Открыть меню

Сотим Улуғзода

сотим улугзодаСотим Улуғзода нависандаи муосири тоҷик мебошад. Соли 1911 дар дехаи Варзики нохияи Чусти имрузаи Узбакистон дар оилаи дехкони камбагал ба дунё омадааст. Маълумоти авваларо дар мактаб-интернати Чуст гирифта, баъдан тахсилро дар донишгохи маорифи Точик дар щахри Тошканд давом додааст. Романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода яке аз романҳои беҳтарини ӯ мебошад.Аз он ҷумла Сотим Улуғзода чунин асарҳоро иншо намудааст: «Қисмати шоир», «Восеъ»

Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Волидони Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил буданд . модараш зани бо савод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст. Сотимхон дар сини нуҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1992 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муасисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар Дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ба ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯудакиву Фирдавсӣ ва дигар шаҳсутунҳи адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба С Айни, А Лоҳути, Нисор Муҳаммад, А Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехурад ва аз забони русс М.С.Андреев пандеро ба маънои “халқи худро шинос” ба гӯш мегирад. Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш С Улуғзожа ба донишҷӯйи факултети шарқкшиносии университети осиёи миёна Клавдия блоговешенская дӯстӣ пайдо намуда, баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд ва онҳо соҳиби ду фарзанд – Азиз ва Норахон гардиданд. Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод омада, дар идораи рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон ” (ҳоло “ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷуҳурият”) ва маҷаллаи “барои адабиёти сотсиалисти” (ҳоло ”Садои шарқ”) фаъолият мекунад. Солҳои 1934 – 1937 вазифаи котиби масъули раёсати Итифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Фаъолиятӣ С Улуғзода водор менамуд, ки ба шҳру ноҳия в деҳоти Тоҷик сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад дар айни, ҳол дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати тадққи таърихи адабиёти Тоҷик то рафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Инситути адабиёти ҷаҳонии москов дохилгардида ҷиддан ба фаъолияти илми мепардозад. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватнангӣ Сотим Улуғзода ба сафаи қувваҳои масуллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамяд. Адиб соли 1944 аз сафи армия ба ақибгоҳ двъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ӯҳда мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба корӣ эҷодӣ шуғл меварзад. Сарнваишти Сотим Улуғзода баъди солҳои 50 – ум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз ки хатмкардаи университети давлати ба номи Ломоносови москав буду он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, соли 1967 ҳангоми сафари рассмӣ ба Ҳиндустон аз сафоратхонаи Англя паноҳгоҳи сиёсӣ хоста ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса С Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шӯурвӣ гирифтоор гардид. Нависандаро аз саффи ҳизби коммунисти ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд. Аз нимаи дуввуми солҳои 80 – ум саркарда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва С Улуғзода дар ҷодаи адабиёти Тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани Итиҳоди Шӯрави адиб бо унвони Нависандаи халқи Тоҷикистон ва ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Москавро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод. Соли 1997 романи “Фирдавсӣ”–и С.Улуғзода ба сифати “Романи сол”-и Ҷумҳурии исломии Эрон пазируфта шуда,нависанда ба баҳои чиҳил сиҳи сиккаи тилло (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикои) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд,ки соҳибашро дарёфт намуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода 25 июни соли 1997 дар шаҳри Москов алоқамандону мухлисонашро абади падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахти ҷумҳурии тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва болети ба номи С Айни бо нависанда маъруфи Тоҷикистон видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии Сотим Улуғзода дар мазори лучов қарор гирифт. Фаъолияти эҷодӣ Сотим Улуғзода нависандаи сермаҳсул буда, аз худ мероси бойи адабӣ, илмӣ ва публисистиву тарҷумавӣ боқӣ гузаштааст. Фаъолияти нигорандагии адиб аз аёми таҳсилаш дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд оғоз меёбад. Дар рўзнома ва маҷаллаҳои “Овози Тоҷик”, “Раҳбари дониш”, “барои адабиёти сотсиалистӣ”, “Комсомоли Тоҷикистон” аввалин навиштаҳояш дар шакли хабару мақола чоп мешавад.

 

С Улуғзода 18 – сол дошт, ки бо ҳамкории донишҷўйи факултети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести “Сом ва Дик” –и М.А.Алексеевро аз руссӣ ба тоҷики тарҷума намуд ва ин тарҷума бо кўшиш ва дастгирии устод Айни ба нашр расид. Бахдҳо С Улуғзода ин соҳаро бо муваффақият идома дод ва чун сер маҳсултарин тарҷумон дар адабиётӣ садаи асри XX Тоҷик эътибор пайдо кард. Тарҷумаҳои С Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э.Л.Войнич “Занбўр” (1931), В.Билл – Белосековские “ҳаёт дахват мекунад” (1935), Н.Погодин ва “Одами милтиқ дор” (1940), К.елсони “Хизматгори ду хоҷа” (1944), А.Н.Островский “Гунаҳгорон бе гуноҳ” (1945), М.Горкий “Модар” (1953), Шекспир “Дон Кихот” (1974), Ч.Айтматов “Қуллаи Фудзияма” ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти Тоҷик маҳсуб мешаванд.

 

С Улуғзода ҳанўз аз солҳои 30 – ба тадқиқи осори намояндагони шинохтани адабиётӣ сеҳазорсолаи Тоҷик таваҷҷўҳ зоҳир намуд ва дар ин соҳа низ хизмати бе дареғ намуд. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмхои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳи зиёд таълиф намуда дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузошт Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла “Лоҳутии мо” (1933) “Анҷумани якуми нависандагони шўрои Тоҷикистон” (1934), “Садриддин Айнӣ” (1935), “Дар бораи широни помир” (1935), “Барои асарҳои саҳнави олисифат” (1947), “Дар бори баъзе масъалағи танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика” (1954), ба адабиётшиносӣ ба нақти адабии даври нави тоҷик бахшида шудаанд. Ҳамчунин С Улуғзода оид ба рўзгор ва эҷоди шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, чун Абуабдуллоҳи Рудакӣ, дақиқӣ, ҳаким Фирдавӣ, Абўалӣ ибни Сино, Носир Хусрав, Аҳмади дониш, ассару мақолаҳои пур қимат таълиф намуда аст. Рисолаҳои “Аҳмади Дониш” (1946) ва “Пири ҳакимони машриқзамин” (1980) дорои қимати калони илмӣ мебошанд. Мақоми С Улуғзода дар таърихи ажабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда драматург басо баланд аст.

Дар эҷодиёти С Улуғзода насри бадеии асосан баъди Ҷанги Бузуоги Втвнӣ мавқеъ пайдо мекунад. Дар очерку ҳикояҳои “Атака” (1944), “Бибӣ” (1946), “Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ” (1950), “Қаҳрамони Денестр, Висла ва Одер” (1967) воқеаҳои даврони шуравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Воқеаи ҳикояи “Марги Ҳофиз” (1972) бошад, дар ҳиндустон рўй медиҳад. Пдар – Ҳофизи бузург фарзанди хинашро мекушад ва баъдтар худро низ ҳалок месозад. Моҷарои падару писар ва ҳифзи ватан аз мавзуъҳи қадимии адабиёӣ ҷаҳон мебошад, ки дар ҳикояи “Марги ҳофиз” тамоман ба таври нав тасвир ёфта аст. Нахустин асари калон ҳаҷми С Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ қисаи “Ёрони бо ҳиммат” (1947) мебошад, ки ба воқеҳои Ҷанги Бузуоги Втвнӣ иртибот дорад. Дар асар образҳои Зайнаб, Ҷўрабек ва Ориф мақеъ доранд. Зайнаб аз майдони ҷанг “Хатти сиёҳ” мегирад, ки шавҳараш Ҷўрабек дар муҳориба қаҳрамонона ҳалок гардида аст. Ӯ юаъди як соли мотам ба хотири аз гапу калочаҳои мардум раҳоӣ ёфтаан ба Ориф Каримов ном муҳандис издивоҷ мекунад. Вале дере нагузашта аз шифохонаи шаҳри Тошканд мактуби Ҷўрабек ба дасти вай мерасад. Лаҳзаи ҳассоси асар он аст, ки Зайнаб ду шавҳари қонунӣ дорад ва интихоб дар итиёри ин зани дар ҳолати парешонӣ қарор дошта мебошад. Зайнаб баъди андеша ва муҳокимаҳои зиёди мантиқиву ахлоқӣ шавҳари аввалашро интихоб кард, дар беморхона мегўяд: “Ман Ҷўрабекро гирифта мебарам”. Зайнаб бо ин сухан масъулияти азимеро дар зиндагӣ ба ўҳда гирифт, то ки Ҷўрабеки аз пову даст маҳрум гаштаро наҷот бидиҳад ва ўро ба ҷодаи зиндагӣ раҳсипор созад. Аввали романи С Улуғзода “Навобод” (1953) мебошад, ки он ба масъалаҳои муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ободонии деҳоти Тоҷик дар даврони шўрвӣ бахшида шудааст. Ин асар дар таърихи адабиётӣ давраи нави тоҷик мавқеи муайян дорад. Асарҳои насрии “Восеъ” (1967), “Ривояти Суғдӣ” (1975), “Достонҳои “Шоҳнома”” (1976; 1977), “Фирдавсӣ” (1985) ба мавзўъҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Дар эҷодиёти С Улуғзода охирин асари калон ҳаҷми ў – «Фирдавсӣ» мавқеи босазо дорад “Фирдавсӣ” романи мўҳташам буда, мавзўъ ва масъалаҳи зиёди ватанпарастиву хештаншиносиро дар бар мегирад. Нависанда дар маркази сежети роман нақши Ҳаким Фирдавсӣро гузошта, ўро ба сифати шоири ҳақҷў, ростгў, ватанпараст, додхоҳ ва олиҳиммат тасвир менамояд. Дигар образҳои асар аз ҷумла Фотимабону (ҳамсари Фирдавсӣ), Манижа ва Ҳушанг (фарзандони Фирдавсӣ) Абў Дулаф, Муҳаммад лашкарӣ, Ҳусайн қутайб, Салоҳиддини дуредгар, Унсурии шоир дар такмили образи асосӣ саҳм гирифтаанд. Адиб бо эҷоди “Фирдавсӣ” дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик як навъи тозаи романнависиро кавш намуд”Субҳи ҷавонии мо” қисаи тарҷумаи ҳолӣ буда, соли 1954 ба табъ расидааст. Сотим Улуғзода анъанаи ёдоштнависии адабиётӣ тоҷик аз ҷумла “Ёдоштҳо” –и С Айнӣро, идома додааст. Қисса аз 57 боб иборат аст ва дар он воқеъаҳои тасвир гардидаанд, ки солҳои 1916 – 1926 дар дҳоти атрофи шаҳри Тӯси вилиояти Намангони ва шаҳри Тошканд ба вуқӯъ омадаанд. Мандариҷаи асар дар атрофи як оилаи деҳқони тоҷик (Умархон бо ҳамсараш ва писарҳояшон – Азиз, Собир ва Мухтор) баҳс мекунад. Ҷараёни врқеа аз номи Собири хурдсол ки таҷассуми даврони кӯдаки нависанда мебошад, баён мегардад. Панҷ боби аввали қисса зиндагии оилаи Умархонро дар деҳа дар бар мегирад Србир да аввал дар хусуси деҳа падар ва модари худ ва лаҳзаҳи бе ғамиҳи кӯдакӣ ҳикоя мекунад. Шароити танги зиндаги ва махсусан хушксолию гушнаги соли 1918 Умархонро маҷбӯрмесозад, ки ба Тошканд кӯч бандад ва ба заводи пахта ба кор дарояд. Собир дар бобҳои “Ба завод”, “Дӯстони нав”, “Лаклак”, “Насиҳати падар”, “Франҷӣ”, “Рӯшноии ҳаёти нав” дар бораи шароити мусоиди зиндагӣ ва дӯстиву рафоқаташон ба ҳамсояҳои русзабони худ бо муҳаббату самимияти хос суханд меронанд. Вале ин зиндагии осудаҳолонаи онҳо ҳамагӣ дуюним сол давом мекунаду халос модари Собир ногоҳ бемор шуда вафот мекунад. Падар ҳамроҳи Собиру Мухтор ба деҳа мекӯчад. Баъди чанде ба дидорбинии Азиз ба Тошканд рафта барнамегардад. Собир ҳолати вафоти худро аз шунидани хабари вафоти падару модараш дар боби “Ятимӣ” чунин баён карда аст: “Шаб зор – зор гириста саҳар кардам. Барои он, ки Мухтор аз хоб бедор шавад, сарамро ба кӯрпа печонда бе садо мегиристам. Саргузаштҳои умри ёздаҳсолаам ба ёдам омаданд…” Дар бобҳои манбаъдаи асар Собир дар мактаби Мулло зайниддин, чанд мудат дар мактаби нави деҳа ва бахд дар интернати шаҳри Тӯс таҳсили илм мекунад. Соли 1925 Собир чун талабаи пешқадам ба Дорулмуаллимини Тоҷикии Тошканд роҳхат мегирад. Дар чанд боби минбахдаи “Субҳи ҷавонии мо” таҳсили Собир дар Дорулмуаллимин тасвир ёфтааст. Аз ҷумла дар боби “Халқи худро шинос” Собир таассуроти худро аз сӯҳбати професори рус Михоил Степанович Андреев, ки бо лоҳҷаи софи тоҷикӣ “ассалому алакум, бачаҳо!” гӯён ба синф даромада буд, баён месозад: “Олими рус, ки нахустинбор ба ман “халқи худро шинос” гуфта буд, як умр дар хотири ман монд”. Собир айёмо таътил ба деҳа меравад ва чанд мудат ба Мухтор ҳамроҳӣ карда, боз аз паи таҳсил дар Дорулмуаллимин мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст