Открыть меню

Андозбандии шахсони њуќуќї

image

1. Андозбандии шахсони њуќуќї

Гурўњи асосии андозсупорандагонро дар љумњурї шахсони њуќуќї ташкил менамоянд. Воќеан ќонунгузори имрўза дар љараёни танзимнамоии њуќуќї аз истилоњи «шахсон» васеъ истифода менамояд ва њолати њуќуќии онњоро њамзамон ба пуррагї тавъам намедонад. Ин гуна субъектони њуќуќї тибќи муќарароти боби 4 ќ. 1 Кодекси граждании ЉТ ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгириии шахсони њуќуќї» аз 22.04.2003 с. дар шаклњои муайяни ташкилї-њуќуќї таъсис дода мешаванд, ки муродифашон истилоњоти «муассиса» ва «ташкилот» мебошад. Корхонањо бошанд дар сурати ташкил ёфтанашон дар ин ё он шакли ташкилї-њуќуќии бо Кодекси гражданї муќарраршуда ба чунин сифат эътироф мегарданд. Агар якчанд сол пештар андозбандии шахсони њуќуќї ба сармояи давлат алоќамандии зич дошта бошад пас баъди соњибистиќлол гаштани љумњурї баръакс њиссаи давлат дар чунин як воситаи амалисозии сиёсати фискалии хољагидорї кам гардида, дар баъзе соњањо батамом аз байн рафт. Аз ин љост, ки пешбурди фаъолияти хољагидорї на танњо дар шакли ширкат ва љамиятњои хољагї балки кооперативњои истењсолї ва корхонањои воњиди давлатї роиљ гардид. Ба ибораи дигар мавќеъи шахсони њуќуќи чї дар сектори давлатї ва чї дар сектори хусусї вобаста ба фаъолияти соњибкорї муайян карда шуд.
Дар баробари ин ќонунгузории граждании Тољикистон шахсони њуќуќиро ба ду гурўњи мустаќил яъне тиљоратї ва ѓайритиљоратї људонамуд, ки бо маќсади андозбандї њар ду њам истисно нестанд.
Ба гурўњи аввал ширкат ва љамъиятњои хољагидорие дохил карда шудаанд, ки маќсади асосии онњо ба даст даровардани фоида мебошад.
Ба гурўњи дигар бошад ассотсиатсия ва иттифоќњоро мансуб медонанд, ки онњо низ тибќи муќарароти ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти андозбандї эътироф карда мешаванд.
Дар навбати худ андозсупорандагон-шахсони њуќуќиро вобаста ба як ќатор омилњо, аз љумла њаљми маблаѓњои муомилотї ва миќдори кормандони кирояаашон тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон шартан ба гурўњњои муайян људокардан мумкин аст:
1. андозсупорандагони калон
2. андозсупорандагони миёна
3. андозсупорандагони хурд.
Ба гурўњи аввал дар баробари шахсони њуќуќї соњибкорони инфиродие дохил карда мешаванд, ки дар сармояи оинномавии онњо њиссаи давлат аз 25% зиёд набуда, андозаи даромади онњо дар аввали соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз њадди секаратаи муќараррарнамудаи м. 202 КАЉТ зиёд набуда, шумораи кормандон дар давраи соли таќвимї на зиёда аз 30 нафар, барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї бошад на зиёда аз 50 нафар мебошад. Њадди муайянгардида, алъон бо таносуб 600 њаз. сомониро ташкил медињад.
Ба гурўњи дувум бошад шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродие мудохиланд, ки андозаи даромади онњо дар аввали соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз њадди секаратаи муќараррарнамудаи м. 202 КА ЉТ то 15 миллион сомониро ташкил дода, шумораи кормандон дар давраи соли таќвимї аз 30 то 100 нафар, барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї аз 50 то 200 нафарро дар бар мегирад.
Боќимонда субъектоне хољагидоре, ки аз њадди нињоии муќаррарнамудаи ќонугузорї ба талаботи бештар љавобгў мебошанд ба соњибкорони калон дохил карда мешаванд. Тибќи фармони собиќ Вазорати даромадњо ва пардохтњои давлатии Љумњурии Тољикистон тањти №344 аз 13.12.2004 с. Мањакњои иќтисодии ин гуна корхонањо аз рўи 6 бал кор карда баромада шудааст, ки дар маљмўъ имконияти ба корхона медињад, ки ба гурўњи андозсупорандагони калон ворид гарданд. Ин мањакњо инњоянд:
1.њаљми умумии солонаи фурўши молу мањсулот (кор ва хизматрасонї);
2.арзиши миёнаи амволи корхона дар соли гузашта;
3.маблаѓи умумии солонаи њисобкардашудаи андоз (аз љумла, андоз ба фонди њифзи иљтимоии ањолї, пардохтњои гумрукї ва андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминий);
4.маблаѓи солонаи пардохтњои андозї (аз љумла, андоз ба фонди њифзи иљтимоии ањолї, пардохтњои гумрукї ва андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминий).
Тибќи ин мањакњо, масалан, њаљми зерини фурўши молу мањсулот (кор ва хизматрасонї) нисбати ин гуна корхонањои бали муайян мегиранд:
а) то 1 млн. сомонї – 0 бал;
б) аз 1 млн. сомонї то 3 млн. сомонї – 1 бал;
в) аз 3 млн. сомонї то 10 млн. сомонї – 2 бал;
г) аз 10 млн. сомонї зиёдтар – 3 бал.
Чунин таќсимот дар сурате имконпазир гардид, ки тибќи ќонунгузорї њадди нињоии маблаѓњои дар муомилот буда бо маќсади андозбандї ба назар гирифта шудаанд.

2. Хусусиятњои фарќкунандаи андозбандии шахсони њуќуќї

Андозбандии шахсони њуќуќї аз андозбандии шахсони воќеї бо як ќатор хусусиятњои худ фарќ мекунад, ки аз мазмуни ќонунгузории љорї бармеояд. Гап сари он меравад, ки дар тафовут аз шахсони воќеї њолати њуќуќии шахсони њуќуќї хосияти махсусгардонидашударо доро мебошад, ки вобаста ба як ќатор тамоюлњо муайян карда мешавад.
Аввалан, андозбандии шахсони њуќуќї ба идоракунии хољагии он вобаста мебошад. Айни замон идоракунии мустаќилонаи хољагї ва идоракунии оперативиро фарќ кардан имконпазир аст. Мустаќилона пеш бурдани хољагї одатан хоси шахсони њуќуќиест, ки ба фаъолияти соњибкорї машѓуланд.
Сониян, мавќеи љойгиршавии шахсони њуќуќї тибќи ќонунгузории граждании љумњурї муайян карда шуда, ќонунгузор дар байни шахсони њуќуќии хориљї ва дохилї бо маќсади андозбандї тафриќа мегузорад, ки одатан ба имтиёзњои андозбандїалоќаманд аст.
Баъдан, њангоми андозбандии шахсони њуќуќї ба кадом шакли ташкилию њуќуќї дахлдор будани онњо ба инобат гирифта мешавад. Аслан, дар ин маврид тиљоратї ва ѓайритиљоратї будани шахсони њуќуќї мадди назар карда намешавад.
Гуфтан мумкин аст, ки як ќатор андозњое, ки аз шахсони њуќї ситонида мешавад хусусияти алтернативиро нисбати андозњои шахсони воќеї супоранда доранд.
Њамчунин, нисбати баќайдгирии шахсони њуќуќї тартиби махсус пешбинї карда мешавад, ки мутобиќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи баќайдгирии шахсони њуќуќї» ба амал бароварда мешавад. Фаъолияти онњо дар ин сурат хусусияти рамзї гирифта, дар асоси Шањодатномаи баќайдгирии шахси њуќуќї ба роњ монда мешавад.
Ѓайр аз ин, ќонунгузор тартиботеро пешбинї менамояд, ки тибќи он њама гуна бонкњои тиљоратї, муассисањои хурди молиякунонї, фондњои сармоягузори суѓуртавї супорандаи андоз њисобида мешаванд.
Тартиби њисобу китоби андозњо нисбати шахсони њуќуќї дар фарќият аз шахсони воќеї соддакардашуда намебошад.

3. Андоз аз арзиши иловашуда

Андоз аз арзиши иловашуда дар марњилањои аввалини инкишофи андозбандї муќарар карда шуда, ба гурўњи андозњои умумиљумњуриявї шомил гардид. Ин намуди андоз бори аввал тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи андози арзиши иловашуда» аз 06.01.1992 с. љорї карда шуда, дар м.19 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи асосњои низоми андоз» аз 20.06.1994 с. ва минбаъд дар фасли 7 (аз боби 24 то боби 32) Кодекси андоз аз 12.11.1998 с. мустањкам гардид. Айни замон танзимнамоии њуќуќии андози арзиши иловашуда бар асоси меъёрњои фасли 7-уми КА ЉТ аз 04.12.2004 амалї гардонида мешавад.
Андози номбурда чї дар марњилањои аввал ва чї баъдина вобаста ба меъёри фоизї ба тариќи мустањкам ва афзуншаванда ситонида мешавад. Агар дар соли 2007-ум даромадњо ба њисоби буљет аз њисоби ин намуди андози муњими умумиљумњуриявї дар њаљми 210,7 млн. сомонї пешбинї шуда бошад њам наќша бо ќиёси 220 млн. сомонї иљро гардид, ки ин њам бошад аз нуфузи ин андоз дарак медињад.
Андози арзиши иловашуда андози мутаносиб низ ба њисоб меравад. Мавриди чунин як тарзи анозбандї њаминро ќайд кардан љоиз аст, ки дар адабиётњои њуќуќї шарњ дода нашуда њамчун андозбандии мутаносиб барои њар андозсупоранда на маблаѓи баробари андоз, балки муќаррар кардани меъёри баробари андозро дар назар дорад. Мисоли равшани муќаррарсозии чунин як меъёрњои баробарро метавон дар Ќонунњои ЉТ дар бораи буљети давлатии соли дахлдор дарёфт намуд. Дар назар аст, ки андози номбурда ба гурўњи андозњои мутаносиб дохил мешавад, њамон тавре ки аксари андозњои умумиљумњуриявї ба њамин гурўњи андозњо шомиланд.
Барои фањмиши њамаљониба андози номбурда хуб мешуд, ки ба мафњуми легалии он рў биёрем. Тибќи м. 200 КА ЉТ андози арзиши иловашуда гуфта, шакли ба буљет гирифтани ќисми арзиши дар љараёни истењсол ва муомилоти мол, иљрои кор ва хизматрасонии дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон иловашуда, инчунин ќисми арзиши тамоми молњои андозбандишавандаи ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшавандаро меноманд. Ќонунгузор њамчунин муайян намудааст, ки андози арзиши иловашуда дар њама марњилањои истењсолот, муомилоти молњо, иљроиши корњо ва хизматрасонї пардохта мешавад. Дар баробари ин андози арзиши иловашуда ба тарзи мусбї, яъне меъёри мустањкамгардида ва ба тариќи меъёри сифрї ситонида мешавад.
Супорандагони асосии андози арзиши иловашуда соњибкорон мањсуб меёбанд. Мањз доираи фаъолияти онњоро истењсол ва муомилоти мол, иљрои кор ва ё расонидани хизмат ташкил медињад. Мутобиќи муќаррароти ќонунгузории андоз њаддии нињоии амалиётњои андозбандишавандаи субъектони хољагидор дар 12 моњ яъне соли таќвимї зиёда аз 200 њаз. сомонї муайян карда шавад, он гоњ дар ин њолат чунин субъектон ба сифати супорандаи андози арзиши иловашуда эътироф мегарданд.
Бояд гуфт, ки супорандагони ин намуди андоз њам дар асосњои ихтиёрї ва њам иљборї ба чунин сифат ба ќайд гирифта мешаванд. Иловатан њангоми баќайдгирии чунин субъектон ба онњо аз љониби маќомоти андоз шањодатномаи баќайдгирї њамчун супорандаи андози арзиши иловашуда дар мўњлати 10 рўз аз рўзи пешнињоди њуљљатњои лозимї дода мешавад. Супорандагони андози арзиши иловашуда дар фењрасти супорандагони чунин намуди андоз љой мегиранд ва дар назди маќомоти андоз њисоботдињанда мебошанд. Давраи њисоботии онњо моњи таќвимї муайян гардидааст. Њамзамон ќонунгузор дар м.203 КА ЉТ баќайдгирии ихтиёриро бо маќсади андозбандї пешбинї намуда, омили асосиро машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї медонад. Шахсони љисмонии муќаррарї наметавонанд дар навбати худ њамчун супорандаидаи андози арзиши иловашуда эътироф гарданд.
Объекти андозбандии андози арзиши иловашударо тибќи м. 206 КА ЉТ инњо ташкил медињанд:
-амалиётњои андозбандї ва воридоти андозбандишаванда;
-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї;
-хариди молњо (корњо, хизматрасонињо) аз тарафи андозсупоранда бо пардохти андози арзиши иловашуда ва бањисобгирии маблаѓи дахлдор ё доштани чунин њуќуќ, агарчанде ки истифодаи молњо (корњо, хизматрасонињо) барои фаъолияти ѓайрисоњибкорї бошад;
-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї ба кормандони худ, агарчанде ки ройгон бошад;
-истењсоли молњо, иљрои кор ва хизматрасонї аз ашё ва ё маводњои фармоишгар;
-молњои ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшаванда ва ё воридшуда тибќи эъломияи гумрукї ба расмият даровардашуда.
Ќонунгузор дар баробари объектњои андозбандишаванда њамчунин номгўи объектонеро муќаррар намудааст, ки аз супоридани андози арзиши иловашуда озод мебошанд (м. 211 КА ЉТ). Ба ин доира тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињои зерин (ба истиснои содироташон) дохил мешаванд:
фурўш, ба иљора супоридани амволи ѓайриманќул ба љуз аз:
-фурўш ва ё супоридани бинои мењмонхонањо ё манзилгоњњо барои истироњаткунандагон;
-фурўш ва ё супоридани биноњои истиќоматии аз нав сохташуда ба ѓайр аз њолатњое, ки ин биноњо њамчун манзили истиќоматї камаш дар давоми 2 сол истифода шудааст.
-хизматрасонињои молиявї (дар ќисмати иљораи молиявї) дар ин њолат танњо фоизњо озод карда мешаванд;
-тањвили асъори миллї ва (ё) хориљї, коѓазњои ќимматнок (ба истиснои маќсадњои нумизматї);
-хизматрасонии динї ва маросимї аз љониби ташкилоти динї;
-хизматрасонии тиббї дар њолати доштани иљозатномаи дахлдор барои машѓул шудан ба њамин намуди фаъолият ѓайр аз хизматрасонии косметологї;
-хизматрасонињо дар соњаи таълиму тарбияи томактабї, тањсилоти умумии асосї, миёнаи умумї, тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї, -тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиї, тањсилоти иловагї ва махсус дар сурати доштани иљозатномаи дахлдор барои машѓул шудан ба чунин намуди фаъолиятњо;
-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињо, ки мустаќиман муассисањои пенитенсиарии Љумњурии Тољикистон ё корхонањои давлатие, ки ба низоми пенитенсиарии љумњурї шомиланд, истењсол намудаанд (иљро намудаанд, хизмат расондаанд);
-тањвили рўзномаю маљаллањо, адабиёти бадеї, адабиёти бачагона, асарњои илмии техникї, адабиёти таълимї, инчунин иљрои корњо оид ба нашри онњо (ба истиснои навъњои эротикї ва хусусияти махсуси рекламавї дошта);
-тањвили молњои (либос ва пойафзол, кўлоњ ва мањсулоти љўроб) навъњои кўдакона, ки бо номгўй аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд;
тањвили мањсулоти махсуси истифодаи фардї барои маъюбон, ки аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд;
-хизматрасонии санаторию курортї;
-тањвили мањсулоти њунармандию бадеї, асбобњои мусиќї, ки бо номгўй аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд;
-тањвили алюминийи аввалия, пахтаи коркарднашуда ва нахи пахта, аз љумла барои содирот (ба истиснои пахтаи коркарднашуда, ки барои содирот пешбинї шудааст);
-тањвили тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) ба Бонки миллии Љумњурии Тољикистон њамчунин тањвили тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосњои табии (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфирњо, зумуррад, рубин, александритњо, гавњар ва шпинелњо ба Вазорати молияи ЉТ барои Хазинаи давлатии сарватњо.
Ѓайр аз ин як ќатор воридот аз супоридани андози арзиши иловашуда озод карда шудааст. Ба монанди:
-воридоти асъори миллї ва (ё) хориљї, коѓазњои ќиматнок (ба истиснои маќсадњои нумизматї);
-воридоти тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз љониби Бонки миллии Љумњурии Тољикистон, њамчунин воридоти тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосњои табии (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфирњо, зумуррад, рубин, александритњо, гавњар ва шпинел аз љониби Вазорати молияи ЉТ барои Хазинаи давлатии сарватњо;
-воридоти молњо ба сифати кўмаки башардўстона, воридоти молњо ба ташкилотњои эњсонкорї бо маќсади бартараф кардани оќибатњои офатњои табиї, ва фалокатњо, ки ройгон дода мешаванд, инчунин воридоти молњое, ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон ройгон дода мешаванд;
-воридоти таљњизоти истењсолию технологї ва мањсулоти такмилии (комплектии) онњо (ки маљмуи ягонаро ташкил медињанд, яъне кори таљњизоти истењсолию технологї бе онњо имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонањо ё азнавтаљњизонии техникии истењсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин амвол мустаќиман дар истењсои молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї мутобиќи њуљљатњои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молњои тањтиаксизї ќарор нагирад, инчунин амволи шахсие, ки кормандони хориљии корхонањои дорои сармояи хориљї мустаќиман барои эњтиёљоти худ ба љумњурї ворид менамоянд. Имтиёзи номбурда тибќи Ка ЉТ аз 4 сол зиёд буда наметавонад;
-воридоти техникаи кишоварзї ва ќисмњои эњтиётии он тибќи номгўи муайянннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, инчунин дорувории тиббї, воридоти асбобњои тиббї фармасевтї мутобиќи номгўйе, ки аз љониби Њукумати ЉТ муайян карда мешавад;
-воридоти молњое, ки барои татбиќи лоиањои маќсадноки маъќул донисташудаи Њукумати ЉТ аз њисоби (дар доираи) маблаѓи грантњо ва (ё) кредитњо (ќарзњо), ки шахсони њуќуќї ва воќеї, давлатњои хориљї, њукуматњои давлатњои хориљї ё ташкилотњои байналмилалї додаанд, амалї мешаванд;
-воридоти намудњои асоии ашёи хом (ба истиснои молњои зераксизї), масолењ, захирањои энергетикї ва таљњизот, тибќи номгўй ва њаљми муќарраркардаи Њукумати ЉТ, ки бевосита заводи алюминийи љумњурї бо маќсади истењсоли алюминийи аввалия истифода мебарад;
-воридоти мањсулоти махсуси истифодаи фардї барои маъюбон, ки аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешавад.
Меъёри андози арзиши иловашуда тибќи м.224 КА ЉТ 20%-ро ташкил медињад. Њамзамон, ќонунгузор меъёри номбурдаро дар ду њолат яъне гардишоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда (ба истиснои содирот) татбиќ менамояд. Дар робита ба ин меъёр њамчунин ќайд кардан лозим аст, ки ба њайси исботи супоридани ин намуди андоз счет-фактурањо баромад менамоянд. Ин њуљљатњои ќатъии њисобу китоб буда, дар 3 нусха тартиб дода мешаванд ва бо эъломияи андози арзиши иловашуда пешнињод карда мешаванд. Яке аз он ба дастраскунандаи (харидор, фармоишгар) молњо, кор ва хизматрасонї тааллуќ дошта, нусхаи дигар ба андозсупоранда (шахсе, ки онро навиштааст) мутааллиќ аст ва ахиран нусхаи сеюм ба маќомоти андоз нигаронида шудааст, ки мутаносибан дар журнали ќайди махсус ба њисоб гирифта мешавад.
Инчунин ќонунгузории андоз дар нисбати содироти молњо меъёри ба тариќи сифр андозбандишавандаро муайян намудааст. Мутобиќи м. 214 КА ЉТ дар сурати содироти молњо ба истиснои содироти алюминийи аввалия, пахтаи коркарднашуда, нахи пахта, металњои ќимматбањо, сангњои ќимматбањо, маснуоти заргарї аз метал ва сангњои ќимматбањо чунин меъёр мавриди истифодабарї ќарор мегирад.
Ќайд кардан лозим аст, ки нисбати як ќатор аз ин имтиёзњо аллакай дар љумњурї таљрибаи ќонунгузорї андўхта шудааст. Масалан, тибќи м.11 Ќонуни ЉТ «Дар бораи Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2008» аз 14.11.2007 с. тањти №337 иљрои кор ва хизматрасонии фармоишгарону пудратчии асосии мењмонхонањои панљситорадори ш. Душанбе «Исмоили Сомонї», «Сирена Душанбе», воќеъ дар хиёбони Айнї, Исмоили Сомонї, Маркази фарњанги Осиёи Миёна ва корхонаи ресандагию бофандагї бо сехи рангу бор аз андози арзиши иловашуда дар соли 2008 озод карда шудаанд. Ва на танњо аз ин намуди андоз балки андозњои истифодабарандагони роњњои автомобилгард, андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо ва андози иљтимої аз ашхосе, ки шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд ва дар ин объектон кор менамоянд. Мавриди дигар бошад бар асари як ќарори иловагии парлумони кишвар ба буљети давлатї корхонаи муштараки Тољикистону Эрон оид ба истењсоли трактор «ТољИрон» аз андози арзиши иловашуда њангоми ворид кардани таљњизот озод гардид. Ин дар навбати худ метавонад боиси паст гардидани арзиши аслии ин намуди мањсулот бо маќсади минбаъд бештар ба истењсолот ворид кардани технологияњои навтарини хољагии ќишлоќ гардад.
Таљрибаи аксари давлатњои дунё шањодат медињад, ки андози арзиши иловашуда навобаста аз вазъи пешрафти иќтисодї ситонида шуда, маъмулан барои пиёдасозии функсияњои иљтимоии давлат равона шудааст. Масалан, дар Олмон объекти чунин намуди андоз гардишњо оиди фурўши молњои њамхудї ва њам аз дигар љой дастрасгардида, расонидани хизмати истењсолї ва ѓайриистењсолї дар њудуди кишвари номбурда пешбинї карда мешавад. Ё ин, ки воридоти молњо аз давлатњои ѓайри Иттињоди Аврупо ва истеъмолоти худї низ андозбандишаванда мебошанд. Меъёри андози арзиши иловашуда низ дар мамолики хориљї гуногун мебошад. Вале дар аксари њолатњо њадди андозбандишаванда ва доираи фаъолият таѓйирёбанда аст. Барои мисол, дар Уганда доираи субъектони чунин намуди андозро ашхоси соњибтахассус ба мисли меъморон, аудиторон ва ё њуќуќшиносон ташкил менамоянд, ки дар навбати худ њамчун соњибкор баромад менамоянд. Дар давлатњои Иттињоди Аврупо бошад дар ин мавридњо њадди баќайдгирии ин гуна ашхос муќаррар карда шудааст, ки 15 њаз. евроро ташкил медињад. Њаљми андоз низ гуногун аст, масалан, дар Эквадор он 15%-ро ташкил медињад.
Њамин тавр, андози арзиши иловашуда, яке аз воситаи муњими ѓанигардонии буљети давлатїба њисоб рафта, дар шароити иќтисоди бозорї љорї кардани он ба принсипњои амалисозии фаъолияти соњибкорї ќаробат дошта, одатан барои рушди иќтисодиёти миллї ва њифзи манофеи љамъиятї нигаронида шудааст.

4. Аксиз

Ба њисоби яке аз ўњдадорињои асосии андозсупорандагон супоридани андози аксиз дохил карда мешавад, ки њамчун сарчашмањои мустањкамгардидаи ѓанигардонии буљети давлатї баромад менамояд. Аксиз (андози аксиз) тибќи муќарароти ќонунгузории андоз ва гумруки Љумњурии Тољикистон ситонида шуда, ба гурўњи андозњои ѓайримустаќим дохил аст.
Мавриди ќайд аст, ки табиати њуќуќии аксиз дар адабиётњои њуќуќї якранг маълум нагардидааст. Гоњо он њамчун андози омехта низ маънидод мешавад. Вале ба њар минвол аќидаи пањншуда, ки аз љониби муаллифони дигар низ ќобили тазаккур гардидааст ин њамчун андози ѓайримустаќим баррасї кардани он мебошад. Айни замон бошад онро њам ба мазмуни иќтисодї, њуќуќї ва њам этимологї фањмидан лозим аст. Аз нуќтаи назари этимологї аксиз ба забони фаронсавї «accise», истилоњи лотинї буда, «accidere»-маънои буриданро дорад.
Аз лињози таърихї аксиз аллакай дар давлатњои Юнону Рими ќадим маълум буд. Махсусан, низоми мукаммали андозбандии Рим љолиби диќќат мањсуб меёфт, ки љорї намудани андозњоро барои истеъмолот, супоридани бољро барои интиќоли молњои давлатњои ѓайр (ба истилоњи лотинї-portoria) ва бољ барои озод намудани ѓуломон (боз њам ба истилоњи лотинї-vicensima manumissionum)-ро пешбинї намуда буд. Ба ќавле «аксиз дар Рими ќадим як шакли ќадимаи андозбандї мањсуб ёфта, аз љониби сарварони ин империяи бузург њамчун сарчашмаи асосии ѓанигардонии даромади хазинаи давлатї баромад менамуд». Дар замони муосир ин нуќта мадди назар карда намешавад, зеро аксиз њамчун сарчашмаи муњими даромади буљети аксари давлатњои дунё ба њисоб меравад.
Аксиз дар аксарияти манотиќи олам рўё буда, бештар ваќт тавассути муќаррар кардани меъёрњои мустањкамкардашуда барои моли муайян ва ашёи хом, ё ин ки тавассути тамѓагузории аксизї ситонида мешавад. Масалан, дар Индонезия номгўи зиёда аз 40 намуди молњои зераксизї ба монанди машруботи алкоголї ва ѓайриалкоголї, яхдон, таљњизоти варзишї, мањсулот аз пўст, ќаиќњои муњаррикдор, њавопаймоњо, яроќи оташфишон, бозињои видеої ва ѓайрањо муайян карда шудаанд, ки вобаста ба намуд ва арзишашон дар њаљми аз 10 то 75% андоз ситонида шуда, дар Камбоља бошад ба истењсолкунандагони сигаретањо ўњдадории њатман харидорї ва ширеш намудани тамѓањои аксизї барои њар як борљома бо эњтилофи роњ надодан на танњо ба фурўш балки баровардани он аз њудуди заводњои истењсолкунандаи чунин молњо дар сурати акс муќарар карда шудааст.
Аз лањзаи соњибистиќлолии Тољикистони муосир бошад то ба имрўз вобаста ба муносиботи андозбандии аксиз Ќонуни ЉТ «Дар бораи аксиз»-ро аз 06.01.1992 ёдрас шудан лозим аст, ки минбаъд асоси ќабули ќарори Девони Вазирони Љумњурии Тољикистон гашта, номгўи 17 намуди молњои аксизиро ба мисли спирти истеъмолї, араќ, шоколад, мањсулоти тамоку, мањсулоти муинавї ва монанди онњо муайян карда буд.
Мавриди ќайд аст, ки дар таносуб бо њолати кунунї марњилањои аввали љорї намудани аксиз дар он зоњир гашта буд, ки ба сифати супорандагони аксиз танњо корхона ва ташкилотњо, корхонањои ба сармояи хориљї асос ёфта, филиал ва намояндагињои онњо баромад менамуданду халос. Њолатњое низ мављуд буданд, ки корхонањои ба сармояи хориљї асос ёфта, аз ин намуди андоз озод карда мешуданд. Барои мисол бар асари Ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 05.03.1993 тањти №111 корхонаи муштараки Амрико ва тољикии «Интерфер», ки мебоист ба истењсоли пойафзол дар кишвар машѓул гардад, солњои 1993-1994 аз супоридани аксиз бо маќсади минбаъд ба пуррагї ба истифода додани он озод гардид. Баъдан, номгўи молњои зераксизї чандин маротиб таѓйир ёфт. Чунин вазъ оњиста-оњиста ба ташкили низоми воњиди андозбандї ва ситонидани бољу хирољи давлатї ва афзудани нуфузи андози аксиз оварда расонид. Њамзамон, ин боиси мустањкамкунии аксиз њамчун андози умумиљумњуриявї дар боби алоњидаи аввалин санади кодификатсионии соњаи ќонунгузории андоз низ гардид.
Аксизро (андози аксизро) ба њар њол аз нуќтаи назари ќонунгузории андоз бояд бањогузорї намуд. Мутобиќи м. 239 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон аксиз (андози аксиз) гуфта, андози ѓайримустаќимеро меноманд, ки ба нархи фурўши молњои зераксизї дохил карда мешавад. Маъмулан, аксиз (андози аксиз) андози умумиљумњуриявї њисобида мешавад, ки андозсупорандагони ин намуди андозро њам шахсони љисмонї ва њам шахсони њуќуќї, истењсолкунандагони молњои зераксизї дар дохили кишвар ва воридкунандагони он ташкил медињанд.
Доираи иштирокчиёни муносибатњои њуќуќии андози аксизро аз лињози объекти андозбандї, яъне амалиётњои андозбандишаванда муќарар намудан мувофиќи маќсад аст чунки ќонунгузор доираи ин гуна амалиётњоро мушахассан дар м. 241 КА ЉТ пешбинї менамояд. Асосан ба соири ин объектон амалиётњои воридотї ва содиротиро дохил кардан лозим аст, ки бевосита ба фаъолияти иќтисодии берунї алоќаманданд. Одатан дар ин њолат на танњо ќонунгузории андоз балки ќонунгузории гумрук њам руи кор меояд.
Ба сифати супорандагони андози аксиз тибќи м. 240 КА ЉТ ашхоси зерин баромад менамоянд:
 ашхоси воќеї ва њуќуќие, ки истењсолкунанда ва ё воридкунандаи молњои зераксизї дар ќаламрави Тољикистон мебошанд;
 тањвилкунандагони молњои зераксизии мусодирашуда, бесоњиб, инчунин молњои зераксизии тибќи њуќуќи меросгузорї ва ройгон дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба моликияти давлат додашуда;
 онњое, ки ба вайроншавї, нестшавии молњои зераксизї роњ додаанд;
 шахсони њуќуќї-ѓайрирезидентњо ва воњидњои махсуси онњо.
Ситонидани аксиз ба молњои зераксизї ва ашёи хом њамчун объекти андозбандї бещтар алоќаманд буда, хусусияти асосии онњоро ба мисли сермасрафї, чандирї айният ва ба истеъмолкунандаи охирин вобаста будан ќайд кардан љоиз аст. Ѓайр аз ин андози аксиз ба арзиш ё нархи мањсулот алоќаманд буда, вазнинии он ба дўши истеъмолкунандагон гузошта мешавад.
Номгўи молњои зераксизї мутобиќи мукарароти м. 247 КА ЉТ пешбинї карда шуда, рўйхати объектњои андозбандї пешакї аниќ мебошанд. Меъёри андозбандии ин гуна молњо бошад дар асоси Ќарори Њукумати ЉТ аз 02.04.2005 тањти №126 муайян карда шуда, тибќи Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо», ки Кумитаи андози назди Њукумати ЉТ бо мувофиќаи Вазорати молияи ЉТ аз 14.12.2006 сол тасдиќ кардааст (тањти №10-4-2/2068) ситонида мешавад. Дар баробари ин меъёрњои ин намуди андозро ќайд намудан лозим аст, ки он дар мувофиќа бо Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљии ташкилоти Авруосиё бо асъори евро њисоб карда шуда, бо пули миллї дар асоси ќурби Бонки милллии Тољикистон дар рўзи тањвили мол, ќабули борхати гумрукї ё рухсати молњо ситонида мешавад. Барои мисол, агар меъёри аксиз барои 1 литр араќ 0,75 евро муќаррар шуда бошад ва ќурби евро ба 4,2 сомонї баробар бошад, андозсупоранда ба нархи фурўши њар 1 литр араќ бояд 3,15 (0,75 х 4,2) сомонї зам намояд. Тартиби тамѓагузории молњои зераксизї вобаста ба њар як молу мањсулот низ мебошад. Масалан, чун анъана ситонидани андози аксиз аз нўшокињо ва ё мањсулоти тамоку бо тамѓагузории њар як зарф ва ё ќуттї хотимаёфта њисобида мешавад.
Љамъулљамъ, номгўйи молњова ашёи хоми зераксизї 6 гурўњро ташкил карда, меъёрњои як ќатори он дар наќша чунинанд:
Номгўй, воњиди шартї-миќдорї ва маблаѓи як ќатор молњое ки аз онњо аксиз (андози аксиз) ситонида мешавад (бо назардоштињадди нињоии аз/то):
№ гурўњ
Молњои зераксизї
Воњиди
шартї
Маблаѓї аксиз
бо фоизњо аз
арзиши гумрукї
ё ин ки бо евро

22 спирт, нўшокињои беспирт ва спиртдор
-обњои минералї ва газнок / коняк 1 литр 0,01 / 1,2

24 тамокуи коркардшуда ва мањсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку
-сигаретњои тамокудор (бе фильтр) / сигаретњои тамокудор (бо фильтр) ё диагр тамокуи бо роњи саноатї истењсолшуда ва ивазкунандањои саноатии тамоку 1000 дона 0,34 / 0,75 ё 10%
27 сўзишвории минералї, нафт ва мањсулоти коркарди онњо; моддањои битуминозї; шамъњои минералї
-дистилятњои вазнин (газойлњо) / бензинњои моторї 1 тонна 6,6 / 50
40 шина ва покришкањои пневматикии резинии нав, шина ва покришкањои пневматикии барќароршуда ё пештар истифодашуда; шина ва покришкањои яклухт ё нимпневматикиї, протекторњои шинагї ва лентањои њошиядори резинї
-шинањо ва поркишкањои аз нав барќарор када шудаанд (дар Љумњурии Тољикистон) / шинањо ва покришкањои резинии нав — 5% / 10%
71 мањсули љавоњирот аз тилло, платина ё нуќра
-љавоњирот, маснуоти тиллої ва нуќрагии заргаргарон ва дигар маснуоти бо он рўйпушкардашуда — 5%
87 автомобилњои сабукрав ва њама гуна васоити наќлиёти мотордоре, ки барои кашонидани одамон таъин шудаанд
-автомобилњои сабукрав дигар воситањои наќлиёти мотордор, ки асосан барои њамлу наќли одамон пешбинї гардидаанд (ба ѓайр аз автомобил-фургонњои боркашонию мусофирбар ва автомобилњои пойга)
— 10%
Ќонунгузор дар баробари ин як зумра њолатњоеро пешбинї менамояд, ки мувофиќан озодкуниро аз супоридани андози аксиз пешбинї менамояд. Одатан ин гуна озодкунї нисбати шахсони воќеие татбиќ мешавад, ки молу мањсулоти мазкурро барои эњтиёљоти шахсї истифода мебаранд. Фарз кардем агар чунин шахсон дар як сол то 30 литр шароби ангурї ё дигар шароби мевагиро истењсол намоянд ва ё 1 литр нўшокии спиртї, як баста сигор (200 дона) ё ин ки ѓунљоиши зарфи сўзишвории автомобилиро ворид созанд, пас онњо андозбандї карда намешаванд.
Айни замон ќонунгузории љорї фурўши молу мањсулоти тамѓаношударо мамнўъ медонад ва њатто љавобгарии љиноятиро дар робита ба ин пешбинї намудаааст. Аз ин љост, ки тибќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ба Кодекси љиноятии Љумњуриии Тољикистон» аз 25.06.2005 с. тањти №92, меъёри алоњида яъне истењсол, ба даст овардан, нигоњдорї, њамлу наќл ё ба муомилот баровардани мол ва мањсулоти тамѓаношуда љорї гардид. Дар сурати вайрон кардани чунин як тартибот њаддди нињоии љавобгарї дар шакли љарима аз 500 то 1000 маоши њадди аќал, мањрум сохтан аз озодї то 2 сол (агар зарар калон бошад) аз 1000 то 2000 маоши њадди аќал ва ё мањрум кардан аз озодї ба мўњлати аз 2 то 5 сол (дар сурати зарари махсусан калон расонидашуда) љазо дода мешавад. Зарар њамон ваќт калон њисобида мешавад, ки агар аз њазор маоши њадди аќали пешбинишуда зиёд бошад, ки айни замон 20 000 њаз. сомониро ташкил медињад. Албатта, чунин њолат боиси он мегардад, ки маблаѓњои андозбандишаванда самаранок ситонида намешаванд вале дар сурати акс њам ба иќтисодиёт зарар расонида мешавад.
Талаботи манъ будани воридот ва (ё) фурўши молњои бе аксиз дар м. 256 КА ЉТ низ пешбинї карда мешавад. Муќаррароти м.62 КА ЉТ бошад аз он гувоњї медињад, ки љавобгарї барои вайрон кардани ќоидањои тамѓагузории аксизї бар дўши истењсолкунанда ва воридкунандаи молњои зераксизї вогузор карда мешавад. Айни замон мутобиќи ин модда на танњо вогузор кардани љавобгарї барои тамѓагузории молњои зераксизї ба истењсолкунанда, балки манъи фурўши онњо дар сурати набудани тамѓањои аксизї дар муомилоти озод, маѓозаи бебољ, њудуди гумрукии озод ва анбори озод, пешбинї шудааст. Зимнан, назорати иљроиши ин муќаррарот ба ўњдаи њам маќомоти гумрук ва њам маќомоти андоз вогузор карда мешавад. Вобаста ба ин дар корхонањое, ки молу мањсулоти зераксизиро истењсол менамоянд, махсусан дар корхонањои истењсолкунандаи машрубот ва тамоку дидбонгоњњои назоратї амал менамоянд, ки Дафтари бањисобгириро пеш бурда, дар њар 10 рўза ба нозироти андоз њисобот меспуоранд.
Аксиз, њамин тавр на танњо њамчун воситаи ѓанигардонии буљети давлатї балки воситаи њифзи њуќуќњои истеъмолкунандаи охирин аз љињати таъминоти бехатарии озуќаворї ба њисоб меравад.

5. Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї

Ба сифати супорандагони ин андоз одатан ташкилотњои тиљоратї — ширкат ва љамъиятњои хољагие баромад менамоянд, ки дар шаклњои ташкилию њуќуќии бо Кодекси граждании ЉТ муќарраршуда созмон меёбанд. Ба онњо ширкатњои комил, ба боварї асосёфта, љамъиятњои дорои масъулияти мањдуд, дорои масъулияти иловагї ва љамъиятњои сањњомї, кооперативњои истењсолї дохил мешаванд. Фаъолияти аксари онњо бо ќонунњои алоњида ба танзим дароварда шуда маълум аст, ки њамаи онњо супорандагони андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї мебошанд ва тибќи меъёрњои амалкунанда њамчун корхона эътироф карда мешаванд..
Андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї тибќи муќаррароти боби 18 КА ЉТ ва Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб кардан ва ба буљет пардохт намудани андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї» аз 04.08.2005 тањти №266 ситонида мешавад.
Ба сифати андозсупорандагони ин намуди андози умумиљумњуриявї корхонањои резидентї ва корхонањои хориљї мебошанд. Ќонунгузор њама гуна шахсони њуќуќиеро, ки доро баланс (тавозун) ё сметаи мустаќиланд ба ин гурўњ шомил намуда, корпоратсияњо, ширкатњо ва фирмањое, ки тибќи ќонунгузории давлатњои хориљї ташкил шуда дар љумњурии мо манбаи даромади андозбандишаванда доранд шабењи корхона медонад. Ашхоси љисмонии хориљї наметавонанд њамчун супорандаи ин намуди андоз баромад намоянд.
Объекти андозбандии андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї фоидаи корхона ба њисоб меравад. Дар зери мафњуми «фоида» тибќи м.141 КА ЉТ фарќи мусбии байни даромади умумии андозсупоранда ва маблаѓњои тарњшавандаеро меноманд, ки мўњтавои онро боби 19 КА ЉТ пешбинїнамудааст. Ќонунгузор айни њол мафњумњои «даромади умумї»-ро низ истифода бурдааст, ки њаммаънои фоида дониста мешавад ва њам даромадњои пулї ва њам даромадњои аслиро дар назар дорад. Ба ин даромадњо њама гуна даромадњоеро дохил кардаанд, ки боиси афзуншавииактивњои софи корхона гаштаанд. Ва њамзамон амволе, ки ба сифати сањм ба фонди оинномавї гирифта шудааст, њамчун даромад баррасї намегардад. Бояд гуфт, ки мафњумњои фоида ва даромад њамчун њаммаъно эътироф карда шуда, ба даст даровардани он умуман њамчун маќсади асосии ситењсолкунандаи мол њисобида мешавад, ки дар ин маврид муаллифони алоњида ќайд кардаанд.
Меъёри андози номбурда 25%-ро ташкил медињад ва илова бар ин ќонунгузор њолатњоерол пешбинї менамяод, ки меъёрњои андозбандї таѓйир ёфта вобаста ба талаботи м. 164 КА ЉТ андозбандишавии даромадњои умумиро дар назар дорад. Масалан, нисбати ѓайрирезидентон бо назардошти муќаррароти ќонунгузорї оиди даромадњои аз манбањои воќеъ дар Љумњурии Тољикистон, ки бо муассисаи доимии ин ѓайрирезидент дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон алоќаманд намебошад гирифта шуда ва бояд дар манбаи пардохт њамчун даромади умумї, бе тарњи харољот ба истиснои тарњи дар њолати андозбандї мутобиќи моддаи 220 КА ЉТ аз маблаѓи умумие, ки андоз аз арзиши иловашударо дар бар мегирад, бо меъёрњои зерин ситонида мешавад (бо нигоњдошти андози арзиши иловашуда дар манбаи пардохт):
 суди сањмияњо — мутобиќимеъёри 12 %;
 фоизњо — мутобиќи мутобиќимеъёри 12 %;
 сањмњои суѓуртавие, ки корхонаи резидентї ё соњибкори инфиродї — резидент мутобиќи шартномањои суѓурта ва азнавсуѓуртакунии таваккалњо мепардозанд — тибќи меъёри 4 %;
 маблаѓњое, ки корхонаи резидентї ё соњибкори инфиродї – резидент барои хизматрасонии телекоммуникатсионї ё наќлиёт њангоми алоќа ё боркашонии байналмилалї байни Љумњурии Тољикистон ва дигар давлатњо мепардозанд, ба истиснои маблаѓњо оид ба фрахти бањрї — тибќи меъёри 4 %, маблаѓњо оид ба фрахти бањрї — тибќи меъёри 6 %;
 даромадњо дар шакли музди мењнат, инчунин даромадњои пешбининамудаи бандњои 8), 17), 18), 19), 20), 21), 22), 24) ќисми 8 моддаи 34 КА ЉТ, ки корхонаи резидентї ё соњибкори инфиродї – резидент мепардозад, — тибќи меъёри дар ќисми 1 моддаи 140 њамин Кодекс зикргардида, ки андозбандиро аз музди мењнат пешбинї намудааст андозбандї мегардад, ки мутаносибан 8% (то 100 сомонї маоши пардохтшуда) ё 13%-ро (зиёда аз 100 сомонї) ташкил медињад;
 дигар даромадњое, ки аз њисоби фурўши амвол ба даст оварда мешаванд тибќи меъёри 15% (ба истиснои бандњои 1,2,3,4,5, 12, 13, 26 ќисми 8 м. 34 КАЉТ);
Дар баробари супоридани андоз субъектони супорандаи андози фоида аз шахсони њуќуќї дорои имтиёзњое мебошанд, ки аз мўњтавои ќонунгузории андоз, бонкї ва сармоягузорї бармеояд. Имтиёзњоои номбурда чунин гурўњбандї мешаванд:
1) ташкилотњои динї (масалан, масољид), эњсонкорї, буљетї, созмонњои байнињукуматї ва байнидавлатии (байналмилалии) ѓайритиљоратї, ба истиснои фоидае, ки онњо аз фаъолияти соњибкорї мегиранд. Њамзамон чунин ташкилотњо бояд бањисобгирии људогонаи фаъолияти асосї (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соњибкориро пеш баранд;
2) маблаѓгузаронињои ройгон ва амволи ройгон, аъзоњаќќињо, хайрия ва грантњое, ки ташкилотњои ѓайритиљоратї мегиранд;
3) Бонки миллии Тољикистон ва муассисањои он;
4) суди сањмияњое (дивидендњое), ки корхонањои резидентї аз корхонањои резидентї мегиранд;
5) корхонањое, ки дар онњо дар як ваќт дар соли њисоботии андоз:
а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медињанд, ва
б) на камтар аз 50% маблаѓњои музди мењнат ва дигар таъминоти моддї, аз љумла натуралї, барои эњтиёљоти маъюбон сарф карда шудааст;
6) корхонањои наве, ки дар соњаи истењсоли молњо таъсис меёбанд, дар соли баќайдгирии давлатї ва аз соле, ки баъди соли баќайдгирии ибтидоии давлатї фаро мерасад, њангоми аз љониби муассиси онњо бо назардошти њаљмњои њадди аќали инвеститсияњои муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба фонди оинномавии чунин корхонањо ворид намудани њаљмњои дар поён зикргардидаи инвеститсияњо ба мўњлати:
— 2 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари то 500 њазор доллари ИМА бошад;
— 3 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 500 њазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;
— 4 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;
— 5 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад.
Давраи андозбандї барои ин намуди андоз соли таќвимї аз 1-уми январ то 31 декабр муайян карда шуда, супорандаи ин андоз то 1 апрели баъди соли њисоботї эъломия оид ба андоз аз фоидаи шахси њуќуќиро, ки шаклан муќаррар аст пешнињод менамоянд. Њисобу китоб бошад тавассути талаботи ќонунгузории муњосибавї, талаботњои ќоидањои байналхалќии њисоботи молиявї ва ќоидањои бањисобгирии муњосибавї ба роњ монда мешавад, ки одатан бо ќайди навиштаљот бо назардошти дебети суратњисоби 81 («Истифодабарии фоида») кредити њисоби 68 («Њисоббаробаркунї бо буљет») ва дебети њисоби 68 («Њисоббаробаркунї бо буљет») инчунин њисобњои 51 («Њисоби њисоббаробаркунї»), ё њисоби раќами 50 («Хазина») амалї гардонида мешавад.
Маљмуан муќаррароти ин намуди андоз аз њаминњо иборат аст.

6. Андоз аз амволи шахсони њуќуќї

Шахсони њуќуќї дар баробари шахсони воќеї дорои њуќуќњои амволї мебошанд, ки тибќи ќонунгузории граждании љумњурї кафолат дода шудааст. Аслси фаъолияти њама гуна шахси њуќуќиро амвол ташкил медињад. Бинобар њамин андозбандии амволи шахсони њуќуќї маввќеи хоса касб карда одатан ба режими њуќуќии ин амвол алоќамандї дорад. Дар адабиётњои њуќуќии муосир он њамчун андози алтернативї номбар шудааст ва дар алоќамандї бо андози фоидаи шахсони њуќуќї баррасї мешавад.
Маќсадњои андозбандї низ дар адабиёти њуќуќї гуногун шарњ дода шудаанд. Амвол дар њар сурат њамчун объекти мустаќил эътироф карда мешавад. Вобаста ба ин маќсадњои зерини андози амвол умайян карда шудаанд:
1. таъмини буљет бо даромадњои мўътадил ва афзоянда;
2. баланд бардоштани манфиатдории корхонањо дар фурўши амволи барзиёдатї ва натиљагирї аз истифодаи самараноки ќуввањои истењсолї.
Дар њар сурат маќсади аввалин бештар роиљ мебошад. Вале бењтар мебуд, ки ин андоз бо маќсадњои дуюм ситонида шавад.
Супорандагони ин андоз њам шахсони њуќуќии тиљоратї ва њам ѓайритиљоратї ба њисоб мераванд.
Ќобили ќайд аст, ки ба таври умумї шахсони њуќуќї дорои васоити асосї ва васоити истењсолї мебошанд, ки дар маљмўъ амволро дар бар гирифтааст. Бинобар њамин њам гуфтан мумкин аст, ки ба њайси объекти андозбандї пеш аз њама њамин амвол ва баъдан амволи манќул ва ѓайриманќуле баромад менамоянд, ки бо маќсадњои истењсолї мавриди истифодабарї ќарор гирифта дар њама даври истењсолот ба таври фаъол ва ѓайрифаъол дар муомилот ќарор мегиранд. Ба сифати ин гуна объектон таљњизот, автомобилњо ва дигар амволи манќулро (мизу курсї ва монанди инњо) номбар кардан мумкин аст. Амволи ѓайриманќул низ андозбандишаванда аст ва тибќи муќаррароти КА ЉТ оиди ситонидани андози замин ва монанди инњо пардохт карда мешавад.
Меъёри андоз вобаста ба меъёрњои нињоии истењлокї (амортизатсионї) мебошанд. Асосан 5 гурўњи ин амвол бо таносуби 7, 8,10,15 ва 20 фоиза муайян карда шудаанд. Масалан биноњо, иншоот ва иморатњо бо меъёри 7 % андозбандї карда мешаванд.
Имтиёзњои нисбати ин андоз пешбинї шуда пеш аз њама ба шахсони њуќуќие дахлдор буда метавонад, ки хусусияти буљеї доранд.
Амалан, дигар пањлўњои андози амволи шахсони њуќуќї бо ситонидани андози фоида аз шахсони њуќуќи мутобиќат менамояд магар вобаста ба тарњкунї ва суръати истењлокии амволи дар ихтиёрашон буда, як ќатор тафовути љузъї дар байни онњо ба назар мерасад.

7. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда

Шахсони њуќуќї супорандаи дигар намуди андозњо ва пардохтњои давлатї мебошанд, ки ба онњо дохил карда мешаванд.:
1. андоз азистифодабарандагони ќаъри конњо;
2. андози иљтимої;
3. андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;
4. андози њадди аќал аз даромади корхонањо;
5. андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
6. дигар пардохтњои гумрукї ва бољњо давлатї.
Дуруст мебуд агар ин андозњоро мухтасар дида бароем.
Андоз аз истифодабарандагони ќаъри конњо бо фароњам омадани вазъи мусоиди сармоягузорї ва мустањкам намудани истифодаи самараноки захирањои табиї дар асоси иљозатномаи аз љониби маќомоти дахлдор додашаванда роиљ гардид. Танзими њуќуќии он дар асоси боби 37 КА ЉТ ба роњ монда шудааст. Низоми андозбандиро њамчунин ќарордодњо оиди истифодаи ќаъри замин муќаррар менамоянд ва дар њолати иштироки якчанд субъект дар ин гуна ќарордодњо низоми якхела чун андозсупорандаи ягона нисбати онњо пешкаш карда мешавад.
Супорандагони ин андоз шахсони њуќуќи ва дар баробари онњо шахсони воќеие ба њисоб мераванд, ки амалиётро оид ба истифодаи ќаъри замин дар Љумњурии Тољикистон содир менамоянд, ба он аз љумла истихрољи канданињои фоиданок аз ташкилањои техногении минералї низ дохил карда мешавад.
Андозбандї дар асоси экспертизаи андоз амалї карда мешавад, ки њолатњои гирифтани даромадро аз бастан ва ё таѓйир додани нуќтањои алоњидаи ќарордодњо оиди истифодаи ќаъри замин дар бар мегирад. Тибќи м. 278 КА ЉТ экспертизаи андоз – экспертизаи махсус буда, тањлил ва бањодињии лоињаи ќарордоди байни истифодабарандаи ќаъри замин ва маќоми салоњиятдор басташуда, иловаю таѓйироти онро дар бар мегирад, ки бо маќсади муайян намудани низоми андоз, аз љумла мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудани пардохтњои махсус гузаронда мешавад.
Ќонунгузор асосан ду шакли супоридани ин намуди андозњоро муайян менамояд:
1. бонусњо;
2. роялтї.
Мафњуми бонус аз калимаи лотинии bonus гирифта шуда, маънои хуб, накуиро дошта, ифодагари подоши иловагї мебошад. Ба сифати бонусњо пардохтњои устуворонаи истифодабарандагони ќаъри замин баромад менамоянд, ки дар шакли пулї, тибќи њаљм ва тартиби дар ќарордоди истифодаи ќаъри замин муќарраргардида супорида мешаванд. Танзими њуќуќї дар асоси боби 38 КА ЉТ амалї гардонда мешавад.
Бо дарназардошти шартњои инфиродии истифодаи ќаъри замин намудњои зерини бонусро ќонунгузор (м. 279 КА ЉТ) муайян намудааст:
1) бонуси обунавї;
2) бонуси кашфи тиљоратї;
3) бонуси истихрољ.
Масалан, бонуси обунавї пардохти яккаратаи устуворонаи истифодабарандаи ќаъри замин барои њуќуќи фаъолият љињати истифодаи ќаъри замин дар њудуди ќарордодї мебошад ва њангоми бастани ќарордод мувофиќи тартиби муайяннамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад. Њаљми ибтидої ва нињоии муќаррар карда мешавад, ки тибќи шартњои тендер ва дар ќарордод пешбинї шуда бо мувофиќаи Вазорати молияи ЉТ аз љониби маќоми ваколатдори давлатї муайян карда мешавад.
Мўњлати пардохт на дертар аз 30 рўзи таќвимї аз санаи бастани ќарордод.
Пешнињоди эъломия оид ба бонуси обунавї аз љониби истифодабарандаи ќаъри замин ба маќоми андози мањалли бањисобгирии худаш то рўзи 15-уми моњи минбаъдае, ки баъди моњи фарорасии мўњлати пардохт омадааст.
Ќайд кардан лозим аст, ки аксарияти меъёрњои Кодекси андоз дар мавриди бонусњо хусусияти њаволакунанда дошта њангоми андозбандї асосан мазмуни ќарордод ба назар гирифта мешавад.
Роялтї пардохте мебошад, ки истифодабарандаи ќаъри замин дар алоњидагї, доир ба њар як намуди (доир ба тамоми намудњои) канданињои фоиданоки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон истихрољшаванда месупорад, новобаста аз он, ки онњо ба харидорон (ќабулкунандагон) тањвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эњтиёљоти худї истифода гардидаанд (м.289 КА ЉТ). Он дар шакли пулї ва дар њолатњои бо ќонунгузории андоз пешбинї шуда дар шакли натуралї ситонида мешавад.
Супорандагони роялти истифодабарандагони ќаъри замине мебошанд, ки канданињои фоиданок, аз љумла канданињои фоиданокро аз ташкилањои минералии техногенї истихрољ менамоянд, сарфи назар аз он, ки тањвили (бор карда фиристодани) онњо дар давраи њисоботї сурат гирифтааст ё не.
Объекти андозбандї мањсулоти истихрољї ба њисоб меравад, ки дар рафти истихрољ, истифодабарї ва фурўш ба даст дароварда шудаанд. Масалан, ба сифати мањсулоти молии якум инњо дохил мешаванд:
а) худи канданињои фоиданок:
— нафт, гази табиї ва конденсати газ;
— ангишт ва слансњои сўзишворї;
— маъданњои молї;
— обњои зеризаминї, аз љумла аз коркарди аввалин гузашта;
— слюда, асбест, ашё барои истењсоли маводи сохтмон;
— ашёи хоми ѓайримаъданї барои металлургия;
б) металлњои ќиматбањо ва (ё) металлњои софи химиявї дар ќум, маъданњо, консентратњо;
в) консентрати металлњои сиёњ, ранга, нодир ва радиоактивї, ашёи кимиёвии кўњї;
г) сангњои ќиматбањо, ашёи сангњои ороишї ва пьезооптикии аз коркарди якум гузашта;
д) оид ба дигар канданињои фоиданок – ашёи минералии аз коркарди якум гузашта.
Меъёри андоз тибќи ќарордод муайян карда шуда, дар баробари ин њадди аќали он доир ба њама гуна канданињои фоиданок бояд на камтар аз 0,5 фоиз бошад. Меъёрњои роялти доир ба канданињои фоиданоки сахт, аз љумла тилло, нуќра, платина, дигар металлњо ва сангњои ќиматбањо бошад бо фоизи муайяншуда барои тамоми давраи амали ќарордод муќаррар карда мешаванд.
Њамзамон, меъёрњои роялти доир ба канданињои фоиданоки маъмулї ва обњои зеризаминї барои њамаи истифодабарандагони ќаъри замин ягона мебошанд ва онњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон бо фоиз муќаррар мекунад.
Инњо аз супоридани роялтї озод мебошанд (м. 291 КА ЉТ):
1) шахсони воќеї, ки обњои зеризаминии дар ќитъањои замини ба онњо барои истифода вобасташуда ё истифодаи умрбоди меросї додашударо истихрољменамоянд, ба шарте агар чунин обњо ба дигар шахс тањвил дода ё барои истењсолот ва эњтиёљоти технологї њангоми фаъолияти соњибкорї истифода бурда нашаванд;
2) аз љониби ташкилотњои давлатие, ки обњои зеризаминиро барои эњтиёљоти хољагидории худ истихрољ менамоянд;
3) аз љониби истифодабарандагони ќаъри замин њангоми баргашта бо обњои зеризаминии њамроњ истихрољшуда пур кардани љои онњо барои нигоњдории фишори ќишри замин.
Арзиши мањсулоти молии истихрољшуда бо дарназардошти андозњои ѓайримустаќим ва арзиши тилло, нуќра ва платинаи истихрољкардаи истифодабарандаи ќаъри замин дар давраи андоз бошад, вобаста ба нархи миёнаи чунин металлњо дар давраи андоз дар Биржаи металлњои Лондон, тибќи тартиби бо мувофиќаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї њисоб карда мешавад.
Тартиби пардохт — моњи таќвимї.
Эъломияи (њисоби) роялтї аз истифодабарандаи ќаъри замин тибќи шакл ва тартиби бо мувофиќаи маќоми салоњиятдор муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї ба маќоми андози мањали бањисобгирии худ то рўзи дањуми моњи минбаъдаи давраи њисоботї пешнињодкарда мешавад.
Чун дигар субъектони андозсупоранда шахсони њуќуќї андози иљтимоиро низ месупоранд. Андози иљтимої яке аз андозњои асосии умумљумњуриявї ба шумор рафта тибќи боби 35 КА ЉТ ва Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани андози иљтимої» аз 29.05.2007 тањти 15/1431 ситонида мешавад.
Мутобиќи банди 3 њамин Дастурамал ба сифати андозсупорандагон шахсони њуќуќї, муассисањои доимиии ѓайрирезидентњое баромад менамоянд, ки дар љараёни амалисозии фаъолияти соњибкории худ пардохтњои хизматрасонии дар Љумњурии Тољикистон дар асоси шартномањои хусусияти гражданї ва њуќуќї доштаро ё бе ин хосият пардохт менамоянд. Онњо низ њамчун суѓуртакунандагон эътироф шудаанд. Андози мазкур тибќи Ќарори Њукумати ЉТ аз 03.03.2007 тањти №103 «Дар бораи Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа» ситонида шуда, маќомоти асосї дар ин самт мањз њамин маќомот ба њисоб меравад, ки алњол дар анзди Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии Љумњурии Тољикистон амал мекунад.
Объекти андозбандї:
1. маблаѓњои супоридашавандаи музди мењнат ба кормандони кироя;
2. маблаѓи супоридашавандаи музди мењнат ва маблаѓњои (даромадњои) ба он баробаркардашудаи шахсони воќеї, агар ин шахсон корманд бошанд.
Маблаѓи андоз њар моњ ба суратњисоби Агентї мустаќиман ситонида мешавад.
Дигар андозе, ки шахсони њуќуќї месупоранд андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард мебошад. Супорандагони андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард шахсони зерини њуќуќї мебошанд:
1) корхонањои резидентї;
2) корхонањои хориљие, ки фаъолияти соњибкориро дар Љумњурии Тољикистон тавассути муассисањои доимии худ амалї мекунанд.
Объекти андозбандї тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињо эътироф карда мешаванд.
Бо ин андоз андозбандї карда намешаванд:
1) ташкилотњои буљетї, маќомоти њокимият ва идоракунии давлатї, аз љумла Бонки миллии Тољикистон ва муассисањои он;
2) иттињодияњо ва ташкилотњои динї, љамъиятњои миллию фарњангї, ба истиснои фаъолияти соњибкории онњо.
Меъёри андоз тибќи м. 299 КА ЉТ дар њаљми 2 %-и манбаи андоз муќаррар карда шуда, барои корхонањои савдо, мањсулоттайёркунї, таъминотию фурўш 0,5 %-и манбаи андозро ташкил медињад.
Тартиб ва мўњлати пардохт њамон таврест, ки нисбати андози арзиши иловашуда муќаррар карда шудааст.
Андози њадди аќал аз даромади корхонањо мутобиќи боби 44 КА ЉТ ситонида мешавад.
Андозсупорандагон, ки муродифи корхона мебошанд:
1) корхонањои резидентї;
2)корхонањои хориљї, ки дар Љумњурии Тољикистон фаъолияти соњибкориро тавассути муассисањои доимии худ анљом медињанд.
Объекти андозбандї-даромади умумї (ба истиснои ААИ, андоз аз фурўши чакана ва дар мавриди тањвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ба истиснои маблаѓи њисобкардашудаи андоз аз фурўш) мебошад, ки барои давраи њисоботї гирифта шудааст ва ё бояд гирифта шавад.
Меъёри андоз ва тартиби гузаронидани онро ба буљет м. 321 КА ЉТ муќаррар намудааст, ки ба 1 % объекти андозбандї баробар аст.
Давраи андозбандї — соли таќвимї.
Њисобкунии нињоии андоз ба буљет вобаста ба натиљаи сол дар мўњлати на дертар аз 10 апрели баъди соли андоз фарорасанда анљом дода мешавад.
Пешнињоди эъломия то 1 апрели соли баъди соли њисоботии андоз фарорасанда муайян шудааст.
Ќонунгузор муќаррар менамояд, ки ин андоз ба пуррагї пардохта шавад. Вале њолатњое мављуданд, ки андозсупорандагонро аз супоридани андози фоида аз шахсони њуќуќї озод менамояд. Масалан, агар маблаѓи андоз аз фоида камтар аз маблаѓи андози њадди аќал аз даромади корхонањо бошад, он гоњ андоз аз фоида пардохта намешавад.
Шахсони њуќуќї тибќи муќаррароти боби 41 КА ЉТ супорандагони андоз тибќи низоми соддакардашуда мебошанд.
Андозсупорандагон корхонањое мебошанд, ки даромади умумии онњо дар оѓози соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз њадди 3-каратаи муќаррарнамудаи м. 202 Кодекси андоз барои маќсадњои баќайдгирї ба сифати супорандаи ААИ зиёд намебошад, ба истиснои чунин корхонањое, ки ба истењсоли молњои зераксизї, тањвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ќарор доранд, ё онњое, ки њамчун истифодабарандагони ќаъри замин, дорои воњидњои махсус мебошанд, муассисањои суѓуртакунї, фондњои инвеститсионї, иштирокчиёни касбии бозори коѓазњои ќиматнок ва ташкилотњои кредитї.
Объекти андозбандї даромади умумии дар давраи њисоботї бадастомада мебошад. Даромади умумї дар асоси усули хазинавї чун маблаѓи фурўш, ки аз тањвили молњо (кору хизмат), нархи фурўши амволи дар давраи њисоботї тањвилшуда ва даромадњои ѓайрифурўшї дар доираи фаъолияти соњибкорї бо тарњи маблаѓи ААИ ва андоз аз фурўши чакана њисоб карда мешавад. Даромади умумї бояд дар асоси њуљљатњои даромад, ки тибќи тартиби муќарраршуда ба расмият дароварда шудаанд, тасдиќ мегардад.
Корхонањое, ки тибќи низоми соддакардашуда андозбандї мегарданд, супорандагони андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї ва андози њадди аќал аз даромади корхонањо инчунин андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард намебошанд.
Меъёри андоз дар њаљми 4 % аз объекти андозбандї муќаррар карда шудааст.
Давраи андоз (њисоботї) барои корхонањо њангоми истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандї семоња, ё ин ки ба ибораи дигар квартал мебошад.
Эъломияи андоз дар мўњлати то рўзи 15-уми моњи минбаъдаи давраи њисоботии андоз пешнињод шуда дар њамин мўњлат пардохта мешавад.
Ќонунгузории андоз њамчунин њуќуќи андозсупорандаро дар мавриди гузаштан ба низоми андозбандии умумї муайян намудааст, ки то 1-уми январ вале на дертар аз 15 –уми январи аввали сол амалї гардонда мешавад. Гузариши баръакс бошад танњо баъди гузаштани 2 сол имконпазир аст.
Мўњтавои асосии андозбандии шахсони њуќуќиро дар замони муосир асосан њаминњо ташкил медињанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст