Открыть меню

Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020)

фирдавсиБиноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.

Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Тусӣ, ки дар таърихи адабиёт бо номи Фирдавсӣ машҳур гардидааст, аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик буда, соли 934 дар дехаи Божи нохияи Табарони наздикии шаҳри Тус дар оилаи заминдор ба дунё омадааст. Давраи ҷавонии шоир нисбатан орому тинҷ буд ва Фирдавсӣ аз ин имконият истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд, дар мактаб ва мадраса илмҳои расмии даврро омӯхт: забонҳои араби ва паҳлавиро хеле хуб медонист ва дар санъатҳои тирандозӣ, шамшерзанӣ ва ғайра устоди беҳамто буд.
Падари Фирдавсӣ – Ҳасан аз Деҳқонони асилзодаи Тус ва соҳиби боғу замину молу мулк буд. Деҳқонон, инчунин Ҳасани Деҳқон дар ҳифзи анъанаҳои бобоён саъй ва ифтихори миллиро парастиш мекарданд. Фирдавсӣ дар оилаашон дар руҳияи бостон ва анъанаҳои қадими тарбия меёфт, аз кудаки қиссаҳои қаҳрамони мешунид, бо саргузашти гузаштагони ифтихорманди хеш ошно мешуд. Аз ин ҷост, ки ҳанӯз дар айёми ҷавони ба ҷамъоварии қисcа, ривоят ва устураҳои эҷодии халқи худ ба таври ҷиддӣ машғул шуд.
Фирдавсӣ, ки соҳиби истеъдоди баланд буд, бо хоҳиши шоҳони сомонӣ ва ташвиқу тарғиби яке аз дӯстонаш-Абумансур ибни Муҳаммад ва барои ҷовидони мондани номаш ба навиштани «Шоҳнома» сар кард. Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» зиёда аз си соли умри худро сарф кард.

Басе ранч бурдам дар ин сол си,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Фирдавсӣ самараи омӯзиш ва ҷустуҷӯҳои хешро дар тадвини достони бузурги Шоҳномави дид. Вай кӯшиш мекунад, ки бо эҷоди «Шоҳнома» таърихи бисёрасраи халқро бо ҳамаи афсонаву ривоятхояш, расму анъанахояш, рӯҳи қаҳрамониаш, воқеаю ҳодисаҳояш зинда гардонад. Шоир дар сини 41-солаги ба таълифи асар пардохт.
Фирдавсӣ ҳангоми таълифи «Шоҳнома» аз амири Сомони Нуҳ бинни Мансур ёрии модди медид. Сомониён ба «Шоҳнома» таваҷҷӯҳ доштанд ва онро асари эҳёкунандаи таърихи гузаштагон ва анъанаҳои бостони меҳисобиданд. Аммо дар оғози асри 11 Сомониён вуҷуди худро қатъ карданд. Хуросону Мовароуннахр аз ҷониби душманони аҷнабӣ ба ду қисм ҷудо карда шуд. Ин вазъият барои Фирдавсӣ зарбаи ногаҳони буд.
Соли 1005 Фирдавсӣ дар синни 71 солаги «Шоҳнома» — ро ба анчом расонид. Аммо аз толибони ҳақиқии аср нишоне набуд. Шоир умедвор буд, ки бар ивази захмати сисолааш тӯҳфаи арзандае ба даст оварад ва поёнии умри худро ба осудагӣ гузаронад:

Бипайвастам ин номаи бостон,
Писандида аз дафтари ростон,
Ки то рӯзи пири маро бар диҳад,
Бузургиву динору афсар диҳад.

Соли 1010 Фирдавсӣ бо корвоне сӯи Ғазнин шитофт ва «Шоҳнома» — ро ба Султон Маҳмуд супурд. Аммо бар ивази ин асари бузург султон ба шоир бист ҳазор дирам (тангаи нукра) бахшиду халос. Аммо Фирдавсӣ аз «Шоҳнома» умеди калон дошт.
Дарбориёни султон асари безаволро назди шоҳ танқид ва муаллифашро тӯҳмат ба бехудои мекарданд. Ин амал шоирро шӯронид. Фирдавсӣ чун аз ҷониби шоҳ муомилаи дурушт дид, дигар аз ҳеҷ чиз намеҳаросид, бо султон ба мубориза бархост.
Дар «Таърихи Систон» омадааст: «Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» бар Султон Маҳмуд чандин рӯз ҳамехонд. Маҳмуд гуфт: — Ҳамаи «Шоҳнома» худ ҳеҷ нест, магар ҳадиси Рустам ва андар сипоҳи ман ҳазор мард чун Рустам ҳаст. Абулқосим гуфт: — Надонам андар сипоҳи ту чанд мард чун Рустам бошад, аммо ин донам, ки ҳеҷ банда чун Рустам офарида нашуд. Ин бигуфт ва бирафт. Малик Маҳмуд вазирро гуфт: — Ин мардак ба таъриз маро дурӯғзан хонд. Вазираш гуфт:- Бибояд кушт. Ҳарчанд талаб карданд, наёфтанд».
Ин рафтори султонро дида, Фирдавсӣ ҳаҷвияе навишт , ки боиси ғазаби султон Маҳмуди Ғазнавӣ гардид. Ӯ фармон дод, ки Фирдавсиро дастгир карда, ба зери пои фил партоянд. Фирдавсӣ аз таъкиби одамони султон аз шаҳр ба шаҳр гурехта, ниҳоят соли 1020 ба ватани худ баргашт.
Фирдавсӣ интиҳои умрро дар ватанаш Тус мегузаронад. Сипас, тобистони соли 1020 аз олам чашм мепӯшад.
Фирдавсӣ дар навъҳои шеърии қасидаю ғазалу қитъаю рубои қувваозмои карда бошад ҳам, аммо дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ва ҷаҳон бо асари бузурги худ «Шоҳнома» машҳур гардидааст. «Шоҳнома» намунаи беҳтарини достонҳои қаҳрамони буда, аз шаст ҳазор байт иборат аст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун яке аз пайғамбарони шеър шинохта шудааст.

Дар назм се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки «ло набия баъди»,
Авсофу қасидаю ғазалро
Фирдавсию Анварию Саъди.

Абулқосим Фирдавсӣ ва асари безаволи ӯ «Шоҳнома» дар таърихи тамаддуни башарӣ шуҳрати беандоза дорад. Таълифи «Шоҳнома» дар асри Х худ як воқеаи бузурги адабӣ ва мадани ба шумор меравад. Шоир дар асари худ беҳтарин хислатҳои писандидаи одами, мисли хираду хирадманди, некию накӯкорӣ, инсондӯстию ватанпарвари ва ғайраро тараннум намуда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар рӯзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳамият холи нест. Хаёт ва фаъолияти Абулқосими Фирдавсӣ дар замони мо ба таври хеле ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. «Шоҳнома»-и ӯ ду маротиба дар нӯҳ ҷилд чоп карда шуд. Нависандаи номии тоҷик- Сотим Улуғзода чандин достони «Шоҳнома»-ро ба наср гардонда, пешкаши хонандагони ҷавон кард. Шӯҳрати Фирдавсӣ ва эътибори «Шоҳнома»-и ӯ човидонист.

Эй тозаву махкам аз ту бунёди Сухан,
Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди Сухан.
Фирдавс маком бодат, эй Фирдавсӣ,
Инсоф, ки нек додаи доди Сухан.

Ғояҳои ватандӯсти ва қаҳрамони дар «Шоҳнома»

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор,
Зи бахри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш ,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Чунин гуфт муъбад, ки «мурдан ба ном
Беҳ, ки душман бар ӯ шодком».
Нигар то натарси ту аз маргу чиз,
Ки кас бе замона намурдаст низ.
В-агар кушт хоҳад ҳаме рӯзгор,
Чи некӯтар аз марг дар корзор.
Бибандед бо якдигар домано,
Намонед, бадхоҳ пиромано.
Ҳама размро дил пур аз кин кунем.
Тани душманон ҷои зубин кунем.

Бикушему марди ба кор оварем,
Бар эшон ҷаҳон тангу тор оварем.

Ғояҳои панду ахлоқи дар «Шоҳнома»

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки неки бувад ёдгор.

Ба гетӣ мамонад ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст