Имтиёзњо дар бахши андоз ва низоми махсуси андозбандї.
01 10 2017 admin Пока нет комментариев
Накша:
Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
Паст кардани меъёри андоз
Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз
Ќарзи андоз.
Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.
Низоми соддакардашудаи андозбандї.
Минтаќањои озоди иќтисодї.
Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот.
1.Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
Њангоми муќаррар намудани андозњо бояд њамаи омилњои андозбандї, аз љумла: андозсупорандагон; объекти андозбандї; манбаи андоз; давраи андоз; тартиби њисоб кардани андоз; тартиб ва мўњлати пардохти андоз; дар њолатњои пешбининамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон имтиёзњои андоз ва асосњо барои ба даст овардани (истифодаи) онњо аз љониби андозсупоранда муайян карда шаванд (з.б.1.м.7 КА ЉТ). Аз ин муќаррарот бармеояд, ки зерфунксияи њавасмандгардонии ќонунгузори андоз пеш аз њама ин муќаррар кардани имтиёзњо дар мавриди андозбандї аст, ки бо роњи ба категорияи алоњидаи шахсони воќеї ва ташкилотњо фароњам овардани рељаи хуби андозбандї амали мегардад. Додани имтиёз яке аз усулњои баамалбарории сиёсати андозбандї буда, тибќи банди 9 ќисми 1 моддаи 37 КА ЉТ истифодабарии имтиёз аз андоз ба њайси яке аз њуќуќњои андозсупоранда муќаррар шудааст. Имтиёзњои андоз афзалиятњое, ки мутобиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ё шартномањои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, ки дорои муќаррароти вобаста ба андозбандї мебошанд, ба гурўњњои алоњидаи андозсупорандагон нисбат ба дигар андозсупорандагон фароњам оварда шудаанд, аз љумла бе ягон таъсири манфї ба андозсупорандаи имтиёздор додани имконияти напардохтан, ё дар њаљми камтар, ё дар мўњлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд(м. 14 КА ЉТ)(Оиди шартномањои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ба мавзўи 12 «Андозбандии байналмилалї» китоби мазкур нигаред). Дар баробари мафњуми муќарарнамудаи КА ЉТ дар адабиёти илмї чунин мафњум љой дорад- имтиёзњо дар бахши андоз гуфта ин ба категорияи алоњидаи андозсупорандагон додани бартарияти бо ќонунгузори андоз пешбинишударо меноманд, ки дар пурра озод намудан аз андоз ва ё пардохти он дар њаљми кам ё инки дар мўњлати дертар ифода меёбад. Аз имтиёз истифода бурдан ва ё истифода накардани он танњо ба иродаи андозсупоранда вобаста мебошад. Яъне ў метавонад аз имтиёз истифода барад, аз имтиёз пурра даст кашад ва ё истифодабарии имтиёзро дар як давра ё якчанд давраи њисоботи боздорад. Аммо дар њолати гузоштани маќсади истифода аз имтиёз андозсупоранда ўњдадор мегардад, ки њуќуки худро барои гирифтани имтиёз дар бахши андоз асоснок намояд ва онро исбот кунад. Њангоми мукаррар кардани имтиёзњо дар бахши андоз субъекти андозситон (маќомоти андоз) пеш аз њама бояд ба муќарарроти зайл таваљуњ намояд:
-риояи принсипи адолат њангоми таќсими маблаѓњои молиявї;
-бењтар намудан ва устувор гардонидани њолати молиявии категорияњои алоњидаи шахсони воќеї ва ташкилотњо;
-банизомоварии намудњои алоњидаи фаъолияти истехсолї;
-ташкили муњити хуби сармоягузорї дар давлат ва ё њудуди алоњидаи он.
Намудњои имтиёзњо дар бахши андоз вобаста ба асосњои гуногун тасниф мегардад:
1) Вобаста аз таѓийр ёфтани усулњои андоз ва хислати он:
— ихтисор намудан (изъятие);
-кам кардан;
— паст кардани меъёри андоз;
-таѓийр додани мўњлати супоридани андоз;
-реструктуризатсияи карзи андоз, љарима ва фозњо;
-озоднамои аз пардохти андоз.
Ихтисор намудан –як намуди имтиёз дар бахши андоз аст, ки ба андозсупоранда њуќуќ медињад, ки аз базаи андозбандї объектњои алоњидаи андозбандї ва ё ќисми онро барорад.
Кам кардан- ин додани њуќуќ ба андозсупоранда оид ба камнамои манбаи андозситонї аз маблаѓи муайяни вичотњо аст.
Паст кардани меъёри андоз – ин имконияти аз љониби андозсупоранда пардохти андоз аз рўи меъёри хурдтар нисбат ба ќоидаи умумии муќарраршуда аст.
Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз – имтиёзе, ки тибќи он ба андозсупоранда имконият дода мешавад, ки андозро дар мўњлати дертар супорад.
Реструктуризатсияи ќарзи андоз, љарима ва фозњо –ин додани имконият ба андозсупоранда оиди батаъхиргузорї (отсрочкаи) иљрои ўхдадори барои пардохти камомад, фоиз ва љарима хангоми вайрон намудани конунгузории андоз аст.
Озоднамои аз супоридани андоз – ин пурра ва ё ќисман даст кашидани субъекти андозситонанда аз талаби андозбандї нисбати категорияи алоњидаи андозсупорандагон дар мўњлати муайян ва ё бемўњлат аст. Имконияти озоднамои аз андозро дар мисоли андоз аз аксиз дида мебароем:
Аз супоридани аксиз инњо озод мебошанд:
— нўшокињои спиртдор, ки шахсони воќеї дар доираи номгўй ва меъёри муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон барои истеъмоли худї истењсол мекунанд;
— ворид намудани як литр нўшокии спиртї, як баста (200 дона) сигор аз тарафи шахси воќеї барои истеъмоли худї, инчунин сўзишвории автомобил мувофиќи ѓунљоиши зарфи сўзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Љумњурии Тољикистон тавассути автомобил ворид мешаванд;
— молњое, ки ба таври транзит тавассути ќаламрави Љумњурии Тољикистон кашонида мешаванд;
— воридоти муваќќатии молњо ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон, ба истиснои молњое, ки барои реэкспорт таъин шудаанд;
— воридоти молњои барои реэкспорт пешбинишуда, дар њолати таъминоти кафолати гарав тибќи тартиби пешбиникардаи ќонунгузории гумрукї;
— молњои зераксизї, ба ѓайр аз маснуоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кўмаки башардўстона ворид мешаванд, инчунин молњои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотњои эњсонкорї ба маќсади бартараф намудани оќибатњои офатњои табиї, садамањо, фалокатњо ва барои беподош додан ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон;
— содироти молњои зераксизї, агар чунин содирот љавобгўи талаботи муќаррарнамудаи моддаи 245 КА бошад.
Озодкунї аз аксиз, ки дар бандњои 3)-6) зикр шудааст, танњо дар њолатњое татбиќ мешавад, ки шартњои озодкунї аз бољи гумрукї њангоми низоми дахлдор мутобиќи ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон иљро шаванд. Дар ин њолатњо, агар барои маќсади ситонидани бољи гумрукї воридот тањти низоми баргардонидани бољи гумрукї ќарор гирад ё супоридани бољи гумрукї дар њолати вайрон намудани шарти озодкунї талаб карда шавад, њамин низом нисбати ситонидани аксиз татбиќ мегардад.
Аз муќаррароти овардашудаи моддаи 244 КА ЉТ ошкор гардид, ки воќеан имтиёзњо дар бахши андоз ин додани њуќуќ ба андозсупоранда бо шарти муайян аст.
2)вобаста ба муносибат ба манбаи анозбандї чунин намуди имтиёзњо чой дорад:
-ќарзи андоз;
-манбаи миќдори камтарини андозбандинашаванда;
-аз љамовари гирифтани унсурњои муайяни объекти андоз;
-вычет аз аклади андоз (пардохти андоз барои мўњлати њисоботї).
3) Вобаста ба мўњлати додани имтиёз:
— ба мўњлати муайян;
— бемўњлат.
Мисоли имтиёзи дар мўњлати муайян дода шаванда ин муќаррароти ќисми 6 моддаи 145 КА ЉТ аст, Ки тибќи он корхонањои наве, ки дар соњаи истењсоли молњо таъсис меёбанд, дар соли баќайдгирии давлатї ва аз соле, ки баъди соли баќайдгирии ибтидоии давлатї фаро мерасад, њангоми аз љониби муассиси онњо бо назардошти њаљмњои њадди аќали инвеститсияњои муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба фонди оинномавии чунин корхонањо ворид намудани њаљмњои дар поён зикргардидаи инвеститсияњо ба мўњлати:
— 2 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари то 500 њазор доллари ИМА бошад;
— 3 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 500 њазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;
— 4 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;
— 5 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад аз андоз аз фоида шахсони њуќуќї озод карда мешаванд.
Мисоли имтиёзи бемўњлат ин муќаррароти зербанди 1, 2, 3,4 ва 5 банди 1 моддаи 145 КА ЉТ аст, ки тибќи он аз андозбандї аз фоидаи шахсони њуќуќї инњо озоданд:
— ташкилотњои динї, эњсонкорї, буљетї, созмонњои байнињукуматї ва байнидавлатии (байналмилалии) ѓайритиљоратї, ба истиснои фоидае, ки онњо аз фаъолияти соњибкорї мегиранд. Њамзамон чунин ташкилотњо бояд бањисобгирии људогонаи фаъолияти асосї (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соњибкориро пеш баранд;
— маблаѓгузаронињои ройгон ва амволи ройгон, аъзоњаќќињо, хайрия ва грантњое, ки ташкилотњои ѓайритиљоратї мегиранд;
— Бонки миллии Тољикистон ва муассисањои он;
— суди сањмияњое (дивидендњое), ки корхонањои резидентї аз корхонањои резидентї мегиранд;
— корхонањое, ки дар онњо дар як ваќт дар соли њисоботии андоз:
а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медињанд, ва
б) на камтар аз 50% маблаѓњои музди мењнат ва дигар таъминоти моддї, аз љумла натуралї, барои эњтиёљоти маъюбон сарф карда шудааст.
Инчунин имтиёзњоро дар бахши андоз вобаста ба асосоњои мазкур низ тасниф менамоянд:
-вобаста ба муќарароти ќонунгузорї оид ба андоз ва пардохтњо;
— вобаста ба ќарори маќомоти босалоњият.
Барои гирифтани имтиёз нисбат ба таснифи аввал доштани асоси бо ќонунгузории андоз муќараршуда басанда аст. Барои гирифтани имтиёзи намуди дуюм ѓайр аз асоси конунгузори инчунин ќарори маќомоти босалоњият зарур мебошад.
Маќомоте, ки дар асоси муќарароти ќонунгузории амалкунанда њуќуќи додани имтиёз аз андозро доранд инњо мебошанд:
1) оид ба андозњои умумидавлатї бо пешнињоди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, ки бо маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, Њукумати Љумњурии Тољикистон;
2) оид ба андозњои мањаллї бо пешнињоди маќомоти дахлдори молия ва андози шањр (ноњия) аз љониби раиси шањри (ноњияи) дахлдор.
Аз муќаррароте, ки дар боло зикр намудем бармеояд, ки шахси манфиатдор барои гирифтани имтиёз аз андозњо умумидавлатї ба Вазорати молияи ЉТ ва барои гирифтани имтиёз аз андозњои мањалї ба маќомоти дахлдори молия ва андози шањр (ноњия)-шўъбаи молия ва шўъбаи нозироти андоз боа риза мурољиат менамояд. Ин маќомотњо аризаро омухта ба Њукумати ЉТ(оиди андозњои умумидавлатї) ва ё раиси шањр (ноњия) пешнињод менамоянд.
Дар баробари имтиёзњое, ки дар ќонунгузори андоз бевосита пешбинї шудааст маќомоти босалохияти давлатї метавонанд дар њудуди давлат ва ё ќисмати он рељаи имтиёзнок барои андозсупорандагон муќаррар намоянд. Ингуна минтаќа њамчун минтаќаи имтиёзнок ва ё оффшорї номида мешавад.
Доираи шахсоне, ки нисбати онњо муќаррароти амалкунандаи ќонунгузорї оиди асосњо, тартиб ва шартњои тадбиќ намудани имтиёзњо аз андоз пањн мегардад ин шањрвандон ва ташкилотњои мушахас набуда, балки катигорияи андозсупорандагоне, ки дорои нишонаи умумї барои гурўњи мушахас мебошанд (мисол, корхонахое, ки дар онњо дар як ваќт дар соли хисоботї андоз накамтар аз 50% шумораи кормандонаш маъюб мебошанд). Пешнињоди имтиёз набояд дорои хислати истисморї бошад. Ба андозсупоранда њангоми пардохти андози зиёдтар аз меъёри бо ќонун муќарраршуда маќомоти андоз набояд монеъ шавад. Гарчанде, ки дар моддаи 37 КА ЉТ тартиби дасткашидан аз имтиёз пешбини нагардидида бошад њам ингуна дасткашї бояд дар шакли аризаи хаттї ба маќомоти андоз ирсол шавад. Дасткашидан аз имтиёз дар њолате банљом мерасад, ки ариза аз љониби маќомоти андоз ќабул карда мешавад.
Барии истифодаи имиёз аз андоз анозсупорандаи манфиатдор ўњдадор аст, ки чунин расмиёти њуќуќиро риоя намояд. Шахсони њуќуќї, аз љумла воњидњои махсуси таъсиснамудаи онњо (филиалњо, намояндагињо, муассисањои доимї ва ѓайра) ва шањрвандон (минбаъд дар њамин модда — “андозсупоранда”, “андозсупорандагон”) бояд ба маќомоти андози мутаносибан дар мањали љойгиршавии шахси њуќуќї, мањали љойгиршавии воњидњои махсуси он, мањали зисти шахси воќеї, инчунин мањали љойгиршавии амволи ѓайриманќул ва воситањои наќлиёти андозбандишавандаи ба онњо тааллуќдошта тибќи тартиби муќаррарнамудаи КА ЉТ ариза пешнињод намояд. Њангоми пешнињоди ариза шахси њуќуќї њамзамон бо ариза нусхаи мувофиќи тартиби муќарраргардида тасдиќшудаи: шањодатномаи баќайдгирии давлатї, њуљљатњои таъсисї ва дигар њуљљатњоеро, ки мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъсис шудани шахси њуќуќиро тасдиќ мекунанд, пешнињод менамояд. Њангоми пешнињоди ариза шахси воќеї њамзамон бо ариза шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистонро (минбаъд – «шиноснома»), ки шахсияти андозсупорандаро тасдиќ мекунад, пешнињод менамояд. Ариза бояд дорои чунин маълумот бошад:
1) насаб, ном, номи падар;
2) санаи таваллуд;
3) љинс;
4) суроѓаи мањали зист;
5) маълумоти шиноснома (раќам, серия, рўзи супоридан, кї супоридааст);
6) шањрвандї.
Маќоми андоз ўњдадор аст дар мўњлати 10 рўзи таќвимї баъди пешнињоди тамоми њуљљатњои зарурї аризаро омўзад ва дар њамин мўњлат ба андозсупоранда љавоб гардонад. Баъд аз омўзиши ариза маќомоти онро омўхта ќарор дар бораи додани имитиёз аз андоз ва ё рад кардани он мебарорад.
Бояд ќайд кард, ки бо ќонунгузории андоз њолатњои истиснокунандаи додани имтиёз аз андоз муќаррар шудааст. Агар яке аз ин асосњо љой дошта бошад ба шахси манфиатдор додани имтиёз аз андоз рад карда мешавад:
1) оѓоз намудани парвандаи љиноятї нисбати шахси манфиатдор оид ба вайрон кардани ќонунгузории андоз;
2) гузаронидани истењсолот аз рўи парванда оид ба њуќуќвайронкунии андоз ва ё аз рўи парванда оид ба њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи андоз ва пардохтњо, парвандаи гумрукї вобаста ба супоридани аноз ва пардохтњо њангоми интиќоли мол ва воситаи наќлиёт аз сарњади гумрукии ЉТ;
3) мављуд будани асосњои кофї, Ки шахси манфиатдор, имтиёз аз андозро бо маќсади пўшонидани воситањои пулї ва ё дигар амволи андозбандишаванда истифода мебарад ё инки ин шахс барои истиќомати доимї берун аз њудуди ЉТ рафтанї аст;
Дар мавриди љой доштани асосњои зикршуда ќарор дар бораи рад кардан аз додани имтиёз бароварда мешавад. Агар ќарор дар бораи додани имтиёз бароварда шуда бошад он бекор карда мешавад. Оид ба бекор кардани ќарор дар мўњлати се рўз шахси манфиатдор ва маќомоти андози љои баќайдгирии ў огоњ карда мешаванд. Дар њолате, ки додани имтиёз рад карда мешавад шахси ба ин имтиёз манфиатдор њуќуќ дорад бо тартиби муќаррар намудаи бобби 11, моддањои 100-102 КА ЉТ аз болои ин ќарор шикоят намояд( пурратар нигаред ба мавзўи 18 китоби мазкур- бањсњои андоз ва танзими њуќуќии онњо).
Тартиби мушахастари тадбиќи ин њуќуќро да саволњои мибаъда тавсиф менамоем.
2.Паст кардани меъёри андоз
Як намуди имтиёз дар бахши андоз ин имтиёзе мебошад, ки имконияти кам кардани меъёри андозро аз манбаи муайяни андозбандї ва ё тарњи онро пешнињод мекунад. Мисоли паст кардани меъёри андоз ин моддаи 299 КА ЉТ аст, ки тибќи он меъёри андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард дар њаљми 2 фоизи манбаи андоз муќаррар карда мешавад. Аммо барои корхонањои савдо, мањсулоттайёркунї, таъминотию фурўш меъёри андоз дар њаљми 0,5 фоизи манбаи андоз муќаррар карда шудааст.
Намуди дигари паст кардани меъёри андоз ин тарњнамоињо аст. Дар бобби 19 моддањои 146-160 тарњо аз даромади умумї муќаррар шудааст. Њамчун мисол муќарароти моддањои 151,152, 154 ва 155 КА ЉТ-ро тањлил менамоем. Шахси њуќуќие, ки ба фаъолияти суѓуртавї машѓул аст, њуќуќ дорад тарњи њиссаљудокунињоро ба фондњои захиравии суѓуртавї мувофиќи тартиб ва меъёрњое, ки бо пешнињоди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва маќоми ваколатдори давлатї Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, анљом дињад. Тарњ нисбати харољот барои тадќиќоти илмї, корњои лоињакашї ва таљрибавию конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумї, ба истиснои харољот барои харидани воситањои асосї, васли онњо ва дигар харољоти дорои хусусияти асосї анљом дода мешавад. Асос барои тарњи ин харољот њуљљатњои лоињавию сметавї, санади корњои иљрошуда ва дигар њуљљатњои тасдиќкунанда оид ба анљом додани корњои дахлдори тадќиќоти илмї, лоињакашї ва таљрибавию конструкторї ба њисоб мераванд. Тарњи маблаѓ нисбати њар як гурўњ оид ба харољоти таъмири воситаи асосии шомили њамин гурўњ иљозат дода мешавад. Тарњи маблаѓ мувофиќи ќисми 1 моддаи 154 КА ЧТ доир ба харољоти таъмир дар њаљми воќеии маблаѓњои чунин таъмир, вале на бештар аз 10 фоизи баланси арзиши гурўњ дар охири соли андоз, иљозат дода мешавад. Маблаѓи воќеии харољоти таъмир зиёда аз 10 фоизи баланси арзиши гурўњ ба афзоиши баланси арзиши гурўњ дохил карда мешавад. Њангоми истењлоки суръатнок љињати муайян намудани харољоти нињої барои таъмир, ки тарњи он иљозат шудааст, андозаи баланси арзиши гурўњ тарзе муайян мегардад, ки агар воситањои асосї тањти истењлоки суръатнок ќарор нагирифта, истењлоки онњо дар асоси меъёрњои пешбининамудаи ќисми 3 моддаи 153 КА ЧТ сурат гирифта бошанд. Сањмњои суѓуртавї, ки суѓуртакунандагон дар асоси шартномањои суѓурта месупоранд, ба истиснои сањмњои суѓуртавї тибќи шартномањои дорои хусусияти љамъшаванда ва баргардонидашаванда, бояд тарњ карда шаванд (151,152, 154,155 КА ЧТ). Оид ба тањкунињо муќарароти моддаи 139 КА ЉТ мисоли мушахас аст. Шахси воќеї њуќуќ дорад барои њар моњи соли андозї дар њаљми як музди мењнати њадди аќали моњона маблаѓ тарњ намояд. Агар шахси воќеї корманд бошад, тарњи маблаѓ танњо нисбати музди мењнат дар љои кори асосиаш иљозат дода мешавад. Даромади шахси воќеї, ки дар як сол аз 12 музди мењнати њадди аќали моњона ё ба њисоби миёна аз як музди мењнати њадди аќали моњона барои як моњи таќвимї зиёд набошад, бо андоз аз даромад андозбандї намегардад. Шахсони воќеии зерин њуќуќ доранд барои њар моњи соли андозї дар њаљми 10 музди мењнати њадди аќали моњона тарњ намоянд:
1) Ќањрамонони Иттињоди Шўравї ва Ќањрамонони Тољикистон, шахсоне, ки бо њамаи се дараљаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, инчунин маъюбон аз давраи кўдакї ва маъюбони гурўњи 1 ва 2;
2) иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти њарбї доир ба муњофизати ИЉШС аз љумлаи хизматчиёни њарбие, ки дар ќисмњои њарбї, ситодњо ва муассисањои ба њайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиќ партизанњо, љанговарони интернатсионалист;
3) шањрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ, ки дар натиљаи оќибатњои садамањо дар объектњои атомї рух додааст; шахсони дар рафъи оќибатњои чунин садамањо дар доираи минтаќаи људокунї иштирокдошта; шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оќибатњои садамањо дар корњои баистифодабарї ё дигар корњо дар объектњои атомї иштирок намудаанд.
Шахси воќеї њуќуќ дорад андози иљтимоиро, ки мутобиќи боби 35 КА ЉТ анљом додааст, тарњ намояд. Шахси воќеї ба тарњи яке аз маблаѓњои нисбатан калонтари дар ќисмњои 1 ва 2 зикршуда њуќуќ дорад.
Даромади андозбандишаванда метавонад аз љониби андозсупоранда аз манбаи андоз кам карда гардад. Масалан,
— барои супоридани фоизи ќарз;
-тарњ ба маќсадњои хайриявї дар хаљми 5%-и даромади андозбандишаванда.
Дар њолати аввал камнамои ѓайрилимитї ва дар холати дуюм лимитї аст. Камнамои лимитї мањдудиятхоро барои манбаи андозбандии андозсупорандагон пешбинї менамояд.
3.Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз
Тибќи моддаи 90 КА ЉТ таѓйир додани мўњлати пардохти андоз, љарима ва фоизњо (ба таъхир гузоштан) ин аз мўњлати мутобиќи КА ЧТ муќаррарнамудаи пардохти андоз, љарима ва фоизњо, аз љумла пардохтњои љорї, ба мўњлати нисбатан дертар гузарондани он ба њисоб меравад. Батаъхиргузорї танњо нисбати он ўњдадорињои андоз анљом дода мешавад, ки мўњлати пардохташон расидааст. Батаъхиргузорї метавонад доир ба як ё якчанд андоз фароњам оварда шавад. Маблаѓи андоз, љарима ва фоизњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, то рўзи ба охир расидани давраи батаъхиргузорї њамчун баќияпулї ба њисоб намеравад ва нисбати он тадбирњои ситонидани маљбурии андоз, љарима ва фоизњо, ба истиснои њисоби фоиз, татбиќ намегарданд. Батаъхиргузорї андозсупорандаро, ба истиснои њолатњои дар натиљаи офати табиї, садамаи технологї ва дигар њолатњои таъсири ќуввањои рафънопазир ба ин шахс расидани зарар ва сари ваќт аз буљет маблаѓгузорї нашудани ин шахс ё сари ваќт напардохтани маблаѓи фармоиши давлатї, ки аз љониби ин шахс иљро шудааст пешбинигардида, аз љавобгарии њисоби фоизњо нисбати маблаѓњои ба таъхир гузошташудаи андозњо то ба охир расидани давраи батаъхиргузорї озод наменамояд. Батаъхиргузорї андозсупорандаро аз иљрои ўњдадорињои дар мўњлатњои муќарраршуда пешнињод намудани эъломия ва дигар њисоботи муќарраршуда ба маќомоти андоз нисбати андозњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, озод намекунад. Дар давраи батаъхиргузорї љараёни мўњлатњои даъво, ки КА муќаррар кардааст, ќатъ мегардад. Пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда аз моње, ки баъди моњи давраи батаъхиргузорї фаро мерасад, оѓоз мегардад. Њамзамон андозсупоранда дар баробари пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда ўњдадор аст ба буљет тамоми маблаѓњои ўњдадорињои љории андозро пардозад. Њангоми пардохт ба буљет маблаѓњои барои иљрои ўњдадорињои андоз равонашуда аввал барои пўшонидани ўњдадорињои љории андоз ва ќисми боќимонда барои пўшонидани ўњдадорињои андозњои ба таъхир гузошташуда истифода мешаванд.
Батаъхиргузорї метавонад ба шахсе фароњам оварда шавад, ки барои он манфиатдор (шахси манфиатдор) буда, аќаллан яке аз ин асосхоро доро аст:
1) дар натиљаи офати табиї, садамаи технологї ва дигар њолатњои таъсири ќуввањои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;
2) сари ваќт аз буљет маблаѓгузорї нашудани ин шахс ё сари ваќт напардохтани маблаѓи фармоиши давлатї, ки аз љониби ин шахс иљро шудааст;
3) аз љониби ин шахс гузаронидани корњои илмию тадќиќотї ё таљрибавию конструкторї;
4) аз љониби ин шахс анљом додани фаъолияти љоринамої ё инноватсионї, аз љумла офаридани технологияњои нав ё такмили технологияњои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав.
Батаъхиргузории такрории пардохти андоз, љарима ва фоизњо бе пурра пўшонидани маблаѓњои андози ќаблан ба таъхир гузошташуда, ба истиснои њолатњои мављудияти асосњои пешбининамудаи бандњои 1) ва 2) дар боло зикршуда, манъ аст.
Агар ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре пешбинї накарда бошад, ќоидањои пешбининамудаи њамин модда њамчунин њангоми ба таъхир гузоштани пардохти андоз, љарима ва фоизњо вобаста ба гузаштани молњо ва воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон татбиќ мегардад. Ќарор дар хусуси батаъхиргузорї оид ба андозњои умумидавлатї бо пешнињоди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, ки бо маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешавад. Ќарор дар хусуси батаъхиргузорї оид ба андозњои мањаллї бо пешнињоди маќомоти дахлдори молия ва андози шањр (ноњия) аз љониби раиси шањри (ноњияи) дахлдор ќабул карда мешавад. Бо назардошти талаботи њамин модда Низомномаи тартиб ва мўњлати (давомнокии) батаъхиргузории ўњдадории андоз аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.
4.Ќарзи андоз.
Аз рўи ќоидаи умуми андоз бояд дар мўњлати муайяннамудаи КА ЉТ(мўњлати прдохт) аз љониби андозсупоранда пардохт гардад. Мўњлати пардохти андоз санаи таќвимие мебошад, ки мутобиќи КА муайян шудааст ва то ё дар лањзаи фарорасии он маблаѓи њисобшудаи андоз бояд ба буљет супорида шавад, яъне ўњдадории андоз бояд иљро гардад. Мисол шахсони њуќуќї дар асоси маълумот оид ба амволи ѓайриманќул ба санаи 1 январи соли љорї мустаќилона маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќулро барои соли љории таќвимї тибќи тартиб ва шакли муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї њисоб карда, ба маќоми андози мањали љойгиршавии амволи ѓайриманќул њисоби дар боло зикршударо то 1 феврали соли љорї пешнињод менамоянд ва маблаѓи њисобшудаи андоз аз амволи ѓайриманќулро барои соли љории таќвимї на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблаѓи солона мепардозанд. Маблаѓи њисобшудаи андоз аз амволи ѓайриманќули шахсони воќеї барои соли љории андоз, ки дар огоњномаи маќоми андоз нишон дода шудааст, бояд ба буљет то 1 октябри соли љорї пардохта шавад. Агар бо ягон сабаб огоњнома дар бораи маблаѓи њисобшудаи андоз аз амволи ѓайриманќул ба шахси воќеї то 1 июли соли љорї расонда нашавад, чунин шахси воќеї ўњдадор аст мустаќилона дар ин бора ба маќоми андози мањали љойгиршавии амволи ѓайриманќул хабар дињад, то ки аз маќоми андоз огоњномаро дар бораи њисобкунии андоз гирифта, маблаѓи андозро то мўњлати 1 октябри соли љорї муќарраршуда пардозад. Шахсони воќеї пардохти љории андоз аз амволи ѓайриманќулро на дертар аз 1 феврал, 1 май ва 1 августи соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз ва 75 фоизи маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули њисобшуда барои соли гузашта ва на дертар аз 1 октябри соли љорї ба маблаѓи баробари фарќи байни маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули њисобшуда барои соли андози љорї ва маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули барои давраи гузаштаи соли љорї пардохташуда анљом медињанд. Дар мавриди баракс мутобиќи модддаи 92 КА ЉТ тадбирњои таъмини иљрои ўњдадорињои андози дар мўњлаташ иљронашуда тадбиќ мегардад( пурратар нигаред ба мавзўи 14 китоби мазкур-воситањои њуќуќии таъмини иљроиши дахлдори ўњдадории андоз). Яке аз ин тадбирњо муќаррар намудани ќарзи андоз њисобида мешавад.
Ќарзи андоз гуфта таѓийр додани мўњлати супоридани андозро аз љониби субъекти андозситон дар давомияти аз се моњ то се сол меноманд, ки њангоми бавуљуд омаданаи асосњое, ки дар ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ пешбинишуда, тадбиќ мегардад. Дар КА ЉТ мафњуми ќарзи андоз бевосита дода нашудааст, аммо муќарароти алоњида, ки додани ќарзи андозро иникос менамояд, љой дорад. Дар моддаи 160 КА ЉТ муќаррарот оиди ба давраи дигар гузаронидани зарар мављуд аст, ки тибќи он нисбати корхона барзиёдии тарњњои имконпазир нисбат ба даромади умумї (зарар аз фаъолияти соњибкорї) ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз њисоби фоидаи то андозбандишавандаи даврањои минбаъда пўшонида мешавад. Нисбати шахси воќеї бошад барзиёдии тарњњои имконпазир аз даромади умумї аз фаъолияте, ки мењнати кироя намебошад, нисбати чунин даромади умумї аз музди мењнати ин шахс тарњ шуда наметавонад, вале мумкин аст ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда барои пўшонидан аз њисоби даромади умумии даврањои минбаъда аз фаъолияте, ки мењнати кироя намебошад, гузаронида шавад.
Карзи андоз дар асоси аризаи андозсупоранда ба у барои як ва ё якчанд андоз дода мешавад. Тартиби пешниход ва баррасии аризаи ин шахс доир ба додани ќарзи андоз, ќабули карор оиди он, эътибор пайдо намудани он бо тартиби таѓийр додани мўњлати супоридани андоз монанд аст. Танхо дар карзи андоз як хусусияти хос чой дорад, ки он ба воситаи шартномаи карз барасмият дароварда мешавад. Ба ќарз фоиз зам карда мешавад. Ба истиснои њолатњои муќаррарнамудаи КА ЉТ, агар ягон маблаѓи андоз, аз љумла пардохтњои љорї, дар мўњлати муќарраргардида пардохт нашуда бошад, яъне њангоми мављуд будани пардохти кам (баќияпулї), андозсупоранда вазифадор аст фоизњои ин маблаѓи кам пардохтшударо (баќияпулиро) дар мўњлати аз санаи фаро расидани мўњлати пардохт то санаи пардохти маблаѓи кам супоридашуда (баќияпулї) пардозад. Фоизњо ба андозсупоранда пардохта намешаванд, агар баргардонидани маблаѓи изофагї дар мўњлати на бештар аз 30 рўз аз лањзаи аз љониби андозсупоранда додани ариза дар мавриди баргардонидани маблаѓњои зиёдатии пардохтшуда анљом дода шавад. Меъёри фоизњо мутобиќи њамин модда бо фоизњои оддї дар њаљми 150 фоизи меъёри азнавмаблаѓгузории (рефинансирование) Бонки миллии Тољикистон дар шакли меъёрњои азнавмаблаѓгузорињо ба њисоби миёнаи арифметикии барои њар як семоњаи љорї муайяншуда муќаррар карда мешавад. Дастуруламал дар бораи њисобкунии фоизњо оид ба пардохти баќияпулї ё изофапулї вобаста ба андозњо аз љониби маќоми ваколатдори давлатї бо мувофиќаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва Бонки миллии Тољикистон ќабул карда мешавад.
Асос барои бастани шартнома оид ба ќарзи андоз ин ќарори маќомоти босалоњият дар бораи ба шахси манфиатдор додани ќарзи андоз аст, ки дар давоми 10 рўзи пас аз ќабули он шартнома бояд баста шавад. Ин шартнома бояд дорои муќаррарот оид ба маблаѓи ќарз, фоизи он, хуљљатњо оид ба амволе, ки предмети гарав, инчунин масъулияти тарафњо бошад. Нусхаи шартномаи мазкур ба шахси манфиатдор (ќарздор) ва маќомоти андози љойи баќайдгирии он дар давоми 10 рўз аз лањзаи бастани шартнома фиристода мешавад. Амалии шартнома оиди ќарзи андоз бо созиши тарафњо ё ќарори суд пеш аз муњлат метавонад ќатъ карда шавад.
Як намуди ќарзи андоз ќарзи сармоягузории андоз мебошад. Ќарзи сармоягузории андоз ин чунин таѓийр додани мўњлати супоридани андоз аст, ки тибки он ба андозсупоранда имконияти дар давоми то се сол ва дар њачми муайян кам намудани пардохтњо аз андоз бо супоридани марњилаи пешбининамудаи ќарз ба замми фоизи он дар њолате, ки асосњои муайян љой дорад, дода мешавад. Ингуна ќарз метавонад танњо оид ба андоз аз даромади ташкилот, инчунин ба андозњои мањалї дода шавад. Ќарзи сармоягузори андоз метавонад хангоми мавчуд будани аќалан яке аз асосњои муќаррарнамудаи ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ пешнињод гардад. Ташкилоте, ќи ќарзи сармоягузори андоз мегирад њуќуќ дорад пардохтњои худро мутобиќи андози муайян дар мўњлати амали шартномаи ќарз кам намояд. Ин ќарз бо аризаи ташкилот дода мешавад. Тартиб ва шарти бастану ичроиши шартномаи ќарзи сармоягузори андоз , ќабули ќарори маќомоти андоз оид ба додани ќарз монанди карзи андоз аст.
Нисбат ба ќарзи андоз реструктризатсия тадбиќ мешавад. Ќонунгузори амалкунанда њолатхоеро муќаррар кардааст, ки тибќи он ба андозсупоранда имконияти батахиргузории супоридани ќарзи кридиторро оид ба андоз, пардохт, фоиз ва љарима барои њуќуќвайронкунї ба воситаи ресруктаризстсияи он дода мешавад. Супоридани ин ќарз бояд аз љониби андозсупоранда марњила ба марњила дар асоси ќарори маќомоти андоз амалї мешавад, ќи ба наќшаи тадбиќнамуда мувофиќ аст. Оиди пешнињоди њуќуќ ба рестуктаризатсияи ќарз оид ба пардотхои њатмии буљет ташкилот ба маќомоти ваколатдор ариза пешкаш менамояд. Ќарз мувофиќи тартиботи муќаррарнамудаи Њукумати ЉТ аз њисоб бароварда (реструктаризатсия) мешавад(моддаи 99 КА ЉТ).
5.Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.
Низоми махсуси андозбандї дар ЉТ гуфта ин тартиби махсуси бањисобгирї ва супоридани андозу пардохтњоро дар давраи муайян меноманд, ки бо тартиб ва њолатхои бо ќонунгузории андоз пешбинишуда тадбиќ мегардад. Аз руи ќоидаи умумї ин ба як андоз ивазнамудани маљмўи андозњои мављудбуда њисоб меёбад. Ѓайр аз асосоњои пешбурди бањисобгири муњосибавї, њисоботдињї ва супоридани андозњо, рељаи махсуси андоз- имтиёзњоро низ ба андозсупорандаи ин низом муќаррар менамояд. Дар ЉТ ба њайси низоми махсуси андозбандї ин низомњо баромад менамоянд:
1) Низоми андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї
2) Низоми андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад
3) Низоми андозбандии сохтмони нерўгоњњои барќи обї
4) Низоми андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд (андоз аз мањсулоти коркарди молњо)
5) Хусусияти андозбандии корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагии дузандагї) банд мебошанд
Дар Федерасияи Рассия дар тафовути низоми андозбандии ЉТ чунин намудхои низоми махсуси андозбанди љой дорад:
- Низоми соддакардашудаи андозбандии субъекти соњибкории хурд;
- Низоми андозбанди дар минтаќахои озоди иќтисодї;
- Низоми андозбанди дар њудуди маъмури ташкилёфтаи пўшида;
- Низоми андозбанди њангоми иљроиши созишнома оид ба таќсими мањсулот;
- Низоми андозбанди њангоми иљроиши шартномаи консесия.
Барои пурратар пайдо намудани тасавурот оид ба ин низомњои андоз баъзеи онро тавсиф менамоем.
А) Низоми андозбандии сохтмони нерўгоњњои барќи обї.
Дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї (минбаъд- «сохтмон») дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон Фармоишгари сохтмон ва Пудратчии генералии сохтмон аз пардохти андозњои зерин (аз лањзаи фаро расидани мўњлати пардохт), ки бевосита ба сохтмон алоќаманд мебошанд, озод карда мешаванд:
— андоз аз арзиши иловашуда;
— андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;
— андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;
— андози њадди аќал аз даромади корхонањо;
— андози замин;
— андоз аз соњибони воситањои наќлиёт;
— андоз аз амволи ѓайриманќул;
— андози иљтимої нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоњи барќи обї банд њастанд ва шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд;
— бољи давлатї барои ба ќайдгирии лоињањои эмиссияњои коѓазњои ќиматноки ѓайридавлатї, ки бинобар сохтмони нерўгоњи барќи обї амалї шудаанд.
Воридоти молњо барои сохтмони нерўгоњњои барќи обї, ки барои Љумњурии Тољикистон объекти махсусан муњим ба њисоб мераванд, бояд аз андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї бо тартиби муќаррарнамудаи банди 7 ќисми 4 моддаи 211 КА ЧТ ва банди 7 моддаи 345 Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон озод карда шаванд. Дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард, ки бояд бевосита нисбати сохтмони (вобаста ба сохтмони) нерўгоњи барќи обї њисоб карда шаванд, инчунин аз пардохти андози иљтимої нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоњи барќи обї банд њастанд ва шањрванди Љумњурии Тољикистон намебошанд, тањвилгарон ва пудратчиёни сохтмони дар боло зикргардида озод карда мешаванд. Њамзамон ба сифати тањвилгарон ва паймонкорони сохтмони нерўгоњи барќи обї шахсони њуќуќие, ки бевосита ба Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ё Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї бо ќарордодњое (шартномањое, созишномањое), ки тањвили молњо, иљрои корњо, хизматрасонињои ба сохтмони (дар сохтмони) нерўгоњи барќи обї пешбинї мекунанд, алоќаманд мебошанд, баррасї мегарданд.
Дар ин намуди низоми андозбанди бояд мукаррар карда шавад, ки:
-Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї бо пешнињоди Вазорати энергетикаи Љумњурии Тољикистон, мутобиќи дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќашуда, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд;
-давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї бо дархости Вазорати энергетикаи Љумњурии Тољикистон, ки дар якљоягї бо Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї тањия шудааст ва мутобиќи дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад;
-муомилоти (амалиёти, ќарордоди, шартномаи, созишномаи) ба сохтмони нерўгоњи барќи обї алоќаманд муомилоте (амалиёте, ќарордоде, шартномае, созишномае) эътироф карда мешавад, ки аз љониби Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї тасдиќ шудааст;
-озодкунї аз пардохти андозњо аз рўи муомилотњои (амалиётњои, ќарордодњои, шартномањои, созишномањои) ба сохтмони нерўгоњи барќи обї алоќаманд, ки дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї баста шуда ва бояд то анљоми давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї анљом ёбанд, пешнињод карда мешавад.
Б) Хусусияти андозбандии корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагини дузандагї) банд мебошанд.
Воридоти молњо бевосита барои зарурати худи корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагини дўзандагї) банд мебошанд (минбаъд-«корхонањои азнавтаъсисёфта»), аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Дар њолати аз љониби корхонањои азнавтаъсисёфта тањвил додани молњои воридшуда ба бозори дохилии Љумњурии Тољикистон, чунин амалиётњо бо бољи гумрукї, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозњо бо тартиби умумии муќаррарнамудаи Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон ва Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андозбандї карда мешаванд. Содироти молњое, ки корхонањои азнавтаъсисёфта истењсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Корхонањои азнавтаъсисёфта аз андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо, андоз аз амволи ѓайриманќул ва андози замин озод мешаванд. Дар мавриди дар корхонањои азнавтаъсисёфта ба миён омадани ўњдадорињои андоз аз рўи дигар андозњо чунин ўњдадорињои андоз бояд мутобиќи Кодексњои андоз ва гумруки Љумњурии Тољикистон иљро карда шаванд. Имтиёзњои андоз аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо, андоз аз амволи ѓайриманќул ва андози замин бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ба мўњлати то 12 сол аз 1 январи соли ба ќайди давлатї гирифтани корхонањои азнавтаъсисёфта дода мешавад. Агар корхонаи азнавтаъсисёфта дар давоми 24 моњи пурраи таќвимї пас аз ба кор даровардани силсилаи пештараи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої ба таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурўъ накарда бошад, имтиёзњои андози њамин модда пешбининамуда амали худро ќатъ менамоянд ва маблаѓи имтиёзњои андози корхонањои азнавтаъсисёфта аз лањзаи ба ќайди давлатї гирифта шуданаш то лањзаи ќатъ гардидани ин имтиёзњо бояд аз рўи меъёрњое, ки дар давраи гирифтани имтиёзњои андоз амал мекарданд њисоб карда шавад ва ба њисоби буљет рўёнида шавад. Њамзамон таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард бояд дар мўњлати бо њисобњои техникию иќтисодї ва таљрибаи байналмилалї асоснокшуда амалї карда шавад. Дар хусуси оѓози кор тибќи њар силсила ва ба кор андохтани њар як силсилаи коркард корхонаи азнавтаъсисёфта барои бањисобгирии махсус (алоњида) бо маќсади гирифтани имтиёзњои њамин модда муќаррарнамуда ба маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ба таври хаттї ахборот медињад. Барои гирифтани имтиёзњои дар њамин модда пешбинигардида корхонањои азнавтаъсисёфта баъд аз баќайдгирии давлатї тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї дар маќомоти адлия бояд дар маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон бо тартиби муќаррарнамудаи ин маќомоти давлатї ба ќайди махсус ( алоњида) гирифта шаванд. Агар њамин модда муќаррароти дигар пешбинї накарда бошад, нисбати корхонањои азнавтаъсисёфта њамаи муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амал мекунад.
В) Андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд (андоз аз мањсулоти коркарди молњо).
Супорандагони андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд, шахсоне мебошанд, ки аз Љумњурии Тољикистон мањсулоти коркардро мебароранд. Объекти андозбандї арзиши мањсулоти коркард мебошад. Барои муайян кардани манбаи андоз арзиши бозории мањсулоти коркарди баровардашаванда, ки дар асоси нархњои дар санаи баровардани мањсулоти коркард њисоб карда шудааст, ќабул карда мешавад. Њукумати Љумњурии Тољикистон номгўи мањсулоти коркардро, ки бояд бо андози мазкур андозбандї шаванд, инчунин номгўи мањсулоти коркардро, ки нархњои онњо барои њисоб кардани манбаи андоз дар биржаи дахлдори байналмилалї (минтаќавї) муќаррар карда мешаванд, муайян менамояд. Меъёрњои андоз аз мањсулоти коркард аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон бо фоиз аз арзиши мањсулоти коркард ё бо маблаѓи устувор барои воњид (бо ифодаи аслї) муайян карда мешавад.
Тартиби њисобкунї ва мўњлати пардохти ин андоз чунин аст:
— Маблаѓи андози аз мањсулоти коркард пардохтшавандаро андозсупорандагон мустаќилона дар асоси арзиши мањсулоти коркард дар санаи баровардани мањсулоти коркард аз њудуди Љумњурии Тољикистон ва инчунин меъёри андоз њисоб менамоянд.
— Шахсоне, ки коркарди мањсулоти ба Љумњурии Тољикистон тањти низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї воридшавандаро анљом медињанд, ба сифати агенти андоз дар бобати сари ваќт ва пурра њисобкунї ва пардохти андоз аз мањсулоти коркард амал менамоянд.
— Андоз то баровардани мањсулоти коркард аз њудуди Љумњурии Тољикистон пардохта мешавад.
— Маќомоти гумрук дар асоси тасдиќномаи маќомоти дахлдори андоз барасмиятдарории гумрукии баровардани мањсулоти коркардро аз њудуди ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон анљом медињанд.
— Њангоми дар рўзи баровардани мањсулоти коркард дар андозсупоранда мављуд набудани нархи биржавї андоз дар асоси маълумоти мављуда оид ба нархи биржавии мањсулоти коркард дар санаи наздиктарини рўзи баровардан њисоб карда мешавад. Маблаѓи андоз аз љониби андозсупоранда њангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи биржавии мањсулоти коркард дар санаи баровардан аниќ карда мешавад.
— Давраи њисоботї оид ба пардохти андоз аз мањсулоти коркард моњи таќвимї мебошад. Эъломия оид ба маблаѓи пардохтшудаи андоз аз мањсулоти коркард ба маќомоти дахлдори андоз то санаи 15-уми моњи баъди давраи њисоботї пешнињод карда мешавад.
-Назорати сари ваќт ва пурра ба буљет воридшавии маблаѓи андоз аз мањсулоти коркардро маќомоти андоз анљом медињад.
6.Низоми соддакардашудаи андозбандї.
А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
Фасли 13 боби 41 моддањои 302-305 КА ЉТ ба андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад бахшида шудааст. Тибќи моддаи 302 КА ЉТ супорандагони андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, корхонањое мебошанд, ки даромади умумии онњо дар оѓози соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз њадди 3-каратаи муќаррарнамудаи КА ЧТ барои маќсадњои баќайдгирї ба сифати супорандаи ААИ яъне 144 сомонї зиёд намебошад(ќ. 1. м. 202 КА ЉТ), ба истиснои чунин корхонањое, ки ба истењсоли молњои зераксизї, тањвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ќарордошта, онњое, ки истифодабарандагони ќаъри замин, дорои воњидњои махсус мебошанд, муассисањои суѓуртакунї, фондњои инвеститсионї, иштирокчиёни касбии бозори коѓазњои ќиматнок, ташкилотњои кредитї. Объекти андозбанди ин низоми соддакардашуда даромади умумии дар давраи њисоботї бадастомада мебошад. Даромади умумї дар асоси усули хазинавї чун маблаѓи фурўш, ки аз тањвили молњо (кору хизмат), нархи фурўши амволи дар давраи њисоботї тањвилшуда ва даромадњои ѓайрифурўшї дар доираи фаъолияти соњибкорї бо тарњи маблаѓи ААИ ва андоз аз фурўши чакана њисоб карда мешавад. Даромади умумї бояд дар асоси њуљљатњои даромад, ки тибќи тартиби муќарраршуда ба расмият дароварда шудаанд, тасдиќ гардад. Корхонањое, ки тибќи низоми соддакардашуда андозбандї мегарданд, супорандагони андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї ва андози њадди аќал аз даромади корхонањо, инчунин андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард намебошанд. Андозсупорандагони дар боло зикрёфта доир ба андоз аз даромад нисбати кормандон агентњои андоз ва доир ба андози иљтимої бошад, — њамзамон андозсупорандагон ва агентњои андоз ба њисоб мераванд. Супорандагони андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, бањисобгирии оддии даромад, харољот ва њисоботро бо усули соддакардашуда, тибќи тартиби бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатї муайяннамудаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон пеш мебаранд.
Имтиёзњои пешбининамудаи моддаи 145 КА ЉТ ба андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, татбиќ мегардад.
Меъёри андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад дар њаљми 4 фоизи объекти андозбандї муќаррар карда мешавад.
Тартиби истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандї чунин мебошад:
— Давраи андоз (њисоботї) барои корхонањо њангоми истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандї семоња мебошад.
— Корхона ба маќоми андоз дар мўњлати то рўзи 15-уми моњи минбаъдаи давраи њисоботии андоз эъломияро оид ба маблаѓи пардохтшавандаи андоз пешнињод менамояд ва дар њамин мўњлат андози дахлдорро мепардозад.
— Супорандаи андозе, ки дар моддаи 302 КА ЧТ зикр шудааст, њуќуќ дорад ба низоми умумии андозбандї гузарад. Чунин гузариш танњо аз 1 январи њар сол амалї шуда метавонад. Дар ин њолат андозсупоранда бояд маќоми андозро, ки дар он ба ќайд гирифта шудааст, дар бораи гузаштан ба низоми умумии андозбандї то 15 январи соле, ки дар он чунин гузариш амалї мегардад, огоњ намояд.
Андозсупорандае, ки ба низоми умумии андозбандї гузаштааст, метавонад гузариши баръаксро барои пардохти андоз тибќи боби мазкур дар мўњлати на пештар аз гузаштани 2 соли таќвимї аз лањзаи гузариши охирин ба низоми умумии андозбандї анљом дињад.
Б. Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї.
Муќарррароти фасли 14 боби 42 моддањои 306-310 КА ЉТ ба андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзи бахшида шудааст. Супорандагони андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї (минбаъд – «андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї») шахсони њуќуќї ва хољагињои дењќонї (фермерї), ширкатњои хољагидорї ва (ё) кооперативњои истењсолии дар заминаи онњо таъсисёфта мебошанд, ки барои онњо замин воситаи асосии истењсолот (минбаъд – «истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї») ба њисоб мераванд. Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї танњо ба њамон ќисми фаъолияти истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї татбиќ мегардад, ки ба истењсол ва тањвили мањсулоти кишоварзї (фаъолияти кишоварзї) алоќаманд аст. Њангоми анљом додани фаъолияти дигари ѓайрикишоварзї нисбати чунин фаъолият истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї бояд тибќи тартиби умумии муќаррарнамудаи КА ЧТ андозбандї карда шаванд ва оид ба даромад ва харољоти фаъолияти кишоварзї ва ѓайрикишоварзї њисоби алоњидаро пеш мебаранд. Дар айни замон арзиши мањсулоти кишоварзии рўёндаи истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї, ки худаш ба сифати ашёи хом барои коркарди минбаъда истифода мебарад, дар асоси нархи бозории чунин мањсулоти кишоварзї муайян карда мешавад.
Объекти андозбандии андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї масоњати замини истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї мебошад. Маблаѓи андози ягона аз натиљањои фаъолияти хољагии истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї вобаста намебошад, ба истиснои њолатњое рух додани офатњои табиї ё садама ва дар шакли пардохтњои устувор барои воњиди масоњати замин ба њисоби як сол муќаррар карда мешаванд. Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар ќисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандї мегарданд (фаъолияти кишоварзї), аз пардохти андозњои зерин озод карда мешаванд:
— андоз аз арзиши иловашуда оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;
— андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;
— андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;
— андози њадди аќал аз даромади корхонањо;
— андози замин;
— андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда супорида мешавад.
Маблаѓи андози ягона њамчун њосили зарби масоњати ќитъаи замини истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї ба меъёрњои муќарраршудаи андози ягона муайян карда мешавад. Даромади вобаста ба фаъолияти кишоварзї бадастовардаи аъзои хољагии дењќонии (фермерии) бе шахси њуќуќї таъсисёфта, ки бояд бо андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї андозбандї шавад, аз андози даромад озод карда мешавад. Аъзои хољагии дењќонї (фермерї), ки шахси њуќуќї намебошад, бояд суѓуртаи иљтимої кардашуда, ба буљет аз даромад ки мутобиќи ќисми 5 моддаи 307 КА ЧТ аз андоз аз даромад озод карда шудааст, тибќи тартиб ва на камтар аз њаљми барои соњибкорони инфиродї муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки дар асоси патенти харида кор мекунанд, мутобиќи ќисми 2 моддаи 260 ва ќисми 2 моддаи 262 КА ЉТ андози иљтимої супорад. Њамзамон андози иљтимої аз љониби чунин истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї дар мўњлати барои пардохти андози ягона муќаррарнамудаи моддаи 310 КА ЧТ супорида мешавад. Њангоми рух додани офатњои табиї ё садама бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њудуди муайян ё барои андозсупорандагони муайян мумкин аст кам карда шавад.
Меъёрњои андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њаљмњои зерин муќаррар карда шаванд:
а) доир ба заминњои кишти обї ва дарахтзорњои бисёрсолаи обї дар њаљми чоркаратаи меъёри андози замин, ки моддаи 267 КА пешбинї намудааст;
б) доир ба заминњои дигар дар њаљми меъёри андози замин, ки моддаи 267 КА пешбинї намудааст.
Доир ба заминњои кишти обї, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њаљми нисфи меъёри дар ќисми 1 моддаи 308 КА ЉТ зикр шудааст муќаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоњати заминњое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз љониби андозсупоранда ба маќоми андози мањали ќайд то 1 июни соли њисоботї (андоз) пешнињод карда мешавад.
Тартиби пешнињод кардани њисоби андоз аз љониби субъекти андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї чунин аст:
— Истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї то 1 марти соли љорї ба маќоми андози мањали љойгиршавии (бањисобгирии, баќайдгирии) худ њисоби маблаѓи андози ягонаи соли љорї ва њисоби маблаѓи андози иљтимоиро барои соли љорї тибќи шакл ва тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї пешнињод менамояд.
— Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї, ки фаъолияташон аз доираи андозбандии андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї берун аст (яъне фаъолияте, ки аз доираи истењсол ва тањвили мањсулоти кишоварзї берун аст), ба маќоми андози мањали љойгиршавии (бањисобгирии, баќайдгирии) худ њисоботи андозро тибќи шакл, тартиб ва мўњлати мутобиќи муќаррароти њамин Кодекс муќарраршуда пешнињод менамоянд. Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї, ки фаъолияташон танњо бо андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї андозбандї мешавад, њисоботи андози дар боло зикршударо пешнињод намекунанд.
— Истењсолкунандагони пахта њисоби аниќи маблаѓи андози ягонаи соли љории барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї муайяншударо ба маќоми дахлдори андоз то 1 июни соли љорї пешнињод мекунанд. Њамзамон пардохти маблаѓи андоз, ки барои 15 июн њисоб шудааст, бо назардошти тасњењи пардохти маблаѓи андоз барои 15 марти соли љорї анљом дода мешавад.
Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї барои соли андози љорї на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 10 фоиз, 25 фоиз, 45 фоиз ва 100 фоизи маблаѓи солона супорида мешавад.
7.Минтаќањои озоди иќтисодї.
Њолати њуќуќии минтаќањои озоди иќтисодї тибќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисоди дар Љумхурии Тољикистон» аз 17 майи соли 2004 № 24 муќаррар мешавад.
Минтаќањои озоди иќтисодї – ќисми алоњидаи (маљњдуди) ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар њудуди он на фаќат низоми махсуси гумрукию андозї, балки тартиби соддакардашудаи рафтуомади ѓайрирезидентњо ва меъёрњои имтиёзноки истифодаи захирањои табиї амал мекунад
Маќсади тасиси минтаќахои озоди иќтисодї дар Љумхурии Тољикистон ин:
— ба љомеаи иќтисодии љањонї самараноктар љалб намудани иќтисодиёти Љумњурї ва минтаќањои алоњидаи он;
— таъмин намудани шароити мусоид барои љалби инвеститсияњои хориљї, технология ва таљрибаи идоракунї;
— рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар заминаи њамгироии инвеститсияњои хориљї бо воситањои пулию моддии корхона ва ташкилотњои ватанї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтаанд;
— ташкил намудани инфраструктураи истењсолї ва иљтимоии њозиразамон;
— ѓани гардонидани бозори дохили бо мањсулот ва молњои таъиноти истеъмолї ва истењсолї;
— бењдошти шуѓл ва баланд бардоштани сатњи зиндагии ахолї аст.
Дар ќаламрави Љумхурии Тољикистон мумкин аст шаклњои гуногуни функсионалии минтаќањои озоди иќтисодї ташкил карда шаванд. Шакли функсионалии минтаќањои озоди иќтисодї мувофиќи маќсади таъсиси онњо ва самти фаъолияти инвеститсионї дар минтаќаи озоди иќтисодї муайян карда мешавад. Дар минтаќањои озоди иктисодї метавонад фаъолияти истењсолї, илмию технологи, воридоти, содироти, савдо, сайёњию истироњатї, инвеститсионї, биржавї, суѓуртавї, бонкї ва намудњои дигари фаъолият, ки конунгузории Љумњурии Тољикистон пешбини намудааст, инкишоф ёбад.
Минтаќањои озоди иќтисоди метавонанд фарогири вазифахое бошанд, ки онњо хоси якчанд шаклњои функсионалии минтаќањои озоди иќтисодиянд. Сарњади њудудии минтаќахои озоди иќтисодиро Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумхурии Тољикистон тасдиќ мекунад.
Минтаќахои озоди иќтисоди бо ќарори Њукумати Љумхурии Тољикистон мувофиќи барномаи давлатии таъсису инкишофи минтаќахои озоди иќтисоди дар ќаламрави Љумхурии Тољикистон ва Ќонун «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии ТОљикистон» таъсис ва барњам дода мешавад.
Субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї субъектњои фаъолияти соњибкорие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию њуќуќияшон тибќи тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон дар минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият мекунанд, инчунин филиалњои шахсони њукукии хориљие низ мебошанд, ки дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисоди мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз тарафи маъмурияти минтаќаи озоди иќтисоди ба ќайд гирифта шудаанд. Баќайдгирии давлатии субъектњо дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї мутобики ќонунгузории Чумњурии Тољикистон сурат мегирад. Баќайдгирии њисобии филиалњо ва намояндагињои онњо аз љониби маъмурияти минтаќаи озоди иќтисоди бо тартиби муайяннамудаи Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодї амали мегардад. Дар њудуди минтаќањои озоди иќтисодї вазифаи идоракуниро маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодї, ки онро роњбар сарварї мекунад, иљро менамояд. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтаќањои озоди иктисодї дар Низомнома оид ба минтаќаи озоди иктисодї муайян карда мешавад. Роњбари маъмурияти минтаќаи озоди иктисодї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодї дорои чунин салоњият аст:
— базаи иттилоотию тањлилии дурнамои инкишофи самараноки минтаќаи озоди иќтисодиро ташкил мекунад;
— барномањоро оид ба рушди минтаќаи озоди иќтисодї тањия ва амалї намуда, онњоро такмил медињад;
— манфиатњои истењсолкунандагону истеъмолкунандагонро њимоя мекунад;
— ягонаги ва фаъолияти пурсамари минтаќаи озоди иќтисодиро таъмин менамояд;
— барои љалб намудани инвеститсияњои ватанию хориљи ва дигар захирањо шароити мусоид фароњам меоварад;
— риояи низоми њуќуќии минтаќаи озоди иќтисодиро назорат мекунад ва барои ворид намудани таѓйироти зарурї ба ин низом ба Њукумати Љумњурии Тољикистон таклифњо пешнињод менамояд;
— дигар ваколатњои аз тарафи конунхои Љумњурии Тољикистон пешбинишударо, ки барои тезонидани рушди самараноки муносибатњои бозоргонї равона гардидаанд, амалї менамояд.
Иљрои санадњои маъмурияти минтаќаи озоди иктисодї, ки дар доираи салоњияти он ќабул гардидаанд, дар ќаламрави минтаќа барои тамоми шахсони воќеи ва њуќуќи, ки мувофиќи тартиби муќарраршуда ба ќайд гирифта шудаанд, њатмї мебошад.
Минтаќањои озоди иќтисодї вобаста ба хусусиятњои хоси худ аз дигар минтаќањо фарќ карда мешаванд, ки аз низоми хуќуќи дар минтаќањои озоди иктисодї, низоми махсуси гумрукї, танзими молиявї ва асъорї, имтиёзњои андозбанди, танзими муносибатњои мехнатї, буљети мустаќил, маблаѓгузори барои таъсис, нигоњдорї ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї ва ѓайра бармеояд. Дар минтаќањои озоди иќтисодї низоми махсуси гумрукїи, молиявию асъорї ва андозбандї, тартиби соддашудаи воридшавї, иќомат ва хориљшавии резидентњо ва ѓайрирезидентњо, ки бо Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодї муайян шудаанд, инчунин дигар низомњое, ки ба љалб намудани сармоя, њавасмандкунии инкишофи соњибкорї ва рушди иљтимоию иќтисодии минтаќањои озоди иќтисодї нигаронида шудаанд, муќаррар карда мешаванд. Барои таъмин намудани низоми зикргардида аз љониби маќомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муќарраршуда дар чунин минтаќањо воњидњои сохтории хадамоти гумрукї ва андоз таъсис дода мешаванд. Дар минтаќаи озоди иќтисодї низоми махсуси гумрукї амал мекунад, ки инњоро пешбини менамояд:
— пурра ё ќисман озод намудан аз бољи гумрукї њангоми ворид кардани молњо ба минтаќаи озоди иктисодї;
— тартиби соддакардашудаи интиќоли борњо ва воситањои наќлиёт аз сарњади минтаќаи озоди иќтисодї;
— бекор намудани тадбирњои сиёсати ѓайритарифї.
Барои њисоббаробаркунињо дар минтаќаи озоди иќтисодї асъори миллии Љумњурии Тољикистон ва асъори мубодилашавандаи давлатњои хориљи бо тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тољикистон истифода карда мешавад. Хусусиятхои махсуси танзими молиявї ва асъори дар њудуди минтаќаи озоди иќтисоди мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амали карда мешаванд.
Шахсони воќеї ва њуќуќие, ки бо тартиби муќарраршуда дар ќаламрави минтаќањои озоди иќтисодї ба ќайд гирифта шудаанд, мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон дар давраи фаъолияташон дар минтаќаи озоди иќисодї аз андозњо ќисман ё пурра озод карда мешаванд. Барои фоида ва даромадњои субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї, ки дар љараёни фаъолияташон дар минтаќаи озоди иќтисоди ба даст овардаанд ва ба соњањои истењсолии дигар минтаќањои Љумњурии Тољикистон равона гардидаанд, имтиёзњои андозбандии пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нигоњ дошта мешаванд.Муносибатњои мехнатї дар минтаќаи озоди иќтисодї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, шартномањои коллективї ва шартномањои инфиродии мењнатї танзим карда мешаванд. Шартномањои мехнатии коллективию инфиродї набояд шароити кормандони корхонаю ташкилотњои минтаќаи озоди иќтисодиро нисбат ба шароитњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон эътироф намудааст, бад созанд.
Минтаќаи озоди иќтисоди буљети мустаќили худро доранд. Ин буљет аз њисоби даромадњои худи ва дигар пардохтњо, ки аз љониби Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар ва аз тарафи шахсони воќеию њуќуќии дар ќаламрави он баќайдгирифташуда пардохт карда мешаванд, ташкил меёбад. Буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї бо маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи молияи давлатї мувофиќа карда мешавад. Маблаѓггузорї барои таъсис, нигоњдорї ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї, аз љумла инфраструктураи истењсолї, наќлиётї ва ѓайра аз њисоби буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї амали карда мешавад. Дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї Хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иќтисодї бунёд карда мешавад, ки идоракунии он аз тарафи Шўрои хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иќтисодї амали гардонида мешавад. Манбаъњои таъсисдиќию нигоњдории Хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иктисодї ва сохтору ваколатњои Шўрои он аз тарафи Њукумати Љумхурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд. Њаљми маоши роњбарони маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодиро Њукукмати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.
Минтаќањои озоди иќтисоди дар њолатњои зерин метавонанд барњам дода шаванд:
— гузаштани мўњлати амалиёти минтаќаи озоди иќтисодї, ки Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодїи муќаррар кардааст;
— набудани пешнињоди асосноки маќомоти воњиди марзию маъмурї, ки дар ќаламрави он минтаќањои озоди иќтисоди таъсис дода шудааст, оид ба дароз кардани мўњлати мазкур њангоми фаъолияти бобарори минтаќањои озоди иќтисодї;
— ба манфиатњои амнияти давлат, аз љумла амнияти иќтисодию экологї номувофиќ будани фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї;
— пешнињоди мањќомоти њокимияти иљроия ё маќоми воњиди марзию маъмурї, ки дар ќаламрави он минтаќахои озоди иќтисодї љойгир шудааст.
Дар њолатњои дигар барњам додани минтаќахои озоди иктисодї манъ аст. Дар мавриди барњам додани минтаќахои озоди иќтисодї субъектњои фаъолияти соњибкорї, ки дар минтаќањои мазкур ба ќайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, аз њуќуќ ва ўхдадории худ , ки Ќонун «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» пешбини менамояд, мањрум мегарданд. Барњам додани минтаќањои озоди иќтисодї ба ягон оќибати њуќуќї љихати фаъолият барњамдињии шахсони њуќуќї ва филиалњои шахсони њуќуќии хориљї оварда намерасонад ва онњо дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодии пештара фаъолият мекунанд ё тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барњам дода мешаванд.
А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).
Минтаќаи дорои андозбандии имтиёзнок ин њудуде аст, ки дорои сатњи пастари андозбандї нисбат ба дигар њудудњо мебошад. Минтаќаи зикршуда минтаќаи имтиёзноки андозбандї, юридиксияи андозбандї ва ё оффшорї номида мешавад. Дар айни њол дар тамоми љахон 60 минтаќаи анозбандї имтиёзнок ва 3 миллион ташкилотњои оффшорї баќайд гирифта шудааст. Ба сифати ин минтаќањо давлат ва ё њудуди алоњидаи он дохил мегардад ба монанди Гонконг, Ирландия, Панама, Кипр, љазирањои бегон, Белиз, Бармуд, Бритони, Виргинии, Гибралтар, ва ѓайра. Мисол дар Кипр аз 20 њазор ташкилотњои бакайдгирифташуда њарсол 200 милион долари ИМА ба буљети давлат ворид менамоянд. Оид ба минтаќањои дорои андозбанди имтиёзнок дар КА ЉТ моддаи мушахас љой дорад. Тибќи моддаи 168 КА ЉТ агар резидент мустаќим ё ѓайримустаќим дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавї ё зиёда аз 10 фоизи сањмияњо бо њуќуќи овози корхонаи хориљї бошад, ки вай дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, як ќисми чунин даромад, ки ба резидент тааллуќ дорад, ба даромади (фоидаи) андозбандишавандаи вай (резидент) дохил карда мешавад. Давлати хориљї њангоме давлати дорои андозбандии имтиёзнок њисобида мешавад, ки агар меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри мувофиќи КА муќарраршуда 30 фоиз кам бошад ё ќонунњое дошта бошад, ки дар бораи махфї нигоњ доштани маълумоти молиявї ё маълумот дар бораи ширкатњо, ки барои нигоњ доштани сирри соњиби воќеии амвол ё даромадгиранда (фоидагиранда) имконият медињанд, вуљуд дошта бошанд. Сиёсати андозбанди ин минтаќахо чунин аст, ки таъмини маблаѓгузори инистутњои умуми пеш аз њама аз њисоби љалби сармоягузории иловагии њоричї дар њудуди худ, инчунин љамнамои пардохтњои баќайдгирии њарсола аз ташкилотњои ѓайрирезидаентї ташкил меёбад.
Асосан чунин намудњои юридиксияи андозбандї вобаста ба типашон бо назардошти нишонањои зерин таќсим мешавад:
-даромад пурра андозбандї намешавад;
-андозбанди намуди муайяни фаъолият ва корхонањо озод карда мешавад;
-андозбандии намудњои фаъолияти алоњидаи соњибкорї дар асоси паст кардани маблаѓи андоз амалї мегардад;
-андозбанди имтиёзнок танњо бо ташкилотњои шакли ташкили њуќуќии хос пањн мегардад, масалан, нисбати холдингњо;
-андозбанди имтиёзнок танњо нисбати ташкилоти ѓайриризидентї пешбини шудааст;
-даромади берун аз њудуди ин минтаќа бадастомада андозбандї намешавад.
1) Ташкилотхои милли- резидент буда дар фаъолияти худ мањдуд намегардад аммо ба онњо ўхдадории андоз пурра пањн мегардад.
2) Ташкилоти Милли бо њолати махсуси андозбандї- нисбати он манукињои алоњида њангоми нисбати онњо пањнгардидани имтиёзњои андоз љой дорад. Њолати махсуси андоз дар ваќти баќайдгирї ва баъд аз он бадастоварда мешавад. Аз лањзаи баќайдгири њолати махсуси андозро ин ташкилотњо бадаст меоранд:
— Ташкилоти байналхалќии корї(делавая).
— ташкилоти оффшорї.
— ташкилоти байналхалкї.
Ба сифати ташкилотхое, ки њолати махсуси андозро баъд аз баќайдгирї бадаст меоранд, шартан ташкилоти имтиёзнок номбурда мешаван, ки аз андоз аз фоидаи шахси њуќуќї озод мегарданд.
8.Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот.
Бо маќсади инкишофи истифодабарии сарватњои зеризаминї, муќаррар намудани асосњои њуќуќии бавуљудоии муносибатњо дар раванди сармоягузории ватанї ва хориљї, барои кофтуков, тадќиќ ва дарёфти ашёи хоми менералї дар худуди ЉТ аз љумла дар њудуди махсус минтаќаи озоди иќтисодїи созишнома оид ба таќсими мањсулот(СТМ) баста мешавад. Созишномаи таќсими мањсулот чунин муоњидае мебошад, ки мутобиќи он Љумњурии Тољикистон њуќуќи истиснои кофтуков, тадќиќ ва дарёфти ашёи хоми менераллиро дар минтаќаи сарвати зеризаминї љойгиршуда ба тарафи дигар, ки корњои зикршударо аз њисоб ва тавакали худ амали менамояд, медињад. Ингуна созиш њамагуна шарту шароитро оиди истифодабарии сарвати зеризаминї аз љумла тартиб ва шарти таќсими мањсулоти истењсолшударо байн тарафњо дарбар мегирад. Дар КА ЉТ мафњуми СТМ пешбини нагардидааст аммо маќсад ва шартњое, ин созишнома доро аст дар ќарордод оид ба истифоди ќаъри замин иникос шудааст. Низоми андоз, ки барои истифодабарандаи ќаъри замин муќаррар карда мешавад, танњо дар ќарордод оид ба истифодаи ќаъри замин (минбаъд–«ќарордод»), ки тибќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон байни истифодабарандаи ќаъри замин ва маќоми салоњиятдори ваколатдорнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд – «маќоми салоњиятдор») имзо шудааст, муайян карда мешавад. Низоми андозе, ки дар ќарордод муќаррар карда мешавад, бояд ба талаботи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон дар санаи бастани (имзо намудани) ќарордод мувофиќат намояд. Масъалањои вобаста ба супоридани андозњо ва пардохтњои махсусро ба иљозатномањо ва дигар асноде, ки бо истифодаи ќаъри замин алоќаманд мебошанд, њамроњ кардан манъ аст, ба истиснои ќарордодњо оид ба истифодаи ќаъри замин. Дар мавриде, ки истифодаи ќаъри заминро бо як ќарордод якчанд андозсупорандагон амалї менамоянд, низоми андози дар ќарордод муќарраршуда барои њамаашон ягона мебошад. Дар баробари ин фаъолияти якчанд андозсупорандае, ки дар доираи чунин ќарордод иљро мешавад, барои маќсади андозбандї њамчун андозсупорандаи ягона њисоб ёфта, онњо ўњдадор мебошанд бањисобгирии ягонаи муштаракро пеш баранд, њамаи андозњо ва маблаѓњои махсуси дар ќарордод мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон муќарраршударо супоранд.
Истифодабарандагони ќаъри замине, ки дар асоси зиёда аз як ќарордод фаъолият мекунанд, даромад ва харољотро дар доираи ќарордодњои гуногун барои муайян намудани андозњо ва пардохтњои махсус наметавонанд якљоя намоянд. Доир ба њар як ќарордод бояд бањисобгирии алоњидаи даромадњо ва харољот, инчунин бањисобгирии алоњидаи андозњо ва пардохтњои махсус пеш бурда шавад. Муќаррароти ќисми 5 модда 274 КА ЉТ дар њолатњое, ки истифодабарандагони ќаъри замин дар асоси зиёда аз як ќарордод фаъолият мекунанд ва њамаи ин ќарордодњо ба истихрољи канданињои фоиданоки умумимаъмулї ва (ё) обњои зеризаминї баста шудаанд, татбиќ намегардад, ба шарте агар њамаи чунин ќарордодњо истихрољи дигар намуди канданињои фоиданокро дар бар нагиранд. Истифодабарандаи ќаъри замин ўњдадор аст бањисобгирии алоњидаро барои њисоби ўњдадорињои андоз мутобиќи низоми андозе, ки ќарордод пешбинї намудааст ва њисоб намудани ўњдадорињои андоз оид ба фаъолияти аз доираи чунин ќарордод берунро (бо истифодаи ќаъри замин алоќаманд набуда) амалї намояд. Муќаррароти ќисми 7 моддаи 274 КА ЉТ дар хусуси бањисобгирии алоњида дар њолатњое, ки истифодабарандагони ќаъри замин дар баробари фаъолият тибќи ќарордоди истихрољи канданињои фоиданоки умумимаъмулї ва (ё) обњои зеризаминї, фаъолиятеро анљом медињанд, ки аз доираи чунин ќарордодњо берун аст (новобаста бо истифодаи ќаъри замин), татбиќ намегардад. Њангоми бо маќсади соњибкорї коркард намудани канданињои фоиданоки њамрадифи дар ќарордод пешбининашуда истифодабарандаи ќаъри замин доир ба онњо мувофиќи муќаррароти боби 39 КА ЉТ роялтї месупорад(моддаи 274 КА ЉТ). Андозбанди дар њолати мављуд будани ќарордод оид ба истифодаи ќаъри замин(минбад СТМ) мувофиќи фасли 11 бобњои 37-39, моддањои 272-295 КА ЉТ баамал бароварда мешавад.
СТМ тарафахои зайл дорад:
1) ЉТ- Њукумати ЉТ, маќомоти њокимияти иљроияи љои воќеъ гардидани сарвати зеризаминї ва ё маќомоти дигари аз љониби онхо ваколатдоркардашуда;
2) Сармоягузор-шахрвандони ЉТ, шањрвандони хориљї, шахсони њуќуќї, ва иттињодияи шахсони њуќуќї, ки дар асоси шартномаи фаъолияти якљоя бе тасиси шахси њуќуќїи ташкил ёфта, воситањои худ ва ё воситањои дигарри бадастовардаро барои кофтуков, тадќиќ ва дарёфтнамои ашёи хоми менералї ва истифодабарии сарвати зеризаминї гузоштааст.
Дар соњаи танзими муносибатњо оид ба истифодаи сарватњои зеризаминї масъалањои зерин дар ихтиёри Њукумати Љумхурии Тољикистон мебошанд:
1) тањияю татбиќи барномањои давлатии истифода, барќарорсози вусъати минбаъда ва сифатан бењтар намудани базаи ашёи хоми минералии Љумњурї;
2) муќаррар намудани тартиби истифодаю њифзи сарватњои зеризаминї, тањияи стандартњои (меъёру ќоидањои) мувофиќ;
3) ихтиёрдорї ва идора кардани фонди давлатии сарватњои зеризаминї, аз љумла якљоя бо маќомоти њокимияти давлатии ВАБК, вилоятњо шањру ноњияњо ихтиёрдори ва идора кардани фонди маъданњои фоиданоки маъмулї;
4) муайян намудани номгўи маъданњои фоиданоки маъмулї, инчунин номгўи маводи коллексионї ва маъданњои фоиданок, ки барои заршуии косибї иљозат дода шудааст;
5) додани литсензия (иљозатнома) барои истифодаи сарватњои зеризаминї ва коркарди ашёи хоми минералї;
6) муќаррар намудани њиссаву андозаи истихрољ, коркард ва фурўши ашёи хоми минералии дорои ањамияти давлатї барои корхонањо;
7) муќаррар намудани тартиби љалбкунии маблаѓњои хориљї, додани литсензия ва консессияњо ба шахсони њуќуќии хориљї ва шањрвандон барои љустуљў, инкишоф, истихрољ ва коркарди ашьёи хоми минералї инчунин истифодаи сарватхои зеризаминї ба маќсадњои дигар ва назорат ба риояи он;
8) таъсиси системаи ягонаи фонди давлатии ахбори геологї дар бораи сарватњои зеризаминї, истифодабарии ахбори аз њисоби маблаѓи давлати бадастомада;
9) назорати давлатии истифодаи самараноку њифзи сарватњои зеризаминї, инчунин муќаррар намудани тартиби татбиќи он;
10) тартиб додани баланси давлатии захирањои маъданњои фоиданок, бањисобгирии давлатии ќитъањои сарватњои зеризаминие, ки барои истихрољи маъданњои фоиданок ва сохтмони иншоотњои зеризаминии ба истихрољи маъданњои фоиданок дахлнадошта истифода мешавад, баќайдгирии давлатии корњои омeзиши геологї ва истифодабарии сарватњои зеризаминї аз љониби корхонаю ташкилотњо сарфи назар аз шакли моликияташон;
11) экспертизаи давлатии ахбор оид ба маъданњои фоиданоки кашфшуда, хусусиятњои дигари сарватњои зеризаминие, ки ќимати онхоро муайян мекунанд;
12) љори намудани мањдудияти истифодабарии сарватњои зеризаминї дар китъањои људогона ба маќсади таъмин намудани амнияти миллї ва њифзи муњити зист;
13) муайян кардани сиёсати давлатїи амали намудани њамкории байналхалќи дар соњаи истифода ва муњофизати сарватњои зеризаминї;
14) тасдиќ намудани меъёрњои пардохт барои истифодаи сарватњои зерзаминї;
15) ќатъи њуќуќи истифодаи сарватњои зеризаминї дар сурати вайронкунии талаботи ќонун;
16) мутобиќати корњои тадќиќоти илмї ва таљрибавию конструкторие, ки ба истифодаи сарватњои зеризаминї алоќаманданд;
17) њимояи њуќуќи истифодабарандагони сарватњои зеризаминї ва манфиати шахрвандони Љумњурии Тољикистон;
18) њалли бањсњо дар бобати истифодаи сарватњои зеризаминї дар байни ВАБК, вилоятњо, шањру ноњияњои тобеи Љумњурии Тољикистон;
19) экспертизаи давлатии лоињањои истифодабарии сарватњои зеризаминие, ки дар асоси шартномањои мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон басташуда ба истифодабарандагони хориљии сарватњои зеризаминї дода мешаванд;
20) танзими масоили дигари истифодаи сарватњои зеризаминї дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон.
Њукумати Љумњурии Тољикистон ваколатњои људогонаро барои танзими муносибатњои оид ба истифодаи сарватњои зеризаминї ба маќомоти њокимияти давлатии ВАБК, вилоятњо, шањру ноњияњо ва маќомоти давлатии Љумњури дода метавонад.
Номгўи минтаќањои манбаи сарватњои зеризаминї, њуќуќи ба истифодабари додани он бо шарти таќсими мањсулот бо ќонуни ЉТ «Дар бораи сарватњои зеризаминї» аз 20 июли соли 1994 №984 муќаррар шудааст. Нисбати ањдњое, ки бо сармоягузорони хориљи баста мешавад ќонуни ЉТ «Дар бораи консесияњо» аз 15 май соли 1997 № 430 тадбиќ мегардад. Њолати њуќуќии сармоягузорони ватаниро оиди бастани СТМ ќонун «Дар бораи сармоягузорї дар Љумњурии Тољикистон» муќаррар менамояд.
Сарватхои зеризаминии Љумхурии Тољикистон пурра моликияти давлатї буда, ба моликони зерин дода мешавад:
-ба маќомоти муайяни давлатї бо роњи ба онњо додани њуќуќи моликї;
-ба истифодабарандагони сарватњои зеризаминї бо роњи интиќоли њуќуќи истифодаи бемўњлат ё таќсими њуќуќи истифодаи мўњлатноки сарватњои зеризаминї.
Дар Љумњурии Тољикистон сарватњои зеризаминї моликияти хусуси шуда наметавонад. Хариду фурўш, тўњфакунї, ба гарав мондани ќитъањои манбаи сарватњои зеризаминї ё ивазкунии худсаронаи онхо манъ аст. Аъмоле, ки руирост ё пинњонї боиси вайроншавии њуќуќи моликияти давлат ба сарватњои зеризаминї мегардад, манъ аст.
Сарватњои зеризаминї барои маќсадњои зайл мавриди истифода ќарор мегиранд:
1) омўзиши геологї;
2) истихрољи маъданњои фоиданок, аз љумла истифодаи партови корхонањои истихрољи маъдан ва коркарди он:
3) сохтмон ва истифодаи иншоотњои зеризаминие, ки ба истихрољи маъданњои фоиданок алоќаманд нестанд, аз љумла иншоотњо барои дар зери замин нигоњ, доштани нафт, газ ва дигар моддаю масолењ, инчунин барои гуронидани моддањои зарарнок, партови саноат ва обњои ганда;
4) ташкили объектњои бахусус њифзшавандаи геологї, ки дорои ањамияти илмї, фархангї, эстетикї, санитарию табобатї ва ѓайра мебошанд (омўзишгоњњои илмию таълимї, мамнуъгоњњои геологї, ёдгорињои табиї, ѓорњо ва дигар холигињои зеризаминї).
5) љамъ кардани маводи минералогї, палеонтологї ва маводи дигари коллексионии геологї.
Сарватњои зеризаминї барои истифода бо иљозатномаи махсус дар шакли литсензия дода мешаванд. Мувофиќи литсензияе, ки барои истихрољи маъданњои фоиданок, сохтмон ва истифодабарии иншоотњои зеризаминии новобаста ба истихрољи маъданњои фоиданок, ташкили объектњои геологии ба таври махсус њифзшаванда њуќуќ медињад, ба истифодабарандагон ќитъаи замини кўњсор људо карда мешавад. Замини кўњсор инчунин барои омўзиши геологии сарватњои зеризаминї ва њамзамон истихрољ намудан ё истихрољи минбаъдаи бевоситаи маъданњои фоиданок дода мешавад, аз рўи шарту шароити озмун, ќарордод ё имтиёз (консессия), инчунин дар асоси гуфтушунидњои мустаќими байни довталабони истифодаи сарватњои зеризаминї ва сохиби сарватњои зеризаминї. Ќитъаи замини кўњсор бо тартиби муќарраркардаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дода ва ќайд карда шуда, барои истихрољи маъданњои фоиданоки маъмули танњо аз љониби маќоми назорати истихрољи маъдан ба ќайд гирифта мешавад Соњањои сарватњои зеризаминї барои омўзиши геологї ба тариќи ќитъаи људокардашудаи геологї дода мешаванд. Истифодабарандаи сарватњои зеризаминї, ки ќисми замини кўњсорро ё геологї соњиб шудааст, мувофиќи литсензияи гирифтааш дар њудуди он ба истифодаи сарватњои зеризаминї њуќуќи комил дорад. Њама гуна корњои истифодаи сарватњои зеризаминї дар њудуди замини кўњсор ё геологї танњо бо ризояти истифодабарандае, ки замини кўњсор ё геологї ба ў дода шудааст, ба љо оварда мешаванд. Шахсони њуќуќї ва воќеї, ки аз њисоби худ корњои геологиро маблаѓ таъин мекунанд, дар сурати риояи талаботи ин ќонун «Дар бораи сарватњои зеризаминї» барои истифодабарии кор њаќќи аввалият доранд. Ин њуќуќ дар сурате аз байн меравад, ки дар давоми ду соли баъди тасдиќ гардидани захирањои маводи маъдани конї кашф кардашуда истифода нашуда бошад.
Бо сармоягузорони хориљї бо риояи муќарароти консесия созишнома баста мешвад. Концессия (иљозат, гузашт) — ањднома дар бораи бо шартњои муайян ба инвестори (сармоядори) хориљї муваќќатан ба истифода додани корхонањо (иттиходияњо), замин бо њуќуќи истихрољи канданињои фоиданок, сохтмони объектхо, инчунин обњо, фазои обу њаво, олами њайвоноту наботот, захирањои дигари табиї, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ накардааст. Санаде, ки тибќи он њуќуќи сармоягузори хориљиро оид ба истифодабарии сарватњои зеризаминї тадбиќ карда мешавад ин ањдномаи консесия аст. Ањдномаи консессия — мувофиќатномае, ки аз рўи он маќомоти ваколатдори давлатї ё маќомоти њокимияти давлатии мањалњо замин, захирањои дигари табиї, корхонањо (иттињодияњо), дигар амволи давлатиро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ накардааст, дар доираи салоњияти худ ба сармоягузори хориљї ба истифодаи муваќќкати медиханд. Ањдномаи консессия вобаста ба хусусияти техникию иќтисодии иншооти ба консессия супурдашаванда барои мўњлати на бештар аз 50 сол имзо карда мешавад. Кони канданињои фоиданок, ки харољоти зиёдеро металабад ва давраи пeшонидани харољоташ тулонї аст, истисно мебошад. Дар ин маврид мўхлати ањдномаи консессия бо мўњлате, ки барои пурра ба кор андохтани кон зарур аст, муайян карда мешавад, вале на бештар аз 99 сол. Баъди гузаштани мўњлати ањдномаи консессия консессиядоре, ки шартњои ањдномаро софдилона иљро кардааст, барои тамдиди ањдномаи кўтоњмуддат ва миёнамуддат зиёдтар њуќуќ дорад. Корњо ва намудњои фаъолияте, ки дар СТМ пешбини шудааст бояд мутобиќи барномањо, наќшањо, лоињањо ва сметањои тасдикшуда иљро карда шавад. Мањсулоти истењсолшуда байни давлат ва сармоягузор дар асоси муќарарорти СТМ таќсим мегардад ва ба ин шарт ва тартиб мувофиќ аст:
-муайянияти њаљми умумии мањсулоти истењсолшаванда (истењсолшуда) ва нархи он;
-муайянияти ќисми мањсулоти истењсолшуда (аз љумла сатњи нињоии он), ки ба соњибмулкии сармоягузор барои љуброни харољоти иљрои корњо тибќи СТМ (мањсулоти љуброни) дода мешавад;
-муќаррарот оиди таќсимоти фоида байни давлат ва сармоягузор, ки тибќи он мањсулоти истењсолшуда бо вичоти ќисми он барои истифодабарии сарватњои зеризаминї, љуброни мањсулот сурат мегирад;
-ба давлат додани ќисми мањсулоти он ва ё маблаѓи эквивалентии он тибќи муќаррароти СТМ;
-гирифтани мањсулоти истењсолшуда аз љониби сармоягузор тибќи СТМ.
Мањсулоти љуброни инчунин ќисми мањсулоти даромаднок тибќи СТМ хамчун сањми сармоягузор ба сохибмулкияш таалуќ дорад. Ашёи хоми менералї, ки моликияти сармоягузор мебошад мутобиќи шарт ва тартиби муќарраршудаи СТМ ба хориља интиќол дода мешавад. Ба истиснои андоз аз даромад ва пардохтњо барои истифодабарии сарватњои зеризаминї, сармоягузор дар давоми мўњлати амали СТМ аз падохти акзис ва дигар пардохтњои њатми озод карда мешавад. Дигар намуди андозу пардохтњо ба таќсими мањсулот тибќи СТМ иваз мешаванд. Дар њолати бо ќонунгузори пешбини нашудани озоднамои сармоягузор аз андозу пардохтњо њисаи давлат бинобар пардохти ин андозњо кам карда мешавад. Њисобу китоби ин маблаѓ бояд бо назардошти ставкаи азнавмаблаѓгузории Бонки Милли Точикистон дар марњилаи итмом ёфтани амали он сурат гирад. Андоз аз фоидаро сармоягузор тибќи тартиби умумї ва ба назардошти моддаи 145 КА ЉТ бо ставкаи дар рўзи имзои СТМ амалкунанда пардохт менамояд, ќи чунин хусусиятхоро дорост:
-объети анозбандии андоз аз фоида ќисми маблаѓи даромади мањсулоти ба сармоягузор дар асоси СТМ талуќдошта баромад мекунад;
-пардохи андоз аз даромад аз љониби сармоягузор њангоми иљроиши корњои дар СТМ муќарраршуда якљоя бо дигар намуди фаъолияти сармоягузории мазкур сурат мегирад;
-бо созиши тарафњо андоз аз фоидаро сармоягузор дар шакли аслї ва ё баробарарзиши мањсулот пардохт менамояд.
Барои истифодабарии сарватхои зеризаини сармоягузор пардохти якдафаинаи давлатї (бонус) мунтазам(роиялтї) ва харсол(ренталс) месупорад. Бонусњо пардохтњои устуворонаи истифодабарандагони ќаъри замин мебошанд ва дар шакли пулї, тибќи њаљм ва тартиби дар ќарордоди истифодаи ќаъри замин муќарраргардида супорида мешаванд. Истифодабарандагони ќаъри замин, бо дарназардошти шартњои инфиродии истифодаи ќаъри замин намудњои зерини бонусро месупоранд:
1) бонуси обунавї;
2) бонуси кашфи тиљоратї;
3) бонуси истихрољ.
Мутобиќи самаранокии иќтисодии ќарордодњои имзошаванда мумкин аст дар онњо як ё якчанд намуди бонусњо муќаррар карда шавад. Бонуси обунавї пардохти яккаратаи устуворонаи истифодабарандаи ќаъри замин барои њуќуќи фаъолият љињати истифодаи ќаъри замин дар њудуди ќарордодї мебошад ва њангоми бастани ќарордод мувофиќи тартиби муайяннамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад. Њаљмњои ибтидоии бонусњои обунавиро, аз љумла мувофиќи шартњои гузаронидани тендер, маќоми салоњиятдор бо мувофиќаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва маќоми ваколатдори давлатї муайян менамояд. Њаљми нињоии бонуси обунавї дар ќарордод вобаста ба ањамияти иќтисодии конњои (њудудњои) барои истифода супоридашаванда, аммо на пасттар аз њаљмњои ибтидої муќаррар карда мешавад. Мўњлати пардохти бонуси обунавиро ќарордод дар мўњлати на дертар аз 30 рўзи таќвимї аз санаи бастани ќарордод, муќаррар менамоядБонуси кашфи тиљоратї маблаѓсупорї барои њар як кашфи тиљоратї дар њудуди ќарордодї, аз љумла барои кашфи канданињои фоиданок дар рафти гузаронидани кофтукови иловагии конњо мебошад, ки боиси афзоиши захирањои дар ибтидо муќарраршудаи истихрољшаванда мегардад, ба истиснои њолатњое, ки дар ќисми 2 моддаи 280 КА ЉТ зикр шудаанд. Бонуси кашфи тиљоратї тибќи ќарордодњо барои кашфи конњои канданињои фоиданоке, ки истихрољи минбаъдаи онњоро пешбинї намекунанд, муќаррар карда намешавад. Кашфи тиљоратї – ин захирањои навъњои алоњидаи канданињои фоиданок мебошад, ки дар доираи њудуди ќарордодї кашф шуда, мувофиќи тартиби муќарраршуда тасдиќ гардидаанд ва барои истихрољ аз љињати иќтисодї самаранок мебошанд. Тартиби њисоб намудани бонуси кашфи тиљоратиро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Њаљми бонуси кашфи тиљоратиро ќарордод муќаррар менамояд. Бонуси истихрољ пардохти устуворона буда, мунтазам, њангоми расидан ба дараљаи њаљми истихрољ, ки дар ќарордод муайян шудааст, аз љониби истифодабарандаи ќаъри замин супорида мешавад. Тартиби њисоб намудани бонуси истихрољро доир ба гурўњњои канданињои фоиданок Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Њаљми бонуси истихрољро ќарордод барои истифодаи ќаъри замин муќаррар менамояд. Бонуси истихрољ дар мўњлати на дертар аз рўзи 15-уми моњи минбаъда, ки дар он дараљаи њаљми истихрољи дар ќарордод муайяншуда фаро расидааст, пардохта мешавад.
Роялти пардохте мебошад, ки истифодабарандаи ќаъри замин дар алоњидагї, доир ба њар як намуди (доир ба тамоми намудњои) канданињои фоиданоки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон истихрољшаванда месупорад, новобаста аз он, ки онњо ба харидорон (ќабулкунандагон) тањвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эњтиёљоти худї истифода гардидаанд. Роялтие, ки дар ќарордод барои истифодаи ќаъри замин муќаррар шудааст, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисми 3 њамин модда, дар шакли пулї супорида мешавад. Дар рафти фаъолият тибќи ќарордод шакли пулии пардохти роялти бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон метавонад дар асоси созишномаи иловагии истифодабарандаи ќаъри замин бо маќоми салоњиятдор муваќќатан пурра ё ќисман ба шакли пардохти натуралї, ки ба шакли пулї баробар аст, иваз карда шавад. Њангоми бастани (имзои) созишномаи иловагї оид ба шакли натуралии пардохти роялти бояд муќаррароти моддаи 295 КА ЧТ риоя карда шавад. Супорандагони роялти истифодабарандагони ќаъри замине мебошанд, ки канданињои фоиданок, аз љумла канданињои фоиданокро аз ташкилањои минералии техногенї истихрољ менамоянд, сарфи назар аз он, ки тањвили (бор карда фиристодани) онњо дар давраи њисоботї сурат гирифтааст ё на. Њаљми роялти дар асоси объекти андозбандї, заминаи њисобкунї ва меъёр муайян карда мешавад. Барои њисоб намудани роялти:
1) объекти андозбандї доир ба њамаи намудњои канданињои фоиданок аз њаљми истихрољи канданињои фоиданок ё њаљми мањсулоти молии якуми аз истихрољи аслии канданињои фоиданок гирифташуда, ки дар асоси воњидњои дахлдори натуралии ченак муайян шудааст, иборат мебошад.
Њамзамон мањсулоти молии якум метавонанд инњо бошанд:
а) худи канданињои фоиданок:
— нафт, гази табиї ва конденсати газ;
— ангишт ва слансњои сўзишворї;
— маъданњои молї;
— обњои зеризаминї, аз љумла аз коркарди аввалин гузашта;
— слюда, асбест, ашё барои истењсоли маводи сохтмон;
— ашёи хоми ѓайримаъданї барои металлургия;
б) металлњои ќиматбањо ва (ё) металлњои софи химиявї дар ќум, маъданњо, консентратњо;
в) консентрати металлњои сиёњ, ранга, нодир ва радиоактивї, ашёи кимиёвии кўњї;
г) сангњои ќиматбањо, ашёи сангњои ороишї ва пьезооптикии аз коркарди якум гузашта;
д) оид ба дигар канданињои фоиданок – ашёи минералии аз коркарди якум гузашта;
2) заминаи њисоби роялти арзиши канданињои фоиданок мебошад, ки тибќи моддаи 292 КА ЉТ муайян карда мешавад;
3) меъёри роялти дар њар як ќарордод ба таври инфиродї, вобаста аз самаранокии иќтисодии лоиња алоњида доир ба њар намуди (доир ба њамаи намудњои) канданињои фоиданок, ба истиснои канданињои фоиданоки маъмулї ва обњои зеризаминї, тибќи тартибе, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон бо назардошти муќаррароти ќисмњои 3, 4 ва 5 моддаи 291 КА ЉТ муайян намудааст, муќаррар карда мешавад. Дар баробари ин меъёри њадди аќали роялти доир ба њама гуна канданињои фоиданок бояд на камтар аз 0,5 фоиз бошад. Меъёри роялти нисбати карбогидридњо тибќи љадвали таѓйирёбанда (зинадор), чун фоизе мебошад, ки вобаста ба њаљми истихрољ бо воњидњои натуралии ченак ва (ё) аз арзиши њаљми истихрољ бо яке аз ду усули зерин муќаррар карда мешавад:
1) аз њаљми истихрољи љамъшуда ва (ё) арзиши истихрољи љамъшудаи карбогидридњо дар тамоми давраи фаъолияти дар ќарордод пешбинишуда;
2) аз њаљми истихрољи љамъшуда ва (ё) арзиши истихрољи љамъшуда дар њар соли алоњидаи фаъолият тибќи ќарордод.
Меъёрњои роялти доир ба канданињои фоиданоки сахт, аз љумла тилло, нуќра, платина, дигар металлњо ва сангњои ќиматбањо бо фоизи муайяншуда барои тамоми давраи амали ќарордод муќаррар карда мешаванд. Меъёрњои роялти доир ба канданињои фоиданоки маъмулї ва обњои зеризаминї барои њамаи истифодабарандагони ќаъри замин ягона мебошанд ва онњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон бо фоиз муќаррар мекунад. Роялти доир ба канданињои фоиданоки маъмулї ва обњои зеризаминиро истифодабарандаи ќаъри замин сарфи назар аз он, ки онњоро ба истеъмолкунандагон тањвил додааст ё барои эњтиёљоти худї истифода бурдааст, месупорад, ба истиснои њолатњои зерин, ки дар њамин ќисм зикр шудаанд. Роялти аз љониби инњо пардохта намешавад:
1) аз љониби шахсони воќеї доир ба обњои зеризаминие, ки дар ќитъањои замини ба онњо барои истифода вобасташуда ё истифодаи умрбоди меросї додашуда истихрољ карда мешаванд, ба шарте агар чунин обњо ба дигар шахс тањвил дода ё барои истењсолот ва эњтиёљоти технологї њангоми фаъолияти соњибкорї истифода бурда нашаванд;
2) аз љониби ташкилотњои давлатие, ки обњои зеризаминиро барои эњтиёљоти хољагидории худ истихрољ менамоянд;
3) аз љониби истифодабарандагони ќаъри замин њангоми баргашта бо обњои зеризаминии њамроњ истихрољшуда пур кардани љои онњо барои нигоњдории фишори ќишри замин.
Њангоми тибќи як ќарордод истихрољ намудани якчанд намуди канданињои фоиданок роялти доир ба њар як намуди канданињои фоиданок муќаррар гардида ва пардохта мешавад. Њаљми роялти, ки бояд ба буљет пардохта шавад, њамчун њосили зарби арзиши њар як намуди канданињои фоиданоки истихрољнамудаи истифодабарандаи ќаъри замин дар давраи андоз ба меъёрњои дахлдори роялти муайян карда мешавад. Бо маќсади њисоби њаљми роялти, ки бояд ба буљет пардохта шавад, арзиши канданињои фоиданоки истихрољнамудаи истифодабарандаи ќаъри замин дар давраи андоз, ба истиснои тилло, нуќра ва платина, вобаста ба нархи миёнаи тањвили канданињои фоиданоки истихрољшуда ё мањсулоти якуми молии аз канданињои фоиданоки истихрољшуда бадастомада дар давраи андоз, бе назардошти андозњои ѓайримустаќим муайян карда мешавад. Арзиши тилло, нуќра ва платинаи истихрољкардаи истифодабарандаи ќаъри замин дар давраи андоз вобаста ба нархи миёнаи чунин металлњо дар давраи андоз дар Биржаи металлњои Лондон, тибќи тартиби бо мувофиќаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї њисоб карда мешавад. Давраи андоз (њисоботї) оид ба муайян кардан ва пардохтани роялти моњи таќвимї мебошад. Эъломияи (њисоби) роялтиро истифодабарандаи ќаъри замин тибќи шакл ва тартиби бо мувофиќаи маќоми салоњиятдор муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї ба маќоми андози мањали бањисобгирии худ то рўзи дањуми моњи минбаъдаи давраи њисоботї пешнињод менамояд. Роялти доир ба тамоми навъњои канданињои фоиданок дар мўњлати на дертар аз рўзи 15-уми моњи минбаъдаи давраи њисоботї пардохта мешавад.
Пардохтњои њарсола (ренталс) барои гузаронидани корњои кофтукови ва тадќиќї барои њудуди ќитаи истифодашудаи сарватњои зеризаминї ва њаљми тавкал супорида мешавад. Сармоягузор барои истифодабарии сарватњои зеризаминї аз супоридани дигар пардохтњо озод карда мешавад. Маблаѓсупори барои истифодабари замин ва дигар сарватњои табиї аз љониби сармоягузор дар асоси шартнома амали мешавад. Оператори СТМ ва шахси дигари дар шартнома бо сармоягузор дар иљроиши кор иштирокнамоянда, аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз њангоми вориднамои тањљизот(мањсулот) барои иљрои кор ва хизматрасонињо таъиншуда ба њудуди ЉТ тибќи молњои њуљљатнигорї инчунин њангоми содири ашёи хоми менералї ва мањсулот барои коркарду аз њудуди гумруки интиколшаванда, ки тибќи СТМ моликияти сармоягузор мебошад, озод карда мешавад. Ба сифати операто филалњова ё шахсони њуќуќї аз љониби сармоягузор дар њудуди ЉТ бо маќсади баанљомрасониии кору хизматњо тибќи СТМ ташкилёфта (пудратчи, паставшик) баромад менамоянд. Бањисобгирии фаъолияти молияви- хочагии сармоягузор њангоми иљроиши кор аз рўи њар як СТМ алоњида сурат мегирад. Дар њолате, ки бурдани њисоби молиявї бо асъори хориљї аст он бояд дарбаргирандаи маълумот исчисления њам бо асъори хориљї ва њам бо асъори сомонї бошад. Чун ќоидаи умумї бањисобгири муњосибавї ва њисобот њангоми иљроиши корњо тибќи СТМ дар асоси сомонї ва ё асъори хориљї бурда мешавад. Дар њолати њисобу китоб бо асъори хориљї рўзи исчисления бояд ба куси муайяннамудаи Бонки Милли Точикистон гузаронида шавад.