Открыть меню

Ҷалол Икромӣ

Ҷалол Икромӣ нависандаи даврони шӯравии тоҷик буда, 20 сентябри 1909 дар шаҳри Бухоро дар оилаи қозӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 1928 донишкадаи муаллимтайёркуниро хатм карда, 1930 ба Душанбе омад.

Ҷ.Икромӣ аввал корманди илмии Кумитаи омӯзиши Тоҷикистон буд, ки баъдан ба Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ табдил дода шуд. Нависанда тӯли солҳои фаъолияти минбаъдааш корманд ва котиби масъули маҷаллаҳои адабӣ буда, ба қисми адабии Театри академии драммавии ба номи Лоҳутӣ роҳбарӣ карда, инчунин дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор кардааст.

Шеърҳои аввалини Ҷ.Икромӣ аз солҳои 20 – уми асри гузашта сар карда, чоп мешуданд. Дар тақдири нависанда устоди ӯ Садриддин Айнӣ нақши муҳим бозидааст. С.Айнӣ ба Ҷалол Икромӣ маслиҳат дода буд, ки қувваи худро дар эҷоди асарҳои насрӣ озмояд. С.Айнӣ асарҳои Ҷ.Икромиро таҳрир мекард ва ӯро ба майдони адабиёт раҳнамун месохт. Маҷмӯаи аввалини асарҳои Ҷ.Икромӣ соли 1934 бо номи «Ҳаёт ва ғалаба» чоп шуд.

Соли 1962 асари калонҳаҷми ӯ «Духтари оташ» дастраси хонандагон гардид. Асар дар бораи ҳаёти халқи Бухоро дар солҳои охирини ҳукумати амирӣ, муборизаи занони шарқ барои озодӣ ва барқарор гардидани ҳокимияти нав дар Осиёи Миёна нақл менамояд. Романи мазкур соли 1964 сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардид.

Инчунин повести «Мор», драммаи «Душман», асари мазҳакавии «Тухми муҳаббат», романи «Шодӣ» ва ғайра ба қалами Ҷ.Икромӣ тааллуқ доранд. Нависанда аз рӯи чандин повесту ҳикояҳои нависандагони тоҷик ва шӯравӣ намоишномаҳо таълиф намудааст.

Ҷ.Икромӣ узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Помир», Нависандаи халқии Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Душанбе интихоб шудааст.

Ӯ бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Дӯстии халқҳо», «Нишони ифтихор», медалҳо ва ифтихорномаҳои раёсати Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ҷ.Икромӣ соли 1993 вафот кард. Ӯ дар қабристони Лучоб дафн карда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

© 2018 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст