Открыть меню

АДАБИЁТИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

image

ИстиклолиятҲаёти сиёсӣ Аз миёнаҳои солҳои 80-уми асри ХХ дар ҳаёти сиёсӣ ва ва иқтисодӣ иҷтимоии Иттиҳоди Шӯравӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Ҳизби коммунист дар ҷомеаи шӯравӣ адолати иҷтимоӣ ва демократия барқарор карданӣ шуда, масъалаи бозсозӣ ва ошкорбаёниро ба миён гузошт. Ин тағйирот боис гардид, ки соли 1991 Идтиҳоди Шӯравӣ аз ҳам пош хӯрда, ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ ба сари худ мустақил гарданд. ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст дароварда, ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт ва дар олам ҳамчун кишвари тозаистиқлол муаррифӣ гардид. ҷанги шаҳрвандӣ, ки моҳи майи соли 1992 оғоз гардид, ба сари мардуми Тоҷикистон хонавайрониҳо ва сарсониҳои гӯшношунид овард.
Хушбахтона, Сессияи ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ХII, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон ғафуров) давом кард, ҷомеаи тоҷиконро аз бӯҳрони шадиди сиёсӣ раҳоӣ бахшид. Вазъияти сиёсии ҷумҳурии Точикистон сол то сол ба эътидол омадан гирифт. Моҳи ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи оштии миллии тоҷикон ба имзо расид. Комиссияи Оштии Миллӣ (1997) барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом дод. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои мамлакатҳои даргири дунё намунаи ибрат шуд.

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз таърихи 20 марти соли 2001 таъкид намуда буд: «Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, амалӣ гаштани шартҳои он, ки маҳз ба шарофати хиради воло ва фарҳанги асили халқамон ба мо муяссар шуд, ба тариқи демократӣ, бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва кулли мардуми кишвар баргузор шудани интихоботи Президент ва парламенти касбии депутатӣ дар роҳи эҷоди ҷомеаи демократӣ иқдомоти ниҳоят ҷиддӣ гардидаанд».

Истиқлолияти сиёсӣ имкон дод, ки ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои дунё муносибатҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ барқарор намояд. Аз ҷумла, роҳи оҳани васеъбари қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб – қалъаи Хумб — қароқурум — қулма, нақби Анзоб минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам пайваст намуда, алоқаи мамлакати моро ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ барқарор мекунанд. Он рӯз дур нест, ки неругоҳҳои обии Сангтӯда ва Роғун ба истеҳсоли барқ шурӯъ намуда, истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистонро яке бар чанд таъмин намоянд.

Ҳаёти Дар тамоми давраҳои таърихӣ ҳастии миллати тоҷикро, пеш фарҳангӣ аз ҳама, фарҳанг муайян мекунад ва як рукни муҳими фарҳанги миллии мо забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз дар замони бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ дар Тоҷикистон қонуни забон (1989) қабул гардид, ки мувофиқи он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Ин чорабинӣ ва як қатор чорабиниҳои дигари сатҳи давлатӣ боис гардиданд, ки забони тоҷикӣ аз нав дар иҷрои вазифаи таърихии худ имконият пайдо намояд. Аз ҷумла, дар замони истиқлолият луғатҳои зиёди тафсирӣ, соҳавӣ, коргузорӣ ва дузабонаву бисёрзабона ба вуҷуд омаданд, ки дар тозагӣ ва мавқеи ҷамъиятии забони тоҷикӣ саҳми муносиб мегиранд. қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» қабул гардид, ки он бузургдошти шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, обод кардани мақбараву оромгоҳҳои онҳоро пешбинӣ намуд. Дар мамлакат 680- солагии олим ва маърифатпарвари бузург Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1995), 675-солагии шоир ва мутафаккири барҷаста Камоли Хуҷандӣ (1996), 90-солагии шарқшиноси номӣ, ходими барҷастаи ҳизбӣ ва давлатӣ Бобоҷон ғафуров (1998), 1100-солагии давлатдории хонадони Сомониён (1999), 960-солагии олим ва шоири маъруф Умари Хайём (2001), 90-солагии шоир ва мунодии сулҳу дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода (2001), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан ( 2002), 2700–солагии шаҳри Кӯлоб (2006) ва 15- солагии истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ботантана ҷашн гирифта шуданд.
Воситаҳои ахбори умумро қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба танзим медарорад. Мувофиқи ин қонун то соли 2005 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон 254 рӯзнома, 91 маҷалла ва 8 агентии иттилоотӣ сабти ном шудаанд. Ин миқдор аз воситаҳои ахбори оммаи даврони шӯравӣ ба дараҷот зиёд мебошад. Рӯзнома, радио, телевизион, агентии иттилоотӣ ва интернет ҳар соату ҳар дақиқа ба шаҳрвандон навигариҳои рӯзро ба чандин забон пешкаш менамоянд. Ин ҳолат ба дӯши кормандони воситаҳои ахбори омма масъулияти зиёд мегузорад. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1500 китобхона, 30 осорхона ва 1100 муассисаи маданию равшаннамоӣ мавҷуданд. Театрҳои касбию халқӣ ва муассисаи кинои тоҷик низ фаъолияти назаррас доранд. Дар Тоҷикистон 15 театри касбӣ ва дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ театрҳои халқӣ мавҷуданд. Ҳунармандони маъруф чун Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Тоҳир Собиров, Ҳабибулло Абдурразоқов, Марям Исоева, Тӯрахон Аҳмадхонов, Тағоймурод Розиқов, Нурулло Абдуллоев, Ибодулло Машрабов, Мирзоватан Миров, Дилбар Умарова, Шодӣ Солеҳов, Исо Абдурашидов ва дигарон дар офаридани нақшҳои хотирмон ва чеҳраҳои барҷастаи таърихӣ саҳми муносиб мегузоранд. Театрҳои касбии тоҷик дар озмунҳои мамлакатҳои Осиёи Миёна, ҷумҳурии исломии Эрон ва давлати Олмон ширкат варзиданд. Ҳар сол дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронидани «Парасту» ва «Андалеб» барин озмунҳо дар рушду нумӯи санъатҳои театрӣ ва тасвирӣ мусоидат мекунад. Дастгирии ҳукумати Тоҷикистон боис гардид, ки дар ҷумҳурӣ ҳам мусиқии классикӣ («Шашмақом»), ҳам мусиқии халқӣ («Фалак») ва ҳам мусиқии эстрадӣ такмил ёфта, берун аз мамлакат боз ҳам маъруф гарданд.

Танҳо дар соли 2003 ба ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардидани овозхонҳои шинохта – Зафар Нозимов, Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов гувоҳ ба он аст, ки анъанаи неки овозхонии устодон Акашариф Ҷӯраев, ғуломалӣ ғуломҳайдаров, Одина Ҳошимов ва Ҷӯрабек Муродов дар инкишоф ва такомул аст.
Ҳаёти адабӣ Воқеаҳои сиёсие, ки дар айёми бозсозиву ошкорбаёнӣ ва солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон ба амал омаданд, ба ҳаёти адабии давр бетаъсир намонданд. Махсусан, ҷанги шаҳрвандӣ барои адибони наслҳои гуногун ногаҳонӣ ва ғайри чашмдошт буд. Чунон ки дар ҳамаи давраҳои ноороми таърихӣ рӯй медиҳад, дар ин айёми пурташвиш чанд тан аз адибону донишмандон чун С. Улуғзода, М. қаноат, Б. Собир, Гулрухсор, Р. Мусулмониён, А. Турсунов ба кишварҳои Русия, қазоқистон, қирғизистон, Эрон ва Амрико ҳиҷрат карданд. М. қаноат ва Гулрухсор баъди ду-се соли ғурбат ба Ватан баргаштанд.

ҷолиб аст, ки дар ҳамин айёми душвор баргузидаи ашъори шоирони шинохта М. қаноат, Л. Шералӣ, Б. Собир, Гулрухсор рӯи чопро диданд. Дар солҳои аввали истиқлолият маҷмӯаҳои ашъори А. Ҳаким, ҷ. Каримзода, Ҳақназар ғоиб, К. Насрулло, Шаҳрияву Меҳриннисо, Салими Хатлонӣ низ чоп гардиданд. Ҳамчунин, дафтари ашъори шоирони хушсалиқа Фарзона ва Муҳаммадалии Аҷамӣ дар Теҳрон ба табъ расидаанд.
Баъдҳо дар қисматҳои назм, наср ва драматургия асарҳои бисёри адибони тоҷик табъ гардиданд, ки намоишномаи «Фирдавсӣ» (1999)-и М. Бахтӣ, «Достони писари Худо» (2000)-и Сорбон, «Мунтахаби осор» (2000)-и С. Аюбӣ, «Панҷи ноором» (2002)-и М. Миршакар, «Ойинаи беғубори ман» (2002)-и М. қаноат, «Талош» (2002)-и А. Самад, «Зулфи парешон» (2002)-и Зулфия, «Хайрбоди баҳор» (2003)-и А. Муродӣ, «Фиреби меҳр» (2003)-и А. Раҳим, «Сармаддеҳ» (2002)-и Баҳманёр, Девон (2004)-и Гулрухсор, «Мунтахаби ашъор» (2005)-и Салими Хатлонӣ намунаи онҳост. Чопи асарҳои бадеӣ сол то сол меафзояд. Аз соли 2002 ин тараф ҳар сол даҳҳо асари адибон бо дастгирии Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ мерасанд.

Дар айёми истиқлолият адибони зиёде соҳиби унвону ҷоизаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ гардиданд. Соли 1997 Садриддин Айнӣ ва соли 2001 Мирзо Турсунзода ба унвони олӣ – қаҳрамони Тоҷикистон қадр шуданд. Дар ин давра М. қаноат, Лоиқ, қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, А. қаҳҳорӣ, ғ.Мирзо, Убайд Раҷаб, А. Шукўҳӣ, Гулназар, Ҳақназар ғоиб, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, С. Аюбӣ, Фарзона, Муҳаммад ғоиб, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон, А. Баҳорӣ, С. Турсун, А. Самад, Кароматулло Мирзо, ӯ. Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Шодон Ҳаниф ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Аскар Ҳаким, Кароматулло Мирзо, Муҳаммадҷон Шакурӣ, қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Гулназар, С. Маъмур, ӯ. Кӯҳзод, Меҳмон Бахтӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Сайф Раҳимзод, С. Аюбӣ, Гулрухсор, Саттор Турсун ва Низом қосим ба ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гаштанд.

Соли 1989 дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфтанд. То ин дам зумрае аз адибону мунаққидон ба дарёфти ин ҷоизаҳо лоиқ дониста шуданд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2004 70-солагии он ҷашн гирифта шуд, алҳол зиёда аз 300 аъзо дорад. Нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – маҷаллаи миллии адабӣ — «Садои Шарқ», маҷаллаи «Помир» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» барои такомули адабиёт ва фарҳанги тоҷик хизмати босазо намуда истодаанд.

Дар Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон бахшҳои гуногуни эҷодӣ фаъолият доранд. Дар замони истиқлолият фаъолияти бахшҳои адабиёти бачагона (У. Раҷаб, Г. Сулаймонӣ, А. Баҳорӣ, А. Шарифӣ, Н. Бақозода, ҷ. Ҳошимӣ, Л. Кенҷаева ва дигарон), тарҷумаи бадеӣ (С. Салоҳ, И. қосимзода, С. Хоҷаев, ҷ. Азизқулов, А. Насимов ва дигарон) ва нақди адабиву адабиётшиносӣ (С. Табаров, М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, Х. Отахонова, А. Маниёзов, А. Сайфуллоев, Х. Шарифов, Ҳ. Шодиқулов, А. Сатторзода, Р. Мусулмониён, А. Абдуманнонов, А. Саъдуллоев, ҷ. Бақозода, В. Самад, Ю. Акбарзода, Х. Асозода, А. Абдусаттор, А. Насриддинов, А. Маҳмадаминов, М. Раҷабӣ, А. Раҳмонов, Н. Салимов, М. Хоҷаева, М. Имомов ва дигарон) назаррас мебошад.

ШЕЪРИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар замони истиқлолият шеъри тоҷик аз ҷиҳати мавзӯъ, мундариҷа ва қолабҳои шеърӣ васеътар гардид. Тасвир ҳам дар ғазал, рубоӣ, қасида, мусаммат, маснавӣ барин жанрҳои суннатӣ ва ҳам дар қолабҳои нави шеърӣ боз ҳам муассиртару ҷаззобтар ба назар мерасад.
Ашӯр Сафар ба ҷузъитарин хусусиятҳои услубии жанри ғазал чун ҳусни матлаъ, ҳусни мақтаъ ва ҳусни тахаллус диққат дода, бо ҳамин маънирасӣ, хаёлангезӣ ва тартиби баёни саромадони назми тоҷикро пайгирӣ намудааст:

Айёми баҳор асту чаман лоладароғӯш,
Аз сабза тани санг бувад балки қабопӯш…
Аз навдаи ҳар нахл чакад оби тароват,
Сардию карахтӣ шуда якбора фаромӯш.
ҷон дар бадани ҳар гияҳу сабза дамида,
Чун чашмаи хушкида, ки аз нав бизанад ҷӯш…
Аз хотирам ояндаву бигзашта равад дур,
Дасти ману гул бошаду дилдору баногӯш.

Жанрҳои суннатӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик мавқеи баландтар доранд ва баъзе шоирон дар жанрҳои алоҳидаи суннатӣ бештар муваффақият ба даст дароварданд. «Хирмани моҳ» ном асари Раҳмат Назрӣ танҳо аз дубайтиҳо иборат аст:

Дили ман шод бошӣ, шод, эй кош,
ғами худро махӯр, ғамхори кас бош,
Ки то аз нони дастурхони мардум,
Агар мағзе хӯрӣ, ошат шавад, ош!

Дар даврони истиқлолият навъҳои дигари шеър, ки бо номҳои шеъри нав, шеъри озод, шеъри сафед, хусравонӣ, шеъргуна ёд мешаванд, низ мавқеи босазо пайдо намуданд. Аз шоирони имрӯзаи тоҷик ба шеъри озод, ки дар он ягонагии вазну қофия риоя намешавад, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Алимуҳаммад Муродӣ, Доро Наҷот, Сиёвуш, Фарзона бештар майл доранд. Яке аз махсусиятҳои шеъри озод дар тарзи тасвири он мебошад. Намунае аз Сиёвуш:

Хоҳари ман субҳро мешуст,
Бо ду дасти офотобиаш
Ман ташнатар зи рӯҳи биёбонам.

Падидаи дигари шеъри ин айём бо номи шеъри хусравонӣ муаррифӣ гардидааст. Шеъри хусравонӣ асосан аз вазни арӯз ва қофия орист. Аммо имкон дорад, ки гоҳ-гоҳе дар он вазну қофия истифода шавад. Камол Насрулло гуфтааст:

Ман аз торикӣ метарсам,
Рӯшноӣ мерехт
Шабҳо аз лабони модарам,
Даме ки суруд мехонд.

Дар ин солҳо навъи дигари шеър паҳн гардид, ки онро шеъри тасвирӣ ё минётурҳои1 манзум номидаанд. Ин шеърҳо бисёр кӯтоҳ буда, аз тасвири маконе, замоне, фазое, ҳолате ё манзарае иборат мебошанд. Дар навиштани чунин шеърҳо, аз ҷумла, А. Муродӣ маҳорат нишон додааст. Шеъри «Заволи рӯз» ҳамагӣ панҷ мисраъ аст:

Дар як заволи рӯз
Дам мекашид аждари шаб офтобро,
Хунаш чакида буд ба домони кӯҳу ҷар.
Мардум вале надошт ба ғайр аз ғами шикам
Андешае ба сар.

Ба шеъри тасвирӣ аз шоирони ҷоизадор бештар Гулрухсор ва Раҳмат Назрӣ муроҷиат кардаанд. Дар шеъри «Зодрўзи дард»-и Гулрухсор садоқати қаҳрамони лирикӣ ба Ватан чунин тасвир ёфтааст:

Ватан, «Шаҳнома»-и рӯҳи туро
Дар партави нуру зиё
Бо килки умеду вафо эҷод хоҳам кард!
Ватан, аз сангҳои бар сарат
бишкастаи фарзандҳои носазоворат
Туро бунёд хоҳам кард,
Туро обод хоҳам кард!

Шеъри тоҷик аз солҳои шастуми асри ХХ сар карда аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа инкишоф ёфт ва васеъ гардид. Дар ин айём тақрибан тамоми шоирони тоҷик, аз ҷумла, Мӯъмин қаноат, ғаффор Мирзо, Лоиқ, Бозор Собир, Сомеъ Одиназода, ғоиб Сафарзода, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳабибулло Файзулло, Абдулло қодирӣ, Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, Гулназар, Ҳақназар, Зиё Абдулло, Камол Насрулло, Зулфия, Фарзона, Низом қосимро рӯҳияи ҷуръатнокӣ ва воқеъбинӣ фаро гирифт. Маҳз аз ҳамин давра дар назми тоҷик мавзӯъҳои ватану ватандорӣ, миллату суннатҳои миллӣ таҷдиди назар шуда, аҳамияти боз ҳам бештар касб намуданд. Шеъри Убайд Раҷаб «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме» эътирози сахт ба касоне буд, ки тарафдори барҳам хӯрдани забонҳои миллии Иттифоқи Шӯравӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ, буданд. Шеъри мазкур низ ба ҳисси баланди ифтихори миллӣ суруда шуда, дар тамоми Шарқ шӯҳрат пайдо намуд. Ин шеър бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:

Ҳар дам ба рӯйи ман,
Гӯяд адӯйи ман,
К-ин шеваи дарии ту чун дуд меравад,
Нобуд мешавад-
Бовар намекунам.

Шеъри мазкур аз 49 мисраи кӯтоҳу дароз иборат буда, дар ду вазни баҳри раҷаз – вазнҳои мустафъилун, фаал (– – V – / V –) ва мустафъилун, мафоилун, мустафъилун, фаал (– – V –/V– V–/– -V- /V-) навишта шудааст. Дар шеър тамоми сифатҳои забони тоҷикӣ – латифӣ, ширинӣ, софӣ, зебоӣ, дилрабоӣ ва мақоми таърихию фарҳангии он ба тасвир омадааст. Аз солҳои 80-уми асри ХХ дар ашъори М. қаноат, Лоиқ, Б. Собир, Гулрухсор, Ҳақназар, Гулназар, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Камол Насрулло, А. Муродӣ, Н. Ниёзӣ, Ато Мирхоҷа, Ҳоҷӣ Мурод, Сайёд ғаффор, М. ғоиб ва дигарон мавзӯъҳои таърихӣ ва муаммоҳои худогоҳии миллӣ мавқеи боз ҳам бештар пайдо намуд. Шоирон дар офаридаҳои хеш ҳодисаҳои таърихӣ, воқеаҳои асотирӣ ва гузаштаи тамаддуни миллиро ёдовар шуда, бо ҳамин таваҷҷӯҳи хонандаро бештар ба ҷаҳони маънавии инсон ҷалб мекардагӣ шуданд. Дар достонҳои «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Нуре аз Ҳамадон», силсилаи шеърҳои «Дардномае ба миллат» ва як қатор шеърҳои дигари Ҳақназар ғоиб таърих, фарҳанг ва нангу номуси миллати тоҷик мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст. қаҳрамони лирикӣ дар рӯзҳои душвори миллат аз рӯҳи ниёгон мадад мехоҳад:

Эй замини падарон! Кош ба хушбахтии мо,
Ба сарат бори дигар тоҷи Фаридун бошад.

Дар «Суруди ваҳдат» аз дилу ҷон ваҳдату ягонагии халқи тоҷикро, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ халалдор гардид, тараннум менамояд:

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат…

Дар замони истиқлолият дар шеъри тоҷик тасвирҳои ирфонӣ мавқеъ пайдо карданд. Шоирон пайванди маънавии инсонро ба рӯҳи поки Худо ба тасвир гирифта, бо ҳамин таваҷҷӯҳи хонандаро ба ҳақиқати азалии тақдири инсон ҷалб менамоянд. Ба ин муносибат ба шеъри имрӯз истилоҳ ва устураҳои динию ирфонӣ ворид гардида, хаёлоти шоиронаро бойтару рангинтар намуданд. Дар «Санги ман — алмос» ном достони Аскар Ҳаким талмеҳҳои таърихию динӣ бисёр истифода шудаанд:

Дили ман мехоҳад,
К-одамӣ ҳамчу дарахте, ки пас аз боронҳо
ғарқаи нур шавад дар Хуршед,
Субҳидам ҳомилае сӯи биҳизор ояд,
Ки: — Дилам бӯйи биҳӣ мехоҳад. –
Ай Худо, медиҳиям тифлаки зеборӯе
Нисбате чист миёни биҳию тифлаки зебо кардан?!

Тасвирҳои ишқию ирфонӣ дар ашъори Зиё Абдулло, Салими Хатлонӣ, Фарзона, Низом қосим, Абдулқодири Раҳим барин шоирон мавқеи зиёдтар дорад. Мавзӯи асосии ашъори Фарзона ишқ аст. Ишқи маънавию илоҳӣ, ишқе, ки инсонро ба покию шаффофӣ водор мекунад. Дар китобҳои «Шабохуни барқ», «Ояти ишқ», «Паёми ниёгон» ин мавзӯъ ба услуби хоси шоирона баён ёфтааст. Дар шеъри «қонуни ҷозибаи ишқ» мафҳуми ишқ чунин шарҳ дода шудааст:

Инак, шинохтам, ки қонуни ҷозибаи ишқ – Ирфон аст,
Ирфон чист? Адами нобудист! Уруҷе ба қуллаи ишқ аст,
Як гурези зебост аз ҳама завол.
Ирфон – раҳ ба раҳ нозанинтар шудан аст.

Дар воқеъ, тамоюли эҷодии Фарзона як навъ бозгашт ба асолати адабӣ аст. ӯ дар доираи макону замон, маҳаллу қавм побанд нест, балки майл ба бекаронаҳо дорад. Фарзона чаро ҳамеша сухан аз ишқ мегӯяд? Ба қавли худи ӯ, «барои он ки вуҷуди ишқ аз қайдҳои замону макон, мазҳабу кеш озод аст, ишқ зангиву фарангиву хуросонӣ нест, моли ҷопонӣ нест… Ишқ зеботарин хулосаи тамоми маърифатҳост, ишқ таркиби Худост».
Умуман, таҳаввулоти шеъри тоҷик натиҷаи тағйир ёфтани вазъи иҷтимоии давр мебошад. Тасвири бомаҳорати ормонҳои миллӣ ва умуми- башарӣ имкон медиҳад, ки назми имрӯзаи тоҷик дар ҳаёти фарҳангии халқ нақши босазо дошта бошад.

НАСР ДАР СОЛҲОИ ИСТИқЛОЛИЯТ

Насри солҳои истиқлолият давом ва инкишофи насри солҳои пешин аст. Насри имрӯз дар заминаи фаъолияти эҷодии нависандагони ботаҷрибаву баркамоли тоҷик Сотим Улуғзода, ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Баҳром Фирӯз, Сайф Раҳим, Абдулҳамид Самад, ҷонибек Акобир, Абдурофеъ Рабизода ва амсоли онон инкишоф ёфтааст. Аз ин рӯ, романҳои «Кӯҳ беварта нест» (М. Хоҷаев), «Зарафшон» (Сорбон), «Санг дар бағал ба тӯфон» (Саттор Турсун), «Дар орзуи падар» (К. Мирзо), қиссаҳои «Дили гумҷӯ», «Соҳилҳои мурод», (А. Баҳорӣ), «Оташи дил» (Раҷаб Мардон), «Ишқи ғук» (Ҳилолиён Аскар), «То рӯзи растохез» (А. Рабизода), «Дурӯғи сафед» (Сайф Раҳим), «Вопасин парвози лошахӯр» (Сайдалӣ Саид) ва ғайра мавзӯъҳои гуногунро фаро гирифтаанд.

Воқеаҳои нангини ибтидои солҳои навадум дар шууру афкори адибон таъсири амиқ гузошт. Алҳол ин мавзӯъ дар чанд асари насрӣ, аз ҷумла, «қиссаи Нодир»-и А. Баҳорӣ, «Се раҳакӣ аз се ҳизб»-и ӯ Кӯҳзод, «Лаб-лаби ҷар»-и С. Турсун, «Гунги хобдида»-и Салими Аюбзод, «Шаби душвор»-и М. Насриддин, «Ишқро анҷом нест»-и М. Амиршоҳ ба тасвир омадааст. Дар ҳикояи «Се раҳакӣ аз се ҳизб» нависанда кӯшиш намудааст, ки сабабҳои иҷтимоии ба ҷанги шаҳрвандӣ печидани тарафкашиҳои гурӯҳҳои сиёсиро ошкор созад. Дар шаҳри Себароз бар асари демократия ва ошкорбаёнӣ ҷойи яккаҳизбиро бисёрҳизбӣ ишғол менамояд. Мирвафо, Мирбақо ва Мирризо чун вакилон аз ҳизбҳои гуногун ба воситаи тайёра озими Шаҳри Шаҳрҳо мешаванд ва ҳангоми парвози тайёра баҳсу мунозираи тӯлонии вакилони нолоиқ ба ҷанг мепечад.

Романи «Зарафшон»-и Сорбон ва қиссаи «Нишони зиндагӣ»-и Кароматулло Мирзоев ба муносибатҳои оилавӣ бахшида шудаанд. Образи марказии ҷилди дуввуми «Зарафшон» Шарифа ва қаҳрамони асосии «Нишони зиндагӣ» Соҳиба мебошанд. Онҳо занҳои боақл, дурандеш ва баору номус буда, иродаи қавӣ доранд. Бинобар ин дар мубориза ба муқобили душманони пурқувват ҳам ғолиб мебароянд.

Дар байни асарҳои тозаэҷоди Кароматулло Мирзоев романи «Дар орзуи падар» мавқеи босазо дорад. Ин асар аввал дар жанри қисса таълиф гардида буд. Баъд нависанда асарро аз нав таҳрир карда, воқеаҳои онро давом ва инкишоф медиҳад ва ба дараҷаи роман мерасонад. Мавзӯи асар зиндагии иҷтимоӣ ва расму русуми мардуми тоҷик мебошад. Масъалаҳои асосии асар моҷарои занушӯӣ, хонадорӣ ва тақдири фарзанд дар оила мебошад. Нозимии рӯзноманигору нависанда, ки бо зану фарзандаш ҳаёти тинҷу ором дошт, ба Шаҳноза ном духтари ҷавон хонадор мешавад ва ин ҳавову ҳаваси ноҷо боиси бадбахтиҳои ӯ ва аҳли оилааш мегардад. Образи асосӣ – Меҳрубон хеле муассир ва диққатҷалбкунанда мебошад. Меҳрубон бо тамоми ҳастӣ баҳри аз вартаи ҳалокат раҳондани падар талош меварзад ва ҳангоме ки ҳама хешу табор аз Нозимӣ рӯ мегардонанд, ӯ падарро ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекунад. Нависанда ба воситаи муносибати самимонаи Меҳрубон ба падар характери миллии халқи тоҷикро равшану возеҳ инъикос намудааст. Рӯйдоди дигар ба наср рӯ овардани шоирон ғаффор Мирзо, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад ғоиб, Салими Зарафшонфар ва Абдулқодири Раҳим мебошад. «Сагвафо», «Хайрухуш бо полиз ва Сияҳгӯш», «Ду зӯр дар як пода», « Тақдир, ту тарафи кистӣ?» барин ҳикояҳои ғ. Мирзо ба масъалаҳои муҳими рӯз бахшида шуда, пур аз ҷузъиёти тозаву тасвирҳои хонданбоб мебошанд.

Ҷолиб аст, ки дар айёми истиқлолият Диловари Мирзо, Баҳманёр, Марямбонуи Фарғонӣ, Карим Давлат, Маҷид Салим, Мираҳмади Амиршоҳ, Аброри Зоҳир, Салими Зарафшонфар, Азизхони Ниёз барин як зумра ҷавонон дар соҳаи насри бадеӣ қадамҳои ҷиддӣ гузоштанд. Ҳикояҳои «Дуди ҳасрат» ва «Шошо»-и Баҳманёр бо тасвирҳои рамзи асотирӣ ҷолиби диққатанд. Ё худ мавзӯи асосии эҷодиёти Маҷид Салим, чи хеле ки аз «Гурги похӯрда», «Зоғеву доғе», «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот» ном маҷмӯаҳояш бармеояд, тасвири олами ҳайвонот ва парандаҳо мебошад. Талқини дӯстдорию ғамхории одамон ба табиати зинда аз вазифаҳои муҳими адабиёти бадеӣ ба шумор меравад.

Насри таърихӣ Дар замони истиқлолият насри таърихӣ боз ҳам ривоҷ ёфт. “Гули бодом”-и ҷ. Икромӣ, «Пайроҳаи қисмат»-и А. Сидқӣ, «Уқоби захмин» ва «Дар чорсӯи Хуршед»-и Ш. Ҳаниф, «Достони писари Худо»-и Сорбон, «қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-и Р. Ҳодизода, «Девори Хуросон»-и Маҳаммадзамони Солеҳ, «Данонир»-и Равшани Ёрмуҳаммад, «Куруши Кабир»-и Б. Абдураҳмон, «Ҳафт шаҳри рӯъё»-и Ю. Аҳмадзода барин асарҳо хонандаро ба таърихи дуру наздики халқи тоҷик ва фаъолияту ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди он шинос менамоянд.
Муҳимтарин хусусияти насри бадеии даврони истиқлолият назари тозаи нависандагон ба мавқеи шахс дар таърих мебошад. Дар адабиёти даврони шӯравӣ вобаста ба сиёсати давр мақоми таърихии шахс нисбат ба мақоми омма ночиз нишон дода мешуд. Замони нав тақозо дорад, ки нависандагон ба шахсиятҳои барҷастаи таърихию фарҳангӣ ва қаҳрамонони миллат бештар рӯ оварда, хонандаро дар рӯҳи ифтихор аз ниёгони бузург тарбия намоянд. Дар романи М. Солеҳ «Девори Хуросон» кору пайкори шахсияти дурахшони таърихӣ Исмоили Сомонӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба тасвир омадааст. Ин асар аз нигоҳи тасвири воқеаҳо фарогир, аз ҷиҳати ширкати образҳо бой ва аз назари услуби нигориш ҷолиб мебошад. Романи Сорбон «Достони писари Худо» ба давраи боз ҳам қадими таърихӣ бахшида шудааст. Дар ду китобу чор бахши асар сипоҳдориву ҷаҳондорӣ, макру ҳила ва набардҳои Искандари Мақдунӣ (356-323), инчунин таърихи давлатдории империяи бузурги Ҳахоманишӣ, буздилии шоҳи охирини он – Дорои III ба таври воқеӣ ва дилкашу ҷолиб тасвир гардидааст.
Дар ин давра тасвири зиндагиномаи шахсиятҳои фарҳангӣ низ мавқеи муносиб пайдо кардааст. Китоби «қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-и Р. Ҳодизода аз ҳаёту фаъолияти яке аз шахсиятҳои машҳури равияи сӯфия Мансури Ҳаллоҷ (858-922) ҳикоя мекунад. «Данонир» ном қиссаи Равшани Ёрмуҳаммад бошад, ба як лаҳзаи фоҷиабори хонадони Бармакиён бахшида шуда, оид ба ғурур, мубориза ва нокомии як нафар духтари сарбаланди тоҷик маълумот медиҳад.

Солҳои охир нависандагони тоҷик ба эҷоди хотирот, ёддошт, сафарнома ва очеркҳо таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир намудаанд. Бо кӯшиши Убайд Раҷаб, Юсуфҷон Акобиров, Шодон Ҳаниф, Холмурод Шарифов Сорбон, Мутеулло Наҷмиддинов, ҷонибек Акобир, Абдулқодири Раҳим, як зумра симоҳои таърихию фарҳангӣ чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон ғафуров, Лоиқ Шералӣ, Сайф Раҳим офарида шуданд, ки рӯзгору зиндагии онҳо дар таърихи навтарини ҷумҳурии Тоҷикистон басо ибратомӯз аст.
Очерки ҷонибек Акобир «Назаркардаи Худованд» ба зиндагӣ ва фаъолити эҷодии ҷангноманавис шодравон Раҳмон Сафаров (1930-2005) бахшида шудааст. Дар тасвири нависанда, ин марди 75 — сола тамоми умри бобаракати хешро ба дарёфти санадҳои зиндагӣ ва муҳорибаи писарони тоҷикистонӣ дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ сарф намудааст. Ин аст, ки танҳо китоби бисёрҷилдаи «Ҳазору як корнома» аз корнамоӣ ва қисмати 50 ҳазор ҷанговаре, ки аз Тоҷикистон барои мудофиа рафта, дар ҳайати қариб 400 дивизия ва 200 бригада далерона ҷангидаанд, ҳикоят мекунад. Дар очерки мазкур чеҳраи Р. Сафаров чун шахси меҳнатдӯсту суботкор ва собитқадаму фидоии миллат равшан намоён гардидааст.

Хулоса, насри давраи истиқлолият аз нигоҳи мавзӯъ, услуби тасвир ва ҳунари нигорандагӣ сол то сол такмил меёбад ва наслҳои гуногуни нависандагони тоҷик кори эҷодиро ба дарки масъулият идома медиҳанд.

ДРАМАТУРГИЯ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Аз таърихи Дар солҳои баъди ҷанги Бузурги Ватанӣ драматургияи тоҷик аз намоишномаи ҷиҳати мундариҷа ва тасвири бадеӣ такмил ёфт. Дар ин солҳо тоҷик насли нави драматургони тоҷик чун Файзулло Ансорӣ, Аъзам Сидқӣ, Абдулмалик Баҳорӣ, Абдусалом Атобоев, Султон Сафаров ва баъдтар Меҳмон Бахтӣ, Тӯрахон Аҳмадхонов, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ато Ҳамдам, Нур Табаров, ҷумъа қудус, Нурулло Абдуллоев, Шодӣ Солеҳ, Саидқул Сабзаев ва дигарон ба камол расиданд. Ин насл ҳамроҳи насли калонсоли драматургон фаъолият намуда, ҳаёти муосирон ва таърихи гузаштаи халқи худро боҷуръатона мавриди тасвир қарор доданд.
Драмаи тоҷик аз ҷиҳати навъу жанр боз ҳам васеътар гардид. Аз ҷумла, дар соҳаҳои драмаи мусиқӣ (чун «Имтиҳон», «Модар нигарон буд»- и Ф. Ансорӣ, «Суруди нотамом»-и А. Атобоев, «Ишқи мансабдор»-и А. Баҳорӣ, «Гирдоб»-и С. Сафаров), драмаи манзум (чун «Ҳукми модар»-и Ф. Ансорӣ, як силсила песаҳои С. Аюбӣ), мазҳака ва интермедия1 (чун драмаи ғ. Абдулло «Тӯй», «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода, «Очаи Бика ва очаи Зика»-и ҷ. қуддус), монодрама (чун «Гуфтугӯ бо худ», «Ватан ва фарзандон», «Ишқи зиндагӣ»-и М. Воҳидов), намоишномаҳои бачагона (чун «ҷавонии Ибни Сино»-и С. Улуғзода ва В. Виткович, «Меҳмони серӯза»-и А. Баҳорӣ, «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ»-и М. Бахтӣ) бисёр асарҳои ҷолиб ба вуҷуд омаданд.

Дар нахустин драмаи Ф. Ансорӣ «Имтиҳон» мусиқӣ ва суруд мавқеи муайян дорад ва образҳои асосии он Адолат, Шариф Исматӣ, Аҳмадзода, Зулфия, Рауф ба шеъру мусиқӣ рағбати беандоза доранд. Ин асар ба ҳаёти ҷавонони донишҷӯ бахшида, дар он масъалаи мактабу маориф бардошта шудааст. Воқеа дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мегузарад ва лаҳзаи супурдани имтиҳони давлатии донишҷӯёнро фаро мегирад.

Адолат ном духтари мудири кафедраи донишгоҳ донишҷӯйи аълохон мебошад ва ба имтҳони давлатӣ тайёрии ҷиддӣ мебинад. Бедорхобиҳои Адолат модарро ба ташвиш меоранд ва байни падару модар чунин гуфтугӯ мешавад:
Шарофат (андешаманд): «Адолати мо…» Вай ҳам ба худи Шумо рафтагӣ, шаб китобхонӣ, рӯз китобхонӣ… Касрати Шумо зада, бечора бачекам як дами осударо намебинад!… Боз имрӯзҳо-ку! Падараш соҳиби як дарвозаи институт бошаду яккаю ягона духтар аз ғами имтиҳона хобро надонад?!… Ба ӯ раҳматон намеояд? Як даҳан намегӯед, ки «бисёр худата азоб надеҳ, ман ёрдам мекунам!.
Аҳмадзода (бо ҳайрат): И-и. Ба ҷои вай рафта имтиҳон диҳам-мӣ?
Шарофат: Рафта имтиҳон доданатон шарт не. Ҳамаи муаллимҳо ҷӯраҳоятон.
Аҳмадзода: Восита шавам? (қадам зада) Не! Ин кор намешавад.
Шарофат: Аз Шумо чӣ меравад?

Аҳмадзода (гоҳ қадам зада, гоҳ истода): Не, не! Дар ин бора дигар гап накушоед! Ман боварӣ дорам, ки худи Адолат ҳам инро намехоҳад… Ба ҳар кор, агар лозим ояд, восита шудан мумкин, аммо дар масъалаи имтиҳон гуноҳи азим аст… Мо пеш аз ҳама бояд ғами бачаҳои бегуноҳро хӯрем. Ба онҳо омӯзгорони ҳаматарафа доно зарур аст.

Адолат духтари боақл, донишманд ва назарбаланд мебошад ва дар байни ҳамкурсон эътибори калон дорад. Сухангӯӣ ва сурудхониҳои ӯ хонандаро мафтун мекунад. Драматург Адолатро ба Лутфия, ки дар берӯгӣ ва беномусӣ ном баровардааст, муқобил мегузорад ва ба воситаи амалиёти образҳои мусбату манфӣ ба ҷавонон таъкид мекунад, ки дар зиндагӣ мулоҳизакор ва дурандеш бошанд.

Драмаҳои Дар солҳои баъди ҷанги Бузурги Ватанӣ драматургияи таърихӣ тоҷик бештар ба мавзӯъҳои таърихӣ рӯ овард. Таърихи зиндагии халқи тоҷик ва кору пайкори1 фарзандони барӯманди он дар ҳифзи нангу номуси халқу Ватан дар намоишномаҳои С. Улуғзода («Рӯдакӣ», «Алломаи Адҳам»), ғ. Абдулло («Рустам ва Сӯҳроб»,2 «Фарёди ишқ»), Ш. қиёмов ва М. Шералӣ («Зебуннисо»), А. Атоев («Суруди нотамом», «қиёми Лоҳутӣ»), С. Сафаров, қ. Киром, А. қодирӣ («Туғрал»), Р. ҷалил («Дили шоир»), ҷ. қуддус («ғуруби Аҷам») ба таври мукаммалу боварибахш ифода ёфтаанд. А. Атоев дар фоҷиаи «Суруди нотамом» таваҷҷӯҳи хонандаи имрӯзро ба зиндагии шоираи асри Х тоҷик Робиаи Балхӣ ҷалб менамояд. Робиа худ аз табақаи ҳукмрон аст ва ба Ораз ном ҳофизи дарбор ошиқ мешавад. Аз ин ҷуръати Робиа бародараш – Ҳорис дар ғазаб мешавад ва шоираро дар ҳаммоми тафсон андохта нобуд месозад. Лаҳзаи ҷонбозии Робиа дар ҳаммоми тафсони дарбаста муассир аст. ӯ ангуштонашро бо дандон хуншор карда, шеърҳои охиринашро дар деворҳои ҳаммом сабт менамояд… Моҳияти фоҷиавии асарро сухани вопасини Робиа басо амиқ ифода намудааст:

Садои Робиа: «Он ки дар ин гармоба ҳалок гашт, манам – Робиаам. Робиаи нокомам! Ба марги ман гиря накунед, ки худ ман сар то по ашкам, нолаам, хунам, фиғонам! Ба сари турбати ман чароғ нагузоред, ки худ ман оташам, оташи фурӯзонам, боз дар оташ сӯхтам! Дар сари мазори ман аз ишқ сухан нагӯед, ки худ ман ба сад ҷон ошиқам, таронаи ишқам, ишқи безаволам. Тамоми вуҷуди маро аз хушгили ошиқон сириштаанд. Дар бари оромгоҳи ман ғазал нахонед, ки худ ман ғазалам, сурудам, суруди нотамомам. Ман он шоираам, ки суруди охирини худро на бо ранг, балки бо хуни дил навиштам. Бо ман видоъ нагӯед, ки ман зиндаам, бо шумоям, давоми умри худро ба шумо бахшидаам…»

Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон вобаста ба талаботи иҷтимоӣ ва фарҳангии давр муроҷиати драматургони тоҷик ба таърихи гузаштаи халқи худ боз ҳам бештар гардид. ғояи асосии намоишномаҳои таърихии «Баҳроми Чӯбин»-и Т.Аҳмадхонов, «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоил»-и Меҳмон Бахтӣ, «Камоли Хуҷандӣ», «Дақиқӣ», «Меъроҷи Шоҳин»-и С. Аюбӣ, «Хатои Искандари Мақдунӣ»-и Б. Абдураҳмон, «Дод чист? Бедод чист?»-и Нур Табаров эҳёи тафаккури миллӣ ва худогоҳию худшиносӣ мебошад. Инкишофи хатти сужет, амалиёт ва бархӯрди манфиатҳои образҳои асарҳои мазкур ба камолоти маънавии хонанда ва тамошобин таъсир мерасонад. Драманави- Аксари қаламкашони адабиёти муосири тоҷик ба эҷоди сони касбӣ асарҳои саҳнавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд. Дар эҷодиёти гурӯҳи муайяни адибон бошад, драма мавқеи асосӣ дорад. С. Улуғзода, ғ. Абдулло, Ш. қиём, Ф. Ансорӣ, М. Бахтӣ, С. Аюбӣ, А. Ҳамдам, А. Атобоев, С. Сафаров, Н. Табаров чун драматургони касбӣ дониста шудаанд. Аз солҳои 80-уми садаи ХХ С. Аюбӣ ба эҷоди драмаҳои манзуму мансур мепардозад ва ҳоло адиб чун драматурги боистеъдоду сермаҳсул дар ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавқеъ пайдо кардааст. Дар «Осори мунтахаб» 27 асари драмавиаш ҷой гирифтаанд. «ҷилвагоҳи офтоб» (2000) низ аз намоишномаҳои С. Аюбӣ фароҳам омадааст. Асарҳои драмавии ӯ «Фишор» (1984), «Заволи Чамбули Мастон» (1997), «Хатои охирини Афлотун» (1990) «Алии Сонӣ» (1994), «Аюби Собир дар шаҳри бесуннат» (1996), «Амир Балъамӣ» (1997) дар озмунҳои драматургони касбии Тоҷикистон ғолиб дониста шуда, сазовори ҷоизаҳои гуногун гардидаанд. Ҳамчунин, дар тарбияи ҳиссиёти худшиносӣ, ифтихори миллию ватанхоҳии хонанда ва тамошобини тоҷик драмаҳои манзуми «Дақиқӣ», «Торикӣ», «Фиғони чашмҳои пардашин», «Сакароти қорун», «Ҳайкал», «Камоли Хуҷандӣ», «Харобот» саҳми муносиб гирифтаанд. Дар фоҷиаи «Дақиқӣ» масъалаи нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Шоири ҷавон Дақиқӣ бо истеъдоди фавқулодда баландаш дар дарбори шоҳӣ эътибор пайдо карда буд. Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ғуломеро ба ӯ тӯҳфа намуд. Комёбиҳои пай дар пай Дақиқии камтаҷрибаро аз ҳадди эътидол баровард ва боис гардид, ки ӯ ба маишат дода шавад. Шоир ҳангоми мастӣ ҳамеша ғуломашро таҳқир ва ҷабр мекунад ва оқибат аз дасти ғуломаш кушта мешавад.

Ҷазои ту ин аст, эй бадкуништ,
Паноҳ бар ба мағмураи Зардиҳишт!

(ғулом – Саура қамчинро аз дасти Дақиқӣ кашида гирифта, ӯро бо он буғӣ мекунад. Мусиқии фоҷиавӣ баланд мешавад. Дақиқӣ мемирад). Ҳамин тариқ, драматургони тоҷик дар замони истиқлололият анъанаи намоишноманависиро давом дода, дар айни ҳол драмаи тоҷикро аз ҷиҳати мундариҷа ва ҳунари бадеӣ такмил додаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст