Моњияти молиявї-њуќуќии андозњо дар Тољикистон
01 10 2017 admin Пока нет комментариев- Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат
- Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
- Навъњои андоз дар ЉТ
1. Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат
Барои фаъолияту мављудияти давлат маблаѓњои зарурї лозиманд. Мањз ба тауфайли маблаѓњои гирдовардаи давлат мавќеу ќувваи иќтисодиро соњиб мегардад. Одатан дар шароити кунунї маблаѓњои дар ихтиёри давлат мављудбуда аз њисоби чунин корњо ба даст оварда шудаанд:
— фаъолияти хољагидорї ва хусусигардонии амволи давлатї;
— гирдоварии маблаѓњо бо роњи ситонидани андозу бољгирї ва њар гуна инъомњову бозёфтњо.
Давлат дар иќтисодиёт мавќеи духеларо ба худ гирифта метавонад. Аз рўи ин нишона давлатњое дучор мешаванд, ки њиссаи афзалиятнок ва ё тамоили иќтисодиро ба зери тасарруфи худ мегиранд ва ё дар он ба монанди хољагињои људогона наќши маълумро соњиб мешаванд. Дар Иттињоди Шўравии собиќ зиёда аз 90% даромади миллии мамлакат бо воситаи сохторњои давлатї људо ва аз нав таќсим карда мешуданд. Дигар мамлакатњои собиќ сотсиалистї њам таи дањсолањои 60-80-уми садаи XX дар њамин дараља даромади миллиро гирд оварда, онро аз нав таќсим мекарданд. Аз рўи њамин нишона муњаќќиќон он мамлакатњоро давлатњои фармонфармоию тобеияти мутлаќ њисоб мекарданд.
Дар дањсолањои авали фаъолияти Иттињоди Шўравии собиќ, давлат тамоили Иќтидору захирањоро ба ихтиёри худ гирифта, сохтмонњои азиму сершуморро ба роњ монда ва барномањои азими коллективонии хољагии ќишлоќу индустрикунонии мамлакатро ба амал бароварда буд. Зери таъсири ин комёбињои намоён мамлакатњои дигари љањон њам солњои 30-50-ум боѓайратона ба иќтисод ворид шуданро пеш гирифта буданд. Вале, мутаасифона моликияти хусусї ба воситањои истењсолот барњам дода шуда, бинобар аз характери ѓайримолї гирифтани ќобилияти мењнатї имкониятњои фаъолияти озоди эљодї њам пахш карда шуда буд.
Ин њолати имконоти пешрафти иќтисодро бакуллї аз байн рабуда буд. Таљрибаи мамлакатњо нишон дод, ки фаъолияти соњибкории корхонањои давлатї дар њадду худи муайян самарабахш буда метавонад. Ва ин хислатро вай нигоњ намедорад. Бинобар он бо гузашти ваќт њадди давлатигардонии иќтисод њам бояд дигаргун шуда истад. Мањз њамон марому равиши давлатигардонии иќтисодро давлатњои европої бо муваффаќият амалї мекунад. Њиссаи бо ёрии сохторњои давлатї таќсимшавандаи даромади миллї дар ин мамлакатњо дар њудуди аз 10% то 40-50% мерасад.
Дар замони њозира яке аз роњњои таъмини дорои давлат, андозгирї аз ањолї ва ташкилотњои ќобилияти андозсупорї дошта мебошад. Бо њамин роњ давлат сиёсати таќсимотро њам татбиќ мекунад. Дар мамлакатњои тараќќикардаи љањон сиёсати таќисмоти давлат ба њамон нигаронда шудааст, ки даромадњои њадди аќал ва аксар бо њамдигар наздик карда шаванд. Бо њамин маќсад њадди аќали музди мењнат бо таври ќонунгузорї танзим менамоянд.
Мавриди муайян кардани меъёри андоз аз даромадњои шањрвандон ва низому меъёри афзояндаи андоз аз даромад ба роњ монда мешавад. Яъне аз музди паст андози камтар гирифта, баробари зиёдшавии даромад сатњи андоз баландтар таъйин карда мешавад. Ин гуна усуси њисобу рўёнидани андоз имкон медињад, ки даромади каму зиёд бо њамдигар наздик карда шуда, то андозае адолати иљтимої њамчун мањаки танзмгарї истифода бурда шавад.
Дар њолатњои људогона харољоти давлат афзуда, дар навбати худ талаб менамояд, ки меъёри андозњо зиёд карда шавад. Чунки як роњи асосии зиёд кардани даромади давлат афзоиши андоз ба шумор меравад. Одат давлат кўшиши зиёд кардани андоз аз ањолиро камтар истифода мебарад, чунки ин гуна сиёсат ва давлати пешгирифтаи он «писанди» халќ дониста намешавад. Бо маќсади њалли мушкилот зиёд кардани андози фоидаи шахсони њуќуќиро пеш мегиранд. Аммо амалан зиёд шудани андози фоида сатњи худи фоидаро паст гардонида, бо њамин роњ имкони зиёдшавии даромади давлатро барњам медињад. Бинобар он ин гуна сиёсати молиявї бояд мулоњизакорона пеш гирифта шавад.
Ќисми зиёди даромади ањолї ва ташкилотњо дар замони њозира дар сектори хусусии иќтисодиёт ба вуљуд меояд. Имконияти танзими давлатии ин гуна даромадњо (фоида) мањдуд буда, татбиќи амалияи бо роњи маъмурї ба даромади давлатї гузаронидани онњо бошад, мумкин нест.
Андозсупоранда танњо тавассути андозњои муќарраркардаи КА дар ташаккули даромади буљети давлатї иштирок менамоянд. Маблаѓи буљет бо њамин роњ љамъоварї шуда, барои фаъолияти давлат ва маќомоти он, њифзи тартиботи љамъиятї, молиякунонии соњањои иљтимої харљ мешавад.
2. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
Дар КАД (моддаи 5) муќаррар гардидааст, ки андоз пардохти муќаррарнамудаи ќонун ба буљети давлатї буда, дорои хусусияти њатмї ва инфиродии ѓайриэквивалентї мебошад. Аз рўи чунин мафњуми расмии универсалї, чунин аломатњои андозњо муайян ва тањлил кардан мумкин мебошад. Аввал, андоз пардохти пулї аст, ки андозсупоранда ба давлат месупорад. Ин хусусияти андоз ба давлат имконият медињад ба њадафњое, ки њангоми муќаррар кардани андозњо дар пеш мегузорад, яъне ба маќсади аз нав таќсим намудани маблаѓ рассад, ки бо ин восита вай молики захирањои иловагии пулї мегардад. Дар ин маврид андозпулї њамчун усули азнавтаќсимкунии маблаѓ хизмат мекунад. Дуввум, андоз пардохти њатмист, яъне дар худ табиати њокимияту тобеиятро дошта, онро давлат њамчун суверен яктарафа, беягон шартнома ё маслињати пешаки бо шањрвандон муќаррар менамояд. Сеюм, андоз дорои аломати инфиродии ѓайриэквивалентї мебошад. Яъне пардохти андоз давлатњоро њељ ўњдадор намекунад, ки ба манфиати инфиродии андозсупоранда амалеро иљро намояд. Дар ин муносибатњо принсипњои њуќуќи гражданї ва механизми ќаноатмандии мутаносиби шартномавї амал намекунад. Давлат аз њокимияти сиёсии худ истифода бурда, бањри таъмини молиякунонии буљетї пардохти андозро барои њамаи андозсупорандагон њатмї гардонда ва онро инфиродии ѓайриэквивалентї (беподош) эълон менамояд. Андозсупоранда маблаѓи андозро супурда, аз он ба таври доимї мањрум мемонад ва њаќ надорад, ки баргардонидани онро талаб намоед. Дар навбати худ давлат њам ўњдадор нест, ки маблаѓи дар шакли андоз гирифтаашро ба андозсупоранда баргардонида дињад.
Андоз пардохтест, ки ба буљети давлатї гузаронида шуда, даромади давлатро ташкил медињад. Вай пардохтест, ки дар рафти пардохти андозсупоранда аз моликияти супорандаи он ба моликияти давлат мубаддал мегардад. Дар ин маврид њуќуќи моликиятии шахси хусусии супорандаи андоз ќатъ гардида ба ин маблаѓ њуќуќи моликияти давлатї пайдо мешавад. Њуќуќи моликият пайдо кардани давлат ба маблаѓи андоз ба вай имконият медињад, ки маблаѓи ба буљет воридшударо бидуни кадом як мањдудият ва бо салоњияти худ ихтиёрдорї намояд.
Муќаррар ва ситонидани андоз њуќуќи мустаснои давлат аст. Њељ каси дигар њуќуќ надорад андозсупорандаро ўњдадор намояд, ки андоз супорад. Њељ касс њангоми муќаррар кардани андоз њуќуќи ба давлат таъсир расонданро надорад. Андоз дар асоси изњори яктарафаи давлат муќаррар карда мешавад. Њуќуќи муќаррар кардани андозњо ва муайян кардани тартиби ситонидани онњоро фаќат маќоми олии ќонунбарор ва маќомоти мањаллии намояндгаї доранд. Њуќуќи назорат карданро оид ба пурра ва сариваќт пардохтани андоз, инчунин њуќуќи маљбурсозии андозї ба маќомоти ваколатдори њокимияти иљроия ва судї дахл дошта, онњо амалан иљро шудани ирода давлатро њангоми гирифтани андоз таъмин менамоянд.
Андоз воситаи ба тартиб овардани муносибатњои андозсупору давлат буда, дорои функсияњои зерин мебошад: хазинавї, иљтимої, танзимсозї ва назоратї. Љињати хазинавии расидан ба маќсадњои андозситонї дар он аст, ки ќариб 70% даромади буљети давлат аз њисоби андозпулињо ѓанї гардонида мешавад. Моњияти иљтимої андоз аз ќисми 2 моддаи 1 Конститутсияи ЉТ бармеояд. Тибќи он «Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам». Бинобар ин яке аз маќсадњои љамъоварии андозњо ин таъмини маблѓгузории соњаи иљтимої буда, њар сол маблаѓгузории буљетии он зиёд карда мешавад. Албатта, њалли пурраи он аз сифати баланди даромаднокии буљети давлатї ЉТ вобастагї дорад.
Функсияњои танзимсозї тавсифи таъсиррасонии молиявї дорад, ки аз рўи он амнияти иќтисодии давлат таъмин карда мешавад. Ин функсия на танњо дар муќаррарсозии ўњдадорињо, балки дар њавасмандгардонии андозсупорандагоне, ки фаъолиятнок ба манфиатњои љамъиятї бештар наздик аст, дида мешавад. Чунин њолатро бештар дар имтиёзњои андоз, низоми содакардашудаи он дида мешавад.
Функсияи назоратї аз табиати андозбандї бармеояд. Бо он самаранокии низоми андоз, ќобилияти андозсупорандагон ва сифати иљроиши ўњдадорињои молиявї санљида мешавад.
Дар низоми андозї ЉТ (ќисми 1 моддаи 6 КА), дигар пардохтњои њатмї вуљуд доранд. Онњоро бољу хирољ мегўянд. Бољи давлатї – чунин пулситонии оммавї мебошад, ки аз ашхоси њуќуќї ва воќеии барои ин ё он амалиётро иљро кардани маќомоти ваколатдори давлатї ва барои соњиб гаштан ба њуљљатњои дорои ањамияти њуќуќї дошта ситонида мешавад.
Хирољи давлатї бошад – чунин пардохти пули оммавие мебошад, ки маќомоти давлатї барои њуќуќи иштирок кардан ё истифода бурдани объектњои муайян ситонида мешавад. Масалан, хирољ мумкин аст барои њуќуќ дар гаштан ба фаъолияти иљозатї ситонида шавад.
Бољу хирољ одатан он ањамияти молиявиро, ки хоси андозњост, надоранд. Бар хилофи андоз њангоми пардохти бољ ё хирољ њамеша њадафи махсус ё манофеи махсус љой дорад. Ба ин маънидодкунї бољу хирољ пардохтњои инфиродии амволианд.
Таъиноти бољ ё хирољ ситонидани давлат-ин пўшонидани як ќисми харољоти нигоњдории маќомоти салоњиятдор мебошад, ки вобаста ба фаъолияти он бољ гирифта мешавад. Онњо чунин пардохтњои камтарини пулие мебошанд, ки вобаста ба хизматрасонињои дорои хусусияти оммавї ситонида мешаванд.
Бољи давлатї якчанд намуд мешавад. Масалан, бољ барои иљрои амале, ки ба фоидаи бољсупоранда буда, ањамияти њуќуќї дорад (ќабули аризаи даъвогї, дигар њуљљатњо аз љониби суд, иљрои амалњои нотариалї, ба ќайдгирии асноди њолати шањрвандї ва ѓайра).
Бољи гумрукї аз љониби маќомоти гумрук барои ворид ва ё хориљ кардани мол ва ё воситањои наќлиётї аз марзи гумрукии ЉТ ситонида мешавад.
Бољи баќайдгирї њангоми ариза навишта мурољиат кардани шахс барои гирифтани патенти ихтироот, намунаи саноатї, ќолибњои лозима, њангоми аз ќайди давлати гузаронидани тамѓаи (нишони) моли ширкат ё њуќуќњои истисної ва ѓайра гирифта мешавад.
Бољи мањакгузорї барои муайян кардани металњои ќиматбањои таркиби маснуот ва гузоштани иёру мањак гирифта мешавад.
3. Навъњои андоз дар ЉТ
Андозњо аз рўи омилњои гуногун навъбандї карда мешаванд. Вобаста аз рўи сатњашон дар низоми худ, онњоро ба ду намуд КА дар моддаи 6 људо кардааст: андозњои умумидавлатї ва андозњои мањаллї. Ба андозњои умумидавлатї инњо дохил мешавад:
1) андози даромад аз шахсони воќеї (андоз аз даромади шахсони воќеї);
2) андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;
3) андоз аз арзиши иловашуда;
4) аксизњо;
5) андози иљтимої;
6) андози замин;
7) андоз аз истифодабарандагони ќаъри замин;
8) андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;
9) андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
10) андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї;
11) бољи гумрукї ва дигар пардохтњои гумрукї;
12) бољи давлатї;
13) андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
14) андози њадди аќал аз даромадњо;
15) андоз аз мањсулоти коркарди молњо;
16) роялти барои об; (ЌЉТ аз 26.03.09, № 493)
17) дигар пардохтњои њатмии умумиљумњуриявї.
Ба андозњои мањаллї инњо дохил мешаванд:
1) андоз аз амволи ѓайриманќул;
2) андоз аз соњибони воситањои наќлиёт;
3) андоз аз фурўши чакана;
4) дигар пардохтњои њатмии мањаллї.
Вобаста ба тарзи ситонидани андозњо, онњо ба ду намуд људо мешаванд:
— андози мустаќим;
— андози истеъмолотї (ѓайрмимустаќим).
Андози мустаќим дар рафти харидани неъматњои гуногуни моддї ва андози ѓайримустаќим дар рафти масраф гаштани онњо ситонида мешаванд. Меъёри чунин таќсимот имконияти ба зиммаи истеъмолкунандагон гузоштани андозњо мебошад. Ин тарз пешбинї менамояд, ки супорандаи охирони андозњои мустаќим касест, ки даромад мегирад. Масалан, андози даромади шахсони њуќуќї њангоми даромад дидан пардохта мешавад, андози соњибони воситањои наќлиётро моликон месупоранд. Инњо андозњои мустаќиманд.
Аксизњоро мисли андози арзиши иловашуда, ё андоз аз фурўши чакана дар нињояти кор истеъмокунандагони мол мепардозанд, чунки онњо њамчун нархи илова ба арзиши он њамроњ карда шудааст.
Њамин тавр, агар андозњои мустаќим бевосита аз даромад ё худ амволи андозсупоранда гирифта шавад, андозњои ѓайримустаќим дар шакли иловапулї нархи фурўши мол, кору хизматрасонї ситонида мешаванд.
Аз рўи субъекти андозбандишаванда, андозњо ба се намуд таќсим карда мешаванд:
- андозњо аз шахсони воќеї;
- андозњо аз шахсони њуќуќї;
- андозњои њамљавор.
Вобаста ба маќсадњои истифодабарии андозпулињо, андозњо боз ба ду намуд људо карда мешаванд:
- андозњои умумї;
- андозњои маќсаднок (масалан, андози иљтимої ё андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард).
Андозњоро ба андозњои таќсимшаванда ва миќдорї, вобаста ва танзимкунанда ва ѓайра људо кардан аст.
Њоло низоми андозњои таќсимшаванда хеле кам ба кор бурда мешавад. Онњо асосан дар андозбандии мањаллї истифода мегардад. Масалан, дар КА номгўи васеи пардохтњои њатмии мањаллї пешбинї шудааст. Бинобар ин, барои таъминоти камуналї Маљлисњои мањаллии вакилони халќ метавонанд дар асоси талаботњои мушаххас андози маќсаднок муќаррар намоянд.
Андозњои миќдорї бар акси андозњои таќсимшаванда на ба талаботи пўшонидани харољот, балки ба имконияти андозњоро пардохта тавонистани андозсупоранда асос ёфтаанд. Ин андозњо вазъи дороии амволии андозсупорандаро мустаќим ё ѓайримустаќим ба њисоб мегиранд.
Андозњои вобаста даромадњое мебошанд, ки ба муддати дароз пурра ё ќисман њамчун манбаи даромади ягон буљети мушаххас вобаста карда шудаанд. Чунончї, андозњои мањаллї ба буљетњои дахлдори мањаллї вобаста карда шудаанд.
Андозњои танзимкунанда њар сол бо маќсади талофи каср (дефисит) байни буљетњои дахлдор таќсим карда мешаванд. Мутобиќи КА њамаи андозњои умумидавлатї андозњои танзимкунандаанд. Маблаѓи ин андозњо байни буљетњои љумњурї ва мањаллї тавассути Ќонуни њар сол ќабулшаванда дар бораи буљети давлатї таќсим карда мешавад.
Ба андешаи И.И.Кучеров пардохтњои њатмие вуљуд доранд, ки онњоро квадиандоз номидан мумкин аст. Онњо аломатњои андозро надошта, вали характери њатмиро дар нисбати супорандаи муайян доранд. Масалан, парафискалитет. Чунин пардохти њатмї ба манфиати шахси њуќуќии њуќуќи амма ё хусусї, ки маќомоти њокимияти давлатї ва идоракунї нестанд. Мисоли он шуда метавонад хирољи њакамї, ки барои маблаѓгузории њаќќи корї њакамот, харољоти ташкил ва гузаронидани баррасии бањс ва ѓайра пардохта мешавад.
Ба номгўи квазиандозњо инчунин хирољњои патентгирї, суѓуртапулї ба бунёдњои давлатї ё хусусии суѓуртакунанда ва ѓайра дохил мешаванд.