андоз  муайян менамояд.

Объекти андозбандї метавонад аз:

-амвол;

-даромад;

-фоида;

-амалиёт доир ба тањвили мол (кор,  хизматрасони);

-арзиши   молњои тањвилшуда   (иљрои   корњо, хизматрасонињо);

-воридоти  (содироти)  мол ба (аз) ќаламрави Љумњурии Тољикистон;

-ва ё дигар объекте,  ки Кодекси андоз муќаррар  намудааст, иборат бошад.

             Њар кадом андоз объекти мустаќили ба худ хос дорад. Масалан объекти андози соњибони воситаи наќлиёт воситаи наќлиёт аст. Объекти анози ѓайриманќул хонањои истиќоматї,  квартирањо (њуљрањо),  бўстонсаройњо, гаражњо   ва   дигар   биною   иморату  иншоотњо мебошад. Ин объекњоро Кодекси андози ЉТ њамчун амвол муайян менамояд.

4.Давраи андозсупорї.

 Давраи андозсупорї муддате дар назар дошта шудааст  (соли таќвими,  семоња,  моњ,  дањрўза ё дигар мўњлат), ки нисбати андозњои алоњида мутобиќи Кодекси андоз муќаррар гардидааст ва њангоми гузаштани он  (ба  охир  расидани  он)  манбаи андоз муайян ва маблаѓи андози ба буљет супоридашаванда њисоб карда мешавад.  Аз сабабе, ки пардохти андоз њолати ќатъи ўњдадории андозро ифода менамояд бинобар ин муайян кардани лањзаи пардохти андоз бо мафњуми он монанд аст. Давраи андоз метавонад  аз як  ё  якчанд даврањои њисоботи (семоњањо,  моњњо, дањрўзањо ва дигар мўњлатњо) иборат бошад,  ки бо гузаштани (љамъбасти) онњо пешпардохтњо (пардохтњои љори) сурат мегиранд.

Ин унсури андоз аз он љињат зарур аст, ки ба бисёр объектњои андозбандї (фоида гирифтан, фиристодани мол, иљрои кор ва хизматрасонї) дарозмўњлатї хос мебошад ва барои љамбасти натиљаи фаъолият дар мўњлати муайян њисоб карда мешаванд. Мисол давраи андоз аз фуруши чакана семоњаи таќвими мебошад ва эъломия   оид  ба  маблаѓи  њисобшавандаи андоз  дар  семоњаи њисоботи ба маќоми дахлдори андоз то рўзи 15-уми моњи  ояндаи  семоњаи исоботи  пешнињод  карда  мешавад  ва дар њамин мўњлат андоз ба буљет пардохта мешавад. Давраи андоз аз соњибони воситаи наќлиёт яксола мебошад.  

5. Тарзњои ба њисоб гирифтани  манбаи  андоз.

 Тарзњои бањисобгирии манбаи андоз маљмўи усулњои муњосиботи аст. Андозсупоранда   вазифадор   аст бањисобгирии  даромадњо  ва харољотњоро дар асоси маълумотњои  бо  њуљљатњо асоснокшуда  аниќ  ва сариваќт  пеш  барад ва даромадњо ва харољотњоро ба даврањои њисоботии дахлдоре,  ки дар зарфи он онњо гирифта ё пардохта шудаанд, вобаста ба усули бањисобгирии тибќи боби 23 КА ЉТ истифодашаванда љињати дуруст нишон додани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба роњ монад. 

Тањти  усули бањисобгири,  ки андозсупоранда,  истифода мебарад, њамаи омилњои ваќт ва тартиби бањисобгирии маблаѓњои воридшуда  ва харољот,  ба  монанди истифодаи  усули  бањисобгири  дар  асоси  кассави ё дар асоси њисобу замкунї,  усули бањисобгирии  харољоти  истењсоли ва  дигар  харољоти сармоя фањмида мешавад.

Андозсупоранда  вазифадор  аст бањисобгирии  њамаи   амалиёти марбут  ба  фаъолияташро,  ки барои муайян кардани оѓоз,  љараён ва ба охиррасии он имконият медињанд, таъмин намояд. Даромади   (фоидаи)   андозбандишаванда   бояд тибќи   њамон   усули бањисобгири,   ки  андозсупоранда  дар  њисоботи муњосибави  истифода мебарад,  бо ислоњоти зарури барои  риояи муќаррароти Кодекси андоз, њисоб карда шавад. Андозсупоранда  метавонад  бо  маќсади  андозбанди бањисобгириро тибќи усули кассави ё тибќи усули њисобу замкуни ба роњ монад, ба шарте агар андозсупоранда  дар  давоми  соли  андозбанди њамон як усулро истифода барад. Андозсупоранда  бояд  бањисобгириро тибќи усули њисобу замкуни дар соли андоз пеш барад, агар:

-амалиёти   вай  дар  соли  гузашта  назар ба  њаљми  амалиёти андозбандишаванда,  ки барои баќайдгири бо маќсади  андоз  аз  арзиши иловашуда муќаррар гардидааст, 5 маротиба зиёд шуда бошад; ё

-вай  мутобиќи  санадњои  меъёрии  њуќуќи барои   бањисобгирии муњосибави тибќи усули ќайди дубора вазифадор бошад.

     Андозсупорандае, ки барои бањисобгири аз рўи усули њисобу замкуни тибќи   муќаррароти   ќисми 5 моддаи 182 КА ЉТ   бори   аввал вазифадор  шудааст, бањисобгириро тибќи усули  њисобу  замкуни  бояд барои  њамаи  солњои минбаъда низ пеш барад.  Бонкњо,  ширкатњои кредити ва  ташкилотњои амонатии  кредитии хурд  вазифадоранд  бањисобгириро  тибќи усули њисобу замкуни аз оѓози фаъолияти худ пеш баранд. Ташкилотњои ќарзи  хурд  ва  фондњои  ќарзи хурд барои маќсадњои андозбанди њисобро аз оѓози фаъолияти худ,  сарфи назар аз муќаррароти моддаи 182 КА ЉТ, тибќи усули кассавї пеш мебаранд. Барои шахси воќеи  талаботи  бањисобгири тибќи  усули  њисобу замкуни   танњо  нисбати  даромад  ва  тарњњои вобаста  ба  фаъолияти соњибкори татбиќ мегардад. Дар сурати таѓйир ёфтани усули бањисобгири,  ки андозсупоранда истифода мебарад,  таѓйирёби нисбати бахисобгирии даромад,  харољот ва дигар унсурњое,  ки ба маблаѓи андоз таъсир мерасонанд,  бояд дар соли таѓйир додани усули бањисобгири дохил карда шаванд,  то ин, ки њељ яке аз  ин  унсурњо  сарфи  назар  нагарданд  ё дубора  ба  њисоб гирифта нашаванд. Нисбати  супорандагони  андоз  аз  арзиши иловашуда  даромаду харољот бе андоз аз арзиши иловашуда  ба  њисоб гирифта  мешавад,  ба истиснои  харољоте,  ки  нисбати он ба њисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда иљозат дода намешавад.

    Аз ин муќаррарот бармеояд, ки 3 тарзи бањисоб гирифтани манбаи андоз љой дорад:

  1. усули бањисобгири кассавї;
  2. усули њисобу замкунї;
  3. усули бањисобгирии харољоти истењсолї ва  дигар  харољоти сармоя.
  4. Усули (принсипњои) бањисобгирии даромадњо ва харољотњо тибќи усули кассавї.

Андозсупорандае, ки   тибќи   усули   кассави бањисобгириро  пеш мебарад,  бояд мутобиќи моддањои 184 ва 185 Кодекси андози ЉТ даромадро дар санаи  гирифтани  он  њисоб  карда,  тарњи харољотњоро дар санаи амали намудани он анљом дињад. 

-лањзаи гирифтани даромад дар њолатњои  људогона  бо истифодаи усули кассавї. Агар  андозсупоранда  маблаѓњои  пули гирад,  лањзаи гирифтани маблаѓњои пулии наќд ва њангоми пардохти ѓайринаќди бошад,  лањзаи  ба суратњисоби  бонкии  вай ё дигар суратњисобе,  ки вай ихтиёрдори карда метавонад ё њуќуќи аз он гирифтани маблаѓњои мазкурро  дорад,  лањзаи гирифтани даромад ба њисоб меравад. Дар  сурати  бекор  кардан  ё  пўшонидани ўњдадории  молиявии андозсупоранда,  аз  љумла  њангоми њисоббаробаркунии байнињамдигари, лањзаи гирифтани даромад лањзаи бекор кардан ё пўшонидани ўњдадори  ба њисоб меравад.

    -лањзаи  харољот  намудан  дар њолатњои  људогона бо истифодаи усули кассавї. Лањзаи харољот намудан  лањзаи  аз тарафи андозсупоранда воќеан анљом додани харољот ба њисоб меравад. Агар  андозсупоранда  маблаѓњои  пули супорад,  лањзаи харољот намудан лањзаи пардохти маблаѓњои пули наќд ба њисоб  рафта,  њангоми пардохти ѓайринаќдї бошад,  лањзаи харољот намудан ин лањзаи аз тарафи бонк гирифтани  супоришномаи  андозсупоранда  дар бораи  гузаронидани маблаѓњои пули (дар њолате, ки дар суратњисобњои бонкии андозсупоранда маблаѓњои кофи мављуд бошанд) дониста мешавад. Њангоми  бекор кардан ё пўшонидани ўњдадории молияви дар назди андозсупоранда,  аз љумла њангоми бањисобгирии байнињамдигари,  лањзаи харољот  намудан  лањзаи  бекор  кардан ё пўшонидани ўњдадории молияви дониста мешавад. Њангоми пардохтани фоизњо тибќи ўњдадории ќарз ё додани маблаѓ барои иљораи амвол,  агар мўњлати ўњдадори ё шартномаи  иљора  якчанд давраи  андозро дар бар гирад,  маблаѓи фоизњои пардохташуда (пардохти иљора),  ки амалан барои давраи андоз  нигоњ дошта  мешавад,  маблаѓи фоизњое  (пардохти  иљорае)  мебошад,  ки  бояд дар ин давра супорида шавад.

2.Усули (принсипњои) бањисобгирии даромадњо ва   харољотњо њангоми истифодаи усули њисобу замкунї. Андозсупорандае, ки  тибќи усули њисобу замкуни бањисобгириро пеш мебарад,  бояд даромаду харољотро мутобиќи моддањои 187 ва  188  Кодекси андози ЉТ мутаносибан аз лањзаи гирифтани њуќуќ ба даромад ё пайдо шудани ўњдадории пардохт,  сарфи назар аз ваќти воќеии гирифтани  даромад  ё иљрои пардохт, ба њисоб гирад.

-лањзаи  гирифтани  даромад њангоми  истифодаи усули њисобу замкунї. Њуќуќи гирифтани даромад њангоме пайдошуда ба  њисоб  меравад, ки  агар  маблаѓи  дахлдор  бояд  бегуфтугў ба андозсупоранда пардохта шавад ё андозсупоранда тамоми ўњдадорињояшро тибќи муомилот ё шартнома иљро кардааст. Агар андозсупоранда корро иљро кунад ё хизмат расонад,  њуќуќи гирифтани  даромад  дар  лањзаи  иљрои  нињоии кор ё хизматрасонии дар муомилот ё шартнома пешбинишуда, ба даст овардашуда ба њисоб меравад.     Агар ањд ё шартнома иљрои кор ё хизматрасониро марњала ба марњала пешбини намояд,  њуќуќи гирифтани даромад дар њар марњала  дар  лањзаи нињоии иљрои кор ё хизматрасонии ин марњала пайдо мешавад, агар моддаи 190 Кодекси андози ЉТ тартиби дигаре пешбини накарда бошад. Агар  андозсупоранда  даромад гирад ё њуќуќи гирифтани даромад дар шакли фоиз ё даромад барои ба иљора додани амволро  дошта  бошад, њуќуќи гирифтани даромад дар лањзаи ба охир расидани мўњлати ўњдадории ќарз ё шартномаи иљора бадаст овардашуда њисоб мешавад.  Агар мўњлати ўњдадории  ќарз ё шартномаи иљора якчанд давраи андозро дар бар гирад, даромад тибќи ин даврањои андоз  мутобиќи  тартиби њисоби  он  таќсим карда мешавад.

    -лањзаи харољот намудан њангоми истифодаи усули њисобу замкунї. Лањзаи харољот намудан вобаста ба ањд (шартнома) лањзаи  иљрои њамаи  шартњои  зайл  њисобида  мешавад:

     а) њангоми  аз  тарафи  андозсупоранда бечунучаро эътироф шудани ўњдадории молияви;

     б) њангоми  ба  ќадри  кифоя  даќиќ бањо додан ба њаљми ўњдадории молиявї;

     в) агар  њамаи  тарафњои  дар  ањд ё шартнома иштирокдошта воќеан тибќи ањд ё шартнома ўњдадорињояшонро иљро кунанд ва маблаѓои дахлдор бечунучаро пардохта шаванд.

Вобаста ба шартњои дар ќисми 1 моддаи 188 КА ЉТ зикршуда  ўњдадории молияви  маънои  ўњдадориеро  дорад,  ки андозсупоранда  мутобиќи ањд (шартнома)  ќабул  кардааст  ва  тарафи  дигари дар  ањд   (шартнома) иштирокдошта бо маќсади иљрои он вазифадор аст, ки даромади дахлдорро дар шакли пули ё шакли дигар ба андозсупоранда пешнињод намояд. Њангоми  пардохти  фоизњо тибќи ўњдадории ќарз ё пардохт барои амволи ба иљора гирифташуда лањзаи  харољот намудан  лањзаи  ба  охир расидани  мўњлати  ўњдадории  ќарз ё шартномаи иљора њисобида мешавад. Агар мўњлати ўњдадории ќарз ё шартномаи иљора якчанд  давраи  андозро дар бар гирад, харољот тибќи ин даврањои андоз мувофиќи тартиби њисоби он таќсим карда мешавад.

3.Усули бањисобгирии харољоти истењсолї ва  дигар  харољоти сармоя. Тартиби бањисобгирии захирањои молию модди. Бањисобгирии  захирањои  молию  модди  бо маќсадњои андозбанди танњо тибќи муќаррароти амалкунандаи бањисобгирии муњосиботи,  ки  дар асоси ќонунгузории оид ба бањисобгирии муњосиботи тањия гардидаанд, ба анљом расонида мешавад. Њангоми  бањисобгирии  захирањои  молию модди  андозсупоранда вазифадор аст,  ки  арзиши  молњои  истењсолнамуда ё  харидаашро,  ки мутаносибан  дар асоси харољоти истењсоли (арзиши асли) ё нархи хариди онњо муайян карда мешавад,  дар њисоботи  андоз нишон  дињад.  Аз  он љумла,  андозсупоранда  вазифадор  аст  ба  арзиши ин  молњо харољоти нигоњдори ва интиќоли онњоро њамроњ кунад. Њангоми    ба    њисоб   гирифтани захирањои   молию   модди андозсупоранда њаќ дорад,  ки арзиши мол ё мањсулоти нуќсондор, маънан кўњнашуда  ё аз мўд баромадаро,  ки аз њамин сабаб ё бо сабабњои шабењ бо нархи зиёдтар аз  харољоти  барои  истењсоли (нархи  хариди)  онњо сарфшуда  фурўхтан  мумкин нест,  дар асоси нархе, ки онњоро фурўхтан мумкин аст, бањо дињад. Нисбати  молњое,  ки  андозсупоранда  оид ба онњо бањисобгирии инфироди пеш намебарад, вай њаѕ дорад, ки барои бањисобгирии захирањои молию модди яке аз се усулњои зеринро истифода барад:

     а) усули ФИФО,  ки мутобиќи он  дар  давраи њисоботи  дар  аввал молњои   дар   аввали   давраи   њисоботи  ба захирањои  молию  модди дохилгардида,  фурўхташуда  (истифодашуда)  њисоб карда  шуда,   баъд молњое,  ки  дар  давоми  давраи  њисоботи истењсол (харида) шудаанд, мувофиќи навбати истењсол (харид) њисоб карда мешаванд;

     б) усули  ЛИФО,  ки  мутобиќи  он  дар давраи њисоботи дар аввал молњое, ки охирин истењсол (харид) шудаанд, фурўхташуда (истифодашуда) њисоб карда мешаванд;

     в) усули бањо додан тибќи арзиши аслии миёна.

6.Воњиди андозбандї.

  Воњиди андозбандї воњиди миќёсиест, ки барои истифодаи миќдори манбаи андоз кор фармуда мешавад. Барои бањисобгирии манбаи андоз воњиди андозбандї истифода мешавад. Интихоби ин ва ё он воњиди андозбандиро мулоњизаи осону ќулай будани он ва њамчунин анъанањо талаб мекунанд. Масалан њангоми њисоб карда баромадани манбаи андоз барои андозбанди шудани муомилоти маводи сузишвори ва равѓанњои молидани њамчун воњиди андозбандї воњидњои гуногуни воќеии ченаки моеъ (литр, галлон, баррел, тонна), ё худ воњиди пулии миллї (сомонї) –ро барои њисоби арзиши молистифода мебаранд.

    Дар Кодекси андози ЉТ чунин воњидњои андозбандї муќаррар карда шудааст:

-як сомонї (андози даромади шахсони воќеї ё андози фоидаи шахсони њуќуќї);

-як гектар ё як метрии мураббаъ (андози замин);

-як ќувваи асп (андоз аз соњибони воситањои наќлиёт).

7.Меъёри андоз ва  тарзу усули  андозбандї.

 Меъёри андоз ин бузургии њисобкардашудаи маблаѓи андозњо мебошад, ки нисбати воњиди ченаки манбаи андозбанди истифода бурда мешавад. Меъёри андоз  бо фоиз ё (ва) маблаѓи мутлаќ нисбати воњиди ченаки манбаи андозбанди муќаррар карда мешавад. Масалан,  бо  назардошти  ќисмњои 2 ва 3 моддаи 144 КА ЉТ фоидаи корхона,  ки тибќи муќаррароти моддаи 160 Кодекси андози ЉТ ба маблаѓи зарари ба  давраи дигар  гузаронидашуда  кам  карда  шудааст,  аз рўи  меъёри  25  фоиз андозбанди мегардад. Меъёри андоз аз арзиши  иловашуда,  ба истиснои  содирот,  20 фоизи   муомилоти   андозбандишаванда   ва   (ё) 20  фоизи  воридоти андозбандишавандаро ташкил медињад.

    Меъёрњои андоз аз рўи тарзу усули муќарраргардида ба се намуд људо карда мешавад.

1.Меъёри ќатъї андоз- барои воњиди андозбандї ба андозаи муайян муќаррар карда шудааст. Масалан меъёри андози замин (ба њисоби сомони барои як гектар ё метрии мураббаъ).

2.Меъёри фоизи андоз- барои андозбандии аксари андозњо хос мебошад. Меъёри фоизї аз рўи моњияти худ ба 3 намуд људо карда мешавад:

а) меъёрњои марљї (миргиналї)- дар тавсифу таърифи андоз муќаррар карда мешавад. Истилоњи марљї (миргиналї)- тадбиќ гардидан нисбати ќисматњои људогонаи даромад, дараљањои андоз мебошад. Масалан, дар тавсифу таърифи андози даромади шахсони воќеї -на зиёда аз музди мењнатї њадди аќали миёна аз даромад андозбанди намешавад, зиёда аз музди мењнатї њадди аќали миёна то 100 сомонї 8 фоиз, зиёда аз 100 сомонї 13 фоиз маблаѓи даромади андозбандишаванда аст. Дар ин маврид меъёрњои 8 фоиз, 13 фоиз меъёрњои марљї (маргиналї) мебошанд. 

б) меъёри воќеї – њамчун муносибат озоди пардохта ба манбаи андоз муайян карда мешавад.

в) меъёри иќтисодї – њамчун таносуби андози пардохта нисбати тамоми даромад муайян карда мешавад.

3.Меъёри омехтаи андоз. Дар як маврид њам меъёри ќатъи ва њам меъёри фоизии андоз истифода карда мешавад.

Тарзу усули андозбандї – тартиби вобаста ба афзоиши манбаи андоз таѓийр ёфтани меъёри андоз мебошад. Чунин тарзу усули андозбанди љой дорад:

    1.Баробар. Барои њар андозсупоранда маблаѓи баробари андоз муќаррар карда мешавад. Ин усул ваъзи амволии андозсупорандаро бањисоб намегирад. Он ќонеъ гардониджани талаботи умумии андозсупорандагонро њамчун аъзоёни љаъмият бо љиду љањди умумии баробари онњо, бо воситаи љаиоварї кардани маблаѓи якхелаи андоз аз њар андозсупоранда пешбинї менамояд. Дар сурати андозбандии баробар бори вазнини андоз назар ба андозсупорандагони доро ба дўши андозсупорандагони нодортар меафтад. Ќодекси андози ЉТ ин навъи андозро пешбинї накардааст.

    2.Мутаносиб. Барои њар андозсупоранда на маблаѓи баробари андоз балки меъёри баробари андоз муќаррар карда мешавад. Меъёри андоз ба бузургии манбаъи андозбандї вобаста намебошад. Бо афзоиши манбаъи андозбандї мутаносибан маблаѓи андоз андозбандї гардидааст, ки таќсими баробари андозро дар бай     ни њамаи андозсупорандагон мувофиќи маблаѓу амволи њар кадомашон, ќудрати иќтисодї, ќобилияти пардохти андоз таъмин менамояд. Аксари андозњои имрўаи ЉТ(андози замин, андози соњибони воситаи наќлиёт ва ѓайра) андозбандии мутаносибанд.  

    3.Прогресивї (пешрафт). Дар баробари васеъ шудани манбаи андоз меъёри андоз меафзояд. Дар ин андозбанди манбаи андоз ба дараљањои андоз аз рўи меъёри алоњида андозбанди мегардад.

 4.Регресивї (пастравї). Дар баробари афзоиши манбаи андоз њаљму андозаи меъёри андоз кам мешавад.

 

8.Имтиёзњо дар бахши андоз.

 

Имтиёзњои дар бахши андоз  афзалиятњое,  ки   мутобиќи Кодекси андоз   ё шартномањои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, ки дорои муќаррароти вобаста  ба  андозбандї  мебошанд,  ба гурўњњои  алоњидаи андозсупорандагон  нисбат  ба  дигар андозсупорандагон фароњам оварда шудаанд,  аз љумла бе ягон таъсири манфи ба андозсупорандаи  имтиёздор додани  имконияти  напардохтан,  ё  дар  њаљми камтар,  ё дар мўњлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд.

Чунин навњои имтиёз аз андоз љой дорад:

1.Озод кардан аз андоз. Масалан, аз андозбанди аз фоидаи шахсони њуќуќї инњо озоданд:

     — ташкилотњои дини,  эњсонкори,  буљети, созмонњои байнињукумати ва байнидавлатии (байналмилалии) ѓайритиљорати, ба истиснои фоидае, ки онњо аз фаъолияти соњибкори мегиранд.  Њамзамон чунин ташкилотњо  бояд бањисобгирии  људогонаи  фаъолияти  асоси (фаъолияте,  ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соњибкориро пеш баранд;

     — маблаѓгузаронињои ройгон ва амволи ройгон, аъзоњаќќињо, хайрия ва грантњое, ки ташкилотњои љайритиљорати мегиранд;

     — Бонки миллии Тољикистон ва муассисањои он;

     — суди  сањмияњое  (дивидендњое),  ки корхонањои  резиденти  аз корхонањои резиденти мегиранд;

     — корхонањое, ки дар онњо дар як ваќт дар соли њисоботии андоз:

     а) на камтар аз 50%  шумораи кормандонро маъюбон ташкил медињанд, ва;

     б) на  камтар  аз  50%  маблаѓњои музди мењнат ва дигар таъминоти моддї, аз љумла натурали, барои эњтиёљоти маъюбон сарф карда шудааст;

     6) корхонањои наве,  ки дар соњаи истењсоли молњо таъсис меёбанд, дар соли баќайдгирии давлати ва аз соле,  ки баъди  соли  баќайдгирии ибтидоии  давлати  фаро  мерасад,  њангоми  аз љониби муассиси онњо бо назардошти  њаљмњои   њадди   аќали инвеститсияњои   муќаррарнамудаи ќонунгузори ба фонди оинномавии чунин корхонањо ворид намудани њаљмњои дар поён зикргардидаи инвеститсияњо ба мўњлати:

     — 2  сол,  агар њаљми инвеститсияњо баробари то 500 њазор доллари ИМА бошад;

     — 3  сол,  агар  њаїми инвеститсияњо баробари бештар аз 500 њазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;

     — 4 сол, агар њаїми инвеститсияњо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;

     — 5  сол,  агар  њаїми инвеститсияњо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад.  Њангоми њисоби мўњлати (давомнокии)  озодкуни  аз андоз  аз фоида (таътили андоз) мутобиќи њамин банд аз нав баќайдгирии корхона,  таѓйирёбии моликони корхона,  таѓйирот дар  шакли  ташкилию њуќуќи ва монанди ин дигар чунин таѓйирот ба инобат гирифта намешавад.

2.Таѓир додани мўњлати пардохти андоз. Таѓйир додани мўњлати пардохти андоз, љарима ва  фоизњо  (ба таъхир  гузоштан)  ин аз мўњлати мутобиќи Кодекси андоз муќаррарнамудаи пардохти андоз, љарима ва фоизњо, аз љумла пардохтњои љори, ба мўњлати нисбатан дертар гузарондани он ба њисоб меравад. Батаъхиргузори танњо нисбати он ўњдадорињои андоз  анљом  дода мешавад, ки мўњлати пардохташон расидааст. Батаъхиргузори метавонад доир ба як  ё якчанд  андоз  фароњам оварда шавад. Маблаѓи  андоз,  љарима  ва  фоизњое,  ки ба  таъхир  гузошта шудаанд,  то  рўзи  ба  охир  расидани  давраи батаъхиргузори  њамчун баќияпули ба  њисоб  намеравад  ва  нисбати  он тадбирњои  ситонидани маљбурии  андоз,  љарима  ва фоизњо,  ба истиснои њисоби фоиз,  татбиќ намегарданд. Батаъхиргузори  андозсупорандаро,  ба истиснои  њолатњои  дар бандњои 1 ва 2 ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ пешбинишуда, аз љавобгарии њисоби фоизњо  нисбати  маблаѓњои  ба  таъхир гузошташудаи андозњо то ба охир расидани давраи батаъхиргузори озод наменамояд. Батаъхиргузори   андозсупорандаро  аз иљрои  ўњдадорињои  дар мўњлатхои муќарраршуда пешнињод намудани  эъломия ва  дигар  њисоботи муќарраршуда ба маќомоти андоз нисбати андозњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, озод намекунад. Дар  давраи  батаъхиргузори љараёни мўњлатњои даъво,  ки Кодекси андоз муќаррар кардааст, ќатъ мегардад. Пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда аз моње, ки баъди моњи давраи батаъхиргузори фаро мерасад, оѓоз мегардад. Њамзамон  андозсупоранда  дар  баробари пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда ўњдадор аст  ба буљет  тамоми  маблаѓњои ўњдадорињои љории андозро пардозад. Њангоми пардохт ба буљет  маблаѓњои  барои иљрои  ўњдадорињои андоз  равонашуда  аввал  барои  пўшонидани ўњдадорињои љории андоз ва ќисми  боќимонда  барои  пўшонидани  ўњдадорињои андозњои  ба  таъхир гузошташуда истифода мешаванд. Батаъхиргузори метавонад ба шахсе фароњам оварда  шавад,  ки барои  он  манфиатдор  (шахси  манфиатдор) буда, аќаллан яке аз чунин асосњо мављуд бошад:

     а) дар  натиљаи офати табий,  садамаи технологи ва дигар њолатњои таъсири ќуввањои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;

     б) сари  ваќт  аз буљет маблаѓгузори нашудани ин шахс ё сари ваќт напардохтани маблаѓи фармоиши давлатї,  ки  аз љониби  ин  шахс  иљро шудааст;

     в) аз љониби  ин  шахс  гузаронидани  корњои илмию  тадќиќоти  ё таљрибавию конструктори;

     г) аз  љониби  ин  шахс  анљом  додани фаъолияти   љоринамои   ё инноватсиони,   аз   љумла   офаридани технологияњои  нав  ё  такмили технологияњои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав.

             Батаъхиргузории такрории пардохти андоз, љарима ва фоизњо бе пурра пўшонидани маблаѓњои андози ќаблан  ба таъхир  гузошташуда,  ба истиснои  њолатњои  мављудияти асосњои пешбининамудаи бандіои 1) ва 2) ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ, манъ аст. Ќарор дар хусуси батаъхиргузори оид ба андозњои  умумидавлати бо  пешнињоди  Вазорати  молияи  Љумњурии Тољикистон,  ки  бо  маќоми ваколатдори давлати ва Вазорати иќтисод ва савдои Љумњурии  Тољикистон мувофиќа  шудааст,  аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешавад. Ќарор  дар  хусуси  батаъхиргузори оид ба андозњои мањалли бо пешнињоди маќомоти дахлдори молия ва андози  шањр (ноњия)  аз  љониби раиси шањри (ноњияи) дахлдор ќабул карда мешавад.

3.Кам кардани меъёри андоз. Бо назардошти ќисми 7 моддаи 2 Кодекси андози ЉТ таѓйир додани меъёри андози пешбининамудаи Кодекси андоз метавонад бо роњи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси андоз ва  нисбати  андозњои  мањалли  бошад дар  асоси  ќарорњои Маљлисњои мањаллии вакилони халќи дахлдор анљом дода шавад.

 9.Љавобгарии њуќуќї барои  вайрон  намудани ќонунгузории андоз.

Љавобга рии  њуќуќї барои  вайрон  намудани ќонунгузории андоз ин тањти маљбурияти давлати иљро намудани ўњдадорињои андозбанди аз љониби њуќуќвайронкунанда мебошад. Њуќуќвайронкунии андоз — ин амали ё беамалии зиддиќонунии (хилофиќонунгузории андоз) шахси воќеї ё њуќуќие мебошад, ки содир  намудани он боиси љавобгарии муќаррарнамудаи ќонун мегардад. Ба ѓайр аз њолатњои пешбининамудаи ќонунгузори шахсро барои содир намудани њуќуќвайронкунии андоз дар њолатњои зайл ба љавобгари кашидан мумкин нест:

     -аз љониби андозсупоранда ё агенти андоз иљро намудани дастурњо ва тавзењоти хаттии маќоми андоз ё дигар  маќоми давлати,  ё  шахсони мансабдори онњо, ки дар доираи салоњияташон додаанд;

     -аз њисоб баровардани баќияпули  аз  дигар андозњо  аз  љисоби маблаѓњои барои њама гуна дигар андозњо барзиёд пардохтшуда,  аз љумла андозњои пардохтаи агенти андоз;

     -бартараф  намудани  њуќуќвайронкунии андоз  бо роњи пешнињоди эъломияи иловагии андоз мутобиќи ќисми 5 моддаи 73 Кодекси андоз.

      -агар дар субъекти хољагидори (андозсупорандаи)  навтаъсисёфта, ки  супорандаи  андоз буда,  бо низоми соддакардашуда андоз месупорад, њуќуќвайронкунии андоз дар рафти  аввалин  санљиши маљмў  ё  мавзўии андоз,  ки  пас  аз  30  моњи пурраи таќвимї аз рўзи ќайди давлатии он гузаронидашуда ошкор гардида бошад.

Љавобга рии  њуќуќї барои  вайрон  намудани ќонунгузории андоз ду намуд мебошад:

1.Љавобгари маъмурї.  Шахсони  воќеи  ва њуќуќи мутобиќи Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи њуќуќвайронкунињои маъмурї дар њолатњои зайл  ба  љавобгари кашида мешаванд:

     — сари ваќт пешнињод накардани эъломияи андоз;

     -кам нишон додани маблаѓи андозњо;

     -вайрон кардани ќоидањои пардохти андоз аз арзиши иловашуда;

     -монеъ шудан ба гузаронидани санљиши андоз;

     -вайрон кардани мўњлати ба бањисобгирии баќайдгири гузоштан дар маќомоти андоз;

     -зикр  накардан  ё  нодуруст  зикр  кардани раќами   мушаххаси андозсупоранда дар эъломияњои андоз ва гумрук њисобнома-фактурањо;

     -вайрон кардани тартиби нигоњ доштани андоз дар манбаи  пардохт ё нигоњ надоштани он;

     -кушодани суратњисобњои њисоббаробаркуни ва дигар  суратњисобњо (ба истиснои суратњисобњои амонатии (дипозитии) шахсони воќеи мутобиќи моддаи 76 Кодекси андози ЉТ)  ба  шахсони  воќеи  ва њуќуќи  бе  пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунандаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

     -вайрон кардани мўњлати огоњ намудани маќомоти  андози  мањали бањисобгирии баќайдгирии худ дар бораи аз љониби шахси воќеи ва њуќуќи кушодани суратњисобњои  њисоббаробаркуни  ва дигар  суратњисобњо  (ба истиснои  суратњисобњои  амонатии  (депозитии) шахсони воќеи мутобиќи моддаи 76 Кодекси андози ЉТ);

     -пешнињод  накардан  ё  сари  ваќт пешнињод  накардани санади муќоисавии њисоббаробаркунињои мутаќобила ба маќоми андоз;

     -иљро   накардан   ё   сари  ваќт  иљро накардани  фармоишњои инкассавии маќомоти андоз мутобиќи моддаи 97 Кодекси андози ЉТ,  ки  барои гузаронидан   мутобиќи   навбати   муќаррарнамудаи Кодекси  граждании Љумњурии  Тољикистон  аз  суратњисобњои  шахсони сеюм  —   дебиторњои андозсупоранда (аз љумла аз суратњисобњои худи андозсупоранда дар бонк ё дигар муассисаи молиявию кредити,  ки дар он ба њамин андозсупоранда хизматрасони  сурат мегирад) маблаѓњои пули ба њисоби пўшонидани ќарзи андози андозсупоранда;

     -ѓайриќонуни монеъ шудан ба даромадани шахси мансабдори маќоми андоз ба њудуди корхона ё бино;

      -риоя  накардани  тартиби соњиби, истифода ва (ё) ихтиёрдории амволе, ки маќоми андоз ба њабс гирифтааст;

     -вайрон   кардани   тартиби   истифодаи мошинањои  назоратию хазинавии дорои хотираи фискали;

     -ба маќоми андоз пешнињод накардани маълумоти зарури;

     -аз  тарафи  бонкњо  ва  дигар муассисањои  молпявию  кредити сариваќт  гузаронида  нашудани  маблаѓи  андозњо аз рўи супоришномањои пардохтаи андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотњо суратњисоб доранд.

           Барои њуќуќвайронкуни маъмури љазо дар намуди огоњи ва љарима тадбиќ мегардад. Агар   њуќуќвайронкунии   андоз   дар субъекти    хољагидори (андозсупорандаи)  навтаъсис,  ки  супорандаи андоз  буда,  бо низоми соддакардашуда андоз месупорад,  дар рафти аввалин санљиши  маљмўї  ё мавзўии  андоз,  ки  пас аз 30 моњи пурраи таќвимї аз рўзи баќайдгирии давлатии он  гузаронида  шудааст,  ошкор  шуда бошад,  нисбати  чунин андозсупоранда  танњо  огоњии  маъмурї татбиќ карда мешавад.  Њамзамон андозсупоранда  ўњдадор  аст   бо   дарназардошти њуќуќвайронкунињои ошкоргардидаи андоз, дар давоми 5 рўзи корї аз лањзаи додани ќарор дар бораи огоњии маъмурї  ба  маќоми  андоз  њисоботи андози  ислоњшударо пешнињод  намояд  ва  дар  давоми  30  рўзи таќвимї њуќуќвайронкунињои ошкоргардидаи андозро бартараф намояд,  аз љумла андозњо,  чаримањо ва фоизњои аз рўи онњо насупоридаро пардохт намояд

2.Љавобгари љиноятї. Шахсони воќеи барои   содир   намудани љиноятњои зайл  дар  соњаи ќонунгузории андоз мутобиќи Кодекси љиноятии Љумњурии  Тољикистон  ба љавобгари кашида мешаванд:

— саркаши аз пардохтњои гумрукї;

— саркаши  аз  супоридани  андозњо ва (ё) пардохтњо аз шахси њуќуќї;

— саркашии шахси воќеи аз пардохти  андоз. 

Барои содири љиноят љазо дар намуди љарима, корњои ислоњї ва ё мањрум сохтан аз озодї тадбиќ мегардад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст