Андозбандии шахсони воќеї
01 10 2017 admin Пока нет комментариевМуќарароти умумї оид ба андозбандии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва дигар ашхоси воќеї
Андоз аз даромади шахси воќеї
Андоз аз амволи шахси воќеї
Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор
1. Муќарароти умумї оид ба андозбандии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва дигар ашхоси воќеї
Андозбандии шахсони воќеї дар шароити кунунї њамчун яке аз унсурњои муњими низоми андозњои умумиљумњуриявї ба шумор рафта, мувофиќан ва маќсаднок ба фоидаи буљети давлатї ситонида шудани онро дар назар дорад. Аз ин лињоз, дар назар дошта мешавад, ки ин андозбандї ба принсипи адолатнокї асос ёбад ва њам ба нафъи мардум бошад. Ба ќавле «андоз танњо њамон ваќт аз рўи адолат буда метавонад, ки агар мардум ба тобеияти он розї бошанд».
Дар замони муосир андозбандии шахсони воќеї на танњо хусусияти махсус, балки ѓароиб ё ба ќавле «экзотикї» низ кашф кардааст. Маълум аст, ки дар як ќатор давлатњо шахсони воќеї супорандагони андозњое мебошанд, ки дар як маврид барои љомеаи љањонї њарза менамояд вале ин хусусияти хоси андозбандї дар њар як давлат мањсуб ёфтааст. Масалан дар давлати Аргентина андоз аз гардиши васоитњо дар суратњисобњои бонкї, дар Индонезия андоз аз автомобилњои гаронќиммат (вобаста ба њаљми муњаррик аз 30% то 75%) ва дар Уругвай бошад, андоз барои хизматрасонии алоќа ва кортњои кредитї пешбинї карда шудааст.
Ќонунгузории амалкунандаи љумњурї андоз аз даромади шахсони воќеиро, њамчун яке аз манбањои даромади муњими низоми буљети давлатї медонад. Аллакай, соли 1994 дар раванди ќабули Конститутсияи ЉТ муќаррароти конститутсионї оиди ўњдадории супоридани андоз аз љониби њар шахс љорї карда шуда буд, ки минбаъд асоси устувории сохтори конститутивї ва иќтисодии љомеаи Тољикистон гардид.
Њамзамон, дар љараёни ќабули аввалин санадњои меъёрию њуќуќии андозбандї, хусусан, аввалин санади кодификатсионии андозбандї — Кодекси андози ЉТ муќаррарот оиди андозбандии шањрвандони љумњурї ва шањрвандони хориљї дарљ гардид.
Андоз аз даромади шахсони воќеї имрўзњо тибќи муќаррароти боби 17-и КА ЉТ њамчун андози умумљумњуриявї ситонида мешавад. Ќонунгузорї андоз аз даромади шахсони воќеиро њам њамчун манбаи асосии даромади буљети давлатї пешбинї намудааст, чунки њамасола њаљми даромадњои буљети давлатї ба ин намуди андоз низ вобаста аст.
Дар маљмўъ бошад, супоридани андози даромад бо тартиби ќаблан муайян кардашудаи ќонунгузории андоз ба танзим дароварда шуда, наќши асосиро дар робита ба ин санадњои зериќонунї ба мисли дастурамалњои маќомоти дахлдори андоз мебозанд.
2. Андоз аз даромади шахси воќеї
Андоз аз даромади шахси воќеї ба гурўњи андозњои умумиљумњуриявї дохил карда шудааст, ки дар аввалњо тибќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи андози даромад аз шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бетабаа» аз 06.01.1992 с. тањти №502 ситонида мешуд. Айни замон ин намуди андоз тибќи талаботњои боби 17 КА ЉТ ситонида мешавад. Дар зери мафњуми шахси воќеї ягонагии 3 унсури мустаќил, яъне шањрвандони ЉТ, шањрвандони хориљї ва шахсони бетабаиятро мефањманд.
Супорандагони ин намуди андозро дар муносибатњои њуќуќии андозбандї њамчун резидент ва ѓайрирезидент ном мебаранд. Ќонунгузории љорї супоридани ин намуди андозро дар ду маврид пешбинї намудааст:
- ситонидани андози даромад аз шахсони воќеї дар манбаи пардохт;
- ситонидани андози даромад аз шахсони воќеї њангоми дар манбаи пардохт нигоњ надоштани он.
Объекти андозбандї даромад ба њисоб меравад. Аммо ќайд кардан лозим аст, ки на њама гуна даромаде, ки шахсони воќеї ба даст медароранд, андозбандишаванда ба њисоб меравад. Бинобар њамин њам, дар як ќатор санадњои меъёрию њуќуќї, аз он љумла дар м.15 Кодекси андоз мафњумњои фаъолияти соњибкорї ва фаъолияти ѓайрисоњибкорї љой дода шудаанд. Дар њамбастагї ба ин ќайд кардан зарур аст, ки ашхоси воќеї мутобиќи муќаррароти ќонунгузорї њуќуќи конститутсионии машѓул шудан ба фаъолияти соњибкориро дороанд, ки ин дар навбати худ боиси ба даст даровардани даромад (фоида) мегардад. Ќонунгузори андоз аслан мафњумњои «даромад» ва «фоидаро» њаммаъно медонад. Њамзамон, тибќи б.8 м.34 КА ЉТ дар зери мафњуми даромад воридоти дар шакли пулї ва (ё) дар шакли аслї (натуралї) бе тарњнамої аз онњо фањмида мешавад, ки аз манбаъњои воќеъ дар Љумњурии Тољикистон ба даст дароварда шуда, гирифта мешавад. Фоидаи соф (даромади соф) бошад, тибќи б.45 м.34 КА ЉТ фоидае (даромаде) мебошад, ки аз фоидаи (даромади) андозбандишаванда тарњ намудани андоз аз фоида (андози даромад) боќї мемонад. Барои резидентњо бошад ба сифати чунин объект даромади андозбандишавандае ба њисоб меравад, ки он њамчун фарќи байни даромади умумї дар соли таќвимї ва маблаѓи тарњшудаи харољоти пешбинишудаи Кодекси андоз барои њамин давра муайян карда мешавад. Андозбандии њам резидентон ва ѓайрирезидентон ба фаъолияти соњибкорї ва фаъолияти ѓайрисоњибкорї вобаста дониста мешавад. Фаъолияти соњибкорї фаъолияти марбут ба хариду фурўш, супоридан ё иљораи амволро медонанд, ки аќаллан љавобгўи яке аз талаботњои зерин бошад:
1.мунтазам ва муќаррарї ба љо оварда шавад;
2.молњо (корњо ва хизматрасонињо) пешкаш карда шаванд;
3.чунин амалиётњо дар доираи фаъолияти савдо ва миёнаравї (аз љумла фаъолияти дилерї) сурат гиранд.
Айни замон, доираи фаъолияте мављуд аст, ки ѓайрисоњибкорї номида мешавад ва инњоро дар бар мегирад:
1.љойгир намудани маблаѓњои пулї дар бонкњо ё дар дигар муассисањои молиявї;
2.ба иљора додани амвол;
3.ба идоракунии боэътимод супоридани амвол;
4.харидани (фурўш ё супоридани) њисса дар сармояи оинномавии корхона ё коѓазњои ќимматноки он; харидани (фурўш ё супоридани) вомбаргњо ё њама гуна дигар векселњо; харидан (фурўш ё супоридани) њисса дар фонди сањомии инвеститсионї ё њуќуќи муаллифї ва њама гуна њуќуќњои шабењи ба фурўшанда тааллуќдошта, ки эквиваленти фаъолияти ѓайри соњибкорї мебошанд;
5.иљрои кори кироя;
6.хидмати давлатї;
7.фаъолияти эњсонкорї;
8.фаъолияти динї.
Субъектони ин намуди андозро резидентон ва ѓайрирезидентон ташкил медињанд, ки аз њисоби фаъолияти соњибкорї ва ѓайрисоњибкорї даромад ба даст медароранд. Резидентон ашхосе ба њисоб мераванд, ки дар давоми 12 моњи пайдарњами соли таќвимии хотимаёбанда дар њудуди Тољикистон зиёда аз 182 рўз бошанд. Дар баробари ин ашхосе, ки шањрванди Тољикистон мебошанд ва ё барои зисти муќимї аризаи дахлдор пешбинї намудаанд, њамчун резидент эътироф мегарданд. Ин њолат дар сурате низ эътироф мегардад, ки агар чунин ашхос ба хориља сафар намуда, корманди сафорат, намояндагињои дипломатї, тиљоратї ва ба маќоми ба онњо баробаркардашуда, аъзои ташкилоти байналмилалї ва байнињукуматї бошанд, инчунин аъзои оилаи онњо. Ба сифати резидент аъзои экипажи воситањои наќлиётии ба ашхоси воќеї ва њуќуќї мутааллиќ ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон, хизматчиёни њарбї ва кормандони ѓайринизомиии дар пойгоњњои њарбї, ќисмњои њарбї, гурўњњо, ќисмњо ва љузъу томњои њарбии беруна аз марзи љумњурї ќарордошта дохил мешаванд. Онњое, ки дар объектњои моликияти љумњурии мо буда, дар асоси шартномањои консесионї кор мекунанд ва ё донишљуён, хонандагон, касбгирандагоне, ки дар давоми тамоми мўњлати таълим ва таљрибаомўзї дар давлатњои ѓайр ќарор доранд. Ба ин гурўњ њамчунин муаллимон ва кормандони илмї, ки бо маќсади таълимотї, машварат ва ё иљрои корњои илмї берун аз њудуди љумњурї ќарор доранд, шомил мебошанд. Боќимонда ашхос њамчун ѓайрирезидент эътироф карда мешаванд.
Айни замон ашхосе њастанд, ки ба сифати резидент ва њатто ѓайрирезидент низ эътироф намегарданд ва тањти андозбандї умуман ќарор намегиранд. Ба ин ашхос инњоро дохил намудаанд:
1.ашхоси дорои маќоми дипломатї ё консулгарї (ё аъзои оилаи чунин ашхос);
2.кормандони ташкилотњои байналмилалї ё ашхосе, ки дар хизмати давлатии кишвари хориљї кор мекунад (аъзои оилаи онњо);
3.ашхосе, ки танњо барои гузаштан аз як давлати хориљї ба дигар давлати хориљї ба Љумњурии Тољикистон омадаанд, яъне транзит.
Ба аќидаи мо ягона масъалае, ки дар ин маврид бањсталаб мебошад ин ба сифати андозсупоранда эътироф кардани дуайен (шањрвандони хориљи кишвар, ки пеш аз њама ба Тољикистон омадаанд ва минбаъд дорои њолати њуќуќии сафоратї ва ё намояндагии дипломатию консулї гаштаанд) мебошад. Тибќи ќонунгузории амалкунанда њолати чунин ашхосро дуљониба маънидод кардан мумкин аст. Албатта, то он даме, ки чунин ашхос ба сифати корманди ё маќоми сафоратхона ва ё намояндагии давлати дигар эътироф карда гамешаванд, онњо супорандагони андоз ба њисоб мераванд ва њолати њуќуќии онњоро Ќонуни ЉТ «Дар бораи њолати њуќуќии шањрвандони хориљи» аз 01.02.1996 с. муайян месозад.
Объектони андозбанди андоз аз даромади шахсони воќеиро бошад даромадњои зайл ташкил медињанд (чї дар шакли пулї ва чї дар шакли аслї):
1.даромадњое, ки њамчун музди мењнат гирифта шудаанд;
2.даромадњое, ки аз њисоби кори ѓайрикироя ба даст оварда шудаанд;
3.њама гуна даромадњои дигар.
Яке аз гурўњњои асосии объектони андозбандишавандаи шахсони воќеиро даромадњо аз њисоби музди мењнат ташкил медињанд, ки тибќи ќонунгузории мењнатї аз љониби корфармо дар манбаи пардохт нигоњ дошта мешаванд. Чунин даромадњо даромадњои мустањкамгардида ба њисоб рафта, тавассути меъёрњои ќонунгузории андоз, андозбандї карда мешаванд, ки дар наќшаи зерин намоён аст:
№№ |
Миќдори даромади андозбандишаванда (ба њисоби миёна дар як моњ)
|
Меъёр ва маблаѓи андоз
|
1.
|
На зиёда аз музди мењнати њадди аќалли моњона
|
Аз даромад андозбандї намешавад (меъёри сифрї)
|
2. |
Зиёда аз музди мењнати њадди аќалли моњона то 100 сомонї
|
8% аз маблаѓи даромади андозбандишавандаи зиёда аз музди мењнати њадди аќалли моњона
|
3.
|
Зиёда аз 100 сомонї
|
Маблаѓи сатри 2 љамъ 13% аз маблаѓи даромади андозбандишавандаи зиёда аз 100 сомонї |
Ба даромадњои умумие, ки аз онњо андоз ситонида мешавад инњо дохил мешаванд:
1.даромадњо аз њисоби фаъолияти соњибкорї, ки ба онњо дохил мегардад:
а)фоида аз фурўш ё додани активњои бо маќсади соњибкорї истифодашаванда;
б)даромаде, ки барои розигї додан љињати мањдуд намудани фаъолияти соњибкорї ё бастани корхона гирифта мешавад;
в)маблаѓњои аз њисоби фурўши воситањои асосї гирифташуда;
г)харољоти љуброншаванда.
2.даромадњо аз њисоби фаъолияти ѓайрисоњибкорї, аз љумла:
а)даромади фоизњо;
б)суди сањмияњо (дивидендњо) ба шарте, ки дар манбаи пардохт андозбандї нашуда бошанд;
в)даромад аз иљора ё кирояи амвол;
г)роялти;
д)маблаѓи ќарзи ба андозсупоранда бахшидаи ќарздињанда;
е)фоида аз фурўш ё додани активњое, ки барои фаъолияти соњибкорї истифода бурда намешаванд.
3.дигар даромадњое, ки дорои маънои афзоиши арзиши активњои софи андозсупоранда мебошанд.
Андоз аз даромади шахсони воќеї бо назардошт ва бе назардошти андози иљтимої ситонида мешавад. Ќонунгузории андоз пардохти андози даромади ашхоси воќеиро одатан дар манбаи пардохт пешнињод менамояд, ки тибќи муќаррароти Дастурамал «Дар бораи ситонидани андоз аз даромад дар манбаи пардохт» аз 04.08.2005 тањти №267 ситонида мешавад.
Ситонидани андоз аз даромади ашхоси воќеї низ тарњкунињои шахсиро аз њисоби ин намуди андоз дар њаљми 10 музди мењнати њадди аќал барои шахсони зерин пешбинї менамояд (б.2 м.139 КА ЉТ):
1.Ќањрамонони Иттињоди Шўравї ва Ќањрамонони Тољикистон, шахсони дорандаи 3 дараљаи ордени Шараф, маъюбони давраи кўдакї ва маъюбони дараљаи 1 ва 2;
2.иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётњо оид ба муњофизати ИЉШС аз љумлаи хизматчиёни њарбие, ки дар ќисмњои њарбї, ситодњо ва муассисањои ба њайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиќ партизанњо ва љанговарони интернатсионалист;
3.шањрвандони мубталои беморињои шуоъ, ки дар натиљаи оќибатњои садамањо дар объектњои атомї рух дода иштирок намудаанд ва шахсони рафъкунандаи оќибатњои чунин садамањо.
Масалан, мутобиќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи њифзи иљтимоии шањрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоњи барќи атомии Чернобил зарар дидаанд» аз 05.03.2007 тањти №242 њолати њуќуќии шахсоне, ки дар объекти атомии ба садама дучоршудаи Чернобил хизмат кардаанд муайян карда мешавад. Њамзамон, ќонунгузор барои ин гуна шахсон як ќатор пардохтњоеро муќаррар намудааст, ки мутаносибан аз пардохти андоз озод карда мешаванд, агар ба мазмуни ќонуни мазкур дар вобастагї ба Кодекси андози Љумњурии Тољикистон назар намоем.
Њамчунин, ќонунгузории андоз 22 њолатеро пешбинї менамояд, ки асоси озодкунї аз супоридани ин андоз гащтаанд (талаботи м. 141 КА ЉТ). Яке аз њолатњои озод кардан аз супоридани андози даромад ин даромадњои занбўрпарварон аз фурўши асали оилаи занбўри шахсиашон мебошад, ки бо дарназардошти талаботи м. 8 Ќонуни ЉТ «Дар бораи занбўрпарварї» аз 08.12.2003 с. тањти №51 андозбандї карда мешавад. Ё дар њолати дигар даромадњое, ки аз њисоби супоридани хун гирифта мешаванд, мутобиќ ба Ќонуни ЉТ «Дар бораи донории хун ва компонентњои он» аз 27.12.1993 с. барои кормандони корхона, муассиса ва ташкилотњое, ки дар онњо зиёда аз 30% ба фаъолияти донорї машѓуланд имтиёзњои андозбандї муайян карда шудааст. Дар мавриди дигар бошад ашхосе, ки тибќи муќаррароти ќонунгузории оилавии љумњурї алимент мегиранд аз супоридани андози даромад озод карда мешаванд.
Маљмуан, пањлўњои асосии андози даромадро асосан њаминњо дар бар мегиранд.
3. Андоз аз амволи шахси воќеї
Барои шахсони воќеї ќонунгузории андоз ўњдадории супоридани андоз аз њисоби амволро низ муќаррар кардааст. Ашхосе воќеї тибќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон њуќуќњои амволиро соњиб буда, метавонанд онро истифода баранд, тасарруфї намяонд ва ё ихтиёрдорї кунанд.
Шахсони воќеї њамчун ќоидаи маъмул дорои амволи манќул ва ѓайриманќул мебошанд, ки чунин як гурўњбандии объектњои андозбандишавандаро дар як ќатор адабиётњои њуќуќї оиди андоз низ вохўрдан мумкин аст.
Ситонидани андоз амвол таърихан мављуд буда, њам дар шакли натуралї ва њам дар шакли аслї супоридани онро дар назар дошт. Фаразан, дар аморати Бухоро на танњо андоз барои «бенамозї», балки андоз аз њосили заминњои султонї аз ањолии дењот, ки 90 дар сади ањолии умумии аморатро ташкил мекард, дар њаљми аз дањ чор, яъне аз сад чил ба њисоби хазина ситонида мешуд ва барои дењќон аз дањ ду ё аз дањ се боќї мемонду халос, ки ба ќавли Садриддин Айнї чунин ситонидани хирољу андоз «торољгарї» буд. Дар њолатњои дигар ситонидани андоз дар шакли натуралї татбиќ мегардид, ки одатан ба меъёрњои шариатї оиди закот мутобиќ гардонида шуда буд. Мавридњое низ буданд, ки зиёд гардидани ин меъёр ба зарари ањолї боиси ошўбњои оммавї мегашт. Масалан, муаллифон дар мавриди ошўби соли 1903 дар воњаи Вахони Помир ба миён омада, ки дар натиљаи гирифтани аз 10/1 ва њато аз 7/1 сар бузу гўсфанди ањолї (тибќи меъёрњои шариат аз 40/1 сар муайян карда шуда буд) сар зада буд, ёдовар мешаванд.
Минбаъд ситонидани андозњо дар шакли натуралї идома ёфта бошад, њам оњиста-оњиста ин намуд андозњо вобаста ба дигаргуншавии низоми иљтимоию хољагидории љомеа барњам хўрда, њамакнун дар шакли молиявї ситонида мешуданд.
Супоридани андози амвол аз шахсони воќеї дар марњилањои аввали соњибистиќлолї дар асоси Ќонуни ЉТ «Дар бораи андозбандии дорандагони васоити наќлиётї ва дигар мошинњо ва механизмњои худрав» аз 09.01.1992 с. тањти №494 ва Ќонуни ЉТ «Дар бораи андозњо аз амволи шахсони љисмонї» аз 27.12.1993 с. тањти №689 ба танзим дароварда мешуд. Баъдан бо ќабули аввалин санади кодификатсионии соњаи андозбандї муќаррароти ин санадњо бекор карда шуданд.
Тањкими муносибатњои андозбандї ба мукаммалгардонии низоми андозбандї аз амволи шахсони воќеї, хусусан, аз амволи ѓайриманќул оварда расонид. Кодекси андози ЉТ имрўзњо мутаносибан супоридани андоз аз амволи шахсони воќеиро аз объектњои ѓайриманќул ва васоити наќлиётї пешбинї намудааст, ки ба андозњои мањаллї марбут дониста шуда, њар яке мустаќилона ситонида мешаванд. Мустаќилияти ин намуди андозњо дар адабиётњои њуќуќї низ зери шубња гузошта намешавад.
Анлоз аз амволи ѓайриманќул мутобиќ ба талаботи боби 46 КА ЉТ ситонида мешавад.
Супорандагони андози номбурда, њам шахсони воќеї ва њам шахсони њуќуќї ба њисоб мераванд, ки мутаносибан њамчун соњибмулкон ин амволи худро истифода мебаранд.
Объекти андозбандї тибќи м. 326 КА ЉТ амволи зерин ба њисоб меравад:
- хонањои истиќоматї;
- квартирањо (њуљрањо);
- бўстонсароњо;
- гаражњо ва дигар биною иншоотњо.
Дар мавриди объекти андозбандї албатта тафриќотњо дида мешаванд. Агар дар таносуб бо ќонунгузории андози дигар мамолик, масалан Федератсияи Россия гирем, пас дар ин љо на танњо амволи дар боло зикргардида, балки дигар амвол ба мисли тайёрањо, чархболњо, теплоходњо, яхтањо, катерњо, чанањои моторї, ќаиќњои моторї ва дигар васоити обї-њавоиеро (ба истиснои ќаиќњои дастї) номбар кардан мумкин аст, ки њамчун объекти андозбандї дар ин кишвар баромад менамоянд.
Меъёри андоз айни замон вобаста ба њаљми аз 10 то 50 каратаи андози замин, ки аз м. 266 ва 267 КА ЉТ бармеояд муайян карда мешавад. Андозбандї тибќи муќаррароти ќонунгузории андоз барои њамаи объектони номбаршуда мутобиќи њаљм, яъне дарозї, баландї ва бари биною иншоотњо њисобу китоб карда шуда, бо коэфитсенти 1,25 зарб зада мешавад.
Њамзамон, ќонунгузор њолатњоеро пешбинї менамояд, ба тадриљ кам ва ё зиёд шудани меъёри андозбандиро мадди назар намекунад. Масалан, агар баландии фарши тањхона то шифти он камтар аз 2 метр бошад, пас 50% майдони андозбандї ба њисоб гирифта мешавад. Дар сурати зиёдшавии ин њаљм мутаносибан меъёрњои андоз низ ба фоидаи афзуншавї таѓйир меёбанд.
Ќайд кардан бамаврид аст, ки Маљлисњои вакилони халќи мањаллї дар њолатњои алоњида аз супоридани андоз як ќатор категорияњои ањолиро метавонанд озод намоянд. Масалан, тибќи б. 2.7 ќарори Маљлиси вакилони халќи н. Њисор аз 20.12.2005 с. тањти №41 «Дар бораи муќаррар намудани андозњои мањаллии ноњия» хонањои истиќоматии иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва ашхоси ба онњо баробаркардашуда, инчунин хонањои истиќоматии маъюбони тамоми гурўњњо, нафаќахўрон дар њолати надоштани аъзои оилаи ќобили мењнат ва муаллимоне, ки дар макотиби тањсилоти њамагонии дењот кор мекунанд дар давраи кори онњо аз супоридани андоз озод карда шудаанд.
Тартиби њисобкунї ва пардохтани андоз тибќи м. 330 КА ЉТ муайян карда шуда маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули шахсони воќеї аз љониби маќомоти андоз, ки дар њудуди фаъолияти онњо амволи ѓайриманќул воќеъ гардидааст, тибќи тартиб ва шакли муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї, дар асоси манбаи маълумот оид ба амволи ѓайриманќул, ки дар маќомоти андоз ташаккул ёфтааст, њисоб карда мешавад.
Илова бар ин, маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули шахсони воќеї дар соли љории андоз дар асоси маълумот оид ба амволи ѓайриманќул ба санаи 1 январи соли љорї њисоб карда шуда, њамзамон ин њолат нисбати объектњои сохташуда, ки њуљљатњои техникиашон ба ќайд гирифта нашудааст татбиќ мегардад.
Андозсупорандагон – шахсони воќеї оиди супоридани андоз то 1 июли соли љорї аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатї огоњ карда шуда, ўњдадоранд, ки андозро то 1 октябри соли љорї пардохт намоянд.
Тибќи таѓйироту иловањои ба КА ЉТ ворид гардида маблаѓи андоз ба таври мутаносиб ва ба њисоби љамъбасти афзоянда на дертар аз 1 феврал (дар њаљми 25%), 1 май (дар њаљми 50%), 1 август (дар њаљми 75%) ва то охири соли љории андозситонї дар њаљми 100% супорида мешавад.
Дигар намуди андозе, ки шахсони воќеї месупоранд ин андоз аз соњибони воситањои наќлиёт мебошад. Андози номбурда аз љониби шахсони воќеие супорида мешавад, ки дорандагони чунин васоити наќлиётии тибќи муќаррароти боби 47 КА ЉТ мебошанд. Андози мазкур аз љониби маќомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилї ситонида мешавад.
Ќонунгузор ба њайси андозсупорандаи ин намуди андоз њам шахсони воќеї ва њам шахсони њуќуќиеро эътироф намудааст, ки тибќи м. 331 КА ЉТ соњиби воситаи наќлиёт, ки дар Љумњурии Тољикистон дар воњидњои БДА-и Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бояд ба ќайд гирифта шаванд, мебошанд.
Ба сифати объекти андозбандї њама гуна воситаи наќлиётест, ки дар гурўњи 87 (тањти рамзњои 8702-8705, 8711) номгўи молии фаъолияти хориљии иќтисодї нишон дода шудаанд, дохил мешаванд.
Аз пардохти андози номбурда объектони зерин озод карда шудаанд (м.333 КА ЉТ):
- мошинњо ва механизмњои тасмачарх;
- комбайнњои муњаррикдори ѓаллаѓундорї ва махсус, аз љумла комбайнњои пахтачинї;
- автобусњо ва тролейбусњое, ки корхонањои наќлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонї дар шањрњо истифода мебаранд;
- мотоколяска ва автомобилњои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуќдошта.
Меъёрњои андоз тибќи м. 335 КА ЉТ:
Номи объектњои андозбандї |
Андоз бо фоиз нисбати музди мењнати њадди аќали моњона, ки дар рўзи супоридани андоз амал мекунад |
Мототсикл ва мотороллерњо | 1,0 фоиз |
Автомобилњои сабукрав | 2,0 фоиз |
Автобусњо (то 12 љой) | 2,5 фоиз |
Автобусњо (барои 13-30 љой) | 3,0 фоиз |
Автобусњо (зиёда аз 30 љой) | 3,5 фоиз |
Автомобилњои боркаш ва дигар воситањои наќлиёти иќтидори борбардориашон то 10 тонна |
4,0 фоиз |
Автомобилњои боркаш (иќтидори борбардориашон аз 10 то 20 тонна) |
4,5 фоиз |
Автомобилњои боркаш (иќтидори борбардориашон аз 20 то 40 тонна) |
5,0 фоиз |
Автомобилњои боркаш (иќтидори борбардориашон зиёда аз 40 тонна) |
5,5 фоиз |
Тартиби њисобу китоб ва супоридани андозро бошад КА ЉТ муќаррар намуда, он бояд ба буљети дахлдори мањаллї дар љои баќайдгирии воситањои наќлиётї дар мўњлати на дертар аз мўњлате пардохта шавад, ки барои гузаштани баќайдгирї, аз нав баќайдгирї ё муоинаи њарсолаи техникии наќлиёти автомобилї пешбинї шудааст. Барои мисол агар шахси воќеї дорандаи автомошинаи боркаши КамАЗ 5312 борбардориаш 10 тонна бо иќтидори муњаррикаш 210 ќувваи асп бошад он гоњ њисобу китоб аз рўи муќаррароти м. 335 КА ЉТ вобаста ба маоши њадди аќал, ки айни замон 20 сомониро ташкил медињад дар 2 вариант тибќи формулаи зерин ба амал бароварда мешавад:
Варианти 1-ум 210 х 20 х 8% =336 сомонї;
Варианти 2-юм 210 х 1,6 =336 сомонї
Мўњлати муоинаи њарсолаи техникии воситањои наќлиётро Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон муайян менамояд. Вайрон намудани мўњлати супоридани андоз барои њисоб намудани фоиз тибќи тартиб ва њаљми муќаррарнамудаи њамин Кодекс асос мебошад.
Бояд гуфт, ки БДА-и Вазорати корњои дохилї маводњоеро ќабул менамояд, ки тибќи он таруфањои андоз бо Кумитаи андоз мувофиќа карда мешаванд. Чунин як мувофиќатнамої 08.08.2007 сурат гирифтааст, ки супоридани андозро аз рўи 92 тамѓаи автомобилї ва 8 гурўњи наќлиёт вобаста ба давлати истењсолкунандаи асосї дар назар дорад. Дар наќшаи зерин номгўи як ќатори онњоро вобаста ба њадди аќал ва њадди нињої вобаста ба гурўњ, тамѓа ва навъ, ќувваи муњаррик ва маблаѓи андоз пешкаш менамоем (њадди аз/то):
№ гурўњ |
Гурўњ |
Тамѓа ва навъ |
Шумораи љойи нишаст ва ё иќтидори борбардорї | Ќувваи муњаррик
ќ/асп (кВт) |
Фоиз тибќи м. 335 КАЉТ | Маблаѓи камтарин ва зиёдтарин (ба њисоби сомонї) |
1. | Автомошоинањои сабукрави истењсоли ИДМ | ЗИЛ-4104
Ока ППЗ |
7
4 |
315 (231,8)
4000-4600 36 (26,4) 5600 |
4
4 |
252.00
28.80 |
2. | Автомошинањои боркаши истењсоли ИДМ | Бел АЗ-75401
ГАЗ-51 А |
30 000
2500 |
420
70(51,5) 2600 |
10
8 |
840.00
112.00 |
3. | Автомошинањои мусофиркаши истењсоли ИДМ | ЛАЗ-699Р
Газель 322 1-111 |
41
8 |
180(132,4)3200
84(61,8)4200 |
7
5 |
252.00
84.00 |
4. | Автомошинањои боркаши истењсоли хориљї | ИФА-W50
Матирус-232 239 |
5000
16600 |
125
310
|
8
9 |
200.00
558.00 |
5. | Автомошинањои мусофиркаши истењсоли хориљї | Ныса-522 М
Икарус-255 |
10
45+1 |
70(51,5)4000
192(141,9)210 |
5
7 |
70.00
268.80 |
6. | Автомошинањои сабукрави истењсоли хориљї | Toyota Avensis 1.6
Daewoo Тико |
5
4 |
110(81)6000
40 |
4
4 |
880.00
32.00 |
7. | Автомошинањои Љумњурии Чин | Чанхе
Вуллинг Дамас |
7
7 |
52.4
47.1 |
4
4 |
41.92
37.68 |
8. | Мотосиклњо | SUZUKI GSX
«Восход», Минск ММВ 3-2-112, ЯВА 175 |
98/12000
10 |
2
2 |
39.20
04.00 |
Дар њолатњои зерин шахсони воќеї андози номбурдаро намесупоранд:
- њангоми дар ќайд набудани васоити наќлиётие, ки бояд дар љумњурї ба ќайд гирифта шаванд;
- њангоми вайрон будан ё бо дигар сабабњо истифода набурдани воситањои наќлиёте, ки аз ќайди номбаршуда гузаштаанд;
3.њангоми аз нав ба ќайд гирифтани воситаи наќлиёт андоз супорида намешавад, дар сурати аз љониби соњиби пештараи он пардохт намудани андоз.
Насупоридани ин андоз баро шахсони номбурда боиси оќибатњои њуќуќї, аз љумла бастани љарима ва ё манъ кардани муоинаи техникї мегардад. Дар ин њолатњо кормандони БДА њаќ доранд аз ин гуна шахсон талаби њучљатњои супоридани андозро намоянд. Дар акси њол андозсупорандагон аз њуќуќи истифодабарии ин гуна наќлиёт мањрум кардашуда ба муоинаи техникї роњ дода намешаванд..
Мўњлати супоридани андоз вобаста ба ќонугузории љорї ва пешнињоди њисоботи маќомоти дахлдор оиди гузаштани васоити наќлиётї аз 1 – уми апрели соли љорї то 31 декабр муайян карда шудааст. Аз ин љо бармеояд, ки то 1 апрел андозсупоранда бояд андози мазкурро супорад.
Одатан, мавзўъ ва мўњтавои андози мазкурро њамин нуќот ташкил медињад.
4. Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор
Ба ќавли Людвиг фон Мизес яке аз асосгузорони назарияи иќтисодиёти либералї «соњибкор инсоне мебошад, ки дар шароити номуайянї, ки хоси њама гуна њаракатњост, фаъол аст». Албатта, мавриди мавќеи соњибкорон, ки воќеан њам гурўњи муњимтарини андозсупорандагони имрўзаро ташкил медињанд, бањсњои зиёд дар адабиёти њуќуќї пайдо шуда бошанд, њам мўњтавои онро, биноан проблемаи андозбандии онњо ташкил медињад. Айни замон, онњо дар шаклњои умумї ва махсусгардонидашуда фаъолияти худро дар самтњои истењсолї, савдо ва молиявию ќарздињїанљом медињанд. Љињати муњим дар робита ба фаъолияти соњибкории ашхоси воќеї дар замони имрўза, ин љоиз будани истифодаи мењнати кироя аз тарафи онњо ба њисоб меравад.
Ќонунгузории амалкунандаи љумњурї озодии фаъолияти соњибкориро ба таври конститутивї кафолат дода, дар баробари ин низоми алоњидаи андозбандии шахсони воќеии соњибкорро муќаррар менамояд.
Кодекси андози ЉТ њам мафњуми «фаъолияти соњибкорї» ва њам мафњуми «фаъолияти ѓайрисоњибкорї»-ро дар м. 15 пешбинї намудааст. Зарурати нињої дар ин самт, албатта гузоштани тафриќот байни шахсони воќеии муќаррарї ва соњибкор ба њисоб меравад. Тибќи њамин модда фаъолияти соњибкорї њама гуна фаъолиятест, ки сарфи назар аз натиљаи чунин фаъолият, барои ба даст овардани фоида, даромад ё љубронпулї равона гардидааст.
Айни замон фаъолияти марбут ба хариду фурўш, супоридан ё иљораи амвол дар њолати риоя кардани аќаллан яке аз шартњои зерин фаъолияти соњибкорї ба њисоб меравад, агар:
1) чунин фаъолият мунтазам сурат гирифта, барои шахсе, ки муомилоти дар боло зикргардидаро иљро менамояд, фаъолияти муќаррарї бошад;
2) молњои (корњои, хизматрасонињои) истењсолнамудаи (иљрокардаи, расонидаи) фурўшанда пешнињод карда шаванд;
3) чунин амалиётњо дар доираи фаъолияти савдо, савдою миёнаравї (аз љумла дилерї) ё фаъолияти миёнаравї анљом дода шаванд.
Фаъолияти ѓайрисоњибкорї бошад фаъолиятро дар шакли аз љониби як шахс дар асоси подош, муваќќатан ба соњибият, истифода ё ихтиёрдории ин ё он шахси дигар додани амвол (аз љумла маблаѓњои пулї) бе гузаштани њуќуќи моликият ба ин амвол ё ќисми он ва минбаъд људо карда додани онро меноманд, агар чунин тарзи додани амвол ба хизматрасонии молиявї вобаста набошад ва боиси ба зиммаи шахси ќабулкунандаи ин амвол гузоштани ўњдадорињои иловагї, ба истиснои ўњдадорињои вобаста ба истифодаи маќсадноки амволи супурдашаванда ё бо пардохти подоши соњибї, истифода ё ихтиёрдории ин амвол нагардад.
Фаъолияти ѓайрисоњибкорї инњоро дар бар мегирад:
1) дар бонкњо ё дигар муассисањои молиявию кредитї љойгир намудани маблаѓњои пулї;
2) ба иљора додани амвол (ба истиснои њолатњои дар ќонунгузории андоз пешбинї шуда ва љавобгў ба нишонањои асосии фаъолияти соњибкорї будан);
3) ба идоракунии боэътимод супоридани амвол;
4) харидани (фурўш ё супоридани) њисса дар сармояи оинномавии корхона ё ќоѓазњои ќиматноки он; харидани (фурўш ё супоридани) вомбаргњо ё њама гуна дигар векселњо; харидани (фурўш ё супоридани) њисса дар фонди сањњомии инвеститсионї ё њуќуќи муаллифї ва њама гуна њуќуќњои шабењи ба фурўшанда тааллуќдошта, ки эквиваленти фаъолияти ѓайрисоњибкорї мебошад, агар дар ќисми 2 њамин модда тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад;
5) аз љониби шахси воќеї иљро кардани кори кироя.
Ѓайр аз ин ќонунгузор фаъолиятњои зеринро марбут ба фаъолияти ѓайри соњибкорї медонад:
1) фаъолияти маќомоте, ки ба системаи маќомоти њокимияти давлатии тамоми соњаю сатњњо ва маќомоти худидоракунї дохил шуда, фаъолияташон бевосита ба иљрои вазифањои давлатии ба зиммаашон гузошташуда вобаста мебошад, ба истиснои хизматрасонињо, ки дар асоси шартномавї маблаѓгузорї мешаванд ва дигар фаъолияти соњибкорї;
2) фаъолияти эњсонкорї;
3) фаъолияти динї.
Шахси воќеї-соњибкор ин пеш аз њама субъекти хољагидор шањрванде мебошад, ки бе таъсиси шахси њуќуќї амал менамояд ва умдатан њамрадифи он соњибкории инфиродї аст. Тибќи муќаррароти м. 31 КА ЉТ соњибкори инфиродї шахси воќеї, резидент ё ѓайрирезидент, њисобида мешавад, агар он бе таъсиси шахси њуќуќї, аз номи худ, тањти таваккал (риск) ва масъулияти амволии худ ба фаъолияти соњибкорї машѓул шавад. Ва њамзамон бар хилофи тартиби муќаррарнамудаи баќайдгирї ва гирифтани иљозатнома ё дигар њуљљатњои марбут ба фаъолияти соњибкорї машѓул шудани шахси воќеї боиси њамчун соњибкори инфиродї эътироф накардани чунин шахси воќеї бо маќсади андозбандї буда наметавонад.
Ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон шакли соддакардашудаи андозбандии ин гуна субъектонро пешбинї намудааст, ки тавассути патент ва Шањодатномаи соњибкорї ба амал бароварда мешавад.
Патент њуљатест, ки ба сифати соњибкор (бе таъсиси шахси њуќуќї) ба ќайди давлатї гирифта шудани шањрвандро муайян карда, барои машѓул шудан ба фаъолияти соњибкории дар он пешбинигардида њуќуќ медињад. дар муносибатњои њуќуќии андозбандї он њамчун њуљљати тасдиќкунандаи татбиќи шакли соддакардашудаи андозбандї ва тртиби њисобу китоб низ маънидод мешавад.
Шањодатнома бошад њуљљатест, ки шакли соддакардашудаи низоми андоз аз даромад ва пардохтњои иљтимої ба шумор рафта, њамзамон баќайдгирии давлатии шањрвандро ба сифати соњибкори инфиродї тасдиќ намуда, ба соњибкор ба ивази патент дода мешавад.
Шањодатномаи соњибкорї барои намудњои алоњидаи фаъолияти соњибкорї, ки одататн дар биноњои статсионарї ба амал бароварда мешавад дода мешавад. Одататан андозбандии шахси воќеии соњибкор хусусияти мўътадил дошта на танњо ба функсияњои фискалї љамъбаст мегардад. Њуљљати мазкур ба мўњлати 1 сол тибќи тартиботи муќаррарнамудаи ќонунгузории андоз дар мањали фаъолият, дар асоси аризаи шахси воќеї, пешнињоди як ќатор њуљљатњои дигар дода мешавад.
Андозбандии шахси воќеии соњибкор тибќи тартиботи дар Кодекси андоз ва дигар санадњои меъёрии зериќонунї пешбинишуда амалї гардонда мешавад. Тибќи Ќарори Њукумати ЉТ аз 31.03.2004 с. тањти №140 «Оиди тасдиќи Тартиби додани патент ва Шањодатномаи соњибкори инфиродї ба шахсони љисмоние, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси њуќуќї ба амал мебароранд ва Руйхати намудњои фаъолияти соњибкории инфиродие, ки пардохти андози даромадашон дар асоси патент ва Коэфитсентњои минтаќавии танзимнамоии њаљми пардохтро барои патент муќарар мекунанд» намудњои зеринифаъолияти соњибкор-шахси воќеї андозбандї карда мешавад:
- истењсолоти косибї (ѓайрисаноатї) њунармандї ва фурўш (12 намуди фаъолиятро дар бар мегирад);
- расонидани хизмат (30 намуди фаъолиятро дар бар мегирад);
- фаъолияти тиљоратї берун аз њудуди (биноњои) статсионарї (6 намуди фаъолиятро дар бар мегирад).
Масалан, корњои оњангарї ба маблаѓи 20 сомонї патент кунонида мешаванд ва ё фаъолияти репетиторї ситонидани андозро дар щакли патент ба маблаѓи 10 сомонї дар назар дорад. Патент дар асоси коефитсентњои минтаќавї бо фоизи муайян њисобу китоб карда мешавад, ки аз 0,8 то 1, 15 %-ро ташкил медињад.
Љињати дигари муњимми пешбурди фаъолияти соњибкорї ин фаъолияти соњибкории кишоварзии шахсони воќеї мебошад, ки дар шакли хољагињои дењќонї(фермерї) бо њуќуќи таъсиси шахси њуќуќи ва бе он амалї гардонда мешавад. Андозбандии ин ашхос дар асоси боби 42 КА ЉТ дар асоси низоми андозбандии ягона ба танзим дароварда мешавад. Шаклњои амалсиозии чунин як хољагидориро аз љониби як нафар, аъзои оила ва ё ширкати оддї пеш бурдани он ташкил медињанд.
Бояд гуфт, ки тибќи м. 27 Ќонуни ЉТ «Дар бораи хољагињои дењќонї (фермерї)» аз 10.02.2002 с. андозбандии онњо мутобиќ ба талаботи Кодекси андоз пешбинї карда шудааст. Дар марњилањои аввали ташкилшавї агар хољагињои мазкур дар асосњои умумї андозбандї карда шаванд, пас баъди ќабули карори Њукумати ЉТ аз 03.08.2002 тањти №319 «Дар бораи муайяннамудани воњидњои марзию маъмурии Љумњурии Тољикистон, ки дар ќаламрави онњо муваќќатан андози ягона барои хољагињои дењќонї љорї мегардад» хољагињои мазкур суполрандаи андози ягона мебошанд. Љорї шудани андози номбурда албатта дар марњилањои аввал бо Дастурамал «Дар бораи тартиби ситонидани андози ягона барои хољагињои дењќонї (фермерї)» аз 09.01.2003 с. Тањти №3\5-216 муайян гардида, дар чор ноњияи пилотї-Рўдакї (собиќ Ленин), Шањритус, Нов ва Ванљ татбиќ гардид. Сипас муќаррароти андози ягона дар боби 42 КА ЉТ мустањкам карда шуд.
Хољагии дењќонї(фермерї), ки бе таъсиси шахси њуќуќї амал менамояд, њамчун истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї супорандаи ин намуди андоз мебошад.
Объекти андозбандї-масоњати замини истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї мебошад.
Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар ќисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандї мегарданд (фаъолияти кишоварзї), аз пардохти андозњои зерин озод карда мешаванд:
— андоз аз арзиши иловашуда оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;
— андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;
— андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;
— андози њадди аќал аз даромади корхонањо;
— андози замин;
— андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда супорида мешавад.
Даромади вобаста ба фаъолияти кишоварзї бадастовардаи аъзои хољагии дењќонии (фермерии) бе шахси њуќуќї таъсисёфта, ки бояд бо андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї андозбандї шавад, аз андози даромад озод аст.
Хољагии дењќонї(фермерї) њамчунин супорандаи андози иљтимої мебошад, ки он дар њаљми муќаррарнамудаи ќонун барои соњибкорони инфиродї, ки дар асоси патент пардохта мешавад, яъне 20% муайян карда мешавад.
Меъёри андоз барои заминњои обї дар њаљми 4-каратаи меъёри андози замин ва барои дигар заминњо њаљми меъёри муќаррарии заминњо муайян карда шудааст. Барои хољагињои пахтакор бошад њаљми 2-каратаи андозбандии заминњои обї муайян гардидааст.
Давраи њисоботдињї то 1 марти соли љорї, аз љумла њисобот оиди пардохти андози иљтимої.
Мўњлати пардохти андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї барои соли андози љорї на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 10 фоиз, 25 фоиз, 45 фоиз ва 100 фоизи маблаѓи солона супоридашаванда муайн карда шудааст.